Дар маҳфили иқтисодии “Тавозун” масъалаи ислоҳоти андоз ва андозбандӣ дар Тоҷикистон, раванди татбиқи барномаҳои ислоҳоти андоз дар кишвар, саҳми ислоҳоти андоз дар рушди бахши соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, нақши ислоҳоти низоми андоз барои иҷрои “Стратегияи милии рушд барои давраи соли 2030”, андозбандии ташиклотҳои ғайритиҷоратии кишвар ва дигар мавзуҳо вобаста ба андозу андозбандӣ ва ислоҳоти андоз баррасӣ гардид.

Чорабинӣ, рӯзи 2-юми май бо ташаббуси ТҶ “Хома” дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

Рауф Ҳайдаров, сармутахассиси Сарраёсати андоз ва пардохтҳои давлатии Вазорати молияи ҶТ, Назирзода Назирҷон, сардори Раёсати такмили қонунгузории андоз, Қаландар Аъзамов, сармутахассиси Раёсати такмили қонунгузории андози Кумитаи андози назди Тоҷикистон, Насибахо Аминова, директори Анҷумани миллии соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон, ҳамчунин, иқтисодшиносону коршиносони соҳаи андоз ва андозбандӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва рӯзноманигорон дар маҳфил ширкат карда, мавзуҳои баррасишавандаро баҳс карданд.

Дар ифтитоҳи маҳфил Шаҳло Акобирова, роҳбари ТҶ “Хома” бобати муҳиммияти мавзӯъ ва давраи омӯзишии қабл аз маҳфили “Тавозун” ёдрас шуд, ки давоми чор рӯз рӯзноманигорон дар бораи мавзӯи “Ислоҳоти андоз ва андозбандӣ дар ҶТ”  донишҳои нав гирифтанд ва акнун зарур аст, ки ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳ намуда, онро дуруст ба аҳолӣ расонанд.

Мавсуф афзуд, ки ТҶ “Хома” бо мақсади фароҳам кардани заминае барои табодули афкору таҷриба дар инъикоси босифати масоили иқтисодӣ дар ВАО-и Тоҷикистон  дар доираи маҳфили “Тавозун” мунтазам вохӯриҳоро оид ба муҳокимаи масъалаҳои мубрами иқтисодӣ дар байни рӯзноманигорон, коршиносони байналмилалӣ ва ватанӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ, олимон ва таҳлилгарон баргузор менамояд.

Баъдан, Рауф Ҳайдаров зимни баромади худ гуфт, ҳадафи асосии барномаҳои ислоҳоти андоз дар кишвар, сода намудани низоми андозбандӣ ва оммафаҳм гардонидани санадҳои ҳуқуқии марбут ба андозбандӣ, таъмини устувории даромадҳои андоз ба Буҷети давлатӣ, дар сатҳи замонавӣ ба роҳ мондани маъмурикунонии андозҳо ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасониҳо ба андозсупорандагон мебошад.

Ӯ дар идома афзуд, таҳия намудани тартиби арзёбии танзими меъёрҳои андозҳо ва таъсири имтиёзҳои андозӣ ба буҷети давлатӣ, таҳкими механизмҳои ҳавасмандсозандаи фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар ҷараёни мукаммалгардонии маъмурикунонии андоз, коҳишёбии хароҷоти марбут ба иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, ҷорӣ кардани шакли нави назорати андоз – мониторинги андоз, ки ҳадафи он пешгирии амалиётҳои дорои хавф мебошад ва вусъат бахшидани корҳо дар самти пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ аз самтҳои асосии ислоҳоти андоз дар кишвар ба ҳисоб меравад.

“Яке аз унсурҳои асосии системаи андоз ин сода, оммафаҳм ва мушаххас будани қонунгузории андоз ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти ин Кодекси андози Тоҷикистон ба ду қисм (умумӣ ва махсус) тақсим карда шудааст. Қисми умумӣ аз муқаррароти умумии Кодекси андоз иборат буда, заминаи ҳуқуқии муносибатҳои андозиро пешбинӣ карда, равандҳои асосии андозбандиро муайн менамояд”, – зикр кард Рауф Ҳайдаров.

Ба гуфтаи ӯ, муқаррар намудани андозҳои нав, тағйир додан ва ё бекор кардани андозҳо ва ё имтиёзҳои муқарраркардашуда танҳо бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз анҷом дода мешавад.

Ба таъкиди ин масъули Вазорати молия, ҳангоми муқаррар намудани андозҳо бояд ҳамаи унсурҳои андозбандӣ муайян карда шаванд

Бахши дигари маҳфил, натиҷагирӣ ва раванди татбиқи барномаҳои ислоҳоти андоз дар Тоҷикистон буд, ки Назирзода Назирҷон, сардори Раёсати такмили қонунгузории андози Кумитаи андоз дар робита ба он маълумот дод.

Номбурда оид ба мақсаду вазифаҳои қабули Кодекси нави андози Тоҷикистон маълумот дода, аз ҷумла, гуфт, ки ҳадафаи аслии он, ҷалби сармоягузорӣ, ҳавасмандгардонӣ ва мусоидат ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ, таъмини устувори воридоти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар буҷети давлатӣ, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ ва содиротии мамлакат ва таъмини рушди устувори иқтисодиёти кишвар тавассути ташкили фазои муносиб барои мақсадҳои андозбандӣ ва ҷорӣ намудани технологияи рақамӣ аст.

Ӯ дар идома аз тағйиротҳои асосие, ки дар Кодекси андоз дар таҳрири нав пешбинӣ шудааст, ба таври мушаххас ба ҳозирин маълумот дода, аз ҷумла, гуфт, кам намудани шумора андоз, меъёри андозҳо ва такмили имтиёзҳои андозӣ аз тағйиротҳои ҷиддии кодекси нав ба ҳисоб меравад.

Назирзода илова кард, ки дар натиҷаи дар амал татбиқ намудани Барномаи ислоҳоти андоз барои давраҳои 2011-2019 дар кишвар 75 намуди хизматрасониҳои электронӣ татбиқ карда, 28 ширкати интернетии хориҷӣ ихтиёран дар кумитаи андози Тоҷикистон сабти ном шудаанд, ки соли гузашта аз ҳисоби онҳо, зиёд аз 3,4 млн сомонӣ ба буҷети кишвар андоз пардохт карда шуд.

Номбурда иттилоъ дод, ки ҳоло дар кишвар 340 ҳазору 115 субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 32 ҳазору 460 шахси ҳуқуқӣ, 307 258 соҳибкори инфиродӣ ва 379 намояндагии шахсони ҳуқуқии хорҷӣ мебошанд.

Назирзода дар идома оид ба давраи дуввуми татбиқи ислоҳоти андоз ва бахшҳое, ки зимни татбиқи он бартарият дода мешавад, маълумот дод.

Аз ҷумла, гуфт, ин навбат ба рушди маъмурикунонии андоз, фароҳам овардани муҳити рақобати солим ва коҳиш додани сатҳи иқтисоди пинҳонӣ, рушди системаи автоматикунонидашудаи маъмурикунонии андоз, ба роҳ мондани ҳамкории фосилавӣ бо андозсупорандагон ва мақомоти давлатӣ, кам кардани истифодаи ҳуҷҷатҳои қоғазӣ, беҳтар намудани сифати фаъолияти мақомоти андоз ва баланд бардоштани интизоми андозсупории андозсупорандагон афзалият дода мешавад.

Баъди маърӯзаи масъулин, қисмати муҳокимаи мавзуҳои баррасишаванда оғоз гардид. Дар раванди он ҳам коршиносони соҳаи андозу андозбандӣ ва рӯзноманигорон фаъолона ширкт доштанд.

Рӯзноманигорон аз ҷумла, аз масъулин, оид ба имтиёзҳое, ки дар самти пардохтҳои ғайринақдӣ пешниҳод шудааст, тағйироте, ки дар самти андози иҷтимоӣ, махсусан имтиёзҳое, ки ба соҳибкорон ва ё шахсони дорои имкониатшон маҳдуд пешбинӣ гардидааст, тарзи ҳисобу пардохти андоз аз молу мулки ғайриманқул, омори қарздорӣ аз ин андоз, фарқи меъёри андози молу мулки ғайриманқул вобаст ба минтақаҳо, нақшабандии андози шаҳру ноҳияҳо бо ба инобат нагирифтани қисмати хароҷоти онҳо, мушкилоти ҷамъоварии андоз дар шаҳру ноҳияҳо, таъсири изофанависӣ дар таҳияи буҷет ва банақашгии андозҳо, имтиёзҳое, ки дар самти воридоти техникаҳои кишоварзӣ, бахшҳои сайёҳиву ҳунарҳои мардумӣ пешбинӣ шудааст, инчунин тарзи рӯйпуш кардани маблағи имтиёзҳое ки пешбинӣ мешавад, пурсиданд ва ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Аз ҷумла, ба посух ба яке аз масъалаҳои доғ, ки маблағи умумии блогерон, давоми 3 моҳи охир пардохт шудааст, гуфта шуд, ки блогерҳои тоҷик дар семоҳаи аввали соли 2023 ба буҷаи давлат 543 ҳазор сомонӣ андоз пардохт кардаанд.

Ӯ ҳамчунин, гуфт, ки то имрӯз дар Тоҷикистон 70 нафар блогер фаъолияти худро расман дар мақомоти андоз ба қайд гирифтаанд.

Соли гузашта блогерони тоҷик 29,7 млн сомонӣ даромад доштаанд ва аз ин маблағ 1,3 млн сомонӣ ба буҷаи давлат андоз аз даромад супоридаанд”, – зикр кард Назирҷон Назирзода.

Дар идома Насибахон Аминова, директори Анҷумани миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Тоҷикистон дар мавзӯи “Андозбандии бахши ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дар ҶТ” баромад кард ва гуфт, ки “фаъолияти соҳибкорӣ набояд ба кори асосии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ бошад”.

Ба гуфтаи ӯ, ташкилоти ғайритиҷоратӣ танҳо замоне ба фаъолияти тиҷоратӣ машғул мешавад, барои ноил шудан ба ҳадафҳои оинномавии худ талош кунад.

“Фоидаи ба даст овардашудаи ташкилотҳои ғайритиҷоратиро байни аъзоён тақсим кардан мумкин нест, балки бояд ба мақсадҳои оинномавӣ равона карда шавад. Агар Ташкилоти ҷамъиятӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул бошад, пас дар ин қисм дороиҳо ва фаъолияти он, ки бевосита ба иҷроиш алоқаманд аст, бояд алоҳида (ҷудо аз фаъолияти асосӣ) хисоби муҳоҷибӣ бурда шавад”, – гуфт номбурда.

Дар охир низ миёни иштирокочиён ва масъулини давлатӣ мубодилаи афкор сурат гирифт ва таъкид шуд, ки ҳамаи пешниҳоду дархосте, ки садо дод, ба роҳбарияти Вазорати молияи Тоҷикистон ва кумитаи андози Тоҷикистон барои баррасӣ ва корбарӣ расонида мешавад.

Зоҳири САЙФУЛЛО

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь