Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ки ба ҳайси яке аз бонуфузтарин донишгоҳҳо на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки берун аз он шинохта шудааст, тибқи талаботи давру замон дар тайёр намудани мутахассисони варзида раванди тозаеро касб намудааст. Дар шароити муосири рушди устувори иқтисодии кишвар ва ҷаҳонишавӣ, донишгоҳ соли таҳсили 2018-2019-ро бо мақсаду маром ва ҳадафҳои муайян оғоз намуда, миссияи хешро чунин таҳия намуд: Тайёр намудани мутахассисони масъулиятшиноси дорои малакаи касбии муосир дар соҳаи иқтисоду идоракунии тиҷорати дохилӣ ва байналмилалӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, саҳмгузорӣ дар ташаккули иқтисоди инноватсионӣ ва рақамӣ.

Ҳайати илмию омӯзгории донишгоҳ таҳти роҳбарии ректори он, профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси ба талаботи стандартҳои байналмилалии таҳсилот ва бозори меҳнат ҷавобгӯ, афзун намудани дастовардҳои илмӣ ва ба ин васила саҳм гузоштан дар рушди инноватсионии иқтисодиёти кишвар кӯшишу ғайрати хешро сафарбар менамоянд.

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар тӯли зиёда аз 30 соли фаъолияти хеш ҳазорҳо мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои иқтисоду тиҷоратро тайёр намудааст.

Раёсат, ҳайати илмӣ-омӯзгорӣ ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар фаъолияти ҳамарӯзаи хеш дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, аз он мефахранд, ки дар мулоқоти худ бо донишҷӯёни боистеъдоди кишвар, ки дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (1-уми сентябри соли 2009) баргузор гардид, ба дастовардҳои донишгоҳ баҳои баланд дода, роҳҳои боз ҳам самаранок намудани раванди таълим ва тайёр кардани кадрҳои дар бозори ватанӣ ва ҷаҳонӣ рақобатпазирро нишон доданд.

Таърихи таъсиси ДДТТ

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон муассисаи таҳсилоти олии тамоили иқтисодии кишвар мебошад, ки заминаҳои таъсиси он ҳанӯз солҳои 30-юми асри XX гузошта шуда буд. Соли 1933 дар шаҳри Ленинобод (ш. Хуҷанди ҳозира) техникуми кооперативӣ ва соли 1968 дар шаҳри Душанбе техникуми молшиносӣ-технологӣ таъсис дода шуд. Қадами дигар – ин соли 1974 дар Душанбе ифтитоҳ намудани нуқтаи таълимии машваратии Донишкадаи кооперативии шаҳри Самарқанд буд. Бо қарори ҲҶТ ва Шӯрои Вазирони Тоҷикистон аз 27-уми июли соли 1987, таҳти №272 дар заминаи нуқтаи таълимии машваратии Донишкадаи кооперативии шаҳри Самарқанд ва ду ихтисоси Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон филиали Душанбегии Донишкадаи савдои советии кооперативии Новосибирск таъсис дода шуд. Бо қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми ноябри соли 1991 таҳти №354 Донишкадаи тиҷорати Тоҷикистон ҳамчун донишкадаи мустақил таъсис дода шуд.

Дар асоси қарори №126-и Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ аз 19-уми марти соли 1993 Донишкадаи тиҷорати Тоҷикистон ба Донишкадаи давлатию кооперативии тиҷорати Тоҷикистон табдил ёфта, филиали он дар шаҳри Хуҷанд таъсис дода шуд.

Бо фармони Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №162 аз 3-юми апрели соли 2000 Донишкадаи давлатию кооперативии тиҷорати Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон табдил дода шуд.

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аввалин муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки раванди таълимро тибқи низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда, барои ворид шудан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот қадамҳои устувор гузошта истодааст.

Соли 2018 дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ аз рӯи 36 нишондод Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷои 5-умро (аз рӯи рейтинг) ишғол намуда, ба панҷгонаи мактабҳои олии беҳтарини ҷумҳурӣ шомил гардид.

Факултетҳо ва шуъбаҳои донишгоҳ

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дорои Донишкадаи иқтисод ва савдо дар шаҳри Хуҷанд, 4 факултети рӯзона, шуъбаи омӯзиши ғоибона, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ, шуъбаи магистратура, аспирантура ва докторантура мебошад:

1. Донишкадаи иқтисод ва савдо дар шаҳри Хуҷанд;

2. Факултети иқтисодиёт ва менеҷмент;

3. Факултети молия ва фаъолияти бонкӣ;

4. Факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ;

5. Факултети тиҷорат ва гумрук;

6. Шуъбаи омӯзиши ғоибона;

7. Шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ;

8. Шуъбаи магистратура, аспирантура ва докторантура.

Ҷиҳати амалӣ намудани зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ донишгоҳ дорои литсей низ мебошад.

Дар донишгоҳ 16 кафедра, аз ҷумла 5 кафедраи умумитаълимӣ ва 11 кафедраи тахассусии зерин фаъолият менамоянд:

1. Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит;

2. Иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ;

3. Системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт;

4. Менеҷмент ва иқтисодиёти меҳнат;

5. Молия ва қарз;

6. Фаъолияти бонкӣ;

7. Андоз ва суғурта;

8. Иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ;

9. Ҳуқуқи тиҷорат;

10. Назарияи иқтисод;

11. Забонҳо;

12. Экспертизаи молҳо ва фаъолияти гумрук;

13. Маркетинг ва тиҷорат;

14. Фанҳои ҷомеашиносӣ;

15. Математика ва фанҳои табиатшиносӣ:

16. Тарбияи ҷисмонӣ ва бехатарии фаъолияти ҳаёт.

Заминаи моддӣ – техникӣ ва таълимии донишгоҳ

Донишгоҳ дорои 7 бинои таълимӣ, 142 синфхонаи таълимӣ бо 4924 ҷойи нишаст дар як баст, 7 озмоишгоҳи таълимӣ, 16 кабинети методӣ, 15 синфхонаи компютерӣ, 770 адад компютери ба шабакаи интернет пайваст мебошад, аз ҷумла 624 компютер, 83 проектор, 72 тахтаи электронӣ, 86 ноутбук, 5 нетбук, 131 принтер, 2 синфхонаи лингафонӣ  дар раванди таълим мавриди истифода қарор дода шудааст.

Синфхонаҳои таълимӣ бо воситаҳои техникии муосир таҷҳизонида шуда, дар синфхонаҳои лексионӣ видеопроекторҳо ва тахтаҳои электронӣ насб карда шудааст. Барои гузаронидани машғулиятҳои амалӣ аз фанҳои забонҳои хориҷӣ ва технологияи иттилоотӣ, ки донишҷӯён ба зергуруҳҳо тақсим мешаванд, синфхонаҳои алоҳида ҷудо карда шудаанд.

Ҳамчунин, донишгоҳ дорои хобгоҳи замонавӣ мебошад, ки аз се бинои чорошёна иборат аст.

Китобхона ва Парки технологии донишгоҳ

Донишгоҳ дорои китобхонаи замонавӣ буда, ду толори хониш ва ду толори китобхонаи электронӣ барои омӯзгорон ва донишҷӯён хизмат мерасонад. Фонди китобхонаи донишгоҳ 268055 нусха китобро дар бар мегирад, ки аз ин миқдор китобҳои дарсӣ – 224693 нусха, китобҳои илмӣ – 31227, китобҳои бадеӣ 12135 нусхаро ташкил медиҳад. Миқдори умумии китобҳои электронӣ 27499 ададро ташкил медиҳад.

Донишгоҳ дорои Парки технологӣ буда, зерсохторҳои зеринро дар бар мегирад: Матбааи хурди “Тоҷири аҷам”; Маркази таълимӣ-истеҳсолӣ ва технологияи хӯроки умумӣ; Маркази таълимӣ-хизматрасонӣ ва дастархондорӣ; Маркази таълимӣ-меҳмонхонадорӣ; Маркази таълимӣ- рушди сайёҳӣ; Сехи дӯзандагии таълимӣ-истеҳсолии “Зебо”; Ошхонаи донишҷӯён.

Шумораи умумии донишҷӯёни донишгоҳ

Теъдоди донишҷӯёни донишгоҳ 5529 нафар (1283 духтар)-ро ташкил медиҳад, ки аз он 3208 нафар (616 духтар) дар шуъбаи рӯзона, 1801 нафар  (526 духтар) дар шуъбаи ғоибона, 332 нафар (109 духтар) дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва 188 нафар (32 духтар) дар шуъбаи магистратура ва докторантура таҳсил менамоянд.

Дар шуъбаи рӯзонаи донишгоҳ 146 гуруҳи академӣ таҳсил менамоянд, ки аз онҳо 114 гуруҳи академӣ ба забони тоҷикӣ, 24 гуруҳи академӣ ба забони русӣ ва 8 гуруҳи академӣ ба забони англисӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Инчунин, дар шуъбаи ғоибонаи донишгоҳ 59 гуруҳи академӣ таҳсил менамоянд, ки аз онҳо 44 гуруҳи академӣ ба забони тоҷикӣ, 15 гуруҳи академӣ ба забони русӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Шумораи донишҷӯёни хориҷии донишгоҳ

Дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи донишгоҳ алҳол 84 нафар донишҷӯёни хориҷӣ аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Туркманистон таҳсил доранд. Аз ҷумла, 27 нафар дар шуъбаи рӯзона, 4 нафар дар шуъбаи ғоибона, 34 нафар дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ, 1 нафар дар магистратура, 16 нафар унвонҷӯ ва 2 нафар доктор PhD дар аспирантура ва докторантура таҳсил карда истодаанд.

Дар муддати зиёда аз 30 соли фаъолияти донишгоҳ ин боргоҳи илму маърифатро бештар аз 1600 нафар донишҷӯёни хориҷӣ хатм намудаанд, ки онҳо айни ҳол дар кишварҳояшон аз рӯи тахассуси худ кору фаъолият доранд.

Ҳамкориҳои ДДТТ бо донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар самти густариши робитаҳои байналмилалӣ дар байни муассисаҳои таҳсилоти касбии ҷумҳурӣ мавқеи пешоҳангиро соҳиб аст ва раёсати донишгоҳ ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Донишгоҳ имрӯз бо зиёда аз 70 муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст ва дар барномаҳои ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Эразмус+, Бонки Ҷаҳонӣ, Институти “Ҷамъияти  Кушода” – Бунёди Мадад фаъолона иштирок менамояд.

Соли 2017 донишгоҳ бо Донишгоҳи Пизаи Италия созишномаи ҳамкориро барои солҳои 2017-2020 ба тасвиб расонида, соҳиби 15 ҷой барои донишҷӯёни барномаҳои бакалавр, магистр, PhD ва таҷрибаомӯзии омӯзгорон гардид. Донишгоҳ ҳамчунин бо Донишгоҳи Кемюнги Кореяи Ҷанубӣ ҳамкориҳоро ба роҳ монда, то имрӯз зиёда аз 50 донишҷӯ дар барномаи мубодилаи ин донишгоҳ бо гирифтани стипендияи Ҳукумати Корея таҳсил намуданд. Дар доираи созишномаи тарафайн 20 нафар донишҷӯён ба донишгоҳҳои гуногуни Федератсияи Русия, 40 нафар дар Ҷумҳурии Белорусия ва 16 нафари дигар ба донишгоҳҳои гуногуни Ҷумҳурии Қазоқистон барои идомаи таҳсил фиристода шуданд. Дар маҷмуъ, дар соли таҳсили 2017-2018-ум 65 нафар донишҷӯён дар доираи барномаи табодул ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар барои идомаи таҳсил фиристода шудаанд.

Гуфтан бамаврид аст, ки дар соли 2017, дар доираи лоиҳаи PAWER (Самаранок ба роҳ мондани барномаи табодули омӯзгорон ва донишҷӯён) Барномаи Эразмус + дар Донишгоҳи Мидлсикси Лондон (Британияи Кабир), Донишгоҳи табиатшиносии шаҳри Вротслави Ҷумҳурии Полша ва Донишгоҳи Зегеди Ҷумҳурии Венгрия тренингу семинарҳо баргузор гардидаанд, ки дар он намояндагони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ширкат варзида, соҳиби сертификат гаштанд.

Яке аз самтҳои дигари фаъолияти бахши робитаҳои байналмилалӣ  ҷалби донишҷӯён ва омӯзгорон аз хориҷи кишвар маҳсуб меёбад. Имрӯз дар донишгоҳ зиёда аз 84 нафар шаҳрвандони мамлакатҳои хориҷӣ дар барномаҳои бакалавриатура, магистратура, аспирантура ва докторантура таҳсил менамоянд.

Ихтисосҳо ва зерихтисосҳо

Донишгоҳ соли 2018 аз аккредитатсияи навбатии давлатӣ гузашт ва мувофиқи он аз рӯи 26 ихтисоси барномаи бакалавриат, 11 ихтисоси барномаи магистратура, 10 ихтисоси барномаи аспирантура, 14 ихтисоси барномаи доктор PhD ва 5 ихтисоси барномаи таҳсилоти дуюми олии касбӣ мутахассисонро барои бозори меҳнати ватанӣ ва хориҷӣ тайёр мекунанд. Дар доираи барномаи бакалавр донишгоҳ аз рӯи ихтисос ва зерихтисосҳои зерин мутахассисонро тибқи шартнома тайёр мекунад:

Ташкили робитаҳои байналмилалӣ; Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (робитаҳои иқтисодии берунӣ); Ҳуқуқи иқтисодӣ; Ҳуқуқи байналмилалии тиҷоратӣ; Иқтисодиёти ҷаҳонӣ; Молия ва қарз; Кори бонкӣ; Андоз ва андозбандӣ; Суғурта; Омор; Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳо; Иқтисодиёт ва идораи сайёҳӣ; Иқтисодиёт ва идора дар корхонаи хизматрасонӣ; Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит;

Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо; Молшиносӣ ва муоинаи мол; Тиҷорат дар бозори берунӣ; Аудит ва ревизия; Информатикаи иқтисодӣ; Менеҷмент; Бизнес маъмуриятчигӣ дар соҳаи истеҳсолот ва хизмат; Маркетинг; Технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисод); Саёҳат ва меҳмондорӣ; Технологияи маҳсулот ва ташкили хӯроки умумӣ ва Хадамоти гумрукӣ.

Фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва инноватсионӣ

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба пешбурди фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва инноватсионӣ аз ҷониби ҳайати илмию омӯзгорӣ, муҳаққиқони ҷавон ва донишҷӯён диққати ҷиддӣ равона мегардад.

Ҳадафи асосии фаъолияти илмию тақиқотии олимони донишгоҳ дар амал татбиқ намудани дастовардҳои назарраси илмӣ мебошад. Барои расидан ба ин мақсад дар донишгоҳ шароити мусоид барои машғул шудан ба фаъолияти илмию таҳқиқотӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳанӯз соли 1996 дар назди донишгоҳ шуъбаи аспирантура таъсис дода шуд ва дар ин муддат онро беш аз 150 нафар муҳаққиқони ҷавон хатм намуда, зиёда аз 100 нафари онҳо рисолаҳои номзадии хешро дифоъ намуданд. Соли таҳсили 2009-2010 дар донишгоҳ шуъбаи докторантура таъсис дода шуд ва аз оғози соли таҳсили 2015-2016 ба донишгоҳ довталабон аз рӯи низоми нави PhD қабул карда мешаванд.

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон алҳол ду Шӯрои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ фаъолият менамояд.

Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-020 бо фармони раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми октябри соли 2017, № 47 аз рӯи ихтисоси 08.00.05 – Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар хоҷагии халқ (4 зерихтисос – савдо; соҳаи хизматрасонӣ; иқтисодиёти соҳибкорӣ; иқтисодиёти меҳнат) таъсис дода шудааст. Боиси зикр аст, ки ин шӯро ягона Шӯрои диссертатсионӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, ки ҳуқуқи қабули рисолаҳои докториро дар самти иқтисод дорад.

Шӯрои муштараки диссертатсионии Д 999.031.03 оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ бо фармони Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия аз 21-уми сентябри соли 2015, № 1021/нк аз рӯи ихтисоси 08.00.05 – Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар хоҷагии халқ (соҳаи хизматрасонӣ ва иқтисодиёти меҳнат) таъсис дода шудааст.

Бояд қайд кард, ки дар ду соли охир дар шӯроҳои зикршуда 3 нафар олимони донишгоҳ рисолаи докторӣ ва беш аз 15 нафар рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намудаанд.

Дар донишгоҳ фаъолияти илмию таҳқиқотӣ аз рӯи самтҳои рушди соҳаи хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, масоили бозори дохилии бозори истеъмолӣ ва ташаккули робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардидаанд. Инчунин, тӯли солҳои охир дар якҷоягӣ бо донишгоҳҳои матлуботи ИДМ кори илмӣ-таҳқиқоти дар мавзуи «Матлубот дар ИДМ; вазъ, масоил ва дурнамои рушд» иҷро карда мешавад. Боиси қайд аст, ки дар донишгоҳ танҳо дар соли 2018-ум 12 монография аз чоп баромадааст. Се монографияи устодони донишгоҳ соли 2018 дар Фестивали шаҳри Париж иштирок намуда, сазовори медали тилло гардидаанд.

Натиҷаҳои корҳои илмию тадқиқотии ҳайати илмию омӯзгории донишгоҳ дар маҷаллаи «Паёми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон», маҷмуи корҳои илмии омӯзгорон ва маводҳои конфронсҳои донишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ чоп мегардад. Дар донишгоҳ ҳамасола конфронси илмию назариявии байналмилалӣ бо унвони «Тамоюли рушди иқтисод ва таҳсилоти олӣ» баргузор мегардад.

Донишҷӯёни донишгоҳ низ ба фаъолияти илмию таҳқиқотӣ аз курсҳои аввал ҷалб карда мешаванд. Бо мақсади ҳавасмандгардонии онҳо ба фаъолияти таҳқиқотӣ дар донишгоҳ мунтазам маҳфилҳои илмӣ, озмуну олимпиадаҳо ва конфронсҳои илмию назариявӣ ва илмию амалӣ гузаронида мешаванд.

Иштироки донишҷӯён дар олимпиадаҳои дохилӣ ва хориҷӣ

Донишҷӯёни донишгоҳ дар озмунҳо, олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок менамоянд. Соли 2018 донишҷӯёни донишгоҳ дар дувоздаҳ самти Олимпиадаи муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати фаъолона варзида, аз фанҳои забони англисӣ ва забони русӣ соҳиби ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ гардиданд. Ҳамзамон дар Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» 2 нафар донишҷӯёни донишгоҳ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Дар озмуни байналмилалии илмӣ дар ш. Маскави Федератсияи Русия 2 нафар донишҷӯёни донишгоҳ сазовори ҷойи 1-ум гардиданд.

Дастовардҳо ва ихтирооти устодону шогирдони донишгоҳ

Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Раҷабов Раҷаб Кучакович, бо 3 сертификати иштирокчии намоиши китобҳои байналмилалӣ дар Париж, соли 2018 бо медали тиллоии «PARIS BOOK FAIR 2018» барои китобҳои беҳтарин сарфароз гардонида шуд. Профессор Ташбаев Ғуломҷон ва муаллими калони кафедраи экспертизаи молҳо ва фаъолияти гумрук Ҳабибуллоев Гурез барои гирифтани нахустпатенти ихтироъ (афшурдаи хурмо, навоварӣ ва пешниҳоди илмӣ-назариявӣ), 2 адад пешниҳод намудаанд.

Донишҷӯёни донишгоҳ дар тамоми ҷабҳаҳои фаъолияти донишгоҳ ширкати фаъолона доранд. Онҳо ғолибони озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ мебошанд ва дар корҳои ҷамъиятӣ, маърифатию фарҳангӣ масъулияти ҳарчи бештар зоҳир менамоянд.

Шумораи устодоне, ки унвонҳои илмӣ доранд

Ҳайати илмӣ-омӯзгории донишгоҳро омӯзгорони унвондор ва ботаҷриба ташкил медиҳанд. Кафедраҳои донишгоҳ бо омӯзгорони унвондору ботаҷриба таъмин буда, ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ 249 нафар, аз ҷумла, доктори илм, профессор 16 нафар, номзади илм, дотсент 104 нафар, муаллими калон 85 нафар, ассистент 44 нафарро ташкил медиҳад.

Дар донишгоҳ 2 нафар Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар дорандаи ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, 9 нафар дорандагони ҷоизаи Исмоили Сомонӣ, 32 нафар аълочиёни маориф, 12 нафар Корманди шоистаи кооператсияи матлубот кору фаъолият менамоянд.

Хобгоҳи донишгоҳ

Хобгоҳи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Борбад 48/11 воқеъ буда, аз се бинои чорошёна иборат мебошад. Дар хобгоҳ донишҷӯёни ниёзманд аз ноҳияҳои дурдасти кишвар ва устодони донишгоҳ, ки ба он эҳтиёҷ доранд, истиқомат менамоянд. Хобгоҳи донишҷӯён дорои тамоми шароитҳои лозимӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои истиқоматӣ, ошхона, ҳаммом, китобхона, синфхонаи компютерӣ, толори маҷлис, ҳуҷраи тиббӣ, ошёнаи алоҳида барои   донишҷӯдухтарон ва дигар ҷиҳози зарурӣ мебошад.

Фаъолияти доимии хобгоҳ ва фароҳам овардани шароити хубтар барои истиқомат намудани донишҷӯён, махсусан донишҷӯдухтарон зери назорати доимии раёсати донишгоҳ қарор дошта, пайваста ба донишҷӯён ва ҳайати устодоне, ки дар он зиндагӣ менамоянд, чораҳои судманд меандешанд.

Дар соли таҳсили 2017-2018 тамоми ҳуҷраҳое, ки дар он донишҷӯдухтарон истиқомат менамоянд, пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуда, ба онҳо катҳои хоби замонавӣ, лавозимоти зиндагӣ ва ба ҳар ҳуҷра як адад компютери фардӣ аз ҷониби раёсати донишгоҳ таъмин карда шуд.

Айни ҳол дар хобгоҳ 398 нафар донишҷӯён, 63 нафар оилаи омӯзгорони донишгоҳ истиқомат менамоянд, ки шумораи умумии онҳо 461 нафарро ташкил медиҳад: Дар бинои истиқоматии хобгоҳи №1, 143 нафар; Дар бинои истиқоматии хобгоҳи №2, 128 нафар; Дар бинои истиқоматии хобгоҳи №3, 127 нафар.

Нархнома ҷиҳати истиқомат намудан дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои донишҷӯён 120 сомонӣ ва барои оилаи омӯзгорон 320 сомонӣ муайян гардидааст.

Мадади донишгоҳ ба донишҷӯёни ятими кул

Донишгоҳ ба фаъолияти эҳсонкорӣ диққати ҷиддӣ дода, дар соли 2018 бо ин мақсад ба ҳаҷми 17170 сомонӣ сарф намуд, аз ҷумла ба мактаб – интернати нобиноёни ноҳияи Ҳисор дар ҳаҷми 13070 сомонӣ ва ба 41 нафар донишҷӯёни ятими кул, нимятим ва камбизоат дар ҳаҷми 4100 сомонӣ ёрии хайриявӣ расонидааст.

Ба ҷои охирсухан

Дар донишгоҳ ҷиҳати таъмиру тармим, кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ, ободу зебо гардонидани биноҳои таълимӣ, саҳни донишгоҳ ва гирду атрофи он, ҳамзамон кӯчаву хиёбон ва қитъаҳои муайяне, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба донишгоҳ вобаста шудааст, корҳои зиёди ободонӣ ба анҷом расонида шудаанд.

Соли гузашта зиёда аз 16 ҳазору 122 метри мураббаъ биноҳои таълимӣ, синфхонаҳо ва ҳуҷраҳои корӣ бо маблағи умумии 1790865 сомонӣ таъмиру тармим карда шудааст. Донишгоҳ дар самти ободгардонӣ ва кабудизоркунӣ низ як қатор корҳои наҷибро ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла, 620 бех арча, қариб 28200 бех гулҳои мавсимӣ, 65 дарахтони ороишӣ, 120 бех дарахтони мевадиҳанда ва 6100 метри мураббаъ сабза дар ҳудудуи донишгоҳ шинонида шудааст.

26-уми декабри соли 2018 Президенти кишвар дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карданд. Ин ташаббус, ки бо мақсади рушди деҳот, соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори деҳот ва сайёҳӣ пешбинӣ гардидааст, барои ривоҷу равнақи соҳаҳои гуногун, аз ҷумла тиҷорати дохилӣ ва берунӣ имкониятҳои навро фароҳам меоварад.

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар навбати худ ба ҳайси боргоҳи илму маърифат, махзани донишу хирад ва таълиму тарбия дар оянда тамоми нерӯи худро баҳри мукаммал гардонидани низоми таълимии соҳаи тиҷорат, қонеъ гардонидани талабот ба мутахассисони соҳа сафарбар намуда, барои даст ёфтан ба пешрафтҳои баробар ба ҷаҳони мутараққӣ, дар баробари офаридани заминаи моддию техникии ҷавобгӯйи рӯз ва дигар омилҳо барои тайёр кардани мутахассисони арзандаи асри XXI ҷидду ҷаҳд менамояд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь