Пардохти андоз омили пойдории давлат ва рушди он, таъмини зиндагии осоиштаи ҳар як шаҳрванд дар ҷомеа мебошад.

 Эмомалӣ Раҳмон

Сиёсати андоз яке аз омилҳои муҳими рушди иҷтимоиву иқтисодӣ буда, бояд барои рушди устувори иқтисодии кишвар бо роҳи фароҳам овардани фазои муносиби соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, ҳавасмандгардонӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ, пеш аз ҳама соҳибкории истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, таҳкими иқтидори саноативу содиротии кишвар, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ равона шуда, барои зиёд гардидани манбаъҳои нави андозбандӣ ва даромадҳои буҷети давлатӣ мусоидат намояд.

Андозасоси нигоҳдории иқтисодиёт ва пойдории давлат      

Барои шиносоӣ пайдо кардан аз натиҷаҳо ва фаъолияти Нозироти андози ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон дар соли 2023 хабарнигори МТЖТ бо роҳбари Нозироти андози ноҳияи мазкур Фирдавсӣ Одинахоҷа сӯҳбати ихтисосӣ анҷом дод. Дар оғози сӯҳбат ӯ қайд кард, ки роҳбарият ва кормандони Нозироти андоз дар ноҳияи Ҷайҳун дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Раёсати андози вилояти Хатлонро роҳнамои кори худ қарор додаанд. Дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун кӯшиш менамоянд, ки вазифаҳои ба зиммаашон гузошташударо доир ба иҷро намудани нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023” ва талаботҳои Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин созанд ва барои вусъат бахшидан ба рушди соҳибкории хурду миёна, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд.

Иҷрои барзиёди нақшаҳо

Заҳматҳои шабонарӯзии кормандони Нозироти андози ноҳия буд, ки соли гузашта қисми даромади буҷети ноҳия барзиёд иҷро шуда, бақияи қарзи андоз кам карда шуд.

Қайд гардид, ки соли 2023 тибқи маълумотҳои мавҷуда иҷроиши нақшаи қисми даромади буҷет ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 103,9% таъмин гардида, ба ҷойи 60147,8 ҳазор сомонии пешбинишуда ба буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 62467,4 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 2319,6 ҳазор сомонӣ зиёд буда, нисбати маблағҳои воқеан ҷамъовардашудаи соли 2022 6588,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Гуфта шуд, ки агар дар алоҳидагӣ гирем, дар дувоздаҳ моҳи соли 2023 иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 104,1% таъмин гардида, ба ҷойи 48279,6 ҳазор сомонии пешбинишуда ба буҷет 50242,8 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 1963,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Иҷроиши нақшаи андози иҷтимоӣ аз ҳисоби ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ соли гузашта 103,0% таъмин гардида, ба ҷойи 11868,2 ҳазор сомонии пешбинишуда ба буҷети Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 12224,7 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 356,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Қайд шуд, ки дар Нозироти андоз шумораи андозсупорандагон 5 ҳазору 685 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин 367 адад шахсони ҳуқуқӣ, 5 ҳазору 318 соҳибкори инфиродӣ, аз ҷумла 168 соҳибкори инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда, 4 ҳазору 299 хоҷагиҳои деҳқонӣ бе таъсиси шахсони ҳуқуқӣ, 623 адад бо шаҳодатнома бо шартҳои махсус ва 228 адад тибқи патент фаъолияткунанда мебошанд.

 Бақияи қарзи андоз кам гардид

Дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пурзӯр кардани суҳбату вохӯриҳо бо андозсупорандагон аз ҷониби роҳбарият ва кормандони Нозироти андози ноҳияи Ҷайҳун бақияи қарзи андозҳо ба ҳолати 1-уми декабри соли 2023 дар назди Нозироти андози ноҳия 3978, 0 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали сол 597,4 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.

Мусоҳиби мо афзуд, ки бо мақсади кам кардани бақияпулиҳои андозсупорандагони қарздор дар соли гузашта ба унвони 926 андозсупоранда огоҳиномаи қарздорӣ ба маблағи 3247,8 ҳазор сомонӣ ирсол гардида, аз ин ҳисоб 1322,1 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид карда шуд, ки 35,0% фоизи маблағи умумии огоҳиномаҳоро ташкил медиҳад.

Мутахассиси пешбари бахши ситонидани қарзи андозҳо вазифадор карда шудааст, ки дар ҳамкорӣ ба кормандони мутасаддӣ ва кормандони бахши баҳисобгирӣ бо мақсади коҳиш додани бақияи қарзи андозҳо, роҳ надодан ба ташаккулёбии бақияпулиҳои нав ва боз доштани тамоюли зиёдшавии онҳо, таъмини иҷрои қарорҳои қабулгардида, босифат татбиқ намудани ҷаримаҳои маъмурӣ ҳамарӯза чораҷӯӣ намояд.

Андозсупорандагони қарздор огоҳӣ дода шуданд

Бо назардошти ин аз тарафи Нозироти андоз бо мақсади кам намудани бақияпулиҳои андоз ва андешидани чораҳоӣ пешбининамудаи қонунгузории Андоз дар самти маҷбуран ситонидани қарзи андоз нисбати 134 андозсупорандагони қарздор ба маблағи умумии 2957,3 қарор дар бораи маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо қабул гардида, аз ин ҳисоб 1195,0 ё худ 41,0% фоизи маблағи қарорҳо ба буҷет ворид карда шуд.

Дар идома сардори Нозироти андози ноҳияи мазкур гуфт, ки аз тарафи кормандони Нозироти андози ноҳия барои вайрон намудани қонунгузории соҳаи андоз нисбати 81 ҳуқуқвайронкунанда парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 153944 ҳазор сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ таъин гардид, ки аз ин ҳисоб 81762 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид гардидааст, ки 53,0%-ро ташкил медиҳад.

Дар соли 2023 аз тарафи бахши баҳисобгирии даромадҳои Нозироти андоз дар ноҳияи Ҷайҳун ба 5209 адад андозсупоранда санадҳои муқоисавӣ тартиб дода шудааст, ки 91,6%-и шумораи умумии андозсупорандагонро ташкил медиҳад (андосупорандагон ҳамагӣ 5685 адад). Аз он ҷумла шахсони ҳуқуқи 367 адад буда, 300 адад (81,7%) санади муқоисавӣ тартиб дода шуд, аз 168 адад СИ тиҷоратӣ ба 134 адад (79,7%), аз 4299 адад СИ хоҷагии деҳқонӣ ба 4068 адад 994,6%), аз 623 адад шумораи шаҳодатномаи махсус ба 495 адад (79 ,4%), аз 228 адад шумораи патент ба 212 адад (93,0%), аз 20302 адад шахсони воқеӣ ба 11521 адад (56,7%) санади муқоисавӣ тартиб дода шуд. Дар ин давра нисбати 10 адад андозсупоранда муоинаи хронометражӣ гузаронида шуда, манбаи андозбандишаванда аз 550780 ҳазор сомонии пешбининамуда ва 95 ҳазор сомонӣ зиёд карда шуда, андозҳои иловагӣ ба маблағи 5704,8 ҳазор сомонӣ ҳисоб карда шуданд.

Тибқи талабот дар соли 2023 дар самти таъмин намудани андозсупорандагон ба 13 адад андозсупорандагон ДНХ насб карда шудааст.

Қайд карда шуд, ки дар рафти гузаронидани азнавбақайдгирӣ дар ҳудуди ҷамоати шаҳрак ва ҷамоатҳои деҳоти ноҳия 22707 андозсупорандаи объектҳои молу мулки ғайриманқули шахсони воқеӣ аз нав ба қайд гирифта шуд, ки 100,1%-ро ташкил медиҳад. 1264 андозсупорандаи объектҳои молу мулки ғайриманқули шахсони воқеӣ, ки дар қайди мақомоти андоз набуданд, ошкор карда шуданд. Аз он ҷумла, масоҳати объектҳои молу мулки дар қайднабуда 110,2м² ва замин 124,3 га-ро ташкил менамояд. Ин масоҳати объектҳои ошкоршуда дар Нозироти андоз ба қайд гирифта шуда, андозбандӣ карда шуданд ва ин маблағ пурра ба буҷаи давлат гузаронида шуд.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ пурзӯр карда шуданд

Фирдавси Одинахоҷа афзуд, ки дар соли 2023 аз тарафи кормандони Нозироти андоз корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ, аз ҷумла 26 маротиба семинар-машваратҳо, суҳбату вохӯриҳо бо шаҳвандону соҳибкорон ва суханрониҳо оид ба интизоми андозсупории андозсупорандагону шаҳрвандон ва раванди аз ҷониби онҳо иҷро намудани ӯҳдадориҳои андозиашон доир карда шуд ва ин кор дар оянда идома хоҳад ёфт.

Роҳбарияти Нозироти андоз дар ноҳияи Ҷайҳун ва коллективи он минбаъд низ ҷиҳати беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ва сатҳи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, бештар намудани корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва дар ҳамин замина бо мақсади таъмини сифатноки иҷрои нақшаҳои пешбинишуда тамоми имкониятҳоро истифода намуда, дар пешбурди сиёсати андоз ва иҷтимоии давлат саҳми босазои хешро гузоранд. Ҳамчунин, дар соли 2024 ҳама донишу малакаи худро баҳри ҷамъоварии андоз ва таъмини иҷроиши босифати нақшаи қисми даромади буҷет, дарёфт намудани манбаъҳои нави андозбандӣ ва ошкор намудани ҳолатҳои пинҳонкунии андозҳо равона мекунанд.

Ҳамчунин дар корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар саҳми арзандаи худро гузошта, ният доранд ин санаи муҳими таърихиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол гиранд.

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ,

ФАРАЖ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь