Томас Роберт Малтус намояндаи мактаби классикии илми иқтисодии Аврупои асрҳои 18-19 мебошад. Асарҳои асосие, ки натиҷаҳои барҷастаи ӯро дарбар мегиранд-«Таҷриба оиди қонуни аҳолишиносӣ ва таъсири он барои такмили минбаъдаи ҷамъият, бо мулоҳизаҳо дар бораи идеяҳои М.Годвин, Маркиз де Кондорсе ва дигар муаллифон», ки соли 1798 нашр шуда буд ва асари соли 1820 «Оғози иқтисоди сиёсӣ» мебошанд.

Муҳимтарин саҳми Томас Малтус ба илми иқтисод ин таҳияи «назарияи аҳолишиносӣ» мебошад, ки дар он кӯшиши пайвастани омилҳои иқтисодӣ ва демографӣ сурат гирифтааст. Бояд қайд кард, ки аз нуқтаи назари Малтус муносибати зикршуда дутарафа мебошад, чӣ тавре, ки омилҳои иқтисодӣ ба тағйир ёфтани шумораи аҳолӣ таъсир мекунанд, ҳамин тавр омилҳои демографӣ низ ба тараққиёти иқтисодиёт таъсири худро мерасонанд. Албатта, кӯшишҳои муқаррар намудани ин гуна вобастагӣ пештар ҳам буданд, вале маҳз кори Малтус ба инкишофи минбаъдаи тамоюли демографии иқтисодиёт асос гузошт.

Муқаррароти асосии «Назарияи аҳолишиносӣ»-и Малтус

«Назарияи аҳолишиносӣ»-ро, ки Томас Малтус ба миён гузоштааст, дар асари худ «Таҷриба оид ба қонуни аҳолишиносӣ ва таъсири он барои такмили минбаъдаи чамъият, бо мулоҳизаҳо дар бораи идеяҳои М.Годвин, Маркиз де Кондорсе ва дигар муаллифон», таҳлилу таҳқиқ намудааст. Ин асар бори аввал соли 1798 нашр шуда, аз ҷониби муаллиф бо тағйироти назаррас дар соли 1803 дубора аз чоп баромадааст. Мақсади асосии тадқиқоти худро ӯ «беҳбудии зиндагии инсоният» баён мекунад. Бояд гуфт, ки Малтус ҳангоми баёни андешаҳои худ на танҳо мафҳуму консепсияҳои иқтисодӣ, балки сотсиологӣ, натурфалсафӣ, ахлоқӣ ва ҳатто мафҳуми диниро низ ба таври васеъ истифода мебарад.

Малтус проблемаи маскунияти аҳолиро бе назардошти ягон тарзи алоҳидаи истеҳсолот ва умуман тараққиёти ҷамъиятӣ дида баромад. Вай дар бораи «қонуни маскунияти аҳолӣ» ҳамчун қонуни абадии вайроннашавандаи табиат сухан меронд. Ба ақидаи ӯ, чӣ дар олами ҳайвоноту наботот ва чӣ дар ҷамъияти инсонӣ қонуни тағйирнопазири табиат вуҷуд дорад, ки «аз кӯшиши доимӣ, ки ба тамоми мавҷудоти зинда хос аст, барои зудтар ҷойгир шудан аз миқдори ғизои дар ихтиёрашон мавҷудбуда иборат аст».

Дар робита ба ҷомеаи инсонӣ Малтус таъкид мекард, ки аҳолӣ ба таври прогрессияи геометрӣ меафзояд (яъне 1, 2, 4, 8, 16, 32, 64, 128, 256), дар ҳоле, ки воситаҳои зиндагонӣ дар намуди прогрессияи арифметикӣ меафзоянд (яъне 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9…). Ба ақидаи ӯ, баъд аз ду аср шумораи аҳолӣ нисбат ба воситаҳои зиндагонӣ ҳамчун 256 ба 9, пас аз се аср – ҳамчун 4096 ба 13 алоқамандӣ хоҳад дошт; пас аз ду ҳазор сол ин фосила беканор ва бешумор хоҳад буд. Ин консепсия баъдтар ҳамчун “қонуни кам шудани ҳосилхезии замин” номида мешавад. Малтус навишта буд, ки ду баробар зиёд шудани шумораи сокинони Замин, дар ҳақиқат, ба ду маротиба кам шудани андозаи кураи Замин баробар аст. Ҳар қадар, ки шумораи аҳолӣ зиёд бошад, ҳамон қадар замини кишт ба ҳар кас камтар мемонад. Аз ин рӯ, бинобар қонуни кам шудани ҳосилхезӣ, тамоюли ақиб мондани афзоиши захираҳои озуқаворӣ нисбати афзоиши аҳолӣ мушоҳида мешавад. Малтус гуфтаҳои худро ба ҳеҷ ваҷҳ асоснок накарда, бо тахминҳои холис баромад мекард, ки бо ягон маводи ҳақиқӣ тасдиқ нагардидааст.

Малтус як фактро ба мисол меорад, ки он бо пешниҳоду гуфтаҳояш дарихтилоф аст. Ӯ дар бораи ду баробар афзудани аҳолии Америкаи Шимолӣ дар зарфи 25 соли охир сухан ронда, далели он мешуморад, ки шумораи аҳолӣ ба таври беандоза меафзояд. Дар ҳақиқат бошад, чунон ки Малтус қайд мекунад, афзоиши аҳолӣ бемонеъ ба амал намеояд. Ӯ худ афзуд, ки мулоҳизаҳо дар бораи дучанд гаштани аҳолӣ дуруст нест. Вагарна ҳисоб кардан осон аст, ки дар давоми 1000 сол шумораи аҳолӣ 240 баробар зиёд мешуд. Яъне, агар соли 1001-и мелодӣ дар рӯи Замин ду нафар зиндагӣ мекарданд, пас соли 2001 ин нишондиҳанда аллакай беш аз 2×1012 ё ду триллион нафарро ташкил медод, ки аз шумораи воқеии имрӯза тақрибан сесад маротиба зиёдтар аст.

Ба ақидаи Малтус, чунин афзоиши аҳолӣ танҳо дар шароити муайяни мушаххас имконпазир аст ва дар ҳаёти воқеӣ инсон ба «монеаҳо»-и гуногун дучор мешавад, ки онҳоро метавон ба таври зерин тасниф кард:

  1. Маҳдудияти ахлоқӣ: «Вазифаи ҳар як инсон аз он иборат аст, ки дар бораи оиладорӣ танҳо вақте тасмим бигирад, ки насли худро бо маводи рӯзгор таъмин карда тавонад. Дар баробари ин зарур аст, ки зану шавҳар дар роҳи ҳаёти оилавӣ қувваи худро нигоҳ доранд, то ки ҳамон қувва тавонад дар шахси муҷаррад майли бо меҳнат ба дараҷаи зарурии некуаҳволӣ ноил шуданро бедор кунад».
  2. Бадахлоқӣ: «Фосиқӣ, муносибатҳои ғайритабиӣ, таҳқири кати зану шавҳар, найрангҳое, ки барои пинҳон кардани оқибатҳои робитаи ҷиноятӣ ва ғайритабиӣ андешида мешаванд».
  3. Бадбахтиҳо: «Шуғлҳои барои саломатӣ зарарнок, меҳнати вазнин, кор дар шароити боду ҳавои бад, камбизоатии шадид, камғизоии кӯдакон, шароити носолими зиндагӣ дар шаҳрҳои калон, исрофкорӣ, беморӣ, эпидемия, ҷанг, вабо, гуруснагӣ».

Ҳамин тавр, дучандшавии аҳолии зикршуда танҳо дар марҳалаи муайяни таърихии рушд сурат гирифт ва он на аз ҳисоби афзоиши табиии аҳолӣ, балки аз ҳисоби муҳоҷират ба амал омад.

Хулосаи асосие, ки Малтус дар «Таҷриба оиди қонуни аҳолишиносӣ» зикр кард, ин буд, ки камбағалӣ, қашшоқии оммаи меҳнаткашон натиҷаи қонунҳои ногузири табиат аст ва аз ташкилоти ҷамъияти одамон вобастагӣ надорад. Камбағалону бенавоён ҳақ надоранд, ки аз сарватмандон чизе талаб кунанд, зеро шахсони доро дар бадбахтии онҳо гунаҳкор нестанд (Малтус зикр карда буд, ки «Сабаби асосӣ ва доимии камбизоатӣ аз нобаробарии тақсимоти молу мулк, аз шакли давлатдорӣ кам ё тамоман вобастагӣ надорад; сарватмандон қудрат надоранд, ки бенавоёнро бо кор ва озуқа таъмин намоянд. Бинобар ин, камбағалон дар асл ҳуқуқ надоранд, ки аз онҳо кор ва озуқа талаб кунанд. Ин ҳақиқат бо муҳимияти худ аз қонуни аҳолишиносӣ бармеояд»).

Ҳамин тариқ, Малтус мақсади назарияи худро дар бораи афзоиши аҳолӣ хеле равшану кушод, ки он ба фалаҷ гардондани муборизаи синфии пролетариат, беасос ва беҳуда будани талабот нисбат ба буржуазия равона шудааст, баён кард. Ӯ  таъкид мекард, ки паҳн кардани ақидаҳояш «дар байни камбағалон» ба омма таъсири «фоиданок» мерасонад, албатта, ин барои синфҳои ҳукмрон муфид аст.

Олими иқтисодшинос тамоми қувваро барои аз сарчашмаҳо маҳрум кардани муборизаи синфи коргарро ба кор бурда, ба муқобили ҳуқуқҳои ҳаётии меҳнаткашон, ба муқобили талаботи одии адолати инсонӣ ошкоро ва беҳаё баромад мекард. Ӯ чунин мавқеъро ба миён гузошт, ки гуё барои қашшоқии синфи коргар худи онҳо гунаҳгоранд ва танҳо бо роҳи маҳдуд кардани коэффитсиенти таваллуд камбизоатии худро паст карда метавонанд. Малтус ҳамчун чораҳои мубориза бар зидди афзоиши аҳолӣ “маҳдудияти ахлоқӣ” – худдории камбизоатонро аз издивоҷ пешниҳод кард. Дар бемориҳо, меҳнати хастакунанда, гуруснагӣ, эпидемияҳо, ҷангҳо, ки сабаби бадбахтии ҳақиқии меҳнаткашон мебошанд, вай воситаҳои табиии нест кардани аҳолии «зиёдатиро» медид.

Танқиди “малтусчигӣ” аз нуқтаи назари дигар таълимотҳо

Дарвоқеъ, пас аз интишори муқаррароти асосӣ назарияи Малтус мавриди баҳси пажӯҳишгарон, ходимони ҷамъиятӣ ва ҳатто дар байни намояндагони касбу кори гуногун қарор гирифт. Ба ғайр аз пайравони назария, инчунин мунаққидоне низ пайдо шуданд, ки баъзе пешниҳодҳои онҳо хеле асоснок буданд. Минбаъд мутахассисони соҳаҳои гуногуни илм – аз иқтисодчиёну ҷомеашиносон cap карда, то биологҳое, ки занҷирҳои трофикии биосенозро меомӯзанд, ба асарҳои Малтус истинод мекарданд. Дар навбати худ, асарҳои Малтус ба инкишофи назарияи Дарвин таъсири ҳалкунанда расонданд.

Классикҳои марксизм ба «қонуни» аҳолишиносии Малтус зарбаи ҳалокатовар зада, нақши реаксионии онро ошкор намуданд. Маркс нишон дод, ки мазмуни асосии ин «қонун» дар иваз кардани қонунҳои муайяни иҷтимоию иқтисодии капитализм ба қонунҳои номавҷуди «абадӣ» ва «тағйирнашавандаи» табиат асос ёфтааст. Маркс, бар хилофи Малтус, исбот кард, ки қонуни афзоиши аҳолӣ умуман вуҷуд надорад ва ҳар гурӯҳи ҷамъиятӣ қонуни хоси афзоиши худро дорад. Ғайр аз ин, афзоишу барзиёдии мутлақи аҳолӣ ҳам вуҷуд дошта наметавонад, зеро дар натиҷаи қонуни умумии ҷамъияти капиталистӣ танҳо барзиёдии нисбии аҳолӣ ҳамчун хусусияти хоси капитализм вуҷуд дошта метавонад. Бекорӣ ва қашшоқии синфи коргарро на қонунҳои табиат, балки натиҷаи амалкарди қонуни зикршуда муайян мекунад. Маркс ва Ленин нишон доданд, ки татбиқи қонунҳои табиат нисбат ба ҷамъияти инсонӣ беасос мебошанд.

«Далел»-и асосии Малтус дар бораи он, ки афзоиши воситаҳои рӯзгор аз афзоиши аҳолӣ хеле ақиб мемонанд, «қонуни» ғайриилмии паст шудани ҳосилхезии замин буд.

Марксистон ин «қонун»-ро сахт танқид карда, нишон медоданд, ки тарафдорони он ҷиҳатҳои муҳимро як тараф мегузоранд, афзоиши қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷамъият ва технологияи истеҳсолотро ба эътибор намегиранд. В.И.Ленин «қонуни» паст шудани ҳосилхезии заминро танқид карда, исбот кард, ки ба даст овардани озуқаворӣ душвориҳои умумӣ надорад, мушкилоти асосӣ ин бо озуқа таъмин намудани танҳо як қисми аҳолӣ- синфи коргар аст ва он на ба қонунҳои абадии табиат, балки комилан ба қонунҳои муайяни капитализм вобастагӣ дорад. Маркс асари Малтус – «Таҷриба оиди қонуни аҳолишиносӣ…»-ро умуман ҳамчун «плагиати рӯякии донишҷӯёна…» тавсиф кардааст.

Людвиг фон Мизес ба назарияи Малтус ва таъсири он ба «назарияи иҷтимоии либерализм» аҳамияти калон медод. Ба андешаи Мизес, назарияи пешниҳоднамудаи Малтус дар бораи аҳолишиносӣ чизе беш аз як ҷузъи таълимоти иҷтимоии либерализм нест, «гарчанде мунаққидон доимо нишон медиҳанд, ки ин воқеиятро дарк намекунанд». «Мағзи назарияи иҷтимоии либерализм ин назарияи тақсимоти меҳнат мебошад. Шароити иҷтимоии қонуни аҳолишиносии Малтусро танҳо дар робитаи зич бо он дуруст шарҳ додан мумкин аст. Ҷомеа ҳамчун иттиҳодияи одамон барои беҳтар истифода бурдани шароити табиии мавҷудият ба вуҷуд меояд. Моҳиятан, ҷамъият роҳи манъи нобуд кардани тарафайни одамон буда, мубориза бо ёрии ҳамдигарӣ иваз карда мешавад, ки ин ангезаи асосии рафтори ҳамаи аъзои як организмро ташкил медиҳад. Дар доираи ҷамъият набояд мубориза бошад, ба ҷуз сулҳ. Ҳар як мубориза, дар ҳақиқат, ба ҳамкории иҷтимоӣ монеа мешавад. Ҷамъият-организми муттаҳид муборизаро барои мавҷудият дуруст роҳандозӣ намуда, қувваҳои душманро бартараф карда метавонад. Аммо, аз дарун, вақте ки ҷомеа аз афроди мутақобила иборат аст, он ба ҷуз ҳамкорӣ дигар чизе буда наметавонад» – қайд мекунад Людвиг фон Мизес.

