Хабарнигори МТЖТ оид ба натиҷаҳо ва фаъолияти Нозироти андоз дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ давоми 9 моҳи соли 2023 бо роҳбари он Вализода Убайдулло суҳбати ихтисосӣ анҷом дод. Мавсуф дар оғози суҳбат гуфт, ки нозироти андоз дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти  Хатлон ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои дастуру супоришҳояшон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ҳамчунин, мутобиқи Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023», дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии  ҳуқуқӣ ба роҳ монда, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар ин давра баҳри таъмини рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, ҳамаҷониба таъмин намудани дастгирии давлатии соҳибкорӣ, бахусус, дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва афзунгардонии потенсиалӣ содиротии ноҳия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро ҳамчун самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор дода, дар нӯҳ моҳи соли 2023 ба натиҷаҳои назарас ноил гардидааст.

Пардохти андоз – рушди давлат ва таъмини зиндагии шоиста

Заҳматҳои шабонарӯзии роҳбарият ва кормандони Нозироти андози ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар якҷоягӣ бо  МИҲД-и ноҳия буд, ки дар  нӯҳ моҳи соли 2023 иҷроиши нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 100% таъмин гардида, ба ҷойи 42716,4 ҳазор сомонии пешбинишуда ба буҷет 42860,7 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои нақша 144,2 ҳазор сомонӣ зиёд ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6808,7 ҳазор сомонӣ зиёд ворид карда шудааст. Дар ин давра иҷроиши нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 103% таъмин гардида, ба ҷойи 34675,3 ҳазор сомонии пешбинишуда ба буҷет 35683,9 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 1008,6 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба нӯҳ моҳи соли 2022 5835,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Роҳбари нозироти андози ноҳия ва кормандони он дар оянда бо мақсади барзиёд иҷро намудани нақшаҳо  ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта корҳои назоратиро пурзӯр намуда, дар моҳҳои сипаригардидаи соли равон ҳама намуди андозҳоро сарбаландона таъмин хоҳанд кард.

Бақияи андозҳо кам карда шуд

Қайд гардид, ки барои кам кардани бақияи андозҳо роҳбарият ва кормандони Нозироти андози ноҳияи мазкур аз ҳама имкониятҳо  истифода бурда, бақияи андозро дар ноҳия кам хоҳанд кард. Бақияи қарзи андозҳо ба ҳолати 1 октября соли 2023 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  7861344 сомониро ташкил медиҳад ва нисбати аввали сол 769210 сомонӣ кам гардидааст.

Ба андозсупорандагони қарздор огоҳӣ дода шуд

Вализода Убайдулло дар идомаи суҳбат афзуд, ки дар нӯҳ моҳи соли равон  ба 558 андозсупорандагони қарздор огоҳинома ба маблағи 2760,8 ҳазор сомонӣ дода шуда, аз ҳамин ҳисоб дар ин давра ба буҷет 1281,6 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд. Маблағи ба буҷет ворид нашуда бошад 1479,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар ин давра дар шуъбаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар асоси барномаи СИА 609 адад шахсони ҳуқуқӣ, аз он ҷумла, 22  супорандагони андоз  аз арзиши иловашуда, 204 кооперативӣ тиҷоратӣ, 140 ЧДММ, 60 РСБ, 7 бонкҳо ва ТКХ, 12  ассотсиатсияҳо, 101 ташкилотҳои буҷетӣ, 5 масҷидҳо, 42 филиал ва намояндагиҳо, 3 иттифоқҳои касаба, 1 ҳизб, 10 корхонаҳои давлатӣ ва 27 ташкилоту муассисаҳо ба қайд гирифта шудааст. Инчунин, 4250 соҳибкори инфиродӣ, аз он ҷумла, 408 патент, 651 шаҳодатнома бо шартҳои махсус, 312 шаҳодатнома, 2879 хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ ба қайд гирифта шудааст.  Дар нӯҳ моҳи соли 2023 52 адад патент ба қайд гирифта шуда, 84 патент фаъолияти худро қатъ намудааст, яъне ки нисбати бақайдгирии фаъолияти барҳамдиҳӣ 32 адад зиёд мебошад. Бақайдгирӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта 32 адад кам мебошад. Шаҳодатнома бо шартҳои махсус дар ҳамин давра 58 адад бақайд гирифта шуда, 139 адади дигар барҳам дода шудааст. Бақайдгири нисбати барҳамдиҳӣ 81 адад кам буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3 адад зиёд мебошад.

Шаҳодатнома дар ҳамин давра 26 адад ба қайд гифта шуда, барҳамдиҳӣ 25 адад, яъне нисбати бақайдгирӣ 1 адад кам мебошад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 адад кам ба қайд гирифта шудаст. Хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ҳамин давра 79 адад ба қайд гирифта шуда, 38 адад барҳам дода шудааст, ки нисбат ба барҳамдиҳӣ бақайдгирӣ 41 адад зиёд мебошад.

 Чораҳои зарурӣ баҳри рӯёнидани андозҳо

Иттило дода шуд, ки дар ин муддат нисбати 205 андозсупорандагони қарздор қарори маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо ба маблағи 2353,7 ҳазор сомонӣ қабул гардидааст, ки аз он 67 қарор иҷро гардида, боқимонда қисман иҷро шудааст. Аз ҳисоби қарорҳо ба буҷет 1108,4 хазор сомонӣ маблағ ворид гардид. Ҳамчунин,  ба 558 андозсупорандагони қарздор ба малағи 2760,8 ҳазор сомонӣ огоҳнома ирсол карда шудааст, ки аз ин маблағ ба буҷет ба маблағи 1281,6 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд. Огоҳнома аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ 60 адад, аз ҳисоби соҳибкорони инфиродӣ бошад, 498 адад ирсол карда шудааст.

Вайронкунандагони қонун ҷарима шуданд

Зикр шуд, ки дар нӯҳ моҳи соли 2023 нисбати 14 адад вайронкунандагони қонунгузории андоз протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 383,2 ҳазор сомонӣ тартиб дода шуда,  209,2 хазор сомонӣ маблағ ба буҷа ворид гардидаст, ки фоизнокии маблағи ҷаримаҳои руёнидашуда 55,0 %-ро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, аз тарафи кормандони нозироти андоз 3 адад санҷиши амалиётӣ гузаронида шуда,  263 нуқта санҷида шуда, 36 андозсупоранда бо ҳуҷҷати соҳибкорӣ таъмин карда шуда, 22 адад  протоколи маъмури тартиб дода шуда, ба маблағи 86740 сомонӣ ҷаримаи маъмури татбиқ карда шудааст. Ҳамчунин, 67 коргари кироя ба қайд гирифта шуда, музди меҳнати иловагӣ ба маблағи 74560 сомонӣ расонида шуд. Дар натиҷа андозҳои иловагӣ ба маблағи 100445 сомонӣ ҳисоб карда шуда, ба буҷет ворид гардид.

Андозро супору осуда бихоб

Мусоҳиби мо қайд кард, ки давоми  нӯҳ моҳи соли 2023 18 муоинаи  хронометражӣ нисбати андозсупоридагон гузаронида шуда, пеш аз муоинаи хронометражӣ манбаи андоз 1660,9 ҳазор сомонӣ, баъд аз муоинаи хронометражи манбаи андоз 4982,7 ҳазор сомонӣ маблағҳои иловагӣ ошкор карда шуда, 203,7 ҳазор сомониро ташкил намуда, ба буҷет пурра пардохт карда шудааст, ки ба ҳар як муоинаи хронометражӣ гузаронида шуда, 11,3 ҳазор сомонӣ ба ҳисоби миёна рост меояд ва ин маблағ низ пурра ба буҷет  ворид карда шуд. Ҳамчунин, нисбати 66 адад маълумотномаи назорати камералӣ 1494,5 ҳазор сомонӣ ошкор карда шудааст, ки 906,0 ҳазор сомонӣ эъломия пешниҳод шуда, 716,1 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд. 4,6 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби ҳақдории  андозсупорандагон маҳкам карда шуда, ҳуҷҷати тасдиқкунанда аз тарафи андозсупорандагон дар ин давра ба маблағи 235,9 ҳазор сомонӣ пешниҳод карда шудааст. аз ин ҳисоб 185,8 ҳазор сомонӣ бақия мондааст. 8,4 ҳазор сомонӣ дар мавриди баррасӣ қарор дорад. Дар  ноҳия талаби мошинаи назоратию хазинавӣ (ДНХ) 26 ададро ташкил медод, 26 адад МНХ насб карда шудааст, ки ин нисбат ба нақша баробар мебошад.

Шумораи умумии супорандагони андозҳо аз молу мулки ғайриманқул ба ҳолати 01.01.2023 30242 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбати 29394 нафарашон инвентаризатсияи молу мулк гузаронида шудааст, ки 97,0 фоизро ташкил медиҳад. Дар барномаи компютерии  СИА 29394 нафар дохил карда шудааст, ки 100%-ро ташкил медиҳанд. Инчунин, дар нӯҳ моҳи соли равон  шумораи молу мулки ба иҷора додашуда 144 нафарро ташкил медиҳад, ки пурра дар Нозироти андоз ба қайд гирифта шуданд.

Барои кормандони Нозироти андоз дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолият  бинои наву замонавӣ тӯҳфа карда мешавад

 Бояд гуфт, ки бо дастгирии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия  барои кормандони Нозироти андози ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки солҳо боз дар бинои иҷора менишастанд, дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар як бинои хуштарзу замонавӣ бо тамоми лавозимоти корӣ бунёд карда шудааст, ки он дар моҳҳои наздик мавриди истифода қарор дода мешавад. Ин ҳама ғамхориҳои Президенти кишвар ва Кумитаи андозро роҳбарият ва кормандони Нозироти андози ноҳия ба инобат гирифта дар оянда тамоми донишу малакаи худро баҳри саривақтӣ таъмин гаштани андозҳо равона карда, аз тамоми захираю имкониятҳои мавҷудбуда истифода намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки таъмини пардохти андозҳои  давлатӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумхурии Точикстон» ва  Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, иҷроиши сифатнокии тамоми намудҳои андозҳои давлатиро дар ҷамъбасти моҳҳои минбада низ таъмин намоянд.

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь