Дар бораи шахсияту касбияти муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев шунида будам. Вале «Шунидан кай бувад монанди дидан» ва ё «То мард сухан нагуфта бошад,…».
Санаи сеюми феврали соли равон ба ман муяссар шуд, ки дар вохӯрӣ-семинари амалӣ, ки бо иштироки мавсуф, ки дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон баргузор шуд, ширкат варзам. Қобили зикр аст, ки дар ин ҳамоиш номбурда «Дигаргунсозии ниҳодии бахши бонкӣ дар Тоҷикистон дар шароити мураккаби иқтисодӣ. Барқарорсозии эътимод ва боварӣ» -ро дар заминаи далелу рақамҳои раднопазир рӯнамоӣ кард.
Зиёд мешунавем, ки баъзе омӯзгорон шиква мекунанд, ки донишҷӯён қудрату хоҳиши шунидани дарсро надоранд. Вале машғулияти мазкур, ки панҷ соат идома карду шеваи баргузории он, бо дарназардошти касбияту маҳорат ва самимияти Ҷамолиддин Нуралиев бениҳоят ҷолибу комилан фарқкунанда буд, андешаи мазкурро ботил карда, собит намуд, ки агар машғулият шавқовар бошад, гузаштани вақт ноаён аст.
РӮ БА ҶАВОНОН ОВАРДАН БАҲРИ ЧИСТ?
Номбурда дастовардҳои низоми бонкии мамлакатро самараи таваҷҷуҳи хос ва дастгирии мунтазами Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ карда, афзуд, ки ҳадафи иқдоми мазкур афзун гардонидани сатҳи малакаву дониш ва тафаккури молиявию иқтисодӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии иқтисодии ҷавонон бо истифода аз амалия ва назарияи муосир мебошад.
– Итминони комил дорам, ки дар шароити молиявию иқтисодии муосир чунин вохӯриҳо, воқеан, барои васеъ гардидани доираи тафаккуру ҷаҳонбинӣ ва донишу маърифати илмии донишҷӯёну ҷавонони мо мусоидат хоҳанд кард», – изҳор намуд Ҷамолиддин Нуралиев.
АЗМИ ҚАВӢ ВА НИЯТИ НЕК – АСОСИ КОМЁБӢ
Ин нуктаро Ҷ. К. Нуралиев махсус таъкид карда, корҳои аз соли 2015 инҷониб амалигардидаро мухтасар ёдовар шуд. Табиист, ки ёдоварӣ ва муқоиса ҷиҳати дарки вазъияти онвақта, қиёс бо шароити кунунӣ, баровардани хулоса ва арҷгузории ашхоси дар ин саҳмдошта хеле муҳим аст.
Маҳз бо шарофати иштирок дар ин чорабинӣ дарк кардам, ки соли 2015 Бонки миллии Тоҷикистон шабеҳи ҷисми афгор буду дар сурати фавран «муолиҷа» нашудан пайомад барои кулли ҷомеа ногувор мегардид. Ба шарофати бовариву эътимод ва дастгирии Пешвои миллат мо тавонистем комёб гардем,- таъкид намуд Ҷ. К. Нуралиев.
Зимни шарҳу тавзеҳи корҳои амалигардида нотиқ аз татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, рушди низоми бонкӣ, рушди устувори бозори асъор ва стратегияи бартараф кардани буҳронҳо, ислоҳоти институтсионалии Бонки миллии Тоҷикистон дар солҳои 2015 – 2021, тадбирҳои Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои бо пандемияи Соvid-19 алоқаманд ёдовар шуд. Ҷоиз ба зикр аст, ки рӯнамои мазкур аз 74 слайд иборат буда, дар ҳар як слайди он 160 нишондиҳандаи гуногун дар 11 соли охир, бо дарназардошти таҳлилҳо ва диаграммаҳо, инъикос ёфтааст.
ГУФТУ ДАЛЕЛ ПЕШ ОВАРД
Барои ман ҳамчун донишҷӯи то андозае фаъолу ташаббускор хеле муҳим буд, ки доир аз нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, аз ҷумла Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, рушди воқеии иқтисодиёт, сатҳи таваррум ва тамоюли тағйирёбии онҳо дар солҳои охир, огоҳӣ дошта бошам. Мутаассифона, дар ин бобат маълумоти кофӣ қобили дарёфт набуд.
Ин холигоҳро дар тафаккури ман иштирок дар чорабинии зикршуда пур кард. Ҷамолиддин Нуралиев бо забони оммафаҳм ва бо истинод ба далелҳои асоснок роҷеъ ба раванди гузариш аз реҷаи маъмулии ҳадафгирии монетарӣ ба реҷаи сифатан нави сиёсати пулию қарзӣ – ҳадафгирии таваррум баҳри таъмини суботи нархҳо ва нигоҳдории сатҳи муътадили таваррум, ҳамчун яке аз нишондиҳандаҳои фундаменталии макроиқтисодӣ барои коҳиш додани номуайянӣ ва интизориҳои манфии аҳолӣ, зиёд гаштани эътимод ба пули миллӣ, тақсимоти босамари захираҳо, афзоиши ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ, ки дар маҷмӯъ дар рушди воқеии иқтисодиёт ва сатҳи некӯаҳволии мардум заминаи мусоид фароҳам меорад, ибрози ақида намуд.
Навгонии арзандаи ситоиш он аст, ки аз соли 2015 то ин вақт баҳри гузариш ба реҷаи ҳадафгирии таваррум таҳияи стратегияи сиёсати монетарӣ барои солҳои 2016 – 2020 ва 2021 – 2025, ҳамоҳангии самаранок миёни аҳолӣ тавассути гузаронидани пурсиши интизории аҳолӣ оид ба таваррум, ҷорӣ ва самаранок намудани фишангҳои нави монетарӣ баҳри идоракунии пардохтпазирии кӯтоҳмуддат ва фаъолгардонии амалиётҳо дар бозори озод, беҳтар гардидани иқтидори таҳлил ва дурнамосозӣ (тавассути моделҳои эмперикӣ), гузариш ба стандартҳо ва методологияҳои нави омори байналмилалӣ, ҷорӣ намудани платформаи мутамаркази автоматии шаффофи электронии савдо, таъсирбахшии меъёри бозтамвил ба сатҳи таваррум, таъмини шаффофият дар амалиётҳои монетарӣ ва дигар ислоҳоти таъсирбахш роҳандозӣ шудааст.
Ҷ. К. Нуралиев таъкид кард, ки маҳз дар натиҷаи ислоҳот сатҳи таваррум дар доираи ҳадафи пешбинишуда нигоҳ дошта шуда, муътадилии қурби пули миллӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин аст.
ИСЛОҲОТ – ШЕВАИ КОРИ АШХОСИ СОДИҚ, ҚАВИИРОДА ВА ДОНИШМАНД
Ба воқеияти ин гуфта аз суханони нотиқ боварӣ ҳосил намудам. Табиист, ки барои роҳандозӣ намудани ислоҳот, қабл аз ҳама, дониши мукаммал, мақому манзалат, касбияти баланд, огоҳии комил доштан аз набзи соҳа дар ақсои олам, иродаи шикастнопазир, садоқат ба арзиши инсонӣ, миллӣ ва давлатӣ зарур аст. Бидуни муболиға метавон гуфт, ки ин хислатҳои ҳамидаву наҷиб дар шахси зикршуда тавъам афтодаанд.
Хеле муҳим аст, ки дар натиҷаи таҳкими сифатии низоми бонкӣ нишондиҳандаҳои асосии устувории молиявӣ, новобаста аз берун шудани ташкилотҳои қарзии мушкилотдор (ғайри қобили пардохт) аз низоми бонкӣ, дар қиёс бо баъзе аз кишварҳо дар сатҳи баланд қарор дорад.
Ҳамрадиф бо масоили дигар, номбурда вобаста ба вазъи низоми бонкӣ ва мукаммал гардидани сохтори он тавассути татбиқи ислоҳоти «гузариш аз миқдор ба сифат», ки боиси беҳтар шудани сифати дороиҳои низоми бонкӣ, коҳиш ёфтани қарзҳои ғайрифаъол, баланд шудани сатҳи кифоятии сармоя ва пардохтпазирӣ, зиёд гардидани қарзҳои додашуда дар шаш соли охир гардид, шарҳу тавзеҳ дод. Далел пеш овард, ки дороиҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар охири соли 2021 ба 22,4 млрд. сомонӣ расид. Уҳдадориҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ бошад, 17,3 млрд. сомониро ташкил додааст.
Иттилоъ гирифтем, ки ҳоло дар мамлакат 62 ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 13- бонки анъанавӣ, бонки исломӣ, 18 – ташкилоти амонатии қарзии хурд, 4 – ташкилоти қарзии хурд ва 27 фонди қарзии хурд фаъолият менамоянд. Шумораи воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар соли 2021-ум 1852 ададро ташкил намуд.
Хурсандиовар аст, ки натиҷаи фаъолияти молиявии ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар соли 2021 мусбат арзёбӣ гардида, 108,4 млн. сомонӣ фоида ба даст овардаанд. Меъёри пардохтпазирии ҷории ташкилотҳои қарзии молиявӣ то 31 декабри соли 2021 ба 87,7 фоиз баробар гардида, нисбат ба талаботи муқарраршуда (30 фоиз) 57,7 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Сатҳи таваррум дар соли 2021 дар доираи нишондиҳандаи якрақама ҷамъбаст гардида 8,0 фоизро ташкил намудааст, ки ин дар доираи ҳадафи муқарраршудаи Бонки миллии Тоҷикистон(6±2) қарор дорад. Муҳим он аст, ки нишондиҳандаи мазкур нисбат ба соли 2020 ба андозаи 1,4 банди фоизӣ паст мебошад.
Соли 2021 музоядаҳои фурӯши коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳаҷми 7,9 млрд. сомонӣ гузаронида шуда, тавассути амалиёти амонатҳои шабонарӯзӣ аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 900,0 млн. сомонӣ ҷалб шудааст.
Самараи ибтикори амалишуда аст, ки қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА муътадил арзёбӣ гардида, устувории пули миллӣ – сомонӣ нигоҳ дошта шуд ва беқурбшавӣ умуман ба назар нарасид.
ТАВСЕАИ ПЕШНИҲОДИ ҚАРЗ – НАФАСИ ТОЗАИ НИЗОМИ БОНКӢ
Нотиқ аз он қаноатманд аст, ки сол то сол пешниҳоди қарз афзуда, моҳиятан нафаси тозаи низоми бонкӣ маҳсуб мешавад. Номбурда соли гузаштаро мисол овард, ки қарзҳои додашуда 13,7 млрд. сомониро ташкил намуда, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ 37 фоиз зиёданд. Теъдоди онҳо низ дар давраи баррасишаванда 2,0 маротиба зиёд гардида, ба 2,3 млн. адад баробар гардид. Илова бар ин, бо мақсади таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2021 ба ташкилотҳои қарзӣ 720,0 млн. сомонӣ қарзҳои кӯтоҳмуддат пешниҳод гардид, ки дар қиёс ба соли 2020-ум 17,7 маротиба зиёд мебошад.
Раванди пешниҳоди қарзро раддабандӣ карда, мавсуф зикр кард, ки аз ҳаҷми умумии қарзҳои соли гузашта додашуда 64,5 фоиз ё 8,8 млрд. сомонӣ ба соҳибкорон рост меояд, ки дар муқоиса ба соли 2020-ум 1,8 млрд. сомонӣ ё 25,9 фоиз зиёд шудааст.
Аз ҳаҷми умумии қарзҳои аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар соли 2021 додашуда 37,0 фоиз ба соҳибкории истеҳсолӣ рост омада, маблағи 5,1 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли қаблӣ 1,0 млрд. сомонӣ ё 23,3 фоиз афзоиш ёфтааст. Қарзҳои хурд солҳои охир хеле маъмул гардида, соли 2021 аз ҷамъи қарзҳои додашуда 67,7 фоиз ба ин намуд рост меояд. Нишондиҳандаи мазкур 9,3 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба соли қаблӣ 48,2 фоиз зиёд гардид.
Муҳим он аст, ки роҳбарияти Бонки миллӣ ба ин дастовардҳо иктифо накарда, ҷаҳду талоши онҳо баҳри баҳри боз ҳам беҳбуд бахшидани вазъи соҳа хастагинопазир ва давомдор аст.
БАРОИ ТАЪМИНИ РУШД БА ХАВФҲО ТОБОВАР БОЯД БУД
Номбурда дар рафти пешниҳоди рӯнамо усулҳои муосири баҳодии тобоварии низоми бонкиро нисбат ба хавфҳо шарҳ дода, тавассути харитаи хавфҳо осебпазирии низоми бонкӣ аз омилҳои беруна дар соли 2016 ва бо дарназардошти солимгардии низоми бонкӣ нишон додани сатҳи баланди истодагарии онҳо нисбат ба таъсири манфии СОVID – 19 бо истинод ба диаграммаҳо ва таҳлилҳо махсус таъкид кард. Дар баробари ин, дар рафти рӯнамо марбут ба стратегияи бартараф кардани буҳрони бозори асъор ва рушди устувори он, гузаронидани ислоҳот дар воҳидҳои сохторие, ки амалиётҳои мубодилаи асъорро анҷом медоданд, механизми гузаронидани музоядаҳои асъории Бонки миллии Тоҷикистон, стратегияи тақсимоти дороиҳо дар идоракунии самараноки захираҳои байналмилалӣ ва диверсификатсияи сохтори он, сиёсати самараноки қурби асъор ва идоракунии лаппишҳои қурбӣ тавассути механизмҳои мудохилаҳои асъорӣ, таҳлили тағйирёбии қурби пули миллӣ дар натиҷаи тағйирёбии қурби асъори хориҷӣ ва нархи нефт дар ҷаҳон ва амсоли инҳо дар асоси таҳлилҳои 11 соли охир маълумоти муфассал манзур шуд.
То ин вақт шахсан ман намедонистам, ки гузаронидани ислоҳот дар воҳидҳои сохторие, ки амалиётҳои мубодилаи асъорро анҷом медоданд, зарур ва ногузир будааст. Бино ба гуфти Ҷ. К. Нуралиев, ин намуди фаъолиятиро як идда суиистифода намуда, тариқи сунъӣ ба қурби асъор таъсир мерасониданд.
– Агар ин дар робита ба ин амали онҳо бетаъхир ва қотеъона тадбирандешӣ намекардем, қурби асъор муътадил боқӣ намемонд,-таъкид кард номбурда.
ММП – ЛОИҲАЕ, КИ МОЯИ ИФТИХОР АСТ
Дар мавриди ислоҳ сухан ронда, Ҷамолиддин Нуралиев ба аҳли нишаст оид ба моҳият ва зарурати таъсиси Маркази миллии протсесингии интиқоли маблағҳо (ММП) ва тамсилаи мутавозуни ниҳодии шаффофияти гардиши воситаҳои асъорӣ маълумоти муфассал дод.
Хуб дар хотир дорам, ки дар марҳилаи аввал як идда дурнамои Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағ бе кушодани суратҳисобро, ки Бонки миллӣ таъсис дода буд, зери суол қарор дода буданд. Дар чорабинии зикршуда поягузори ин марказ, муовини якуми раиси Бонки миллӣ дар заминаи далелу рақамҳои асоснок муҳим ва муфид будани таъсис ва натиҷаи хуб ба бор овардани онро шарҳ дод. Қабл аз ҳама таъкид кард, ки Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағ бе кушодани суратҳисоб лоиҳаи тиҷоратӣ нест ва барои таъсиси он маблағи ҳангуфт низ харҷ нашудааст.
Мавсуф бори дигар ёдрас шуд, ки иқдоми мазкур инноватсия буда, дар он ҳифзи манфиатҳои ҳамватанонамон меҳвар аст.
– Кишвари мо дар марҳилаи рушди бемайлон қарор дошта, ҷорӣ намудани инноватсия ба рушди он мусоидат хоҳад кард. Аз ҷониби дигар, чаро мо навгониҳои ба кишвар манфиатбахшро, ки дар ҷаҳон назир надоранд, ҷорӣ накунем? – суол гузошт номбурда.
Ташаббускори ин иқдом аз он ёдовар гардид, ки баъзе расонаҳо ва журналистони алоҳида манфиатҳои низомҳои интиқоли пулро ҳимоя намуда, «бонги изтироб» зада буданд, ки таъсиси чунин марказ боиси гарон шудани нархи интиқоли пул мешавад. Нодида мегирифтанд, ки яке аз ин низомҳо – «Золотая корона» бо сармояи хеле кам ва ҷавобгӯ набуданаш ба талаботи мавҷуда, зиёда 80 фоизи бозорро дар ихтиёр дошт.
Ин қабил ҳамчунин, «далел» пеш оварда буданд, ки дар қонунгузории Федератсияи Россия муқаррароте ҷой дорад, ки барои пайвастани низомҳои интиқоли маблағ монеа пеш меорад. Андешае, ки асоси воқеӣ надоштанаш ба шарофати шарҳи расмии Бонки марказии Россия собит шуд.
Муовини якуми раиси Бонки миллӣ бо далелҳои асоснок ба ҳозирин фаҳмонид, ки дар заминаи фаъол шудани ММП самаранокии фаъолияти низоми интиқоли маблағ, таъмини шаффофияти амалиёт, коҳиши хавфҳои транзаксионӣ бо мақсади таъмини устувории низоми бонкию молиявӣ дар мамлакат ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои амалиёти бехавф таъмин гардид.
Ҷанбаи дигари муҳим саҳми ММП дар устувории қурби асъори миллӣ маҳсуб мешавад.
Таъкид шуд, ки дар шароитӣ кунунӣ нигоҳдории қурби асъор кори осон нест. Дар робита ба ин масъала ҷоиз ба ёдоварист, ки сабаби асосии норасоии асъор дар бозори дохилӣ фарқ байни воридоту содироти мол ва хизматрасониҳои байналмилалӣ мебошад, ки тақрибан се баробарро ташкил медиҳад. Табиист, ки дар ин ҳолат асъори хориҷӣ барои пардохти фарқ равона мегардад ва камчинии асъори хориҷӣ (доллари ИМА) дар бозори дохилӣ ба вуҷуд меояд.
Марказ ба рушди инфрасохтори ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ такони ҷиддӣ бахшида, дар давраи фаъолияти он кортҳои пардохтӣ ба андозаи 1,3 млн. адад (дар маҷмӯъ 3,5 млн. адад) ва шумораи ҳамёнҳои электронӣ 10 баробар зиёд шуданд. Соли 2021 тавассути ҳамёнҳои электронӣ 17,2 млн. адад амалиёти пардохти ғайринақдӣ ба маблағи 1 020,8 млн. сомонӣ анҷом дода шуданд. Соли сипаришуда дар муассисаҳои савдою хизматрасонии кишвар тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ (кортҳои пардохтӣ ва ҳамёнҳои электронӣ) 29,3 млн. адад амалиётҳои ҳисоббаробаркунии ғайринақдии пардохти молу хизматрасониҳо ба маблағи 3,7 млрд. сомонӣ анҷом дода шуданд, ки нисбат ба соли 2020 аз рӯи шумора 31,7 фоиз ва аз рӯи ҳаҷми амалиёти гузаронидашуда 91,3 фоиз афзоиш ёфтаанд.
Ба касе пӯшида нест, ки дар ҷаҳони муосир дилхоҳ давлат мубориза бо зидди зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла, терроризму экстремизмро авлавият қарор дода, дар ин самт аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода мебаранд. Таъсиси маркази зикршуда имкон фароҳам меорад, ки интиқоли маблағ барои содир кардани амалҳои террористӣ пешгирӣ шавад.
Барои онҳое, ки то кунун моҳияти ин иқдомро сарфаҳм нарафтаанд, гуфта шуд, ки қаблан ба кишвари мо на маблағ, балки «код» ворид мешуд. Ба ибораи дигар, ташкилотҳои қарзӣ ҳар рӯз маблағҳои пулии интиқолшавандаро ба муштариён аз ҳисоби худ пардохт намуда, баъд аз як ё ду рӯз ва зиёда аз ин маблағҳоро аз бонки хизматрасони низоми интиқолӣ мегирифтанд, ки ин раванд хавфи напардохтани маблағҳоро ҳангоми ғайрибозоргир будани низоми интиқолии байналмилалӣ зиёд менамуд.
– Баъзеҳо дарк накардаанд ва шояд дарк кардан намехоҳанд, ки то таъсиси ММП дар робита ба ҳифзи ҳуқуқи ҳамватанонамон вобаста ба интиқоли маблағ ягон фишанг мавҷуд набуд ва дар сурати мувоҷеҳ гардидан ба мушкилот «дасти кӯтоҳ» доштем, – гуфт муовини якуми раиси Бонки миллӣ.
Барои тақвияти андеша аз муфлисшавии ду низоми интиқоли маблағ – «Лидер» ва «Мигом» ёдовар шуданд. Иброз гардид, ки бо вуҷуди ҷаҳду талошҳои роҳбарияти Бонки миллӣ дар самти баргардонидани уҳдадориҳои онҳо дар назди ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ, ки беш аз 1 миллион доллари амрикоӣ ва 45 миллион рубли русиро ташкил медиҳад, ноком монданд.
Бо дилпурӣ зикр шуд, ки айни замон ин марказ имкон фароҳам овардааст, ки интиқоли фаромарзии маблағҳо бе кушодани суратҳисоби бонкӣ дар шакли ғайринақдӣ ба таври зуд, боэътимод ва бехатар анҷом дода шавад. Муҳимтар аз ҳама, маркази мазкур инчунин, имкониятҳои навро баҳри рушди бозори интиқоли пулӣ фароҳам намуда, барои баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ мусоидат намуд. Роҳбарияти Бонки миллӣ бо сароҳат иброҳ доштанд, ки беасос будани «нигаронӣ»-и як идда бобати таъсир ва пайомади таъсиси марказ исбот шуда, бо пайваст шудани низомҳои интиқолӣ ва ташкилотҳои қарзӣ ба марказ интиқоли маблағҳои фаромарзӣ бетағйир монд.
Аз ҳама муҳим он аст, ки Бонки миллӣ ба ҳайси бонки ҳисоббаробаркунанда ба муштариён кафолат дода, хизматрасонии интиқоли маблағ бетаъхир ва бе расонидани зарар ба онҳо таъмин аст.
Дар маҷмӯъ, фаъолияти пурсамари Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағ бе кушодани суратҳисоб собит намуд, ки мо – тоҷикон низ метавонем дар бахши иқтисодиёт лоиҳаҳои беназири судоварро таҳия намоем ва мавриди истифода қарор диҳем.
ФИРИСТОДАЕ, КИ ДОНО АСТУ ТАВОНО
Аз суханони Ҷ. К. Нуралиев маълум гардид, ки номбурда бо дарназардошти фаъолият дар Хазинаи байналмилалии асъор, Вазорати молия таҷрибаи ғании баргузории гуфтушунидро дорад. Далелҳое, ки нотиқ пешниҳод намуд, далели онанд, ки иқдомҳои роҳбарияти Бонки миллӣ дар ин самт низ самар овардаанд.
Барои мисол, бо мақсади беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба кишвар, аз соли 2014 инҷониб ширкатҳои байналмилалии рейтингии «Standard & Poor’s» ва «Moody’s» рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳогузорӣ менамоянд. Новобаста аз таъсири пандемия COVID-19 ба иқтисодиёти кишвар ва таъсири омилҳои дигари беруна, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист рейтинги худро дар сатҳи устувор қарор диҳад.
Соли 2021 аз ҷониби ширкати байналмилалии рейтингии «Standard & Poor’s» ҳисоботи навбатии рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр гардид, ки дар он баҳои кишвар дар сатҳи «B-/B» бо дурнамои «устувор» тасдиқ шуд. Боиси ифтихор аст, ки соли 2021 ширкати «Moody’s» рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи «B3» бо «дурнамои устувор» баланд бардошт, ки аз соли 2018 рейтинги мазкур аз ҷониби ширкати «Moody’s» дар сатҳи «B3» бо «дурнамои манфӣ» қарор дошт.
РОҲБАРИ ҶАСУРУ ТАШАББУСКОР ВА ТИМИ КОРДОНУ СОДИҚ
Лозим ба ёдоварист, ки дар чорабинии мазкур масъулини сохторҳои гуногуни Бонки миллӣ ширкат доштанд. Ҷанбаи дигаре, ки таваҷҷуҳи моро ҷалб намуд, ин муносибати одилонаву самимонаи Ҷ.К. Нуралиев ба ҳайати кормандон аст. Ба ҳеҷ ваҷҳ худситоӣ намекунад. Дар раванди чорабинӣ, вобаста ба мавзӯъ аъзои тимро бо зикри саҳмашон ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Аз онҳое, ки дар ин раванд саҳм доштанду кунун дар дигар ҷой фаъолият доранд, ёдовар шуд. Пешравиҳоро самараи меҳнати якҷоя арзёбӣ кард. Кош ҳама чунин мебуданд.
ҲИКМАТИ НИЁГОН ВА ТАҚОЗО АЗ ҶАВОНОН
Қобили зикр аст, ки рӯнамо аз ҷониби муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод шуда, барои пешниҳоди савол ва ибрози андеша имкон фароҳам буд.
Саволҳои устодону донишҷӯён гуногунҷанба буда, пешниҳод дар бобати бунёди корхонаи чопи пул, роҳҳои пешгирии таваррум, нисбатан баланд будани фоизи қарзҳо, саҳми бонкҳо баҳри расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат, рушди бозори қоғазҳои қиматнок, дурнамои бозори дохилии асъор, рушди зеҳни сунъӣ ва ғайра иборат буданд.
Мехоҳам махсус таъкид кунам, ки фарҳанги волои муошират ва донишу фаросати баланди Ҷамолиддин Нуралиев аз посухҳояш ба саволҳои пешниҳодшуда баръалотар гардид.
Дар фарҷом муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо нақли ҳикмате аз ниёкон, ки мавзӯи он расидан ба қадри онҳое, ки барои рушди инсонҳо ҳастиашонро бахшидаанд, буд, аз ҳозирин тақозо кард, ки аз шароиту имкониятҳои ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳамшуда самаранок истифода намуда, дорои ҳисси баланди миллӣ бошанд, бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, муборизаи оштинопазир баранд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло донанд.
Хушбахт НУЪМОНЗОДА, иштирокчии вохӯрӣ – семинари амалӣ