Мизес дар бораи натиҷаҳои Малтус шарҳи шахсии худро медиҳад: «Моликияти хусусӣ ба воситаҳои истеҳсолот принсипи танзимкунанда аст, ки мувозинати байни миқдори маҳдуди воситаҳои дар ихтиёри ҷамъият буда ва шумораи босуръат афзудаистодаи истеъмолкунандагонро таъмин менамояд. Ин принсип ҳар як одамро ба квотаи маҳсулоти иқтисодӣ вобаста мекунад, ки аз ҷиҳати иҷтимоӣ аз коэффисиенти моликият ва меҳнат маҳфуз аст. Он дар паст шудани нишондиҳандаи таваллуд дар зери фишори иҷтимоӣ, аз байн рафтани аъзои зиёдатии ҷамъият ифода меёбад, чунон ки дар олами ҳайвонот ва наботот рух медиҳад. Вазифаи мубориза барои мавҷудият наслро «тормози маънавӣ» маҳдуд мекунад.

Мавсуф айбҳои одамбадбинӣ ва бераҳмиро нисбат ба назарияи Малтус рад карда, хонандагонро аз хулосаҳои нодуруст огоҳ мекунад: «Дар ҷамъият мубориза барои зинда мондан нест ва буда ҳам наметавонад. Аз назарияи иҷтимоии либерализм чунин хулосаҳои ваҳшиёна баровардан хатои дағалона мебуд. Ибораҳои Малтусро, ки барои тафсирҳои нодуруст истифода бурда мешаванд, аз контекст (натиҷаи маънӣ, ҷавҳар) гирифта, бо нокифоягӣ ва нопурра будани нашри аввал, ки қабл аз пурра ташаккул ёфтани руҳияи иқтисоди сиёсии классикӣ навишта шудааст, шарҳ медиҳанд. Бояд таъкид кард, ки то Дарвин ва Спенсер ҳеч кас мубориза барои мавҷудиятро ба маънои муосири калима ҳамчун принсипи рафтор дар ҷомеаи инсонӣ амалкунанда ҳисоб карда наметавонист».

Сарфи назар аз номувофиқатии илмии «қонуни» аҳолишиносии Малтус, он дар байни буржуазия ва идеологҳои он муваффақияти калон ба даст овард, зеро талаботи синфии онҳоро ба дараҷаи олӣ қонеъ мегардонд.

“Неомалтусчигӣ”

Варианти навшудаи назарияи Малтус “неомалтусчигӣ” мебошад. Ба вуҷуд омадани яке аз самтҳои неомалтусчигӣ бо пайдоиши асарҳои Ф.Пледжс (Британияи Кабир) дар солҳои 70-ум алоқаманд аст, ки дар онҳо идеяи истифодаи контрасепсия (воситаҳои пешгирии ҳомиладоршавӣ) барои паст кардани сатҳи таваллуд ба миён гузошта шудааст. Андешаи аз байн бурдани ғаризаи таваллуд ва афзоиш аз шуури инсон ба миён гузошта шудааст. Аз миёнаи солҳои 50-ум сар карда, дар шароити барзиёдшавии аҳолӣ неомалтусчигӣ қувваи нав гирифтанд. Ба назари маъмулӣ, идеяҳои онҳо ба рад кардани фарзанддорӣ дар издивоҷ табдил меёбанд. Ин равияи идеологӣ дар охири асри XIX ба вуҷуд омадааст. Агар малтусчигии классикӣ таъсири омилҳои иҷтимоиро ба аҳолӣ комилан ба назар нагирифта, онро инкор кунад, пас неомалтусчигӣ ин таъсирро эътироф карда, онро ба таъсири омилҳои биологӣ баробар мекунад. Неомалтусчигӣ паҳлуи иҷтимоии раванди афзоиши инсонро сарфи назар мекунад. Дар як қатор мамлакатҳои Аврупо иттифоқҳо ва лигаҳои неомалтусӣ ташкил карда шуданд. Ҳадафи асосии онҳо паҳн кардани маълумот дар бораи роҳҳои оқилона ва безарари пешгирии ҳомиладорӣ мебошад.

Омилҳоеро, ки ба афзоиши аҳолӣ халал мерасонанд, расман ба 2 гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст: профилактикӣ (муҷаррадӣ, бе ҳамсар мондан, дер издивоҷ кардан, пеш ва баъд аз издивоҷ худдорӣ кардан, даст кашидан аз таваллуди фарзанд) ва табиӣ (ҷангҳо, эпидемияҳо, гуруснагӣ). Доктори илмҳои фалсафа, профессор Антонов A.И. қайд мекунад, ки дар ҷаҳон тамоюлҳои мустаҳкамшавии ташкили ҳаёти бе оила, зиндагии осону беташвиши муҷаррадӣ ва дар ҳаёт тибқи модели Стокголм мушоҳида карда мешаванд. Дар натиҷаи ин, шумораи фарзандон дар оилаҳо кам шуда, боиси якбора тағйир ёфтани тамоми сохтори зиндагӣ, аз ҷумла низомҳои арзишҳо, заиф шудани нақши падар ва модар, дур шудани волидайн аз фарзандон, аз байн рафтани нақшҳои бародариву хоҳарӣ, номуташаккилии системаҳои хешутаборӣ мегардад.

Дар айни замон тамоюли пастшавии сатҳи таваллуд, мувофиқи меъёри гузариши демографӣ, аллакай ба тамоми кишварҳои рӯ ба тараққӣ таъсир расонидааст, ки ин ба тағйироти иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеаи рӯ ба тараққӣ дар маҷмуъ ва тағйирёбии мавқеи оила, нақши зан-модар дар тарбияи фарзанд ва иштироки ӯ дар истеҳсолот вобаста аст. Дараҷаи умумии фавт коҳиш ёфта истодааст, ки ба муқобили он дар аксари кишварҳои рӯ ба тараққӣ сохтори хеле ҷавони аҳолӣ ба назар мерасад, ки то андозае ба идомаи барзиёдшавии ҳозираи аҳолӣ мусоидат мекунад. Аз дигар тараф, дар бархе аз кишварҳои Африқо, дар солҳои охир ба далели идомаи эпидемияи БПНМ, эбола ва ғайра, марги одамон дар ҳоли афзоиш мебошад.

Сабабҳои паст шудани сатҳи таваллуд:

кам шудани фавти кӯдакон (дар натиҷа, зарурати доштани «фарзандони эҳтиётӣ» ба миён намеояд);

ташкили таъминоти иҷтимоӣ (нафақа барои пиронсолон аз ҳисоби давлат дода мешавад ва кӯдакон дар пиронсолӣ дигар саробони ягона нестанд);

пош хӯрдани оилаи куҳнаи патриархалӣ (падарсолорӣ) ва ба вуҷуд омадани оилаҳои хурд, ки дар онҳо тарбияи шумораи зиёди фарзандон мушкил аст;

афзоиши мустақилияти занон (равияи феминизм) ва пайдоиши системаи нави арзишҳо дар онҳо, ки асосии он ҳоло берун аз хона аст;

баланд шудани дараҷаи маърифату саводнокӣ ва васеъ шудани доираи манфиатҳои одамон;

зиёд шудани хароҷот барои тарбия ва таълими фарзандон (агар дар хоҷагии қишлоқ фарзандон аз хурдсолӣ бо кор кардан дар замин «хароҷоти худро пардозанд», акнун ба онҳо то синни 20 – солагӣ маблағ «сармоя гузоштан» лозим аст);

урбанизатсия як навъ нишондиҳандаи таркибии тағйирёбии шароит ва тарзи зиндагӣ мебошад: дар минтақаҳои шаҳрнишин (пеш аз ҳама дар шаҳрҳои калон) аз ҳамаи омилҳои дар боло зикршуда қавитар аст.

Дар дунёи муосир аксари давлатҳо гузариши демографиро ҳанӯз ба охир нарасонидаанд ва дар ҳолати гуногуни марҳилаҳои худ қарор доранд. Ҳамин тавр, мамлакатҳои Африқои шимолӣ, минтақаи Сахара асосан дар марҳалаи «таркиш»-и аҳолӣ қарор доранд, ки суръати афзоиши солонаи аҳолӣ дар як сол ба 3% мерасад (шумораи он дар ҳар 20-25 сол ду баробар меафзояд). Қутби дигар Аврупо аст, ки аллакай гузариши демографиро анҷом додаанд ва кишварҳои пешрафта (Ҷопон, ИМА, Канада, Австралия) мансубанд. Мамлакатҳои боқимондаи ҷаҳон «дар байни ин ду гурӯҳи мамлакатҳо» қарор доранд.

О.Форрестер ногузир будани фалокатҳои умумиҷаҳониро дар ибтидои асри 21 пешгӯӣ карда буд, ки бо камшавии захираҳои табиӣ, ифлосшавии муҳити зист ва барзиёдшавии аҳолии мамлакатҳои рӯ ба инкишоф алоқаманданд. Барои пешгирӣ кардани ин ҳолатҳо профессор мувофиқи назарияи Малтус маслиҳат дод, ки афзоиши аҳолии Заминро боздоранд, то дар охири асри 20 шумораи одамон камтар аз 4,5 миллиард нафарро ташкил диҳанд.

Тамоюлҳо:

1) Афзоиши маҳсулоти озуқаворӣ тадриҷан суст шудан гирифт ва дар натиҷа, арзиши аслии маҳсулот рӯ ба косташавӣ ниҳод ва аз ин рӯ, арзиши воҳиди маҳсулот низ суст шуд.

Омилҳои зерин ба буҳрон таъсири назаррас мерасонанд:

1) Талаботи озуқаворӣ, тағйирёбии ғизо дар кишварҳо ва минтақаҳои пешрафта.

2) Нархи баланди маводи сӯзишворӣ, ки боиси афзоиши хароҷоти истеҳсолӣ ва нақлиётӣ мегардад.

Ҳамзамон, талабот ба ғизо аз ҳисоби урбанизатсия, рушди иқтисодӣ ва афзоиши аҳолӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ дастгирӣ карда мешавад. Масалан, дар Бангладеш як оилаи миёна тақрибан 65% даромади худро барои ғизо сарф мекунад, дар Гаити ва Кения – 50%, Сенегал – 40%, Чин – 27%, Ҷопон – 19%, Испания – 22%, Фаронса – 10%, Олмон ва ИМА – 10%, Британияи Кабир – 12%.

3) «Нарх»-и экологие, ки инсоният барои афзоиши маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ медиҳад, баланд шуд.

Аз малтусчигӣ то назарияи «миллиарди тиллоӣ»

Назарияи «миллиарди тиллоӣ» пас аз нашри китоби «Кумитаи 300» аз ҷониби полковники амрикоӣ Ҷон Колман аз Сарраёсати истихборот маъмул шуд. Тақрибан 30 сол ӯ механизмҳои махфии идоракунии ҷаҳонро омӯхта, ба хулосае омад, ки равандҳои глобалиро 300 оилаи сарватмандтарин идора мекунанд. Тибқи ин назария, дар рӯи Замин захираҳои табиӣ торафт камтар шуда истодаанд ва ба қарибӣ онҳо барои тамоми сокинони сайёра намерасад, бинобар ин, барои зиндагии бароҳат танҳо барои 1 миллиард нафар захираҳои табиӣ кофӣ хоҳанд буд.

«Миллиарди тиллоӣ» мафҳуме мебошд, ки ба аҳолии сарватмандтарин ва пешрафтатарини кишварҳои ҷаҳон марбут аст, ки дар муқобила бо тамоми ҷаҳон меистанд. Гумон меравад, ки шумораи сокинони ин кишварҳо, ки ақаллияти аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳанд, тақрибан ба як миллиард баробар аст ва бо истифода аз усулҳои гуногун кӯшиш мекунанд, ки сарватҳои табииро асосан барои худ истифода баранд. Ба ин мамлакатҳо ИМА, Канада, аксарияти мамлакатҳои Аврупаи Ғарбӣ, Япония ва Австралия дохил мешаванд. Сатҳи бесобиқаи некуаҳволӣ ва сатҳи баланди зиндагиеро, ки онҳо ба даст овардаанд, барои татбиқи мафҳуми «миллиарди тиллоӣ» ба аҳолии ин кишварҳо замина фароҳам меорад.

Дар Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз аввалин нафароне, ки истилоҳи «миллиарди тиллоӣ»-ро бо ақидаҳои кам кардани шумораи аҳолии ҷаҳон пайваст кардааст, публисист А.Кузмич (тахаллуси ҳуқуқшиноси байналмилалӣ А.К. Тсикунов) мебошад. Ба ақидаи ӯ, дар паси ин истилоҳ як консепсияи мушаххаси ягонаи геополитикӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мавҷуд аст. Кишварҳои пешрафта барои нигоҳ доштани сатҳи баланди истеъмолии аҳолии худ, бо истифода аз чораҳои низомӣ ва иқтисодӣ давлатҳои боқимондаи ҷаҳониро дар ҳолати саноатӣ, нообод ва ҳамчун манбаи ашёи хому майдони партовҳои хатарнок истифода хоҳанд бурд. Аҳолии ин мамлакатҳо, ки дар тараққиёти худ «карахт шудаанд», дар шароити қашшоқӣ таназзул ёфта, барои «дунёи якум» ягон арзиши функсионалӣ надоранд ва дар айни замон проблемаҳои глобалии иҷтимоиро ба вуҷуд меоваранд. Ин аҳолиро бо ёрии тамоми системаи технологияи нави иҷтимоӣ кам кардан лозим аст.

Ҳамин тавр, вақтҳои охир фаъолона паҳн шудани мафҳумҳои неомалтусчигӣ бо афзоиши босуръати аҳолии кураи Замин (асосан дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ), тезутунд шудани проблемаи экологӣ, зиёд шудани фарқияти дараҷаи рушди байни кишварҳои пешрафтаи саноатӣ ва кишварҳои рӯ ба тараққӣ алоқаманд аст.

Агар то ибтидои асри оянда банақшагирии оилавӣ қариб тамоми аҳолии кураи Заминро фаро гирад ва агар ин маҳдудият дар сатҳи 2,2—2,5 фарзанд ба ҳар як зану шавхар ба амал ояд, пас, асосҳое мавҷуданд, ки дар охири асри 21 ба эътидол овардани шумораи аҳолӣ ба сатҳи 11-12 миллиард нафар мерасад. Муҳимтарин шарти ҳалли масъалаи ба тартиб даровардани афзоиши аҳолӣ дигаргуниҳои амиқи иҷтимоию маънавӣ, баланд шудани дараҷаи моддӣ ва мадании халқҳо мебошад. Дар баробари ин, сухан дар бораи назорати маҷбурии таваллуд аз нуқтаи назари Малтус не, балки дар бораи як қатор тадбирҳои хуб андешидашуда меравад, ки аз назари банда, тибқи онҳо афзоиши аҳолӣ дар баъзе минтақаҳо ва мамлакатҳо бояд тезонда шуда, дар дигар мамлакатҳо як андоза суст шавад.

Насриддинов Фирӯзҷон,

профессор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь