Ҳарчанд меваю сабзавотҳо дар паҳлӯи одамон умр ба сар мебаранд, вале натавонистанд, ки хислаташонро мисли хислати инсонҳо кунанд. Мегуфтанд, ки харбуза аз харбуза ранг мегирад, аммо меваву сабзавот аз одам ранг намегирифтаанд ва ин рост будааст.

Соли нав бо моҷароҳои нав барои ин ду маҳсулот оғоз ёфт. Мегӯед, чӣ моҷаро бошад? Ҳозир мефаҳмем. Ҳарчанд барои ин моҷароҳо аз ҳарду ҷониб чандин нафарро ҳабс карда бошанд ҳам, ин ба сабзавоту меваҷот дарсе нашуд. Ҳамоно онҳо баҳри ҳар камбуде овоз баланд мекарданд. Албатта, аз оқибати кор андеша намекарданд, ки мабодо моро барои ин корамон паси панҷара набаранд. Худашон-ку майлаш, зану фарзанд, падар, модар, хешу ақраборо низ фикр намекарданд. Мехостанд, ки ноадолатие нисбаташон нашавад.

Дар одамон расм шудааст, ки пеш аз соли нав ё ҷашне нархи маҳсулотро боло баранд. Имсол низ чунин ҳолат такрор ёфт. Ҳарчанд ҳама дар ин бора медонистанд, вале касе намехост нисбат ба ин ҳолат чизе гӯяд. Чун одамон аллакай медонистанд, ки ба савдогар насиҳат на фоида дораду на маънӣ. Ҳатто шоире дар ин бора гуфтааст:

Зи савдогар яке пурсид: – Куҷо шуд адлу инсофат?

Бигуфто, ки тамом шуд адл, фардо бори нав орам.

Аммо дар байни меваҷоту сабзавот ин гапҳо набуданд. Онҳо наметавонистанд ба ҳама чӣ бефарқ бошанд. Агар ҷойе ноинсофиеро медиданд, ҳатман садо баланд мекарданд. Зеро хуб медонистанд, ки ин бор ҳам сабаби болоравии нархҳоро ба камчинии онҳо рабт медиҳанд.

Банан ҳарчанд аҳли ин кишвар набуд, вале аз хулқу атрофи бошандагони ин минтақа ба хубӣ огоҳ буд. Бинобар ҳамин, ҳам вай дар мавриди болоравии нарху наво дар бозорҳо навишт. Хоса дар мавриди болоравии нархи Лимӯ бисёр гуфт. Банан чандин мисолҳо овард, ки Лимӯ фарзанди ҳамин кишвар асту ҳафт пушташ дар ин кишвар муқимӣ буданд. Набояд нархашро боло барад. Агар лозим бошад, барои боло нарафтани нархаш аз сафар ба кишварҳои хориҷа даст кашад.

Лимӯ ба ин ҳама аллакай одат карда буд. Ин маротибаи аввал набуд, ки барои боло рафтани нархаш ӯро сарзаниш мекунанд. Ба навиштаи Банан ҳам аҳамият намедод, агар ин ҷо Лаблабу намебуд. Лаблабу, ки аслу насабаш ва аз куҷо буданаш маълум нест, дар ҳар вазъият худро метавонист тағйир диҳад. Намехост шонси хуби аз Банан қасос гирифтанро аз даст диҳад. Лаблабу бо Банан хусумат дошт. Чун замоне худ он ҷо кор мекард, баъди ошкор гардидани дурӯягиҳояш ӯро аз кор ронда буданд. Акнун ҳама ҷо аз Банан бад мегуфту аз кор ронда шуданашро инкор мекард. Балки мегуфт, ки муҳити бегона барояш писанд наомад ва аз ҳамин сабаб аз он ҷо рафт.

Бо ташвиқу тарғиби хусуматомези Лаблабу Лимӯ бар зидди Банан як раддияи дурударозе навишт. Дар он раддия ба ҷойи он, ки сабаби болоравии нархашро шарҳ диҳад, дар мавриди хатоҳо дар матн ва бо ӯ атрофиёнаш ғараз доштани Банан сухан гуфта буд. Лимӯ Бананро барои андохтани нифоқ байни меваву сабзавот гунаҳкор мекард. Мегуфт, ки Банан, ки аз кишвари дигар аст, танҳо як ҳадаф дорад. Ӯ мехоҳад дар ин кишвар ҷудоӣ андозад. Аммо то вақте Лимӯ ва дигар атрофиёнаш зиндаанд, ӯ ҳеҷ гоҳ ба мақсадаш нахоҳад расид.

Ин ҳама раддия ва баҳсро атрофи он хонда Лаблабу аз хурсандӣ гоҳ сурх мешуду гоҳ сафед. Вай ба хотири дастгирӣ намудани суханони Лимӯ бар зидди Банан як мавод навишт. Дар он мавод аксар сухан дар мавриди худаш мерафт ва Лаблабу худро алломаву Бананро ҷосус мегуфт. Чунон худро васф мекард, ки гӯё ба мисли ӯ донову оқил на дар байни сабзавот ва на меваҷот вуҷуд дорад. Ду-се ҳамраҳони мисли худаш ӯро дастгирӣ мекарданду аз ӯ шахсияти бузурге метарошиданд. Онҳо менавиштанд, ки мисли Лаблабу шахсияте нест. Чун гузаштагони вай алломаи замони худ будаанд. Лаблабуе, ки аслу насабаш ва аз куҷо буданашро худаш ҳам намедонист, дар мавриди худу гузаштагонаш чунон дурӯғномае навишт, ки гӯё маҳз гузаштагони вай асосгузори сулолаи сабзавотҳо бошанд. Ӯ мегуфт, ки баҳри нигоҳ доштани обрӯву нуфузи сабзавотҳо ким-кадом нафаре аз гузаштагонаш як лашкари бузурги кирмҳоро мағлуб кардааст, то онҳо ба сабзавот зарар нарасонанд.

Ҳарчанд ба ин гуфтаҳо на ҳама сабзавоту меваҷот бовар мекарданд, вале онҳо низ намехостанд, чизе гӯянду бо ин Лаблабуе, ки хӯроки инсону гов аст, сарбасар шаванд. Зеро онҳо хуб медонистанд, ки Лаблабу низ мисли Пиёз ба ҳама кор қодир аст. Метавонад бо эҷоди як дурӯғномаи дигаре ҳамаро барбод диҳад.

Хусусан, Себ инро хуб медонист, ҳарчанд Лаблабу худро тарафдори Себ вонамуд мекард. Вале Себ огоҳ буд, ки сабабгори паси панҷара рафтани бародарбузургаш – Себи зудпаз маҳз ана ҳамин Лаблабуи хӯроки чорвову одамӣ аст. Дар ин баробар, Себ медонист, ки ин фикри худро ошкор гуфта наметавонад, зеро ба далелҳояш касе бовар нахоҳад кард.

Банан медонист, ки сабабгори аз ҷониби Лимӯ навишта шудани раддия нисбаташ маҳз Лаблабу аст. Бо вуҷуди ин, ӯ назар ба дигарон ба ин аҳамият намедод. Ӯ аз усули худ истифода мекард, медонист бо беаҳамияти метавон эътибор нисбати худро барбод дод. Бинобар ин Банан ба ин ҳама навиштаҳо гӯё беаҳамиятӣ зоҳир мекард. Ин амал Лаблабуро ба ҷойи он ки дилсард намояд, баръакс барои боз ҳам бештар нисбати Банан бадгӯӣ кардан таблиғ менамуд. Лаблабу бар он андеша буд, ки Банан аз ӯ тарсидааст, бинобар ин дар баробараш ҳеҷ ҳарфе намегӯяд. Аз ин рӯ, чунин навишт: “Дидед, ман чӣ тавр айбҳои Бананро ошкор кардам. Дигар дар баробари далелҳои ман наметавонад ҳарфе занад.”

Лаблабу худаш низ медонист, ки дар асл касе нест ва саводи кофие надорад. Вале намехост инро ба гардан гирад. Баръакси дигар меваҷоту сабзавот вай аз инсонҳо омӯхта буд, ки бо дурӯягӣ зиндагӣ кардан хеле осон аст. Барои ҳамин ҳам аз таҷрибае, ки ҳини канори инсонҳо будан аз худ карда буд, бидуни шарм ва азоби виҷдон истифода мебурд. Лаблабу инро низ хуб медонист, ки бевиҷдон аст…

Ӯ танҳо як сабзавоте асту бас.

Бахтиёр РАҲМАТУЛЛОЕВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь