Иттиҳоди Аврупо саъй дорад, ки бузургтарин бозингар дар бозори нақлиёту логистикии Осиё шавад ва як долони нақлиётии Транскаспий аз Аврупо то Осиёи Марказӣ эҷод кунад. Оё ин дурнамо барои иқтисодиёти кишварҳои минтақа имкониятҳои нав  ё таҳдидҳо меорад? Дар ин бора бо коршиноси масоили Осиёи Марказӣ, сармуҳаррири маҷаллаи тиҷоратии тоҷикии “Иқтисодчӣ” Фаридун Усмонов суҳбат кардем.

Пеш аз ҳама бояд қайд кард, сохтмони долони нақлиётии Транскаспий яке аз ташаббусҳои дар доираи стратегияи «Global Gateway» пешгирифтаи Иттиҳоди Аврупо мебошад, ки амалигардонии он дар охири соли 2021 оғоз ёфт. Ҳадафи стратегия тезонидани суръати ислоҳоти рақамӣ, энергетикӣ ва экологӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ мебошад – ба ин васила баланд бардоштани аёнӣ ва мақому симои фаъолияти берунии Иттиҳоди Аврупо ба нақша гирифта шудааст. Дар мавриди Осиёи Марказӣ бошад бояд гуфт, ки дар баробари эҷоди масирҳои нави нақлиётӣ, ин стратегия ислоҳоти дигар соҳаҳо, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои «энергетикаи сабз» ва таъмини муътадили ашёи хому металлҳоро аз Осиёи Марказӣ ба Аврупо  пешбинӣ мекунад.

Муаммоҳои маблағгузорӣ

Дар маҷмуъ, Иттиҳоди Аврупо ният дорад, ки барои барномаи «Global Gateway» то соли 2027-ум 300 миллиард евро ҷалб кунад ва беш аз нисфи хароҷотҳоро аз ҳисоби сармоягузорони хусусӣ рӯйпӯш кунад, вале коршиносон шубҳа доранд, ки ин вазифа дар шароити кунунии  тартиботи ҷаҳонии кӯҳна иҷрошаванда аст. Бо вуҷуди ин, Иттиҳоди Аврупо дар ин самт кӯшишҳо ба харҷ медиҳад: охири моҳи январ дар Брюссел Форуми сармоягузорон дар мавзуи робитаҳои нақлиётӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Global Gateway» баргузор шуд, ки дар он намояндагони ҳукуматҳо, муассисаҳои молиявӣ, инчунин корхонаҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ иштирок доштанд.  Дар ин форуми сармоягузорон таваҷҷуҳи асосӣ ба долони нақлиётии Транскаспий  равона карда шуд, ки ба гуфтаи ташаббускорон, ба як масири пешсаф ва мултимодалие, ки  Аврупо ва Осиёи Марказиро пайваст мекунад, табдил хоҳад ёфт.

Комиссияи Аврупо ба нақша гирифтааст, ки барои долони Транскаспий 10 миллиард евро ҷамъоварӣ кунад, вале айни ҳол Иттиҳоди Аврупо омода аст, ҳамагӣ 3 миллиард евро ба намуди хатҳои қарзӣ ҷудо кунад. Тоҷикистон бо далели ноқаноатманд (номувофиқ) будани шартҳо расман аз имзои номаи дипломатӣ (созишномаҳои бидуни уҳдадорӣ) дар доираи ин қарзҳо худдорӣ кард

Коршинос Фаридун Усмонов мегӯяд: «Барои  татбиқи ҳар як лоиҳа дар дилхоҳ соҳа бояд ҷонибҳои манфиатдореро пайдо кард, ки  иштирок дар ин лоиҳаҳо барои онҳо судманд бошад. Бинобар ин, вақте мо дар бораи эҷоди долони Транскаспий сухан меронем, бояд дарк кунем, ки кадом кишварҳо ба истифодаи ин долон манфиатдоранд. Агар ҳадаф тавассути баҳри Каспий пайваст кардани бозори Аврупо бо кишварҳои қитъаи Осиё  бошад, пас ин лоиҳа мухолифи ташаббуси “Як камарбанд – як роҳ»-и Чин ва лоиҳаи «Шимол-Ҷануб» мебошад, ки ин барои пайдо кардани ҷонибҳои манфиатдор барои амалигардонии ин лоиҳа ба таври ҷиддӣ мушкил эҷод мекунад. Комилан равшан аст, ки имрӯз дар Иттиҳоди Аврупо теъдоди хеле ками ширкатҳо ба амалигардонии лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ берун аз кишвари худ манфиатдоранд. Дар  кишварҳои минтақаи мо бошад, шумораи ками ширкатҳои Осиёи Марказӣ бо Иттиҳоди Аврупо робитаҳои тиҷоратӣ доранд, аз ин рӯ, дар мавриди он, ки ширкатҳои мо майли иштирок ва сармоягузорӣ кардани  ин иқдомро  доранд, ҳоҷати сухан нест.

Агар дар мавриди Тоҷикистон ҳарф занем, пас, бо назардошти он, ки ҳаҷми гардиши мол байни ҷумҳурии мо ва Иттиҳоди Аврупо базӯр 500 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, умед бастан ба сармоягузорони хусусие, ки омодаанд ба рушди ин соҳа сармоягузорӣ кунанд, ғайривоқеӣ аст. Робитаҳо бо Қирғизистон низ дар чунин вазъ қарор доранд, гардиши мол байни Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо, ҳарчанд нисбат ба кишварҳои мо зиёдтар аст, вале бо хароҷоти барои иҷрои ин лоиҳа зарурбуда номутаносиб аст. Дар мавриди манфиатҳои логистикии ширкатҳои тоҷикӣ: гардиши асосии молҳо ба самти Федератсияи Русия ва аз онҷо ба самти муқобил равона карда шудааст, ғайр аз ин, ба қаламрави Тоҷикистон  ҳаҷми хеле зиёди молҳо  аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид  мегардад, пас кишвари мо ба  ҷустуҷӯ ва татбиқи масирҳои алтернативӣ барои дастрасӣ ёфтан ба бозори Аврупо ниёз надорад. Дар робитаҳои берунии тиҷоратӣ  самтгирии Тоҷикистон ба бозори Аврупо ба таври ҳадди ақалл аст ва ҳеҷ гуна заминае барои рушди  равобити тиҷоратии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар ояндаи наздик  ба назар намерасад”.

Тоҷикистон дар лоиҳаи чинии «Як камарбанд – як роҳ» иштирок мекунад. Аз оғози татбиқи ин ташаббус (соли 2013) Чин бо 151 кишвар ва 32 созмони байналмилалӣ дар саросари ҷаҳон ҳудуди 200 созишнома ба имзо расонидааст. Дар тӯли 10 сол, ба шарофати ташаббуси «Як камарбанд – як роҳ» сармоягузорӣ ба маблағи тақрибан 1 триллион доллар, беш аз 3000 лоиҳаи ҳамкорӣ ва 420 ҳазор ҷойҳои корӣ дар кишварҳои қад-қади масир ба вуҷуд омад.

Дурнамои норавшан

Дар ҳамин ҳол, Иттиҳоди Аврупо ошкоро дар бораи сабабҳои зарурати эҷоди чунин як масири тиҷоратӣ ҳарф мезанад: яъне бадном кардан ва аз ҷиҳати иқтисодӣ масдуд (муҳосира) кардани Русия, ки имрӯз дар асл ба рушди иқтисодӣ ва истиқлоли Тоҷикистон мусоидат мекунад. Долони Транскаспий  – ҳамчунин, аксуламали  Иттиҳоди Аврупо ба афзоиши ҳузури  Чин дар ҷаҳон, бахусус дар бахшҳои инфрасохторӣ ва коммуникатсионӣ мебошад. Қобили зикр аст, ки Аврупо  бо  берун кардани Русия ва Чин аз бозори нақлиётию логистикии Осиёи Марказӣ мехоҳад тиҷорати миллии кишварҳои минтақаро берун кунад ва бо мақсади фоида гирифтан аз ин лоиҳа ба бозор ширкатҳои худро ворид  мекунад.

Вале ба андешаи коршинос Фаридун Усмонов, дурнамои долони Транскаспий хеле ноумедона аст. «Лоиҳаи «Долони Транскаспий» бунёди як долони нақлиётию логистикиро тавассути ҳавзаи баҳри Каспий  пешбинӣ мекунад, ки дар он 5 – Эрон, Русия, Озарбойҷон, Туркманистон ва Қазоқистон кишвар ҷойгиранд. Ва тавре мушоҳида кардан мумкин аст, ба ин ҳавза ягон кишвари Иттиҳоди Аврупо дохил намешавад, вале аксар вақт  ташаббусҳои аврупоиро бо калимаи “Каспий” дидан мумкин аст, ки ба рушди ягон соҳаи муайян нигаронида шудаанд.

«Бо итминои комил метавон гуфт, ки лоиҳаи логистикии долони Транскаспий дар сатҳи лоиҳа боқӣ мемонад, яъне амалишавии он ғайриимкон аст, зеро на ҳама кишварҳое, ки ба ин долон дохил мешаванд, омодаанд дар иҷрои он иштирок кунанд». Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов

Маълум аст, ки дар ин ҷо яке аз вазифаҳои асосии кишварҳои Иттиҳоди Аврупо – аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва соҳили Каспий ба бозори Аврупо дастрас кардани захираҳо, пеш аз ҳама  захираҳои энергетикӣ мебошад. Дар доираи иҷрои ин ҳадаф муддати тӯлонӣ  лоиҳаи Caspian Energy Forum (Форуми энергетикии Каспий) амалӣ гардида буд, ки вазифаи асосии он пешбурди ғояҳои бунёди лӯлаи гази Транскаспий буд. Лоиҳа барои содир кардани гази табиӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус аз Қазоқистон ва Ӯзбекистон, ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо имконият фароҳам месозад.

Албатта, амалигардонии ин иқдом мушкил аст, зеро ҳадаф аз чунин лоиҳаҳо истиснои иштироки Федератсияи Русия дар лоиҳаҳои энергетикӣ ва кӯшиши давр зада гузаштани қаламрави Русия тавассути баҳри Каспий мебошад. Бо вуҷуди ин, бояд қайд кард, ки мақоми баҳри Хазар то ҳол аз ҷиҳати қонунӣ муайян карда нашудааст, яъне баҳсҳо дар мавриди муайян кардани сарҳади байни кишварҳо идома доранд. Аз ин рӯ, ҳеҷ гуна лоиҳаро бидуни ризоияти тамоми кишварҳои баҳри Кариб амалӣ гардонидан ғайриимкон аст. Дар ҳамин ҳол, Иттиҳоди Аврупо бо як қатор кишварҳои ҳавзаи баҳри Каспий, ба мисли Эрон, робитаҳои мураккаб дорад ва ё робитаҳо тамоман сард шудаанд – тавре бо Русия, ҳамчунин  бо Туркманистон низ мушкилоти муайян ҷой дорад.

Агар долони нақлиётиро танҳо бо иштироки Озарбойҷон ташкил кунем, бо назардошти он, ки ин долон  аз қаламрави Гурҷистон ва баъд аз Туркия гузашта, вориди Иттиҳоди Аврупо мешавад, ин ҳолат низ дурнамои норавшан дорад, зеро Туркия низ имрӯз бо Иттиҳоди Аврупо равобити тезутунд дорад ва албатта кӯшиш хоҳад кард, ки аз имконияти фишор овардан болои Иттиҳоди Аврупо истифода карда, барои иҷрои ин ё он лоиҳа имтиёзҳо  гирад. Ва боз бо дарназардошти он, ки нуқтаи оғози ин лоиҳа метавонад Озарбойҷон бошад, аммо идомаи он ғайриимкон хоҳад буд, ба хулосае омадан мумкин аст, ки дар бораи ягон долони Транскаспий  ҳоҷати сухан гуфтан нест.

Дар мавриди худи андешаи эҷоди долони нақлиётӣ тавассути баҳри Каспий бояд гуфт, ки зарурати давр зада гузаштани ҳудуди Русия лоиҳаро аз сабаби интиқоли зуд-зуди борҳо камфоида мегардонад: то баҳри Каспий бор тавассути роҳи хушкигард ва сипас тавассути баҳр гузаронида мешавад, ва дар ҳудуди кишвари дигар боз ба нақлиёти хушкигард гузаштан лозим меояд, яъне  раванди интиқол марҳилаҳои зиёдеро дарбар мегирад. Дар баробари ин, бояд ба киштиҳои боркаш, ки имрӯз дар баҳри Каспий вомехӯранд, таваҷҷуҳ кард: қисми зиёди флоти кишварҳои ҳавзаи Каспийро киштиҳои кӯҳна ташкил медиҳанд ва танҳо Русия имкони сохтани киштиҳои навро дорад. Аз ин рӯ, дар ин минтақа ҳама гуна лоиҳае, ки иштироки Русияро истисно мекунад, ғайриимкон ва иҷронашаванда аст”.

Алтернативаи носазо

Ба ғайр аз ин, хориҷ кардани Русия аз занҷири нақлиётию логистикии муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистон хилофи манфиатҳои худи ҷумҳурӣ аст. Тоҷикистон ба иштирок дар лоиҳаи «Шимол-Ҷануб»-и Русия манфиатдор аст, зеро ин лоиҳа ба ҷумҳурӣ на дар ҷануби Эрон ё Покистон, балки дар ғарби Туркманистон ё Қазоқистон ба сӯи баҳр роҳ мекушояд, ки ин муҳлати интиқоли молро тақрибан ду маротиба кам мекунад. Ҷумҳурии мо ҳамчунин ният дорад аз транзити молҳо дар ин масир аз Чину Афғонистон ба қаламрави Русия, Покистон ва кишварҳои Қафқоз даромад ба даст орад. Дар сурати пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, самаранокии ин долон ба маротиб меафзояд.

Лоиҳаи “Шимол-Ҷануб” ягона лоиҳаи логистикии Русия нест, ки дурнамои мусбат барои Тоҷикистон дорад. Мувофиқи “Харитаи роҳ» дар соҳаи нақлиёт барои солҳои 2023-2025, ки соли 2023 аз ҷониби Маскав ва Душанбе ба имзо расида буд, имкони пайвастани Тоҷикистон ба лоиҳаи “Агроэкспресс” баррасӣ карда мешавад. Ин як хидматрасонии махсусгардонидашуда барои ташкили интиқоли босуръати контейнерҳо тавассути роҳи оҳан мебошад. Лоиҳа аз ҷониби Роҳҳои оҳани Русия  ва Маркази содиротии Русия  амалӣ гардонида мешавад. Ин хизматрасонӣ имкон медиҳад, ки маҳсулоти кишоварзиро ба Туркия, кишварҳои ИДМ ва Чин интиқол диҳем. Пайвастани Тоҷикистон ба  лоиҳаи «Агроэкспресс» барои тезонидани муҳлати интиқоли маҳсулоти зудвайроншаванда мусоидат мекунад.

Соли 2015 Русия ва Чин Изҳороти муштарак оид ба ҳамкорӣ дар самти пайвастани сохтмони Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва “Камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим”-ро имзо карданд. Ба андешаи коршиносон, ин гуна ҳамкорӣ метавонад барои ба вуҷуд овардани альтернативаи мукаммал ба тартиботи байналхалқии молиявию иқтисодии аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва мамлакатҳои Ғарб идорашаванда заминае гардад.

Ҳамин тариқ, густариши лоиҳаҳои ҳамлу нақливу логистикии аврупоӣ, ки бо шарти  бадномкунии  Русия   иҷро карда мешаванд, ба иқтисодиёти Тоҷикистон таъсири мусбӣ нахоҳад гузошт. Дар тӯли ҳамкориҳои самараноки чандинсолаи Тоҷикистону Русия метавон ба хулосае омад, ки Русия қодир аст соҳибихтиёрии иқтисодии Тоҷикистонро ҳифз кунад. Ҳамкорӣ бо Русия дар бунёди долонҳои нақлиётии ояндадор имкон медиҳад, ки Тоҷикистон ба яке аз марказҳои нақлиётию логистикӣ табдил ёфта, як ҷаҳиши иқтисодӣ анҷом диҳад ва ба болоравии некӯаҳволии мардуми тоҷик ноил гардад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь