Дар ин чанд соли охир мавзӯҳои Сурия, Ироқ, Украина ва бӯҳрони молиявӣ то андозае фазои иттилоотиро дилгир намудаанд. Ин аст, ки хонандаи азиз имрӯзҳо беш аз ҳарвақта ба танзу ҳаҷв ва зарофат ниёз дорад. Дар робита ба ин, хостем чанд ҳазлу танзро пешкаши хонандагони гиромӣ гардонем. Азбаски муаллифи ин сатрҳо нисфи мӯйи сарашро дар бонк сафед намудааст, саҳифаи мазкур ба мавзӯи бонк ва фаъолияти бонкӣ бахшида мешавад.

Тарбия ба воситаи кредит
Мутахассисони Амонатбонк хусусиятҳои тарбиявӣ доштани қарзи бонкиро кашф намуданд: Як қарздори бонк бо номи Артур бо шарофияти қарз бо асъори хориҷӣ ва болоравии қурби доллар хислатҳои носкашӣ, сигоркашӣ ва шаробнӯширо партофта, дигар шабона ба назди занҳои сабукпо рафтанро қатъ намуд. Ба наздикӣ зимни санҷиши мақсаднок истифодабарии қарз маълум гардид, ки Артури дар Рамазон ҳам рӯза намегирифта ҳафтае ду маротиба рӯза мегирад ва вегетериян низ гардидааст.

Ариза
Аз аризаи нафақагире, ки корти бонкии ӯ дар банкомат руст мондааст:
«Ба Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк»!
Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки зимни гирифтани нафақа банкомати гурусна маро саволборон намуда, оқибат корти нафақавии маро хӯрд. Илтимос, онро аз шиками оҳанини ӯ гирифта, ба ман баргардонед».

Рекламаи ғайриодӣ
Ауидиторони Амонатбонк дар яке аз филиалҳои бонк эълони аҷиберо канда бекор намуданд. Дар тахтаи тарғиботии филиал бо ҳарфҳои калон-калон чунин навишта шуда буд: «Пешниҳоди қарз дар давоми як соат. Ҳамагӣ чор намуд ҳуҷҷат талаб карда мешавад. Зимни бозгардонидани қарз ба рӯй намезанем».

Тамоси телефонӣ
– Алло? Ин ҷо Амонатбонк?
– Бале. Шуъбаи қарздиҳӣ Шуморо гӯш мекунад.
– Оё Шумо қарзи бе гарав ва бе кафил медиҳед?
– Бале. То 5000 сомонӣ.
– Агар ман қарзро баргардонида натавонам, чӣ мешавад?
– Агар натавонед, дар назди Худованд ҷавоб хоҳед гуфт.
– Дар назди Худованд ҳамон вақт ҷавоб мегӯям, ки ба он дунё сафар кунам.
– Агар 6-ум мӯҳлати қарзатон бошаду Шумо онро баргардонида натавонед, рӯзи 7-ум ҳатман сафар хоҳед кард.
– …

Нақша-бизнеси ғайриодӣ
– Алло? Амонатбонк?
– Бале. Департаменти қарздиҳӣ Шуморо гӯш мекунад.
– Барои чӣ дархости ман оид ба гирифтани қарз дар ҳаҷми як миллион сомонӣ рад карда шуд?
– Чунки нақшаи тиҷоратии Шумо моро қаноатманд карда натавонист. Ин чӣ гуна нақша аст, ки аз як банд иборат аст:
1. «Харидории 200 ҳазор дона Лото-Спорт».

Сирри бонк
Писари як раиси бонк аз падар мепурсад:
– Падар, ту аз куҷо даромад мегирӣ? Ман дар мактаб хондам, ки бонк пули мардумро ҷамъ мекунад ва боз онро бармегардонад. Фоида дар чист?
Падар каме лабханд мекунад ва ба писар як лаълиеро дода, мегӯяд:
– Рафта аз зарфе, ки модарат қайла пухтааст, чор дона гӯшти қайлашударо биёр.
Писар рафта, чор дона гӯшти қайлашударо барои падар меорад.
Падар мегӯяд:
– Рафта гӯштҳоро боз дар ҷояшон гузору лаълиро биёр.
Писар ин корро анҷом медиҳад. Падар ба писар лаълиро нишон дода, мегӯяд:
– Гӯштҳои қайлашударо овардӣ ва боз бурда, дар ҷояшон гузоштӣ. Аммо лаълӣ равғанин шуд-ку! Акнун фаҳмидӣ сирри бонк дар чист?

Амонатбонк қарз надод
Ҷавонеро дар яке аз филиалҳои Амонатбонк бо вуҷуди пешниҳоди тамоми ҳуҷҷатҳо қарз надоданд. Сабабаш дар он буд, ки ӯ дар саволномаи қарзгир дар сатри даромадҳои иловагӣ навишта буд: «3-4 магнитофони мошин дар як ҳафта. 4 балони мошин дар як моҳ».

БДА
Мошини як корманди Амонатбонк баъди вайрон намудани қоидаи ҳаракат дар роҳ аз тарафи нозири роҳ боздошт мегардад:
– Нозири БДА – Каримов! Марҳамат, ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод намоед!
– Корманди БДА Пириев! Хуб шудааст!
– Шумо дар ҳақиқат корманди БДА?
– Бале.
– БДА-и шаҳрӣ ё ҷумҳуриявӣ?
– «Головной».
– Ман ҳамон ҷо кор мекунам, шуморо намебинам-ку!?
– Ин чӣ гуна китоб аст, медонед?,- гӯён аз ҷузъдон китоберо ба дасти корманди БДА медиҳад.
– Албатта, медонам. Қуръони Каримро кӣ намешиносад?
– Бо ҳамин китоб қасам хӯрам, бовар мекунед, ки ман корманди БДА ҳастам?
– Ако, ин тавр нагӯед, ман аллакай бовар кардам. Роҳи сафед,- гӯён, нозир ҳуҷҷатҳои корманди бонкро бармегардонад.
Ронанда ҳуҷҷатҳояшро гирифта, мошинро ба ҳаракат медарорад ва ин дам ҳамсари корманд, ки дар нишастгоҳи қафо нишаста буд, ба шавҳар мегӯяд:
– Мардак, чаро дурӯғ мегӯӣ? Ҳамин қоидавайронкунии ту кирои дурӯғ гуфтан надошт, бигузор ҷарима мекарданд, лекин дурӯғ намегуфтӣ.
– Ман дурӯғ нагуфтаам. Ман дар ҳақиқат корманди БДА ҳастам ва тайёрам барои ин қасам хӯрам:
БДА, яъне Бонки Давлатии Амонатгузорӣ.

Таҳвилхона
Фаррошзан як саҳар ба утоқи кории мудири филиали бонк даромада, аз мудир мепурсад:
– Раис, аз ҳамон калиди таҳвилхона як дона ба ман ҳам медодед.
Мудир ҳайрон шуда, мегӯяд:
– Барои чӣ? Калиди таҳвилхона тибқи қонун ба ғайри ман, сармуҳосиб ва хазиначӣ дигар дар дасти касе буда наметавонад.
– Охир, ман ҳар саҳарӣ бо мехи калони фаршшӯяк дари таҳвилхонаро кушода, даруни онро рӯбучин мекунам. Агар калид мешуд, бе мушкилӣ ин корро анҷом медодам.

Қарз гирифтан мехоҳед?
Як мудири филиал дар маҷлиси солона аз тарафи раиси Раёсати бонк барои наандешидани чораҳои дахлдор ҷиҳати бозгардонидани қарзҳои таъхирёфта танқиди зиёд шунид. Баъди бозгаштан ба ноҳия аввалин чорае, ки дар ин самт андешид, ин насби чунин як эълони аҷиб дар тахтаи тарғиботии филиал буд:
«Агар Шумо бо фоизи паст қарз гирифтан мехоҳед, ба Шумо рӯйхати қарзҳои ба таъхир афтодаи мушкилситони филиал пешниҳод карда мешавад. Шумо аз ҳисоби маблағҳои баргардонидаатон қарз хоҳед гирифт».

Кӣ ҳаётро нағз мефаҳмад?
Нафақагире зимни гирифтани нафақа дар навбат назди хазинаи бонк ба дӯсти деринааш ғур-ғур мекард:
– Ман дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карда, то ба шаҳри Берлин душманро дунболгирӣ намудаам, дар зиндагӣ се маротиба дучори садамаи автомобилӣ шудаам, ду маротиба зан гирифта, боз ҷудо шудаам, танҳо дар маротибаи сеюм ман оилаи ҳақиқиамро бунёд намудам, се маротиба аз бонк қарз гирифтаам ва аз ин ду маротиба ба ҷои қарз амволи гаравамро бонк аз худ намуд ва маротибаи сеюм қарори суд оид ба бозгардонидани қарз ба фоидаи ман ҳал гардиду оқибат бонк қарзи маро аз тавозун хориҷ намуд. Аммо ин саҳар набераи ман мегӯяд: «Бобо, ту ҳаёта намефаҳмӣ».

Сирри лоғаршавӣ
– Алло? Дугонаҷон, расмҳоятро дар Instagramma дидам, хеле зебо. Чи хел вазни зиёдатиатро якбора партофтӣ? Сирри парҳезиатро ба ман намегӯӣ?
– На. Намехоҳам касе аз ин сирр огоҳ шавад.
– Дугона, ту медонӣ, ки ман безор шудаам аз фитнес рафтан, монда шудаам аз нахӯрдани яхмосу кабоб. Ҳеҷ не, ки аз 95 ба 85 расам. Бигӯй асрори ин корро. Духтари кӣ будани маро медонӣ-ку! Чӣ хоҳише, ки дорӣ, иҷро менамоям.
– Ман танҳо як хоҳиш дорам: ягон кас қарзи аз бонк бо доллар гирифтаи маро пардохт намояд.

Сабаби калон шудани гӯш
Як ҷавон дар боғи истироҳатии назди парчам дар сояи дарахте ба духтари дӯстдоштааш мехоҳад худро таърифу тавсиф намуда, таассуроти нек бахшад:
– Ин захме, ки дар рӯи ман мебинӣ, осори ҷанги тан ба тан бо хирс ҳангоми шикор дар дараи Ромит аст. Хирс тоқати муҳориба бо манро накарда, гурехт.
– Ана ин доғҳои дар муштони ман буда пайи ҷоғи чанд авбошанд, ки шаш моҳ пеш мехостанд як духтаракро дар ин боғ озор диҳанд. Ман ҷоғи чанд нафарошонро шикасатам ва онҳо гурехтанд. Худам ҳис накардам, ки чи тавр муштҳои ман хуншор шудаанд.
– Ин пайе, ки дар гарданам намудор аст, ҳангоми наҷотдиҳии кӯдаке аз ғарқшавӣ дар дарёи Душанбе ба вуҷуд омад. Он рӯз ман доду фарёди модари кӯдакро дида, худро ба дарё партофтам ва кӯдакро аз ғарқшавӣ наҷот додам, вале пӯсти гарданамро як сим харошида, пайи он то имрӯз боқӣ монд.
Ин дам духтарак аз ҷавон мепурсад:
– Барои чӣ як гӯшатон аз гӯши дигар калонтар аст?
Ҷавон як маротиба гӯши калоншудаашро молида, бо дили нохоҳам мегӯяд:
– Ин ҳамту. Қарзи Амонатбонкро сари вақт пардохт карда натавонистам. Каме гӯшмолам доданд.

Олимҷон САФОЛОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь