Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадҳои худ таъкид медоранд, ки: «пешбурди оқилонаи сиёсати молиявӣ ва муътадили он дар ҳама давру замонҳо омили асосии устувории давлат мебошад».

 Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо мақомотҳои он дар маҳал баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» фаъолияти худро ба роҳ монда, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ корҳои муайянеро ба анҷом расонидаанд.

 Сарфакорона истифода бурдани маблағҳои буҷет ҳадафи мост

Сардори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Изатуллозода Ҳабибулло гуфт, ки пешбурди сиёсати буҷету андоз, таҳияи буҷети давлатӣ, ҷараёни иҷроиши буҷет, назорати истифодаи маблағҳои буҷетӣ, маблағгузории саривақтӣ ин вазифаҳои асосии кормандони молия ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин, назорати фаъолияти молиявии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, хароҷоти босамар ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи молиячиён дониста мешаванд.

Ӯ қайд намуд, ки маҳз ҳамкориҳои судманд байни кормандони мақомоти молия ва Раёсати андози вилоят мебошад, ки нақшаи қисми даромади буҷети вилояти Хатлон мунтазам таъмин гардида, дар оянда низ боварӣ дорем, ки бо мақсади рушди иқтисодиёти вилоят ин ҳамкорӣ ривоҷ хоҳад ёфт.

Баҳри пешбурди фаъолияти назаррас барои кормандони Сарраёсати Вазорати молия дар вилояти Хатлон ва Раёсатҳои молияи шаҳру навоҳии вилоят шароиту имкониятҳои корӣ мувофиқи матлаб мебошад. Раёсатҳои молия бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда, шароити кории кормандон рӯз аз рӯз беҳтару хубтар шуда истодааст.

Донишу малака ва забономӯзии кормандон

Қайд гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши тахассусии кормандони соҳаи молия, сармуҳосибони ташкилоту муассисаҳои вилоятиву шаҳрӣ, амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорати молияи кишвар дар Сарраёсати Вазорати молияи вилояти Хатлон “Маркази бозомӯзӣ” бо фароҳам овардани шароити муносиби омӯзиш ташкил карда шуда, мутахассисон доимӣ аз курсҳои такмили ихтисос мегузаранд.

Дар Раёсатҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба масъалаи кадрҳо диққати ҷиддӣ дода мешавад ва кормандони кордону соҳибтахассус бештар аз ҳисоби ҷавонон дар зинаҳои гуногун ба кор даъват мешавад ва минбаъд низ ҷавонони боистеъдоду донандаи забонҳои хориҷӣ ҷалб мешаванд.

Мавсуф иброз дошт, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 18-уми марти соли 2024 №795 “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ” бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонӣ мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ вазифадор гардидаанд, ки аз 1-уми апрели соли 2024 тамоми кормандони худро ба мӯҳлати якуним сол ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ ё забонҳои дигар) фаро гиранд.

Роҳбарияти Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳои вилоят баҳри иҷрои Фармони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои заруриро рӯйи кор гирифтанд ва марҳила ба марҳила кормандони Сарраёсат ва Раёсатҳоро ба забономӯзӣ фаро хоҳанд гирифт.

Маврид ба ёдоварист, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои рушди иқтисодиёт, болоравии соҳаҳои иқтисодиву фарҳангӣ ва ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ тадбирҳои зиёдро роҳандозӣ мекунад ва ҷиҳати амалӣ гардонидани онҳо кормандони мақомоти молия нақши калидӣ доранд.

 Иҷрои барзиёди қисми даромади буҷети вилоят

Изатуллозода Ҳабибулло афзуд, ки дар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии блоки иқтисодии вилояти Хатлон дар се моҳи аввали соли ҷорӣ қисми даромади буҷети вилоят барзиёд иҷро шуда, дар оянда баҳри иҷроиши барзиёдии қисми даромади буҷети вилоят ҳама донишу малакаи худро сарф хоҳанд кард.

“Дар ин давра бо назардошти таъмини рушди нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят мувофиқи маълумотҳо иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии вилояти Хатлон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз рӯйи контингенти умумӣ 102,5 дарсад ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ ба андозаи 102,1 фоиз таъмин гардида, ба буҷет беш аз 547,8 миллион сомонӣ ворид гардидааст.

Воридоти маблағҳо нисбат ба нақшаи пешбинишудаи даромадҳои худӣ 11,1 миллион сомонӣ ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 95 миллион сомонӣ зиёд мебошад”, – илова кард ӯ.

 Бақияи қарзи андоз кам карда шуд

Қайд гардид, ки барои кам кардани бақияи андозҳо аз ҳама имкониятҳо истифода бурда шуда, бақияи қарзи андоз дар вилоят давоми се моҳи соли ҷорӣ 3,6 миллион сомонӣ кам гардидааст.

Дар давраи ҳисоботи нақшаи даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андозҳои иҷтимоии корхонаҳои буҷетӣ дар сатҳи 103 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми воридоти маблағҳо бо назардошти хароҷоти маблағҳои иҷтимоӣ ба 146,1 миллион сомонӣ баробар гардидааст, ки ин нисбат ба нақшаи пешбинишуда 3,7 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Дар идома мавсуф илова кард, ки дар ин давра хароҷоти маблағҳои буҷети маҳаллӣ дар доираи иҷрои воқеии буҷет ба роҳ монда шуда, бо назардошти маблағҳои мақсаднок ва ҳисоббаробаркуниҳо аз буҷети ҷумҳуриявӣ 94 фоиз таъмин гардида, дар маҷмуъ ба соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят 969,7 млн сомонӣ равона карда шудааст.

 Қарздории музди меҳнат вуҷуд надорад

Номбурда ҳамчунин илова кард, ки аз ҳисоби манбаъҳои маблағгузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоиёт дар умум 691,5 млн сомонӣ ё ин ки 90,5 фоизи маблағҳои буҷетӣ равона гардидааст. Бояд ёдовар шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ барои пардохти моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет 659,8 млн сомонӣ равона гардидаст, ки 86,3 фоизи хароҷоти умумии буҷетро дар бар мегирад.

“Аз ҷумла барои пардохти музди меҳнат 521,8 млн сомонӣ, ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ 127,9 млн сомонӣ, барои пардохти ҳаққи хизматрасониҳои коммуналӣ ва алоқа 73 млн сомонӣ, барои идрорпулӣ, кӯмакпулӣ ва ҷубронпулиҳо 2,8 млн сомонӣ равона гардидааст. Дар ин давра дар ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳру ноҳияҳои вилоят қарздорӣ аз фонди музди меҳнат ба қайд гирифта нашудааст. Дар оянда низ талош мекунем, ки қарздорӣ ва қафомонии музди меҳнати ташкилоту идораҳои буҷетӣ ба амал наояд”, – гуфт Изатуллозода Ҳабибулло.

Нақшаҳо неканд

Сардори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят изҳор дошт, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади идома додани ғамхории давлат ва ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода шуд, ки аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд карда шавад.

Инчунин, аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, соҳаи маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин идрорпулӣ 40 фоиз зиёд карда шаванд.

Ҳамзамон, аз 1-уми июли соли 2024 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда мешавад.

Номбурда қайд кард, ки амалишавии фармони мазкур дар соли 2024 аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маблағгузории фонди музди меҳнат ва таъминоти нафақа пешбинишуда, маблағҳои бақияи озод, иҷрои барзиёди даромади буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ, аз ҳисоби сарфаи моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет, азнавтақсимкунии моддаҳои дигари хароҷот, маблағҳои захиравӣ ва маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ба анҷом расонида мешавад.

Гуфта шуд, ки мувофиқи таҳлилҳои пешакӣ ҷиҳати амалисозии фармони мазкур барои зиёдшавии фонди музди меҳнати ташкилоту муассисаҳои буҷетиии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҳамагӣ ба маблағӣ 488,9 миллион сомонӣ, аз ҷумла барои пардохти музди маош 393,7 миллион сомонӣ ва фонди нафақа 95,2 миллион сомонӣ зарур аст.

Бинобар ин, ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат барои расидан ба ин ҳадафҳо мо кормандони мақомоти молия вазифадорем, ки ҷиҳати иҷрои он тамоми чора ва имкониятҳои иловагиро андешида, дар самти иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби имкониятҳои дохилӣ якҷоя бо сохторҳои дахлдор корро зич ба роҳ монда, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ҳиссаи худро гузорем.

Иҷрои дастуру супоришҳо

 Сарраёсати Вазорати молия дар вилояти Хатлон ва Раёсатҳои молия дар шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 10-уми феврали соли 2014 таҳти №159 дар арафаи иду ҷашнҳо оилаҳои камбизоат, маъюбон, ятимон ва дигар қишри ниёзмани ҷомеаро дастгирӣ намуда, ба онҳо кӯмакҳои моддиву молӣ мерасонад. Ва ин иқдомро дар оянда низ идома хоҳад дод.

Дастгириҳо

Дар доираи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати мамлакат, Вазорати молияи кишвар ва МИҲД-и вилояти Хатлон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар баҳри беҳтари гардидани шароити кории кормандони соҳа тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.

Аз ҷумла, дар шаҳри Левакант бинои нави Раёсати молия бо тамоми лавозимоти корӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Инчунин сохтмони бинои Раёсати молия дар ноҳияи Данғара ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ идома дошта, дар ноҳияҳои Балҷувону Вахш корҳои лоиҳакашии биноҳои Раёсатҳои молия идома доранд.

Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар Роҳбарият ва кормандои Сарраёсати Вазорати молия дар вилояти Хатлон ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо дар ободии ватан саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд ва ин санаи таърихиро бо дастовардҳои назаррас пешвоз хоҳанд гирифт.

Ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо дар оянда Роҳбарият ва кормандони Сарраёсати Вазорати молия дар вилояти Хатлон ва Раёсатҳои молия дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, қарору қонунҳои амалкунандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тамоми чора ва имкониятҳои иловагиро андешида, дар самти таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои буҷетӣ, аз ҷумла таъмини иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби потенсиали дохилӣ якҷо бо сохторҳои дахлдор корро зич ба роҳ монда, тадбирҳои иловагӣ андешанд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь