Нақши он дар рушди қонунгузории молиявӣ ва иқтисодӣ

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд карда буданд, ки «нигоҳ доштани сатҳи муайянгардидаи таваррум, муътадил гардидани қурби асъори миллӣ ва устувории вазъи бонкҳо ва созмонҳои молиявӣ, аз ҷумла зиёд шудани номгӯи онҳо аз ҳисоби ташкилотҳои маблағгузории хурд, афзудани пасандозҳо, ҷорӣ кардани намудҳои нави қарздиҳӣ шаҳодати беҳтар гардидани фаъолияти низоми бонкӣ ва сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ дар кишвар мебошад».

Ин суханҳои бунёдии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам барои ташаккули қонунгузории молиявӣ ва иқтисодӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ заминаи муҳим гузоштаанд.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминагузорандаи рушди воқеии ташаккули тамоми соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқи мамлакат мебошад. Зеро бидуни ин рӯйдоди муҳим тасаввур кардани рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ мушкил ва имконнопазир буд. Ин рӯйдоди таърихӣ тавонист халқи Тоҷикистонро ба дастовардҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мушарраф гардонад.

Бояд қайд кард, ки ташаккули қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маҳз ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастагии ногусастанӣ дорад. Яке аз бахшҳои муҳими ҳаёти хоҷагии халқ – ин танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар бахши молиявӣ ва иқтисодӣ мебошад, ки рушди он дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат батадриҷ афзудааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи зарурии қонунҳо аз тарафи мақомоти қонунгузории мамлакат бо дарназардошти талаботи ҷомеаи муосири Тоҷикистон дар соҳаҳои молиявӣ ва иқтисодӣ қабул гардидаву мавриди истифода қарор гарифтаанд. Ин иқдоми мақомоти қонунгузории мамлакат имконият медиҳад, ки танзимнамоии тамоми самтҳои фаъолияти субъектҳои муносибатҳои молиявӣ ва иқтисоӣ дар ҳоли рушд қарор гирад. Яке аз чунин дастовардҳои бузург баъд аз Истиқлолияти давлатӣ – ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ аз 6-уми ноябри соли 1994 ва тағйиру иловаҳо ба он 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 маҳсуб меёбад. Ин санади муҳим асоси воқеӣ ва санади бунёдӣ барои рушди қонунгузории соҳаҳои молиявӣ ва иқтисодӣ дар тӯли 28 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Метавон зикр кард, ки баъд аз қабули ин санади муҳим қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи меъёрҳои бо суръати баланд дар ҳоли рушд қарор гирифт.

Дигар санади муҳиме, ки сарчашмаи тамоми қонунгузориҳои молиявӣ ва иқтисодӣ ба ҳисоб меравад, ин Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1999-2004 ба шумор меравад. Инчунин, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатӣ», «Дар бораи идоракунии молиявӣ», «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ» ва қонунҳо дар бахши молиявии фаъолияти бонкӣ, аз ҷумла қонунҳо «Дар бораи Бонки миллӣ», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» қабул гардида, мавриди истифода қарор гирифтанд.

Зикр кардан зарур аст, ки Истиқлолияти сиёсии давлатӣ дар таҳкими қонунгузории миллӣ имкониятҳои бузургро ба вуҷуд овард ва барои гузариш ба низоми қонунгузории миллӣ заминаи устувор гузошт. Қабули қонунҳои сершумор дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар бахши молиявӣ ва иқтисодӣ имкон дод, ки дар тӯли 28 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди воқеии муносибатҳо дар бахшҳои фаъолияти молиявӣ ва иқтисодӣ ба таври аъло эҳсос гардид ва фаъолияти субъектҳои ин муносибатҳо низ дар сатҳи лозима танзим шуда, имконият фароҳам овард, то ҳимояи ҳуқуқи субъектҳои ин муносибатҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.

Яке аз бахшҳои муҳими фаъолияти молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи бонкдорӣ маҳсуб мешавад. Дар давраи гузариш ба сохти иқтисодии нав (иқтисоди бозорӣ) cохтори бонкӣ нақши бениҳоят калон мебозад ва системаи бонкӣ яке аз воситаҳои асосии танзими бозори молиявии давлат ба шумор меравад. Тараққиёти кори системаи бонкӣ яке аз асосҳои муҳими воситаи танзими механизмҳои бозорӣ ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз рӯ ба иқтисоди бозоргонӣ овардааст,  ки рӯз то рӯз ба комёбиҳои зиёде ноил гашта истодааст. Гузаштан ба иқтисоди бозорӣ ба бисёр ташкилотҳои молиявӣ – қарзӣ таъсири худро мерасонад, ки яке аз инҳо системаи бонкӣ мебошад.

Зикр кардан зарур аст, ки дар байни қонунҳои қабулшуда аз ҷониби бисёр мутафаккирони ватанӣ нақши калидӣ дар ташаккули қонунгузории молиявӣ ва иқтисодӣ ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст. Қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муфлисшавӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ», «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд», «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», «Дар бораи гарав» ва «Дар бораи қоғазҳои қимматнок» низ дастоварди беназир барои таҳким ва рушди устувори муносибатҳои ҷамъиятии соҳаи молиявӣ ва иқтисодӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб мераванд.

Дар маҷмуъ, дар давоми 28 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва зерқонунии зарурӣ дар бахши молиявӣ ва иқтисодӣ қабул гардида, мавриди амал қарор дода шудаанд, ки барои устувор гардонидани пояҳои давлати миллии тоҷикон дар соҳаҳои молиявӣ ва иқтисодӣ саҳми беназир доранд. Ва имрӯз рушди бемайлони тамоми соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқи кишвар дар доираи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар соҳаи молиявӣ ва иқтисодӣ қабулшуда дар ҳоли рушдёбӣ қарор дорад.

Метавон гуфт, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминагузорандаи воқеии рушди устувор ва ташаккули қонунгузорӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла бахши молия ва иқтисоди давлати муосири Тоҷикистон мебошад.

 

Сулаймон ДУСТОВ,

устоди кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионии ДДМИТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь