Аз якуми январи соли 2019 дар саросари Россия ва барои намояндагони дигар кишварҳое, ки шаҳрвандии ин давлатро доранд, ислоҳоти куллӣ ба амал омад. Ин ба яку якбора панҷ сол боло бардоштани синну соли нафақа марбут мебошад. Лоиҳаи ислоҳот якум маротиба 16-уми июни соли 2018 ироа ва қабул гардид, ки ин бесабаб набуд. Дар ҳамин шабу рӯз қаҳрамонии ҷаҳон дар Россия оғоз гардида буд. Дар шаҳрҳои калони Россия, ки ин мусобиқа барои ҷоми қаҳрамонӣ оғоз гардида буд, кормандони сохторҳои қудратӣ ҳамаи рӯйдодҳои ҳаррӯза ва соатинаро зери назар доштанд. Гузаронидани митингу ҳамоишҳои оммавӣ ва дигар чорабиниҳо аз тарафи муқобилони ислоҳоти ҳукуматӣ дар бораи баланд бардоштани синну соли нафақа маъние надошт.

Бо супориши сарвазири Ҳукумати Россия Дмитрий Медведев лоиҳа дар якум хониш қабул гардид. Ногуфта намонад, ки президенти Россия Владимир Путин ҳанӯз соли 2005 ба тамоми шаҳрвандони Россия ваъда дода буд, ки то он вақте, ки ӯ президенти Россия аст, синну соли нафақа баланд бардошта намешавад. Ана қавлу ана вафо!!!

Тибқи нақша аз 1-уми январи соли 2019 синну соли ба нафақа баромадан барои мардон 65 сол ва занҳо 63 сол муқаррар гардида буд. Шуруъ аз қабули ислоҳот дар лоиҳаи қонун дилсардии шаҳрвандони Россия нисбат ба Путин ва ҳукумати ӯ оғоз гардид. Путин медонист, ки занҳо дар Россия дар оила ва дар ҷилави оиладорӣ нақши асосӣ мебозанд. Аз ин рӯ, барои нарм намудани дили бонуҳои рус, дар он пешниҳодҳое, ки 300 иловаҳо ба ислоҳотро доштанд, «таклиф» ба миён гузошт, ки синну соли нафақаи занҳо 3 сол кам, яъне то ба 60-солагӣ ва серфарзандон то 56-солагӣ муайян гардад. Инро як навъ «гузашт»-и путинӣ низ номидан мумкин аст.

Дар ироаи дуюми лоиҳа, ки 26-уми сентябр мавриди баррасӣ қарор гирифта буд, қонун аз тарафи ҳизби «Россияи воҳид» («Единая Россия») қабул гардид. Ба ҳама маълум аст, ки дар Думаи давлатии Россия сафи якаросҳо хело зиёд аст. 27-уми сентябр оҷилона ироаи сеюми лоиҳа баргузор гардидаву қабул шуд. 3-юми октябр лоиҳаи қонун аз тарафи Шӯрои Федератсия дастгирӣ ёфта, ҳамон рӯз президент Путин ба ин қонун барои амалӣ гардиданаш имзо гузошт. Мавриди таваҷҷуҳ аст, ки то интихоботи президентӣ, ки 18-уми марти соли 2018 баргузор гардида буд, дар бораи ба синну соли ба нафақа баромадан тамоман кам ҳарф зада мешуд.

Ҳамин тариқ, ногаҳонӣ ва бидуни тариқи райъпурсиву ҷамъ овардани афкори умум ислоҳот даровардан дар ин қонун боварии шаҳрвандони Россияро нисбати Ҳукумат, парламент ва бахусус президент ба костагӣ оварда расонид. Аллакай дар ду ҳафтаи баъди эълони ислоҳот Путин 14 фисади рейтингашро тибқи райъпурсии гуруҳҳои муайян аз даст дод (62% – 14 = 48 %). Кӯшишҳои ҳукуматӣ барои бартарӣ доштани ин ислоҳот фоида набахшид. Ба ғайр аз дилсардии шаҳрвандони одӣ, мутахассисони соҳавӣ арз доштанд, ки он далелҳое, ки ҳукумат тариқи ҳисоботҳои оморӣ мехоҳад худсафедкунӣ кунад, бемавриду беасос мебошанд. Дар ҳамин ҷода мутахассисони рус исбот намуданд, ки қисми зиёди аҳолии Россия (бахусус мардон) то синни нафақа (65-солагӣ) намезиянд (омор ҳисоби миёнаи умри русҳоро 72,5 сол муайян кардааст).

Пиршавии аҳолӣ на танҳо масоили дардовари Россия аст, балки дар аксарияти давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ба ин ҳолат оварда расонидааст. Баъзан дар ин ҳолатҳо давлат маҷбур мешавад, ки синну соли нафақаро боло бардорад.

Аммо далелҳои дар боло овардаи муаллифони қонун номуайян аст. Давлате, ки дар ҷаҳон аз ҳама зиёд замину боигарӣ, нефту газ, канданиҳои фоиданок, тиллову нуқра, уран, ҷангал ва даҳҳо дигар боигариҳо дорад, оё метавонад шиква аз камбизоатӣ, ё худ нарасидани маблағ барои нафақапулии қисми қариб мадфуншавандаи аҳолиаш намояд? Ба як саволе хонандаи гиромӣ мебоист ҷавоб ёбад, ки чи тавр боло бурдани синну соли нафақа ҳолати демографӣ, таваллудро зиёд мекарда бошад, вафотро камтар мекарда бошад, ба муқобили шаробнӯшии марговар мебаромада бошад?

Ба гуфтаи таҳлилгарон, боло бардоштани синну соли нафақа марбут ба буҳрони иқтисодӣ мебошад. Як гуруҳи дигари таҳлилгарон бошанд, ба хатоҳо роҳ додани сиёсати берунаи Россияро нисбати масъалаи Қрим асос медонанд. Ҳамчунин, хароҷоти зиёда дар гузаронидани қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол ва олимпиадаи Сочиро сабаби буҳрони иқтисодӣ мехонанд.

Раиси Думаи давлатии Россия Вячеслав Володин ба саволҳои намояндагони васоити ахбори омма бе ягон мулоҳиза чунин ҷавоб дод, ки агар аҳвол ҳамин бошад, аҷаб нест дар Россия умуман нафақа барҳам дода шавад. Магар чунин ақида аз тарафи як мансабдори сатҳи олӣ дуруст аст?

Аммо раиси Ҳизби коммунистӣ Г. А. Зюганов дигар ақида баён намуда буд. Ба гуфтаи ӯ, сабаб ва далелҳои пешниҳодгардида аз тарафи ислоҳотгарон бардурӯғ нишон дода шудааст. Тибқи гуфтаи сарвари коммунистон, андози зиёда, дуздии олигархҳо, кам накардани шумораи мансабдорон, ба хориҷа интиқол додани боигарӣ ва қоғазҳои қиматнок сабабгори буҳрони иқтисодӣ гардидааст.

Фраксияи «Россияи боадолат» («Справедливая Россия») 19-уми июн ба Думаи давлатӣ лоиҳаи алтернативиро пешниҳод намуд, ки дар он баланд бардоштани синну соли нафақа то соли 2030 бояд мавқуф гузошта шавад.

Дар мамлакати бойтарини дунё аз ҷиҳати боигарӣ, сармоя, нефту газ ва замин чунин як баҳонаҳое эҷод намудан ногуфтанист. Дар ҳошияи ҳамин ақида гуфтанием, ки мансабдороне чун Г. Греф, О. Василев ва вазири молия А. Силуанов ислоҳотро дастгирӣ намуданд.

Ҳизбҳои оппозитсионии ЛДПР (В. Жириновский), СР (С. Миронов), КПРФ (Г. Зюганов) муқобили қабули ин қонун баромаданд. О. Дмитриева ва О. Шеин оид ба нодуруст будани ислоҳот дар қонун рӯирост баромад карданд.

Мавриди тазаккур аст, ки ба 85 субъекти Россия оид ба ин лоиҳа ҳуҷҷатҳо барои назарпурсӣ равона гардида буд, барои он ки то 17-уми июл ба Думаи давлатӣ пешниҳодҳояшонро ирсол намоянд. Чунин ҷавобҳо танҳо аз 77 минтақа ворид гардиданд. Губернатори вилояти Иркутск Сергей Левченко зидди ислоҳоти ҳукуматӣ баромад карда, гуфт, ки нафақаро аз рӯи зиёд намудани истеҳсолоти меҳнат таҳти назар гирифтан зарур аст.

Қисми зиёди шаҳрвандони Россия аз ҳама минтақаҳо, иттифоқҳои касабаи хурд (духтурон, омӯзгорон, кормандони Академияи илмҳо ва дигарон) зидди баланд бардоштани синну соли нафақа баромаданд. Губернаторони вилоятҳо ислоҳотро дастгирӣ карда, аз тарси вазифа ақидаҳояшонро ошкор накарданд.

Мувофиқи баъзе маълумотҳо, Думаи Ярославл ба Думаи давлатӣ ҷавоб навишт, ки лоиҳа қобили қабул нест, ислоҳот дар ҷомеа шӯр мехезонад, боварии шаҳрвандонро аз ҳукумат мегардонад. Пас аз чунин ибрози назар сардори шуъбаи вилоятии «Россияи воҳид» Михаил Боритский аз вазифа барканор карда шуд.

Моҳи октябр пас аз қабули ислоҳот дар қонун, намояндагони Ҳизби коммунистӣ арз доштанд, ки ба Суди Конститутсионӣ муроҷиат менамоянд.

Кормандони россиягии иттифоқҳои касабаи фарҳанг ба президент муроҷиат карда, талаб намуданд, ки аз ҷиҳати илмию тиббӣ синну соли ба нафақа баромадан бо далелҳои оморӣ дар бораи касалиҳое, ки дар мавриди кор ба ҳисоб гирифта мешаванд, асоснок гардонида шавад.

Аввалин маротиба дар муддати дурудароз дар 4 вилоят интихоби губернаторонро дуюмбора гузаронидан зарур омад. Дар марҳилаи дуюм номзадҳо ба курсии губернаторӣ, ки намояндагони ҳизби «Россияи воҳид» буданд, дар Хабаровск ва вилояти Владимир аз тарафи Ҳизби либералӣ (ЛДПР) мағлуб гардиданд. Ҳизби ҳукуматӣ дар интихоботҳои минтақавӣ овозҳои афзалиятнокро аз даст дод. Ин ҳолат дар минтақаҳои Хакасия, Иркутск ва Уляновск мушоҳида гардид.

Дар ҳамоиши кӯчагӣ, ки дар шаҳри Москва 28-уми август гузашта буд, 20 ҳазор эътирозгарон иштирок намуданд. Аз лаҳзаи ироаи якуми ислоҳот дар қонун (16-уми июн) то қабули он дар саросари Россия митингу ҳамоишҳо бар зидди қабули ин ислоҳот гузаронида шуданд. 28-уми июл ҳамоишҳои эътирозии серодам оид ба қабули тағйирот дар қонуни нафақа дар Санкт – Петербург, Москва, Нижний Новгород, Қазон, Уфа, Перм, Сиктивкар, Кострома ва Челябинск гузаштанд. Дар семоҳаи дуюм ва сеюми соли 2018-ум 1174 аксияҳои эътирозӣ муқобили ислоҳот ба назар гирифта шудааст. Дар ҳамоиши дар Москва таърихи 28-уми июл гузаронидашуда ба шӯр омадагон истеъфои ҳукумат ва президентро талаб намуданд.

Хонандаи гиромии рӯзнома шояд донад, ки дар аксарияти шаҳрҳои Россия, аз Москва то Якутск муҳоҷирони тоҷике, ки дуюм шаҳрвандӣ – шаҳрвандии Россияро қабул кардаанд ва имконияти ба нафақа баромаданро доранд, меҳнату кор мекунанд. Тоҷикон, ки корҳои вазнину назарногирро бар дӯш доранд, ба умеди он буданд, ки барвақттар, дар синни 60-солагӣ (мардон), 50 – 55-солагӣ (занон) ба нафақа баромада, дами пириро дар ватани худ мегузаронанд. Аммо синну соли нафақа дар Россия якбора 5 сол боло бардошта шуд. Ногуфта намонад, ки тибқи баъзе маълумотҳо, зиёда аз 400 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Россияро қабул кардаанд ва қисме аз онҳо дар арафаи ба нафақа баромадан қарор доштанд.

Дар вохӯрии пешазсолинавиаш бо рӯзноманигорон ва дигар намояндагони ВАО президенти Россия В. В. Путин оид ба ҳамин масъала ҷавоб гардонида истода, гӯё ҳеҷ гапе нашуда бошад, гуфт, ки «худам низ муқобили қабули ислоҳот дар қонун мебошам». Аммо нагуфт, ки яке аз сабабҳои асосӣ – ин дар дасти олигархҳо қарор доштани тамоми боигарии Россия аст. Ин боигарӣ ба хориҷа интиқол мегардад. Андозситонӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Ҳоло ҳам тариқи конверт маош додан мушоҳида мешавад.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, бояд иқрор гардид, ки Путин сиёсатмадори барҷаста ва зирак аст. Аз ҳама об доим хушк мебарояд. Дилсардии шаҳрвандонашро каме нагузашта бо дигар амалҳояш нарм месозад. Худи русҳо хуб мефаҳманд, ки айни замон Путин ивазнашаванда аст. Дар Россия, ба ақидаи аксарияти сиёсатшиносон, одаме, ки айни замон ҷои ӯро иваз мекарда бошад, ба назар намерасад.

Убайдулло РАҲИМОВ, «ФАРАЖ»

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь