Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Раёсати молияи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хабарнигори МТЖТ бо сардори он Файзализода  Расул,  суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.
Мавсуф дар оғози суҳбат зикр намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар бахши молияи иқтисодиёти миллӣ дар асоси талаботи ислоҳоти бозорӣ ва бо назардошти таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ ташаккул ва инкишоф ёфт. Имрӯз соҳаи молия ба бахши муҳими иқтисодиёти миллӣ табдил ёфта, дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат нақши муҳим мебозад.

Молия сутуни давлат аст

Ҳамзамон, номбурда афзуд, ки кормандони Раёсати молияи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати милияи вилоятро сармашқи кори худ карда,  дар нимсолаи якуми соли 2023 бо мақсади пешбурди сиёсати молияи давлатӣ дар миқёси вилоят ва таъмини иҷрои нишондиҳандаҳое, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023” муқаррар кардааст, корҳои муайянеро ба анҷом расониданд.

Иҷрои барзиёди буҷет дар шаш моҳ

Мусоҳиби мо илова кард, ки буҷети маҳаллии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои соли 2023 бо қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз 27 декабри соли 2022, № 207 бо қисми даромад аз ҳисоби андозҳои вобасташуда ва танзимшаванда ба маблағи 77591240 сомонӣ, маблағҳои мақсаднок (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети маҳаллии ноҳия барои мувозинати қисми даромад ва хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия дар соли 2023 ба маблағи 43397000 сомонӣ, аз ҳисоби буҷети вилоятӣ ба маблағи 11547616 сомонӣ, қисми хароҷот ба маблағи 133678810 сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 1142954 сомонӣ тасдиқ гардидааст.
Бояд қайд намуд, ки фонди музди меҳнати солонаи ташкилоту муассисаҳои буҷетии ноҳия бо назардошти маблағҳои фонди ҳифзи иҷтимоӣ 107188148 сомонӣ ё ин, ки 80,2 фоизи ҳаҷми умумии қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳияро дар соли 2023 ташкил медиҳад.

Маблағҳои буҷет сарфакорона истифода бурда мешаванд

Ба гуфти Файзализода Расул, аз тарафи Раёсати молияи ноҳия бо мақсади иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» ва дар мадди аввал маблағгузорӣ намудани моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷотӣ музди меҳнат, маблағҷудокунӣ барои суғуртаи иҷтимоӣ, стипендия, нафақа, ёрдампулӣ, ҷубронпулӣ ва хизматрасониҳои коммуналӣ аҳамияти ҷиддӣ  дода шуда, маблағҳои воридшуда пеш аз ҳама ба моддаҳои ҳимояшаванда равона гардидааст. Дар нимсолаи якуми соли 2023 баҳри ғанигардонии буҷети маҳаллӣ аз манбаҳои иловагии ҷамъоварии андозҳо самаранок истифода бурда нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 106 фоиз таъмин гардида, ба буҷети маҳаллии ноҳия  ба ҷои 38019703 сомонии ба нақшагирифташуда 40282755 сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбати нақшаи пешбинигардида 2263052 сомонӣ зиёд ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6862285 сомонӣ зиёд мебошад. Дар маҷмӯъ қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия бо назардошти маблағҳои мақсаднок ва ҳисоббаробаркуниҳо 103,7 фоиз таъмин гардида, ҳамзамон ба буҷети маҳаллии ноҳия аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) дар ҳаҷми 26817636 сомонӣ ворид гардидааст, ки 100 фоизи иҷрои нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.
Нақшаи қисми хароҷоти буҷети ноҳия бошад дар нимсолаи якуми соли  ҷорӣ 94 фоиз иҷро гардида, ташкилоту муассисаҳои буҷетии ноҳия ба маблағи 61872497 сомонӣ маблағгузорӣ карда шудаанд.

Қарздорӣ ва қафомонии музди меҳнат дар ноҳия вуҷуд надорад

Қайд гардид, ки аз тарафи раёсати молияи ноҳия барои зиёд намудани даромади буҷет, пурра ва босифат ҷамъоварии андозҳои давлатӣ ва сари вақт пардохт намудани музди меҳнат ва нафақа, инчунин ба буҷет ворид намудани бақияпулиҳо ва пешгирӣ намудани пайдоиши бақияпулиҳои нав дар якҷоягӣ бо кормандони нозироти андози ноҳия фаъолият намуда, баҳри барҳам додани бақияпулиҳои андоз, хусусан андози иҷтимоӣ ва пешгирӣ намудани бақияпулиҳо бо ташкилоту идораҳо кор бурда истодаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ хароҷоти маблағҳои буҷетӣ аз рӯи гурӯҳбандии вазифавии буҷет асосан барои пардохт намудани музди меҳнат, нафақа ва ҳиссаҷудокунии суғуртаи иҷтимоӣ равона карда шуда, қарздорӣ аз ҳисоби музди меҳнат ва фонди ҳифзи иҷтимоӣ дар ташкилоту муассисаҳои аз буҷети маҳаллӣ маблағгузоришаванда дар давраи ҳисоботӣ вуҷуд надорад.

Нақшаҳо неканд

Дар фарҷоми суҳбат сардори Раёсати молияи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Файзализода  Расул, қайд кард, ки дар оянда низ мо  фаъолияти худро боз ҳам пурзур намуда ва баҳри давлату миллати худ содиқона хизмат намоем. Чунончи, Пешвои муаззами миллат аз кормандони давлатӣ тақозо менамоянд, ки бо дилу нияти пок ба давлату миллат хизмат намоед ва ин панди Пешвои миллат шиори мост ва албатта, тамоми донишу малакаи худро баҳри пешрафти давлату миллат сарф хоҳем намуд.

Маблағгузорӣ барои зимистонгузаронӣ

Масъулони Раёсати молияи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки пеш аз муҳлат маблағҳое, ки барои омодагии соҳаи моариф, тандрустӣ, роҳдорӣ ва дигар соҳаҳо ба зимистон пешбинӣ гардидааст, маблағгузорӣ карда, ҳамаи ин соҳаҳоро ба зимистони солҳои 2023-2024 омода кунанд. Ҳамзамон маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети ноҳия барои омода кардани  муассисаҳои соҳаи моариф ба соли нави хониш ба нақша гирифта шудааанд, дар доираи имконятҳои дошташуда таъмин созанд.

Омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давалтии кишвар

Дар ин баробар аҳли кормандони Раёсати молияи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои хуб истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама талошҳои худро равона намуда, ният доранд ин санаи муҳими таърихиро бо дастовардҳои хуб истиқбол гиранд. Ҳамзамон қайд намудан ба маврид аст, ки аз ҳисоби маблағхои буҷети маҳаллӣ дар соли ҷорӣ барои сохтмони биноҳои наву замонавии мактаби мусиқии бачагона ва мактаби варзишӣ кӯдакон ва наврасон идома дошта то ҷашни ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода мешаванд.

Раҳмоналӣ Додаррхуҷаев,
МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь