Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои Осиёи Марказӣ ягона иттиҳоде ба шумор меравад, ки аз тамоми нигоҳ манфиатовар аст. То ба ҳол ба ин шакл ва дар ин қолаб ягон иттиҳоде дар минтақа арзи ҳастӣ накардааст. Иттиҳоди мазкур имкониятҳои васеъро доро буда ва дар доираи он гардиши озоди мол сурат мегирад, ки ба иқтисоди миллии кишварҳо ва умуман баҳри беҳбуди вазъи иҷтимоии минтақа такони ҷиддӣ мебахшад.

Аксари сиёсатшиносон ва иқтисоддонони ҷаҳонӣ ояндаи онро хусусан дар Осиёи Марказӣ бисёр аҳаммиятнок арзёбӣ мекунанд. Ба гуфти онҳо  бо пайвастани Тоҷикистон ба иқтисоди миллии ин кишвар тағйироти ҷиддие ворид мегардад. Ҳамчунин, ба назари онҳо Тоҷикистон метавонад дар доираи он ба бозорҳои бузурги ҷаҳонӣ ба воситаи бандарҳои баҳрии минтақа барояд ва молу маҳсулоти худро ба шакли тоза интиқол намояд.

БА ҲАЙАТИ ИТТИҲОДИ ИҚТИСОДИИ АВРУОСИЁ ПАНҶ КИШВАР ШОМИЛАНД: АРМАНИСТОН, БЕЛОРУССИЯ, ҚАЗОҚИСТОН, ҚИРҒИЗИСТОН ВА РУСИЯ

Манфиат ба  муҳоҷирон

Коршиносон мегӯянд таъхир дар пайвастан ба Иттиҳод суде надорад ва агар ин раванд ҳарчӣ зудтар сурат бигирад, он метавонад, баъзе мушкилҳои мавҷудаи кишварҳоро дар зудтарин фурсат ҳал намояд. Ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон дар бораи омодагиаш ба пайвастшавӣ ба иттиҳоди мазкур изҳорот дод, ки агар он зудтар анҷом ёбад ба манфиати минтақа хоҳад буд. Ҳамчунин, Тоҷикистон низ ҳанӯз дар ин роҳ дар андеша аст ва ба хулосаи ниҳоӣ наомадааст. Яке аз имтиёзҳои асосӣ ин аст, ки узвият дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё зиндагии муҳоҷирони тоҷикро дар Русия хеле беҳтар мегардонад. Дар асоси он низоми муҳоҷират сабук гардида ва аз ҷумла, пардохти патент аз миён бардошта мешавад. Ба назари коршиносон муҳоҷирони меҳнатии тоҷик беихтиёр интизори пайвастшавии Тоҷикистон ба иттиҳоди мазкур мебошанд. Ҳоло аз Тоҷикистон мувофиқи баъзе маълумотҳо зиёда аз 1 миллион муҳоҷир дар Русия кору зиндагӣ доранд.

МОҲИ ДЕКАБРИ СОЛИ 2020 ҶУМҲУРИҲОИ ӮЗБЕКИСТОН ВА КУБА БА ҲАЙСИ ИТТИҲОДИ ИҚТИСОДИИ АВРУОСИЁ ҲАМЧУН КИШВАРҲОИ НОЗИР РАСМАН ПАЗИРУФТА ШУДАНД

Монеаҳои гумрукӣ

Бартарии дигар аз байн бурдани монеаҳои гумрукӣ барои истеҳсолкунандагони Тоҷикистон дар бозори АвруОсиё аст, ки махсусан барои хоҷагиҳои деҳқонӣ муфид мебошад. Ҳоло бояд аз мақомоти кишварҳо сертификат, назорати фитосанитарӣ ва ғайра гирифта шавад, ки ба даст овардани он вақтҳои охир хеле мушкил гардидааст. Аз ин рӯ, чунин омилҳо барои интиқоли мол ба кишварҳои дигари минтақа монеа эҷод мекунанд.

ТОҶИКИСТОН ДАР СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ ХОҶАГИИ ҚИШЛОҚ ИҚТИДОРИ ВАСЕЪ ДОРАД, АММО МАВҶУД НАБУДАНИ МАРКАЗИ ЯГОНАИ ШАҲОДАТНОМАВӢ ИМКОНИЯТИ ИСТИФОДАИ ПУРРАИ ОНРО АЗ БАЙН МЕБАРАД

“Албатта, мо бояд як қисми соҳибихтиёрии иқтисодиро миёни ҳам тақсим кунем, зеро бидуни он ҳеч роҳе вуҷуд надорад. Аммо Русия ва Қазоқистон, бузургтарин аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё низ соҳибихтиёранд. Дар маҷмуъ дар доираи он манфиатҳои зиёде дида мешавад. Аз интегратсия ҳама суд мегирад ва он як воқеияти шинохташуда аст. Ва баръакс иқтисоди мустақил ё  ҷудошуда бо марг маҳкум шудааст” – мегӯяд Аркадий Амелин, ноиби президенти созмони ҷамъиятии “Сармоягузории Русия”.

ПАС АЗ ПАЙВАСТАН БА ИТТИҲОДИ ИҚТИСОДИИ АВРУОСИЁ ИҚТИСОДИЁТ ВА БУҶЕТИ  ТОҶИКИСТОН РУШД ЁФТА, МУЗДИ МАОШ НИЗ БОЛО ХОҲАД РАФТ

Назари коршиносон

Ниёз Мирзоев – профессори ДМТ  бар ин назар аст, ки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои Тоҷикистон танҳо натиҷаҳои мусбат хоҳад овард: “Аҳднома дар бораи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё аз 1-уми январи соли 2015 эътибор пайдо кард. Он вақт ман фикр мекардам, ки мо фавран ба он дохил мешавем, зеро имконияти васеъ дошт. Бояд гуфт, ки пеш аз ҳама, муҳоҷирони кории мо аз он суд мебинанд. Бо эҳтимолияти зиёд метавон гуфт, ки он барои боз ҳам бештар пул кор кардани муҳоҷирон мусоидат мекунад. Онҳо аз пардохтҳои муайян, масалан, аз патентхарӣ озод карда мешаванд. Ин барои рушди иқтисоди Тоҷикистон як такони ҷиддӣ хоҳад буд, зеро даромад аз ҳисоби муҳоҷират зиёд мешавад. Инчунин, дар масъалаҳои тиҷорат ва ба бозорҳои хориҷа баровардани молҳои кишвар дар ҳаҷми бештар дар доираи иттиҳоди мазкур имкониятҳои зиёдеро мебинам.

СОЛИ 2022 44 ФОИЗИ ҲАҶМИ ТИҶОРАТИ БЕРУНАИ ТОҶИКИСТОН БА ИТТИҲОДИ ИҚТИСОДИИ АВРУОСИЁ РОСТ МЕОЯД, КИ НИСБАТ БА СОЛИ 2021 3,1 ФОИЗ ЗИЁД МЕБОШАД.

ИТТИҲОДИ ИҚТИСОДИИ АВРУОСИЁ 51,1 ФОИЗ ВОРИДОТ ВА 27,1 ДАРСАДИ СОДИРОТИ ТОҶИКИСТОНРО ТАШКИЛ МЕДИҲАД.

Бархе аз мансабдорони тоҷик дар мавриди пайвастани Тоҷикистон ба иттиҳоди мазкур баҳонаи “омӯхтан”-ро пеш меоваранд. Ба гуфти онҳо ҳоло ҳам ин масъала дар омӯзиш қарор дорад, вале аз ин миён аллакай 10 сол сипарӣ гардидааст. Аммо бархе коршиносон мегӯянд, ки масъалаи пайвастшавӣ ва ё баръакси онро метавон дар зудтарин фурсат омӯхт. Мо метавонистем, ки ба монанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон аввал нозир шуда ва баъдан дар бораи шомилшавӣ тасмим бигирем.

Ман боварӣ дорам, ки воридшавӣ метавонад ҳам иқтисод ва ҳам равобити моро бо шарикони стратегӣ мустаҳкамтар намояд. Бале, шояд мо як қисми истиқлолияти иқтисодиро бо ин кишварҳо тақсим кунем, аммо ба ҳар ҳол манфиатҳои он бештаранд. Ман пайвастан ба иттиҳоди мазкурро ҳамеша дар ҷомеаи илмии кишвар таблиғ мекунам”.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров – доктори илмҳои иқтисод дар ин бора чунин мегӯянд: «Баъди воридшавӣ ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шароит барои муҳоҷирони тоҷик ба маротиб беҳтар мешавад ва ин боиси афзоиши ҳаҷми интиқоли маблағ мегардад. Ва пули муҳоҷирон бевосита ба саноатикунонӣ ва рушди иқтисод сарф мегардад. Ин фоидаи воқеии он аст.”

Григорев Семён – сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни як конфронси илмӣ-амалӣ оид ба фаъолияти Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар Душанбе чунин қайд намуд: «Бо шомилшавии кишварҳои дигар, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои сармоягузорӣ мусоид ва мувофиқтар мешавад, аз ҷумла барои коорпоратсияҳои фаромиллӣ барои татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ ва саноатӣ қулай мегардад. Русия саъй дорад, ки зарфиятҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо Тоҷикистон, бахусус дар арсаи тиҷорату иқтисодро ба ҳадди зиёд афзоиш диҳад.

Дуруст аст, ки пайвастан ба Итиҳоди иқтисодии АвруОсиё як қадами хеле муҳим аст ва биноан, ҷиҳатҳои мусбат ва ҳам манфии он бояд ҳаматафа омӯхта шавад. Аз ин рӯ, нахуст шомил шудан ба ин созмонро ҳамчун нозир барои дӯстони тоҷикам пешниҳод мекунам. Бояд гуфт, ки он ба ҷумҳурӣ ягон ӯҳдадории иловагиро ба бор намеоварад, балки  имконоти зиёд медиҳад».

Гузел Майдинова – доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи минтақашиносии хориҷӣ ва сиёсати хориҷии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, директори Маркази тадқиқоти геополитикии донишгоҳи мазкур, узви вобастаи Академияи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон, аҳаммияти Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро чунин шарҳ дод: «Тибқи пешгӯиҳо, дар соли 2030 гардиши мол дар дохили кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё 211,4 миллиард долларро бо нархҳои ҷорӣ ва афзоиши ММД ба ҳисоби миёна то 2 фоизро ташкил медиҳад. Барои кишварҳои алоҳида, натиҷа дар соли 2030 то 11 дарсади афзоиши ММД арзёбӣ мешавад.”

БАЪДИ ПАЙВАСТАНИ ТОҶИКИСТОН БА ИТТИҲОДИ ИҚТИСОДИИ АВРУОСИЁ ИНТИҚОЛИ МАБЛАҒ ВА МУЗДИ МАОШИ МУҲОҶИРОН АЗ 10 ТО БА 30 ФОИЗ ЗИЁД МЕГАРДАД.

ПАС АЗ 5 СОЛИ ШОМИЛШАВӢ БА ИТТИҲОДИ МАЗКУР ДАРОМАДИ УМУМИИ МАБЛАҒИ ВОРИДШУДА БА ТОҶИКИСТОН АЗ 1,3 ТО 1,5 МИЛЛИАРД ДОЛЛАР ЗИЁД МЕГАРДАД.

Тиҷорат бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё

Сарфи назар аз он, ки Тоҷикистон узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нест, ҳаҷми тиҷорат бо кишварҳои узви ин иттиҳодияро идома медиҳад,  аммо ба шарту шароити хеле дигар. Ва агар ин кишвар дар ҳайати он бошад, албатта имконоти тиҷоратии он ба кулли тағйир хоҳад ёфт.

Равобити тиҷорӣ ва иқтисодии Тоҷикистон  дар соли 2022 таҳким ёфт. Тоҷикистон муомилоти молро бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё 23,9 фоиз ва ҳаҷми умумии гардиши савдои беруниро 14,9 фоиз афзоиш дод.

Русия ва Қазоқистон бо саҳмияҳои 22,9 фоиз ва 19,7 фоиз дар тиҷорат ва ҳатто аз Чин (16,6 фоиз) ҳам пештар шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонанд. Тоҷикистон дар соли 2022 содироти маҳсулоти кишоварзӣ – асосан сабзавот, меваҷот ва меваи хушкро тақрибан ду баробар афзоиш додааст. Дар ҷумҳурӣ ба сохтмони корхонаҳои ҷадиди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ иқдомоти тоза сурат мегирад.

МОҲИ МАРТИ СОЛИ 2022 КОРШИНОСОНИ ҒАРБ ПАСТ РАФТАНИ ИҚТИСОДИЁТИ РУСИЯРО ТО БА 30 ФОИЗ ПЕШГӮЙӢ КАРДА БУДАНД.

БОНКИ ИНВЕСТИТСИОНИИ “JPMORGAN” ЭЪЛОН НАМУД, КИ ММД-И РУСИЯ ДАР КВАРТАЛИ ДУЮМ НИСБАТ БА  ҚАБЛ 35 ФОИЗ ПАСТ ХОҲАД РАФТ.

Ҳаҷми муомилоти мол бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар соли 2022 620,6 миллион доллар афзоиш ёфта, 3,2 миллиард долларро ташкил дод. Ҷумҳурии Ӯзбакистон дар тиҷорати Тоҷикистон ҷойгоҳи муҳимро ишғол мекунад, ки миёни кишвар 7,6 фоиз гардиши мол вуҷуд дорад. Дар соли 2022 гардиши мол миёни ду кишвар 107,5 миллион доллар (то 555,4 миллион доллар) афзоиш ёфтааст.

Нақши Бонки рушди Авруосиё

Моҳи декабри соли 2022 Бонки рушди Авруосиё бори нахуст лоиҳаи пуштибонии сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ на танҳо дар фазои Авруосиё, балки барои як кишвари алоҳида ва бахусус, Тоҷикистонро муаррифӣ кард.

Бонки рушди Авруосиё  стратегияи сесоларо роҳандозӣ мекунад, ки барои Тоҷикистон бозорҳои нав эҷод менамояд ва ба соҳибкорони ватанӣ имконоти тоза медиҳад.

Сармоягузории Бонки рушди Авруосиё дар Тоҷикистон дар се самти муҳим сурат мегирад. Якум, сармоягузорӣ ба обу энергетикаи Тоҷикистон ва дуюм, сохтмони шабакаи тақсимоти молҳои Авруосиё бо ташкили марказҳои савдои яклухт ва чаканаи нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, ки он  амнияти озуқавории Тоҷикистон ва мардуми онро таъмин хоҳад кард. Самти саввум шабакаи тақсимоти коло ба андозаи тамоми Осиёи Марказӣ мебошад, ки муомилоти тиҷоратӣ байни кишварҳои минтақаро суръат мебахшад ва имкон медиҳад, ки маҳсулоти Тоҷикистон нисбат ба имрӯз ба бандарҳои баҳрӣ хеле зудтар бирасанд.

ММД-И РУСИЯ ДАР СОЛИ 2022 АЗ РӮЙИ ҲИСОБҲО 2,5 ФОИЗ ПОЁН РАФТААСТ.

“THE ECONOMIST” УСТУВОРИИ РУСИЯРО БА ТАҲРИМҲО ЭЪТИРОФ НАМУД.

Бӯҳрони кунунӣ ҷаҳонро ба қутбҳои гуногун аз назари сиёсӣ ва иқтисодӣ тақсим намуд, ки ба як системаи тиҷоратии муҳим пайванд гардиданд. Аз ин рӯ, пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои кишварҳои минтақа, ки дар натиҷа як занҷираи иқтисодии азимро ба вуҷуд меоранд, хеле муфид аст. Ин занҷира метавонад Тоҷикистон ва умуман минтақаро аз тамоми буҳронҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ берун барорад.

Садаф Назарова

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь