Андоз пардохти ҳатмии ба буҷети давлатӣ буда, ки ба андозаи муайян амалӣ мегардад. Маблағи буҷет барои фаъолияти давлат ва мақомоти он, аз ҷумла барои ҳифзи мамлакат, ҳифзи тартиботи дохилӣ, ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва молу мулки шаҳрвандон, барои ҳимояи иҷтимоии табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ беҳимояи аҳолӣ (кӯдакон, маъюбон, пирсолон) харҷ мешавад.
Сиёсати андоз яке аз омилҳои муҳими рушди иҷтимоиву иқтисодӣ буда, бояд барои рушди устувори иқтисодии кишвар бо роҳи фароҳам овардани фазои муносиби соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, ҳавасмандгардонӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ, пеш аз ҳама соҳибкории истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, таҳкими иқтидори саноативу содиротии кишвар, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ равона шуда, барои зиёд гардидани манбаъҳои нави андозбандӣ ва даромадҳои буҷети давлатӣ мусоидат намояд.
Барои шиносоӣ бо фаъолияти Нозироти андоз дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон дар чор моҳи соли 2024 хабарнигори МТЖТ бо сардори Нозироти андози ноҳияи мазкур Файзуллозода Хайрулло Файзулло суҳбат анҷом дод. Мавсуф дар оғоз суҳбат ҷавононро бо “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон”- 23-юми май муборакбод гуфта, ба ҷавонон сари баланду тани сиҳат, осмони софу беғубор ва зиндагии шоиста таманно намуд.
Файзуллозода зикр кард, ки кормандони Нозироти андози ноҳияи Панҷ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳнамои кори худ қарор додаанд.
Иҷрои нақшаи андоз
Сардори Нозироти андоз дар ноҳияи Панҷ Хайрулло Файзуллозода иброз намуд, ки нақшаи андоз барои 4 моҳи аввали соли ҷорӣ 14 миллиону 907,6 ҳазор сомонӣ тасдиқ гардид, ки иҷроиши он беш аз 100 дарсад таъмин карда шуд.
– Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта нақшаи андозҳо 1 миллиону 411,1 ҳазор сомонӣ афзоишёфта, ба буҷет ба андозаи 1 миллиону 978,2 ҳазор сомонӣ барзиёд маблағ ворид гардид. Нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар ин давра 3 миллиону 555,4 ҳазор сомонӣ муайян карда шуда буд, ки иҷроиши он ба 3 миллиону 565,1 ҳазор сомонӣ таъмин гардид. Нақшаи андози иҷтимоии буҷетӣ, ки 6 миллиону 108,5 ҳазор сомонӣ тасдиқ гардида буд, ба андозаи 6 миллиону 497,5 ҳазор сомонӣ ё 106,4 фоизи нақша иҷро карда шуд. Дар маҷмуъ ҷамъи нақшаи андозҳо ва андози иҷтимои ғайрибуҷетӣ дар давраи ҳисоботӣ 18 миллиону 463,0 ҳазор сомонӣ буд, ки беш аз 100 фоизи нақша таъмин гардид. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта нақшаи андозҳо дар маҷмуъ 2 миллиону 060,2 ҳазор сомонӣ зиёд ва иҷроиши он дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиону 657,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Бақияпулиҳои андоз
Сардори Нозироти андоз дар ноҳияи Панҷ Файзуллозода Хайрулло гуфт бақияпулиҳои андоз то 1. 01. 2024 -ум 6 миллиону 323,5 ҳазор сомонӣ буд ва ба 1-уми майи 2024-ум кам шуда, 6 миллиону 001,1 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки назар ба аввали соли равон 322,4 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.
Соҳибкории инфиродӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ
Дар Нозироти андози ноҳияи Панҷ дар давраи ҳисоботӣ 203 нафар соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шудааст. Хоҷагиҳои деҳқонӣ 5620 ададро ташкил медиҳад, ки 5609-тоаш фаъолияткунанда аст. Соҳибкорони инфиродии тибқи патент ва шаҳодатнома фаъолияткунанда 1007 ва 978 нафарро ташкил медиҳанд.
Нақшаи патент дар 4 моҳи соли 2024 – 198000 сомонӣ ва иҷро шудааст 158000 сомонӣ ё, ин ки 79,7 фоиз, нисбат ба иҷроиши нақша 40000 сомонӣ кам ворид гардидааст.
Назорати камералӣ
Шумораи назорати камералӣ гузаронидашуда 11 ададро ташкил медиҳад, ки ба миқдори 234,5 ҳазор сомонӣ маблағ ошкор гардид.
Муоинаи хронометражӣ
Дар 4 моҳи соли 2024 нисбат ба 12 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ муоинаи хронометражӣ гузаронида шуда, манбаи андоз ба маблағи 56 091 сомонӣ зиёд карда шуд. Нисбат ба 4 андозсупорандагон барои вайрон намудани тартиби истифодабарии ДНХ ба маблағи 20160 сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ тартиб дода шудаааст, инчунин нисбати 8 нафар андозсупорандагон барои нодуруст пешниҳод намудани манбаи муоинаи хронометражӣ гузаронидашуда корҳои назоратӣ гузаронида, аз ин ҳисоб 16230 сомонӣ маблағҳои иловагӣ андоз ҳисоб гардида, эъломияи иловагӣ қабул гардид.
Амалиёти санҷишӣ
Дар давоми 4 моҳи соли 2024 аз тарафи кормандони нозироти андоз 5 амалиёти санҷишӣ гузаронида шуда, 97 нуқтаҳои тиҷоратӣ ва воситаҳои нақлиёт дида баромада шуд, ки аз ин ҳисоб нисбати 5 андозсупоранда протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 22 400 сомонӣ тартиб дода шудааст.
Ба иҷора додани молу мулк
Дар ноҳия 184 иҷорадиҳандагони молу мулк ба қайд гирифта шудааст, ки дар 4 моҳ аз ин ҳисоб 224 110 сомонӣ андоз аз даромад ҳисоб карда шуда, ба буҷет 129 607 сомонӣ ворид гардидааст.
Корҳои фаҳмондадиҳӣ
Файзуллозода Хайрулло афзуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи кормандони Нозироти андоз бо шаҳвандону соҳибкорон суҳбату вохӯриҳо баргузор карда шуда, интизоми андозсупории андозсупорандагону шаҳрвандон ва раванди аз ҷониби онҳо иҷро намудани ӯҳдадориҳои андози фаҳмонида дода шуд.
-Роҳбарияти Нозироти андоз дар ноҳияи Панҷ ҷиҳати беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, сатҳи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, бештар намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва бо мақсади таъмини сифатнокии иҷрои нақшаҳои пешбинишуда тамоми имкониятҳоро истифода намуда, дар пешбурди сиёсати андози давлатӣ саҳми хешро мегузоранд,-иброз дошт дар анҷоми суҳбат сардори Нозироти андоз дар ноҳияи Панҷ Файзуллозода Хайрулло Файзулло.
МТЖТ