Далелҳои зиёд мавҷуданд, ки маҳз ба шарофати фаъолияти пурмаҳсули кормандони IRS роҳи мазкур дар ҳолати хуб қарор дошта, рафтуомади шаҳрвандон аз тариқи он дар ҳама фасли сол таъмин аст.

Матолиби дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки аз ҷониби соҳибназарон, хоса онҳое, ки пештар аз мавҷудияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқод мекарданд, эътироф гардид, ки бинобар надоштани нигоҳбони масъулиятшиносе чун IRS роҳҳои дигаре, ки ба тозагӣ навсозӣ шудаанд, дар муддати кӯтоҳ рӯ ба вайронӣ оварда, аксарият вазъи ногувор доранд.

Аз далелу рақамҳои мавҷуда метавон хулоса кард, ки таъмиру таҷдид дар фаъолияти филиали IRS мақоми меҳварӣ дошта, далели возеҳи масъулиятшиносии роҳбарияти он аст. Муҳим он аст, ки ин раванд зери назорати доимӣ ва ҷиддии роҳбарияти филиали ширкат қарор дошта, дар сурати ба вуҷуд омадани вайроншавии кӯчактарин дар масири роҳ пайи рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад.

Тавре иттилоъ дода будем, соли равон доираи фаъолият хеле васеъ гардида, бо харҷи 59 182 тонна асфалт таъмири 391190 метри квадратӣ роҳ дар назар буд. Тибқи нақша, дар минтақаи Варзоб 101304 метри квадратӣ бо масрафи 15742 тонна асфалт, минтақаи Зарафшон – 167580 метри квадратӣ бо сарфи 23776 тонна асфалт ва дар минтақаи Суғд 122306 метри квадратӣ бо харҷи 19667 тонна асфалт таъмири куллӣ ва ҷорӣ хоҳад шуд.

Аз ҷумла, кормандони Намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Зарафшон бояд 167580 метри квадратӣ роҳро таъмир мекарданд. Ба  шарофати масъулиятшиносӣ, азми қавии кормандон ва истифодаи самараноки имкониятҳои аз ҷониби роҳбарияти филиали Ширкат фароҳамшуда нақша барзиёд иҷро гардида, бо харҷи 21480,2 тонна асфалти хушсифат 169305 метри мураббаъ роҳ таъмир гардид.

Дар намояндагии Варзоб низ нақшаи мавриди назар барзиёд иҷро гардида, бо истифода аз 15745 тонна мумқири истеҳсоли корхонаҳои худӣ 102607 метри квадратӣ таъмир шуд. Фаъолияти кормандони намояндагии минтақаи Суғд низ пурмаҳсул буда, дар ин замина 92434 метри мураббаъ таъмир ва барои ин кор 17747 тонна асфалт сарф гардид.

Ёдрас мешавем, ки ҳоло зиёда аз 800 нафар дар филиали ширкат фаъолият доранду маҳз ба шарофати меҳнати пурмаҳсули онҳо роҳи Душанбе – Чанок мунтазам кушода аст.

Ҳар рӯз садҳо мутахассиси соҳибтаҷриба – устоҳои роҳ бо кумаки техникаи махсусгардонида ба тозакунӣ, таъмир машғул буда, ҳар як ваҷаби роҳро ҳифз мекунанд, то сифати он барои солҳои тӯлонӣ нигоҳ дошта шавад.

Муҳим он аст, ки IRS барои дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯйи талаботи бахши роҳсозӣ амалӣ намудани вазифа имконият ва шароити зарурӣ, аз қабили мутахассисони болаёқат, корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таҷҳизоти замонавӣ, техникаҳои пуриқтидор дошта, аз онҳо самаранок истифода менамояд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар давоми фаъолият чандин маротиба дар қитъаҳои гуногун, аз ҷумла, дар километри 138-ум, дар масофаи тӯлонӣ роҳ пурра фурӯ рафта буд. Масъулиятшиносиву поквиҷдонӣ ва пойгоҳи пурқуввати техникӣ замина фароҳам овард, ки дар робита ба ҳолати баамаломада фавран тадбирандешӣ шавад. Дар муддати кӯтоҳ қитъаҳои фурӯрафта барқарор ва мумфаршкунии ин масир низ бо истифода аз асфалти хушсифат амалӣ шуд.

Ин дар ҳолест, ки дар дигар роҳҳои мамлакат бар асари монеаи ҷузъӣ чандин рӯз ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад.

Ифтихормандем, ки вақтҳои охир теъдоди шахсоне, ки зимни сафар аз тариқи роҳи Душанбе – Чанок сипоси хешро ба роҳбарият ва кормандони ширкати мазкур барои масъулиятшиносӣ мерасонанд, тамоюли афзоишро касб намудааст. Зеро онҳо шоҳиди ҳол мешаванд, ки тадбирандешиҳо дар роҳи мазкур хеле зиёд буда, филиали Ширкат рисолати хешро дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба ҷо оварда истодааст. Ҷанбаи мазкур масъулияти кормандони IRSро афзун намуда, барои боз ҳам беҳбуд бахшидани нишондиҳандаҳои фаъолият таҳрик мебахшад.

Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар ҶТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь