Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ қисми даромади буҷети вилояти Хатлон мувофиқи маълумотҳо боназардошти рушди воқеии иқтисодии вилоят иҷрои  нақшаи андозҳо ва пардохтҳои буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби  худӣ 104 фоиз таъмин гардида, ба буҷет ба ҷои 344.0 миллион сомонӣ маблағи пешбинишуда 358.0 миллион сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 14.3 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 51.0 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

 Қарздорӣ ва қафомонии музди меҳнат нест

Бахтиёр Назарзода, сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон, қайд кард, ки кормандони Сарраёсат ва раёсатҳои молияи вилоят баҳри иҷроиши саривақтии қисми даромади буҷет ва мақсаднок истифода кардани маблағҳо пайваста талош карда, кӯшиш мекунанд, ки музди маоши кормандони ташкилоту идораҳоро саривақт пардохт кунанд, то қарздорӣ ва қафомонии музди меҳнат ба миён наояд.

Гуфта шуд, заҳматҳои шабонарӯзии кормандон аст, ки бо назардошти рушди воқеии иқтисодии вилоят иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳои буҷети маҳаллӣ дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ аз ҳисоби  худӣ 104 дарсад таъмин гардида, ба буҷети вилоят 14.3 миллион  сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 51.0 миллион  сомонӣ зиёд ворид карда шуд.

Манбаъ қайд кард, ки дар давраи ҳисоботи нақшаи даромадҳои худиро 3 ноҳия, аз ҷумла Қубодиён 3 % – 274,8 ҳазор сомонӣ, Панҷ 5 дарсад – 442.0 ҳазор сомонӣ ва ноҳияи Дӯстӣ 2 дарсад – 157.0 ҳазор сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 873,8 ҳазор сомонӣ, таъмин карда натавонистанд.

– Дар вилоят 2 намуди андоз, аз ҷумла, андоз аз даромад 4 дарсад – 4,7 млн. сомонӣ ва андоз аз арзиши иловашуда 5 фоиз – 3,7 сомонӣ давоми се моҳи соли равон таъмин нагардиданд. Омилҳои таъмин нагардидани андоз аз арзиши иловашуда сироятии коронавирус аст, аксарияти корхонаи калони вилоят бо пуррагӣ фаъолият накардаанд ва аз иҷрои нақшаи ин намуди андоз набаромаданд, – илова кард Б.Назарзода ва гуфт: – Аз ҷумла ҶДММ “Чужнгтсай моҳир семент” 4,6 млн, сомонӣ, ҶДММ “Талко Кемикал” 150,0 ҳазор сомонӣ ва ҶСП “Заводи таҷрибавии механикии шаҳри Норак” 300,0 ҳазор сомонӣ маблағро ба буҷет ворид накарданд. Таъмин нагардидаи ин намуди андоз асосан ба ноҳияҳои Ёвон тааллуқ дошта 5,7 млн. сомониро ташкил медиҳад.

 Бақияи қарзи андоз 7,1 миллион сомонӣ кам карда шуд

Зикр карда шуд, ки аз рӯи маълумот ба ҳолати 1-уми aпрели соли 2021 бақияи қарзи андозҳо дар сатҳи вилоят дар маҷмӯь, 182,8 млн. сомониро ташкил мекунад, ки нисбат ба аввали соли ҷорӣ 7.1 млн. сомонӣ кам гардидааст.

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба танзим даровардани воридоти маблағҳо ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоии корхонаҳои буҷетӣ дар Раёсати хазинадории дастгоҳи маркази суратҳисоби махсус кушод.

– Натиҷаи ҳамин буд, ки воридоти маблағҳо ба буҷетӣ суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби андози иҷтимоии корхонаҳои буҷетӣ 99,4 млн. сомониро ташкил дод, ки он ба 104 фоизи нақшаи таҳрезишуда баробар аст,  – гуфт Назарзода.

– Ҳаҷми воридоти маблағҳо нисбат ба нақша дар давраи ҳисоботи 4.2 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 21,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад, – илова кард Бахтиёр Назарзода ва гуфт, хароҷоти буҷетӣ маҳаллӣ дар доираи иҷрои воқеии буҷети маҳаллӣ анҷом дода шуда, ба соҳаҳои иқтисодии вилоят маблағҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои ҳисоббаробаркуниҳо аз буҷети маҳаллии вилоятӣ 96 дарсади нақшаи хароҷотии буҷетӣ ва маҳаллии вилоятро дар давраи ҳисоботӣ ташкил медиҳад.

90 дарсади маблағҳои буҷетӣ вилоят  ба соҳаҳои иҷтимоӣ

Қайд гардид, ки аз ҷумла ба соҳаҳои маориф 281.3 млн. сомонӣ, тандурустӣ 124,6 млн. сомонӣ, ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 20.6 млн сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 14,8 млн. сомонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ 9.1 млн сомонӣ мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқ 6,8 млн сомонӣ, сохтмон 3,3 млн. сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ 2,9 мл. сомонӣ, хоҷагии қишлоқ 1,6 млн. сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия 1.2 млн. сомонӣ ва хароҷотҳои дигар 1,7 млн. сомонӣ равона карда шудааст.

– Дар маҷмӯъ, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои сохаҳои иҷтимоии вилоят 423,6 млн. сомонӣ равона гардидааст, ки 90 фоизи маблағҳои буҷетиро дар давраи ҳисоби ташкил мекунад, – гуфт Б.Назарзода.

Бояд ёдрас шуд, ки аз ҳисоби буҷетӣ маҳаллӣ барои моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет 424,0 млн. сомонӣ, аз ҷумла, барои музди меҳнат 331,5 млн. сомонӣ, фонди ҳифзи иҷтимоӣ 87.0 млн. сомонӣ, стипендия 288.0 ҳазор сомонӣ, ҷубронпулӣ ва ёрипулиҳо 1,5 млн. сомонӣ, пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ ва алоқа 3,8 млн. сомонӣ равона карда шудааст, ки 90,5 дарсади хароҷоти маблағҳоро дар давраи ҳисоботӣ ташкил мекунад.

Илова бар ин, аз буҷети вилоятӣ ба буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба маблағи 27,0 млн. сомонӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо гардидааст, ки 97 дарсади нақшаро дар бар мегирад.

Сарраёсати молияи вилоят дар якҷоягӣ бо сохторҳои марбута ҷиҳати роҳ надодан ба қарздории фонди музди меҳнат тамоми чора ва имкониятҳоро роҳандозӣ намуда, шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шудаанд, ки ба хароҷотҳои дуюминдараҷа роҳ надиҳанд ва дар мадди аввал пардохти фонди музди меҳнатро дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ба роҳ монанд.

Бояд зикр кард, ки аз тарафи раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҳисоби маблағҳои барзиёдии буҷетҳои маҳаллӣ ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисод ва маблағгузории сохтмони иншоотҳои муҳими давлатӣ дар соли ҷорӣ ҳамагӣ ба маблағи 1,3 млн. сомонӣ гузаронида шудааст.

Аудит 24,6 миллион сомонӣ камбудиҳоро ошкор кард

Иттилоъ дода шуд, ки Шуьбаи аудити дохилӣ ва назоратии Сappаёсати молияи вилоят ва мутахассисони раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мувофиқи нақшаи корӣ дар соли 2020 дар 579 ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ оид ба мақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷетӣ таҳлилҳои интихобӣ гузарониданд.

– Дар натиҷаи санҷишҳои интихобии гузаронидашуда ҳамагӣ ба маблағи 24,6 млн. сомонӣ камбудиҳо ошкор карда шудааст. Дар рафти таҳлилҳои интихобӣ аз маблағи умумии ошкоркардашуда ҳамагӣ ба маблағи 22,1 млн. сомонӣ барқарор карда шуд, ки аз ин маблағ 3,5 млн. сомонӣ ба буҷет ва 18,5 млн. сомонӣ ба фоидаи корхонаҳо барқарop карда шуд, ки 90 фоизи маблағҳои ошкоркардашуда аст, – гуфт Бахтиёр Назарзода.

Дастуру супоришҳо сари вақт амалӣ мешаванд

Сарраёсати молияи вилоят ва раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳои вилоят пеш аз ҳама, аз дастгириҳои доимии роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сари вақт ҷудо кардани маблағҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба шаҳру ноҳияҳои дахлдори вилояти Хатлон барои пардохти музди меҳнати ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ изҳори миннатдорӣ мекунанд.

Кормандони Сарраёсати молияи вилоят ва раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳо ҳама талошҳои худро баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вобаста ба татбиқи пешбурди фаъолияти молиявӣ дар самти буҷету андоз, самаранаок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ, назорати ҳисоби дуруст, пурра ва саривақт ба буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ ворид кардани андозҳо, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии давлатӣ, равона кардаанд. Масъулони Сарраёсати молияи вилоят барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза бахшида, ин санаи муҳими таърихиро бо дастовардҳои назаррас пешвоз хоҳанд гирифт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь