Олимон исбот кардаанд, ки агар инсон ба қоидаҳои хӯрокхӯрӣ пурра риоя кунад, 150 сол умр дида метавонад. Муаммои асосии замони муосир он аст, ки шояд мо бо баҳонаи серкорӣ ё сарфаи вақт лаҳзаҳои беҳтарини умри ояндаи худро бурида партофта истода бошем.
Ҳеҷ кас инкор карда наметавонад, ки дараҷаи баланди тараққиёт ба ҳаёти инсонҳо дар руйи замин тағйироти бузурге ворид намуда, он таъсири амиқе ба фардои инсоният дорад. Имрӯзҳо бештари корҳои одамонро робот ва машинаҳо иҷро мекунанд. Дар рӯзгор низ бештари занҳо аз асбобҳое истифода мебаранд, ки кори онҳоро осон менамоянд. Вале гуфтан мумкин аст, ки мардум ба ин чиз хеле одат намуда, каме танбал шудаанд. Имрӯзҳо одамон барои ҳалли мушкилоти худ ё иҷрои кор ҳамеша роҳи осонро меҷӯянд. Ин ҳолатро дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар яки мо мушоҳида кардан мумкин аст. Масалан, дар як оила 5 нафар зиндагӣ мекунанд. Бо 5 дона ролтон як оила сер мешавад, ки он қадар арзиши гарон надорад. Агар ба ҳамон миқдор маблағ як килограмм биринҷ гирему каме аз сабзавотҳои наздиҳавлигии худ истифода барем, метавонем худро бо таоми серғизову хушлаззатро таъмин кунем. Акнун худатон муқоиса намоед, ки 5 дона ролтон чӣ қадар қувваи ғизоӣ дораду як дег оши палав чӣ қадар?! Ин таоми омоданамудаи мо дар таркибаш чӣ қадар фоида дорад, зеро биринҷ, гӯшт, сабзавотҳо фоидаовар буда, ғизонокиашон хеле баланд аст. Ё ин ки бо ҳамин миқдор маблағ як ё якчанд ҳасибчаро метавонем харидорӣ намоем, ки ба он як кӯдаки хурд қаноат карда метавонад. Як килограмм биринҷ бошад, як оиларо сер мекунад. Ҳаминро дар хотир бояд дошт, ки харидории ноҷои мо метавонад ҳам ба иқтисодиёти оила, ҳам ба организм зарар расонад.
Полуфабрикатҳо чӣ гуна маҳсулотанд?
Полуфабрикат аз калимаи лотинии fabricatus гирифта шудааст ва маҳсулотест, ки аз коркарди аввалия гузаштааст, вале барои ба истифода ва истеъмол мувофиқ шудан ба коркарди минбаъдаи ниҳоӣ ниёз дорад. Полуфабрикатҳо маҳсулотҳое нимтайёре мебошанд, ки барои аз нав тайёр карданашон то 20 дакика вакт лозим аст. Ба полуфабрикатҳо маҳсулотҳои хамирии яхкунонидашуда, гӯшти яхкунонидашуда, тушбераҳои тайёри яхкунонидашуда, ролтон, ҳасибчаҳо, картошкақоқак (чипси) ва дигар маҳсулотҳо дохил мешаванд. Лозим ба таъкид аст, ки маҳсулотҳои полуфабрикатӣ барои организм зарари ҷиддӣ доранд. Барои исботи факти изҳоргашта якчанд зиёни полуфабрикатҳоро қайд менамоем…
- Каллорияи аз ҳад зиёд доранд, зеро барои полуфабрикатҳо гӯшти бесифатро интихоб намуда, равғани зиёд илова мекунанд. Аз ин рӯ, маҳсулот аз ҳад зиёд боравған шуда, боиси фарбеҳшавӣ ва зиёдшавии холестерини хун мешавад.
- Ба онҳо намаки бисёр ҳамроҳ мекунанд, ки ба гурдаҳо зарар дорад. Инчунин, барои ҳосил кардани мазза ва бӯйи махсус иловагиҳои аз ҳад зиёд омехта мекунанд.
- Ҳамеша хавфи бо микроорганизмҳои касалиовар заҳролуд будани маҳсулот мавҷуд аст, ки ин сарчашмаи бемориҳост.
Агар дар маҳсулотҳои полуфабрикатӣ мазза ва таъми аз ҳад баланди зиравориҳо эҳсос шавад, пас ин нишонаи камбудии маҳсулот аст, ки бо бӯйу маззаи сунъӣ пӯшонида шудааст. Агар шумо дар қоғазпечи маҳсулот «гидрогенизированний» ё ки «фракционированний» гуфтанӣ навиштаҷотро хонед, аз харидории чунин навъи маҳсулот худдорӣ кунед.
Табибон ва диетологҳо дар як моҳ танҳо чор маротиба истифода ва истеъмоли маҳсулотҳои полуфабрикатиро тавсия медиҳанд. Муҳаққиқони амрикоӣ муайян кардаанд, ки қариб нисфи маҳсулотҳоте, ки одамони муосир истеъмол мекунанд, маҳсулотҳои нимтайёр мебошанд.
Истеъмоли аз ҳад зиёди полуфабрикатҳо хатари сар задани чунин бемориҳоро дорад:
– Хавфи афзоиши саратон;
– Бемориҳои дил; диабети қанд ва фишори баланди хун;
– Зиёд гаштани арбеҳӣ;
– Унс гирифтан ба чунин навъи маҳсулот, ки бо таъми зираворию намакҳои хушбуяш организми инсонро омӯхта мекунанд ва минбаъд организм ба таъми гуворояш эҳтиёҷи доимӣ пайдо мекунад;
– Эҳтимолияти инкишофи бемориҳои ҳозима ва кам шудани миқдори витаминҳо ва моддаҳои ғизоӣ дар бадан;
То чӣ андоза ба талабот ҷавобгӯ будани чунин маҳсулотҳои полуфабрикатиро фаъолони ҷамъиятӣ ва табибони Новосибирск дар яке аз нишастҳои клуби матбуоти Иттифоқи журналистони Новосибирск муҳокима карданд. Иштирокчиёни мизи мудаввар зимни сӯҳбат оид ба маҳсулоти мазкур мисолҳои аҷиб оварданд. Директори маркази федералии ғизои солими Сибир гуфт: “Ба наздикӣ аз чор корхонаи истеҳсолӣ самбӯса ва котлет харида, барои таҳлил ба ду лаборатория фиристодем. Натиҷаҳои даҳшатнок ба даст овардем. Таркиби маҳсулот ба маълумоти навиштаҷоте, ки дар тамғақоғаз буд, тамоман мувофиқат намекард. Дар ҳолате, ки ҳуҷҷатҳои меъёрӣ мавҷудияти 80% гӯшти пурраро талаб мекунанд, дар таркиби онҳо танҳо 34% гӯшти пурра аст ва боқимонда риштаҳо, чарбу крахмал ва иловагиҳои гуногун буданд».
Ин маълумот моро як бори дигар ҳушдор медиҳад, ки ба навиштаҷоти тамғақоғаз набояд бовар кард.
Парҳез кардан аз ин навъи маҳсулот барои саломатии худ ва оилаамон фоидаовар аст. Агар вақт набошад, дар шароити хона метавонем рӯзҳои истироҳатӣ наъҳои гуногуни маҳсулотро дастӣ тайёр карда, дар яхдон нигоҳ дорем, ва минбаъд тули ҳафта маҳсулоти омодашударо истеъмол кунем. Ҳамроҳи оила ва барои наздикони омода кардани хӯрок низ лаззати худро дорад, ҳам наздикон саломат мемонанд, ҳам дар оила меҳру муҳаббат ҳукмфармо мегардад.
Шоира МАДАЛИЕВА