Аз қадимулаём барои мардуми тоҷик бозор мавқеи хоса дошта, он ҷои табодули молу коло, савдо, қонеъ кардани ниёзи мардум, ҷои фаҳмидани воқеаҳои гуногун, қонеъ кардани талаботи рӯзмарраи шаҳрвандону меҳмонон ба шумор мерафт. Бисёр шаҳру ноҳияҳои аморати Бухороро маҳз аз рӯи номи бозорҳо метавон шинохт. Инро дар мисоли Янгибозору Душанбе ва Янгиюлу Шаҳрисабз ва ғайраҳо метавон ном бурд.
Соли 1924 ба ҳайси пойтахти Республикаи автономии Тоҷикистон роҳбарони болшевикҳо маҳз деҳаи хурди Душанберо интихоб намуданд, ки рӯзҳои Душанбе дар ин деҳа бозор баргузор мешуд. Дар гузашта дар бозорҳо асосан анвои хӯрдании кишоварзӣ ва чорво савдо мекарданду мардум ниёзи худро ба маҳсулоти саноатӣ асосан бо роҳи шиносбозиву хешутаборгарӣ аз мағозаву дӯконҳо ва базаҳои савдои кооператсияи матлубот ва савдои давлатӣ қонеъ менамуданд. Нархи молу колои саноатӣ чанд баробари нархи муайянкардаи давлат ба фурӯш гузошта мешуду савдогарону мудирони базаҳо, мағозаву дӯконҳои он замон шахсони аз ҳама соҳибэҳтироми вақт ба шумор мерафтанд. Ҳол он ки, дар қонунгузории вақти шӯравӣ ҳатто барои 0,01 тин ҷазо ҷиноятӣ пешбинӣ карда шуда буд, вале ҳатто чунин ҷазоҳои сангин пеши роҳи қаллобону ҷаллобонро гирифта наметавонист. Савдогарон низ мардуми соҳибэҳтиром ба шумор мерафтанд, ки доим мардум пеши ин табақа хору мазлум буданд. Танҳо бозсозии даврони горбачёвӣ низоми давлатдориро ба раванди бо номи «Иқтисодиёти бозорӣ» равона намуду дарҳои оҳанини шӯравиро шикаст ва ба мардум як озодии том бахшид. Байни мардум бозорҳое аз қабили ҷумъабозорҳою якшанбебозорҳо ба вуҷуд омаданд. Кам-кам мардум он ҷо либосаворию пойафзолҳои хориҷаи дуру наздикро савдо менамуданд.
Аз солҳои 80-ум ва аввали соли 90-ум системаи сотсиалистии болшевикону коммунистон аз пӯсидашавиашон дарак доданд. Аллакай системаи савдои давлатию кооператсияи матлубот дар таъмини аҳолӣ ҳатто бо маҳсулоти аввалияи рӯзгор мушкилӣ мекашид. Ин буд, ки худи роҳбарон ва падарони демократияи шӯравӣ қулфҳоро шикаста, аввалин маротиба касби тамоман навро бо номҳои тоҷирону савдогарони бозор ва воридкунандагону содиркунандагон ба амал бароварданд. Дар муҳлатҳои басо кӯтоҳ қариб ки пурра тамоми истеҳсолкунандаҳои ватанӣ аз байн рафтанд, ки ҳатто коғази ташнобу тамоми анвои хӯрданиву ниёзи аввалиндараҷа аз хориҷи кишвар ворид карда мешуд. Ин ҷо агар сабаби асосӣ канда шудани робитаҳои иқтисодӣ ё кооператсияи тарафайни молу коло бошад, тарафи дигари масъала – ин ҷанги бародаркуш ба шумор мерафт. Ин буд, ки дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои олии кишвар, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд моҳи ноябри соли 1992 баргузор гардид, ба мардум раиси Шӯрои олии тозатаъин ваъдаи сулҳу салоҳу озодии комилро дод.
Аввалин нуқтаву бозорҳои нав дар шаҳри Душанбе солҳои 1992-93 дар минтақаи роҳи оҳани шаҳри Душанбе ва хонаи хизмати маишии «Садбарг» ва меҳмонхонаи Душанбе (Пойтахт) кушода шуда буд. Баъдан чунин бозорҳо бо номи «Ганҷина»-ю «Панҷшер» дар минтақаи бозори «Саховат» кушода шуданд, ки роҳбарони ин бозорҳою марказҳои савдо ҳар сари чанд вақт гӯё дар ин бозорҳо навсозиву бозсозӣ намуда, то метавонистанд аз соҳибкорон маблағ ҷамъоварӣ менамуданд. Соҳибкор байни ҳавою замин гӯё муаллақ монда буду имрӯзу пагоҳ ба сарашон чӣ меояд, намедонист.
Соли 2002-юм дар моҳҳои сентябр-октябр бинобар мутобиқат накардани бозорҳои «Ганҷина» ва Панҷшер» ба меъёрҳои бехатарӣ аз сӯхтору беҳдошти санитарӣ баста шуданд ва бо амри раиси шаҳри Душанбе тахрибу бозсозӣ намудани ин ду бозор оғоз гардид. Дар натиҷа соҳибкори ватанӣ зарарҳои басо ҷиддӣ дид. Аз ҳамон вақт сар карда раиси пешини ноҳияи Ленин (Рӯдакии ҳозира) Холмуҳаммад Машрабов ба сохтмони бозори намунавӣ оғоз намуд, ки дар он замон ҳамто надошт. Аллакай аз моҳи январи соли 2003-юм сар карда бозори «Корвон» оҳиста-оҳиста ба кор сар намуд. Нахуст дар қисми аввали бозор, ки дар вайронаҳо обод карда шуда буд, дар майдони 8 га замин бозори замонавӣ бо тамоми инфраструктурааш сохта ба истифода дода шуд. Хубии ин бозор дар он буд, ки берун аз шаҳр сохта шуда буд ва ба ҳамаи самтҳои Тоҷикистон роҳ кушода ва тавқифгоҳҳои бузурги нақлиётиро низ доро буд. Барои ҳар гуруҳи молҳо ҷойҳои алоҳида пешниҳод карда шуда буд. Инро дар мисоли ҷойҳои махсуси фурӯши мол, аз қабили пойафзоли занона, мардона, кӯдакона ва варзишӣ метавон зикр намуд, ки ҳар кадом дар алоҳидагӣ ба савдо гузошта шудаанд. Ё матову ҷавоҳирот, молҳои маишӣ ва телевизору асбобҳои хоҷагию рӯзгор бо молҳои барқию фарфору шишагин ҳар кадом дар алоҳидагӣ ба фурӯш бароварда мешаванд.
«Бозори Корвон» на танҳо чун ҷои савдо машҳур аст, балки он ҷои таҷрибаи пешқадами тиҷорат байни мардум пазируфта шудааст. Қисми зиёди молу коло дар тамоми марзҳои ҷумҳурӣ аз «Бозори Корвон» гирифта мешаванд. Аз ҳама асосиаш давоми 16 соли охир маҳз туфайли ин бозор як касабаи нав бо номи тоҷир ё соҳибкор ба миён омада, ба тамоми ҳудудҳои Тоҷикистони азиз ва берун аз он интиқол ёфт. Маҳз дар «Бозори Корвон» роҳҳои пешқадами рекламаи молу коло ба роҳ монда шудааст. Дар гузаштаи начандон дур, то соли 2016 дар ин бозор, ки дар 23,4 га замин фаъолияти корӣ дошт, 9 ҳазор соҳибкорон соҳиби ҷои кори доимӣ буданд. Зиёд маблағҳоро ба буҷети шаҳри Душанбе маҳз соҳибкорону соҳибмулкони ин бозор пардохт менамуданд.
Мувофиқи иттилои сардори Нозироти андоз дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Аҳлиддин Давлатзода, «саҳми ҶДММ «Бозори Корвон» ва соҳибкорони дар ғанӣ гардонидани буҷаи кишвар басо калон буда, нақши директори он муҳтарама Мавлонова Ҳалима беназир мебошад. Зеро муаллимаи азиз худашон дастпарвардаи мақомати андоз буда, то ба вазифаи муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати кишвар фаъолияти корӣ доштанд. Ин аст, ки ягон вақт мақомоти андози ҷумҳурӣ дар ин бозор проблема оид ба пардохтҳои давлатӣ надоштанд. Пардохти ҳамаи андозҳо дар вақташ ва бо сифати баланд ба иҷро расонида мешавад. Он кас чун мураббию устоди азизи мо ҳамеша мададгори кормандони мақомоти андоз мебошанд. Дар “Бозори Корвон” барои онҳое, ки аз пардохти андоз сарпечӣ менамоянд ё пардохтҳои давлатиро дар вақташ пардохт наменамоянд, ҷой нест, чунки муаллима худ намунаи ибрати дигарон буда, дар масъалаи дар вақташ супоридани андозҳо бисёр сахтгиранд”.
Боз, фарқияти “Бозори Корвон” аз дигар бозорҳои дар гузашта маъруф аз он иборат аст, ки соҳибкор бору колои худро дар ҷои ба ӯ додашуда ба савдо гузошта, баъди тамом шудани вақти корӣ онро ба нигоҳбонҳои бозор супорида, орому осуда ба манзилаш меравад. Дар гузашта бошад, ҳазорон аробаҳои ғунҷоишашон гуногунро баъди итмоми рӯзи кории савдо молҳоро ҳар бегоҳ барои нигаҳдорӣ ба дигар ҷойҳо интиқол медоданд, ки ҳам оромии шаҳрвандон вайрон мешуду ҳам бехатарии роҳу ронандагон. Гузашта аз ин, худи соҳибони мол ё фурӯшандагон баҳри бехатарии молу колои худ дар азоб буданд.
Баъди ҷудо шудани ҶДММ “Бозори Корвон” аз “Корвон+” масоҳати умумии ҳозираи бозор 8 га-ро ташкил намуда, дар он ҳамагӣ 2850 соҳибкор кору фаъолият намуда, зиндагии худро пеш мебаранд. ҶДММ “Бозори Корвон” дар ҳама корҳои ободкорию эҳсонкориҳои шаҳрдорию ҷумҳурӣ фаъолона иштирок менамояд, ки агар ном ба ном ҳар яки онро номбар кунем, чанд дафтар пур мешавад. Мо ҳамагӣ се кори онҳоро номбар менамоем. Давоми солҳои зиёд ин муассисаи бонуфуз ба мактаб-интернати томактабии №2-и шаҳри Душанбе ба таври доимӣ ёрии амалии худро расонида омада, аз соли нави 2018-ум ёрии доимии худро ба беморхонаи ҷумҳуриявии касалиҳои руҳии ноҳияи Рӯдаки низ оғоз намуд. Гузашта аз ин, соҳибмулки ин бозор Нуршедҷон Машрабов дар деҳаи Оби Шифои ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ мактаби замонавиро бо ғунҷоиши 640 хонанда дар як баст ва бо тамоми шароитҳои хониш, аз қабили ошхонаҳо, майдони варзишию толори варзиш, маҷлисгоҳу утоқҳои фаннӣ пурра аз ҳисоби маблағҳои худ сохта истодаанд, ки маблағи умумии хароҷотҳои соҳибмулк беш аз 8,7 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Ба ғайр аз ин, ҶДММ «Бозори Корвон» қисми 47-уми ҳарбикунонидашудаи сӯхторхомушкуниро бо ду автомашинаи сӯхторхомушкунию хароҷотҳои техникии ин қисмро ба зимма дорад ва барои нигаҳдории тартиботи ҷамъиятию оромии шаҳрвандон шуъбачаи милисаи “Корвон”-ро иборат аз 10 нафар хароҷотҳоро пардохт менамояд.
Баҳри ғанӣ гардонидани буҷаи кишвар моҳе танҳо аз ҳисоби худи бозор маблағҳои беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба буҷа интиқол дода мешавад. Танҳо дар сӯхтори соли гузашта на ин ки соҳибкорон, балки худи бозор низ аз ҳисоби амволи худ зарари басо ҷиддӣ дида буд. Вале ба ин нигоҳ накарда, аз тарафи маъмурият ва соҳибмулк бо харҷи аз 850 ҳазор то 1 млн сомонӣ 400 ҷойи тиҷоратӣ дар кӯтоҳтарин муҳлат сохта ба истифода дода шуданд, ки имрӯз он соҳибкороне, ки зарар дида буданд, пурра ба фаъолият машғуланд. Тибқи қарори дахлдор ин соҳибкорон 2 сол аз пардохти иҷора ва чекҳои якдафъаина озод карда шудаанд. Гарчанде ҳеҷ вақт офат аз омадани худ моро хабар накунад, вале соҳибмулк тамоми кори аз дасташ омадаро баҳри сабукиҳо овардан ба соҳибкорон иҷро намуд, зеро онҳо низ дар пайи ин офат зарари басо ҷиддӣ дида буданд. Зиндагӣ ҷараён дорад ва имрӯз харидори тоҷик ниёз ба як шароити боз ҳам хубу қулай ва дар доираи меъёрҳои байналмилалӣ мебошад. Ин аст, ки тибқи қарори ҷаласаи проколии ҳукумати кишвар “Бозори Корвон” давоми се соли минбаъда бояд бозсозӣ карда шавад.
Мувофиқи суханони директори ҶДММ «Бозори Корвон» Мавлонова Ҳалима, «аллакай баъди ҷаласа ва гирифтани супориши лозима мо чанд намуд лоиҳаю тарҳҳоро омода намудаем, ки яке аз дигаре зеботару қулайтар мебошанд. Ман фикр мекунам, ҳар яке аз ин лоиҳаю тарҳҳо ба зебогии Душанбешаҳр як зебогии дигар зам мекунанд. Баъди омӯхтани як комиссияи салоҳиятнок мо корро оғоз хоҳем кард ва “Бозори Корвон» дар се марҳила бозсозӣ карда хоҳад шуд, ки он аз таҳхонаву таваққуфгоҳҳо ва се ошёна иборат буда, барои фаъолияти соҳибкорӣ ва харидор тамоми шароити лозима фароҳам оварда мешавад. Ин бозори нав дар доираи тамоми навовариҳои тиҷоратию хизматрасонӣ ва нигоҳдории молу коло ба роҳ монда шуда, ҳар як гуруҳи мол дар ҷои барои он пешбинишуда чун дар намоишгоҳҳо гузошта мешавад. Яъне дар ин бозор, чун намоишгоҳ фурӯшгоҳҳо дар як комплекси басо бузург сохта мешаванд, ки назираш дар минтақа нест».
Ба изҳори Ҳалима Мавлонова, “кулли пешравию озодии соҳибкорон ва гулгулшукуфоиву амнияти кишвар – ин хизмати Пешвои муаззами миллат ва доҳии тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар ин раванд, хизмати раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки баҳри ободии пойтахти кишвар хизмат намуда истодаанд, шоисаи таҳсин аст”.
Ҳоло дар ин бозор 160 нафар коргарон фаъолияти корӣ доранд, ки ба ҳар яке аз онҳо қитъаҳои алоҳида вобаста карда шудааст. Амният ва нигоҳбонии бозорро бошад, ниҳоди махсус нигоҳбонӣ менамояд. Ҳар як ваҷаб ҳудуди бозор зери назари дурбинҳои назоратӣ қарор дошта, дилхоҳ қонуншикан ва ё вайронкунандаи тартиботи ҷамъиятӣ ба зудӣ муайян карда мешавад. Яъне ин бозор яке аз амнтарин нуқтаҳо дар кишвар ба ҳисоб меравад ва тамоми коргарони ин ниҳод бо сарулибоси махсуси фарқкунанда ва лавозимоти техникии хабаркунанда таъмин мебошанду бо кормандони милиса робитаи хуби корӣ ба роҳ монда шудааст. Сарварии ин ниҳодро Юсупов Баҳовиддин, ки аз рӯзҳои аввали сохташавии бозор дар он фаъолият менамояд, ба ӯҳда дошта, худи ӯ тамоми бозорро бо ҷузъиёти хурдтаринаш хуб медонад.
Асоси рисолати ҶДММ «Бозори Корвон» аз он иборат аст, ки аввалин маротиба дар Тоҷикистони соҳибистиқлол соҳибкор ё тоҷиру фурӯшанда батамом худро озод ҳис намуда, дар воридоти молу коло таҳти ҳимояи пурраи давлат қарор дорад ва соҳибмулку роҳбарияти бозор дар масъалаи ҳимояи ӯ тамоми чораҳои заруриро андешидаанд. Дилхоҳ молро тоҷирон дар асоси маркетинг ё омӯзиши талаботи бозор вобаста ба сармояашон ворид менамоянд. Танҳо аз тарафи давлат онҳо вазифадор карда шудаанд, ки сари вақт андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмиро пардохт намоянду халос.
Аз рӯи суханони Нурхон ном ҳамсуҳбатамон, ки тоҷири “Бозори Корвон» буду зодаи ноҳияи Термурмалик аст, «ман муддати беш аз 16 сол боз дар “Бозори Корвон” бо се фарзандам ва як келинам фаъолияти соҳибкорӣ дорем. Тӯли ин солҳо фақат ва фақат аз тарафи соҳибмулк ва роҳбарияти бозор аз тамоми ҷиҳатҳо ба мо кӯмак расонида мешавад. Давоми ин солҳо мо ҳам соҳиби хона шудему ҳам чанд тӯй карда, фарзандҳоро оиладор намудем. Ин бозор бисёр нафаронро соҳиби сармоя намуду соҳиби пулу мол ва обрӯ, бинобар ин, ман ба соҳибмулк ва роҳбарияти бозор аз даргоҳи Худованд фақат умри дарозу саломатиро хоҳонам”.
Ба гуфтаи Қарахонов Шералӣ, сокини маҳаллаи 65-уми пойтахт, “хизмати Холмуҳаммад Машрабов ва писарашон Нурмуҳаммад, ки “Бозори Корвон”-ро дар як вайрона аз сифр бунёд намудаанд, пеши соҳибкорону тоҷирон басо бузург мебошад. Чунки дар гузашта давоми даҳ сол мо соҳибкорон ҷои аниқи тиҷорату даромад надоштем. Соли 2002, вақте корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд, ман аз аввал то охир дар ин сохтмонҳо саҳми худро гузоштам. Ва ин ободиву фаровоние, ки мебинед, хизмати оилаи Машрабовҳо мебошад. Воқеан, Холмуҳаммад Машрабов яке аз вафодортарин нафар дар командаи кории Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мерафт ва хизматҳояшон дар назди ин миллату давлат басо зиёд аст”.
Аз рӯйи суханони Шералӣ ном сокини кӯчаи Ҷомӣ, ки дар гузашта сокини шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Тамошотеппа будааст, «охири соли 2002 ман як нуқтачаро гирифта, ба тиҷорати либоси кӯдакона машғул гардидам. Баъдан ду бародару чанд хеши дигарамро низ ба фаъолияти соҳибкорӣ ҷалб намудам. Имрӯз мо ҳамагӣ ба туфайли осмони софу тинҷиву оромӣ ва хизматҳои арзандаи Пешвои муаззами миллату соҳибмулки ин бозор соҳиби хонаву дари ободу мошину дару дӯконҳо гардидаем, ки дар гузашта онро дар хоб ҳам орзу карда наметавонистем. Барои мо тамоми шароит муҳайё карда шудааст. Савдо шудани молу коло ин аз худи мо соҳибкорон вобаста аст, ки оё талаботи бозорро ба инобат гирифтаем ё на? Бояд соҳибкори имрӯза ҳам аз ҷиҳати ақлонӣ ва ҳам аз ҷиҳати руҳӣ пурра ба рақобати бозор омода бошад. Агар мо талаботи ҳаррӯзаи бозорро аз назар дур монем, дар андак вақт мумкин аст, ки муфлис гардем. Яъне ин ҷо менеҷмент – талаботи бозорро ҳамеша дар назар бояд гирифт. “Бозори Корвон” асоси тамоми бозорҳои минтақа буда, нарху навои ин ва ё он мол танҳо тавассути ин бозор риоя карда мешавад. Ман аз бобои раис ва фарзандонашон, ки барои мо чунин шароитҳои беҳтаринро муҳайё кардаанд, миннатдор буда, ҳамеша хоҳони саломатиашон ҳастам”.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

ШАРҲИ МО:
Мавлонова Ҳалима Файзиевна 8-уми марти соли 1956 дар ноҳияи Ҳисор дар оилаи журналист таваллуд шудааст. Соли 1973 мактаби рақами 2 ба номи С. Айниро бо баҳои аъло хатм намуда, худи ҳамон сол ба Донишкадаи политехникии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси муҳандиси сохтмон ва иқтисодчӣ дохил гардида, онро соли 1978 бо баҳои аъло хатм намудааст. Солҳои 1978-81 – Раёсати омори шаҳри Душанбе, иқтисодчии калон. Солҳои 1981-90 – Шуъбаи молияи ноҳияи Роҳи оҳани шаҳри Душанбе, иқтисодчии калон. Солҳои 1990-91 – сардори шуъба дар Шуъбаи молияи ноҳияи Роҳи оҳан. Солҳои 1991-93 иқтисодчии калони Вазорати молия. Солҳои 1993-96 сардори Нозироти андози ноҳияи Роҳи оҳани шаҳри Душанбе. Солҳои 1996-99 сардори Раёсати Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ. Солҳои 1999-2002 муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ. Аз соли 2002 то имрӯз директори ҶДММ “Бозори Корвон”. Ду навбат депутати шаҳрӣ, як навбат депутати ноҳияи Фирдавсӣ. Оиладор ва роҳбари намунавӣ. Модари 3 фарзанд ва бибии 8 набера.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь