Саноати газ бахши хеле ҷавон, вале ҳамзамон босуръат рушдкунандаи соҳаи энергетика маҳсуб ёфта, имрӯз  яке аз самтҳои талаботноки истеҳсоли сӯзишворӣ ба ҳисоб меравад.

Яке аз бузургтарин бозингарон дар  бозори газ имрӯз Русия мебошад  ва тағйиротҳое, ки соли 2022  дар соҳаи  энергтика  ба амал  омаданд, бори дигар устуворӣ ва чандирии ин кишварро дар ин соҳа нишон доданд (тасдиқ  карданд). Аз соли 2011 инҷониб дар ин кишвар бузургтарин чорабинии байналмилалии соҳавӣ – Форуми байналмилалии газии Санкт-Петербург баргузор мегардад, ки ба майдони ҳамкории раҳбарони соҳаи сӯзишворӣ-энергетикӣ табдил ёфтааст. Дар ин чорабинӣ намояндагони менеҷменти болоии ширкатҳои русӣ ва байналмилалии нафту газ, мақомотҳои давлатӣ ва ҷомеаи илмӣ ҷамъ меоянд, то масъалаҳои стратегии соҳа ва тамоюлҳои ҷаҳониро муҳокима кунанд.

XII Форуми байналмилалии гази Санкт-Петербург:

– 20 ҳазор иштирокчиён аз 53 кишвари ҷаҳон;

– зиёда аз 90 чорабиниҳо дар доираи  барномаи  корӣ;

– зиёда аз 750 роҳбарони палатаи обшинаҳо;

– 48000  метри квадратӣ – майдони намоишгоҳ;

Пешқадамони соҳаи газ

Дар оғози моҳи ноябр Форуми  байналмилалии гази Санкт-Петербург баргузор гардид, ки дар доираи он лоиҳаи намоишгоҳии васеъмиқёс  пешниҳод карда шуд. Бахусус, намоиши махсуси корхонаҳои Русия ва таҷҳизоти  технологӣ, инчунин, чорабиниҳои  мавзӯии  муҳим: конфронсҳо, мизҳои мудаввар, мубоҳисаҳо, мастер-классҳо – ҳамагӣ ҳудуди 80 чорабинӣ баргузор карда шуд. Мавзӯи асосии Форум «Табдилдиҳии бозори ҷаҳонии гази табиӣ: чолишҳо (мушкилот) ва роҳҳои рушд» ба ҳисоб мерафт. Диққати махсус ба масъалаҳои воридотивазкунӣ, ҷустуҷӯи нуқтаҳои нави афзоиш барои ташаккули ҳамкориҳои технологии самаранок, таъмини рушди технологӣ дар соҳаи газ, лоиҳаҳои нав дар соҳаи газ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дода шуд.

Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ, сармуҳаррири маҷаллаи “Иқтисодчӣ” Фаридун Усмонов  мегӯяд: «Он ки Русия дар сафи пеши он кишварҳое қарор дорад, ки масирҳои интиқоли гази табиӣ ва моеъро ба манотиқи мухталифи ҷаҳон таҳия мекунанд, тасодуфӣ нест. Яке аз чунин лоиҳаҳои бузурге, ки Федератсияи Русия амалӣ карда буд, лоиҳаи «Ҷарёни шимолӣ» ба ҳисоб мерафт – мо медонем, ки ин масирҳо метавонанд то 30%-и талаботи Иттиҳоди Аврупо ба гази табииро  таъмин кунанд, вале «Ҷараёни Шимолӣ – 2»  ба далели ихтилофҳои сиёсӣ байни Русия ва Иттиҳоди  Аврупо ба истифода дода нашуд. Дар хатти “Ҷараёни Шимолӣ – 1”  тахрибкорӣ (диверсия) ба амал омад ва беш аз як сол мешавад, ки  гунаҳкорони таркиши лӯлаи газро  дар ин масир муайян карда наметавонанд.

Бо вуҷуди ин, Русия ин соҳаро рушд дода, истеҳсолотро афзоиш медиҳад  ва  фаъолона  масирҳоро  ба самти  Хитой, аз ҷумла, тариқи транзит тавассути Муғулистон боз мекунад. Чанде пеш  мо дар бораи созишномаи содироти гази табиии Русия тавассути лӯлаи “Осиёи Марказӣ – Марказ” ба Ӯзбекистон дар ҳаҷми беш аз 2 миллиард метри мукааб дар як сол хабардор шудем. Мо медонем, ки худи Ӯзбекистон як кишвари  тавлидкунандаи гази табиӣ мебошад, аммо бо вуҷуди ин (аввал ин, ки на ҳама минтақаҳои ин кишвар бо ин захира  таъмин карда мешаванд. Дуввум, дар фасли зимистон мушкилотҳои муайяне вуҷуд  доранд, ки боиси  камбудии нерӯи барқ  дар Ӯзбекистон гардидааст) тасмим гирифта шуд, ки бо Федератсияи Русия созишнома дар бораи воридоти гази табиӣ  имзо карда шавад.

«Тибқи маълумотҳои Форуми кишварҳои содиркунандаи газ, саҳми ин захира дар истеъмоли ҷаҳонӣ то 26% афзоиш ёфта, гази табиӣ ба сӯзишвории аз ҳама бештар истифодашаванда дар ҷаҳон табдил хоҳад ёфт” – Фаридун Усмонов, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ.

Кишварҳои содиркунандаи гази табиӣ интизор доранд, ки талабот ба гази саноатӣ сол то сол меафзояд. Агар аз нуқтаи назари рушди саноат ва истифодаи гази табиӣ  дар ин соҳа назар андозем, пас мебинем, ки  дар Тоҷикистон тайи 20 соли охир  аз истифодаи гази табиӣ, чӣ дар саноат ва чӣ дар рӯзгор, даст кашидаанд. Аз ин рӯ, барои дубора ба вуҷуд омадани талабот ба гази табиӣ дар Тоҷикистон бояд корхонаҳое таъсис дода шаванд, ки бо таҷҳизоти бо  газ истифодашаванда  муҷаҳҳаз бошанд, ки ин, албатта, вақти зиёдро талаб мекунад. Аз ин нуқтаи назар метавон бо итминон гуфт, ки дар ҳоли ҳозир  барои Тоҷикистон ҳамчун соҳаи рушдкунанда гидроэнергетика дар авлавият  аст”.

Гидроэнергетика – ҳамчун асоси соҳа

Воқеан, Тоҷикистон аз рӯи захираҳои хоси  гидроэнергетикӣ дар байни кишварҳои ҷаҳон  ҷойи 8-умро ишғол мекунад – кишвар иқтидори тавлиди 527 миллиард кВт/соат нерӯи барқро дар як сол дорад, вале ҳоло танҳо наздики 6 фоизи ин иқтидор истифода мешаваду халос. Дар ҷумҳурӣ 11 нерӯгоҳи барқии обии калону миёна ва ҳудуди 300 нерӯгоҳҳои хурд  амал мекунанд — зиёда аз 90 фоизи қувваи барқ аз ҳисоби нерӯгоҳҳои обӣ истеҳсол карда  мешавад.

Тақрибан 54% захираҳои эҳтимолии гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон рост меояд.

Вале бо вуҷуди тамоми афзалиятҳои  тараққиёти соҳаи гидроэнергетика, дар ин соҳа як қатор муаммоҳо (камбудиҳо) низ ба назар мерасанд. Аз ҷумла, беэътимод  будани  системаи энергетикӣ аз сабаби фарсудашавӣ ва кӯҳнашавии инфрасохтори нерӯгоҳҳои барқии обӣ, ки ҳанӯз дар замони шӯравӣ сохта шуда буданд. Ин муаммо бо роҳи афзоиши ҳамкориҳо бо кишварҳои манфиатдор ва ҷалби сармояҳо ба ин соҳа ҳал карда мешавад. Аз ин рӯ, ҳамкории Тоҷикистону Русия дар ин самт барои кишвари мо аҳамияти стратегӣ дорад. Дар Тоҷикистон лоиҳаҳои муштараки гидроэнергетикӣ бомуваффақият амалӣ карда мешаванд: Русия барои сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда 16 миллиард рубл сармоягузорӣ кардааст ва дар доираи таҷдиди нерӯгоҳи Норак 40 миллион доллар барои хариди автотрансформаторҳо ихтисос додааст.

Вақте сухан дар бораи ҳамкорӣ  меравад, бояд гуфт, ки иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон барои сармоягузорони рус ҷолиб аст ва ҳамкории кишвари мо бо Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё барои  беҳтар кардани  фазои сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ  мусоидат  мекунад. Тоҷикистон бо истифода аз зарфиятҳои худ  метавонад ҳазорон ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳад ва даромади шаҳрвандони худро зиёд  кунад.

Тоҷикистон ният дорад то соли 2030 иқтидори нерӯгоҳҳоро  афзоиш  диҳад. Ин нишондиҳанда бояд  ба 4,7 ҳазор МВт (+ 40%) афзоиш ёбад.

Коршинос Фаридун Усмонов чунин қайд намуд: «Тоҷикистон дар соҳаи гидроэнергетика иқтидори бузург дорад ва ҳукумати кишвар  аҳамияти дастовардҳо дар таъмини амнияти энергетикӣ ва  дурнамои онро дарк карда,  ба рушди маҳз ҳамин бахши соҳаи энергетика такя кардааст.  Дар баробари ин, бешубҳа, дар Тоҷикистон конҳои нафту газ мавҷуданд,  ғайр аз ин, солҳои охир як қатор корхонаҳои мо  дар истеҳсолот ба истифодаи ангишт  гузаштаанд, ки он барои рушди саноати ангишт дар кишвари мо  заминаҳои заруриро фароҳам меоварад. Бо назардошти он, ки дар кишвари мо  тақрибан  зиёда аз 320 рӯз  дар як сол рӯзҳои офтобӣ мебошанд, барои рушди энергетикаи офтобӣ низ имкониятҳои бузург вуҷуд доранд. Вале дар ин ҷо масъалаи  дигар  аст – ҳалл кардани мушкилотҳои  дар ин соҳа мавҷудбуда.

Мувофиқи қонунҳои иқтисодиёт барои тараққӣ додани соҳа одатан роҳи аз ҳама  муфидро истифода мебаранд ва бо назардошти он, ки захираҳои молиявии  кишвари мо маҳдуданд, бояд  дар мавриди он  андеша  кард, ки ба кадом соҳа маблағгузорӣ  кунем. Бинобар ин, пеш аз ҳама, имрӯз дар Тоҷикистон ба рушди гидроэнергетика таваҷҷӯҳи махсус зоҳир  карда мешавад  ва ин комилан дуруст аст, зеро  дар ин масъала мо таҷрибаи кофии  муваффақ  дорем ва аллакай қадамҳои  устувор (назаррас) гузоштаем. Албатта, рушди гидроэнергетика як роҳи хеле тез ва муассири таъмини амнияти энергетикӣ дар кишвар  маҳсуб меёбад”.

Захираҳои газ

Сарфи назар аз дурнамои рушди соҳаи гидроэнергетика, мушкилот ва хатарҳои барои амнияти энергетикӣ мавҷудбуда  моро водор месозанд, ки дар бораи  ҷустуҷӯи роҳҳои гуногунсозӣ ва афзоиши  соҳаи  энергетика андеша кунем.

Захираҳои газ дар Тоҷикистон аз 900 миллиард метри мукааб зиёд аст ва захираҳои нафт – 150 миллион тоннаро ташкил медиҳанд. Бо вуҷуди ин, истихроҷи нафт сол то сол коҳиш меёбад: дар нимсолаи аввали соли 2023 он 9 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 27% камтар аст.

«Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо Русия дар тамоми бахшҳои истеҳсолот, аз ҷумла, истихроҷи газ ва истеҳсоли махсулоти нафт  манфиатдор аст”, – мегӯяд коршинос Фаридун Усмонов. — Вале ин манфиатдорӣ бо воқеияти сахт дучор мешавад — кишвари мо барои тараққӣ  додани ин соҳаҳо захираҳои (имконияти) молиявии кофӣ надорад. Аз ин рӯ, дар тӯли даҳсолаи охир Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи иктишофи геологӣ ва истихроҷи нафту газ  бо ширкати «Газпром»-и Русия ҳамкорӣ дорад. Вале корҳо дар ин самт нишон доданд, ки бо вуҷуди  дар  кишвари мо мавҷуд будани захираҳои кофии нафту газ, онҳо хеле чуқур ҷойгир шудаанд ва барои истихроҷи онҳо таҷҳизот ва технологияҳои махсус  лозиманд, ки дар ҷумҳурии мо мавҷуд нестанд. Аз ин рӯ, Тоҷикистон ҳанӯз дар қатори кишварҳое, ки ба истихроҷи нафту газ ба таври васеъмиқёс машғуланд, қарор надорад.

Имрӯз, то чӣ андоза  тараққӣ  ёфтани соҳаи нафту газ  дар Тоҷикистон аз чӣ гуна ба роҳ мондани   кори «Газпром» дар ҷумҳурии мо  ва омодагии ширкатҳои Русия барои сармоягузорӣ дар ин самт  вобастагӣ  дорад».

Ба шарофати таҷрибаи кории андӯхта ва технологияҳои пешрафтаи худ, Русия имрӯз  дар ин соҳа имкониятҳои бузург дорад  ва  метавонад ба Тоҷикистон роҳҳои муассири  ҳалли  масъалаҳои мубрами соҳаи энергетикаро барои таъмини амнияти энергетикии кишвари мо пешниҳод намояд.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь