Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва Нозироти андоз ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои дастуру супоришҳояшон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуда буданд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар давраи ҳисоботӣ таъмини рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, ҳамаҷониба таъмин намудани дастгирии давлатии соҳибкорӣ, бахусус дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва афзунгардонии потенсиали содиротии шаҳр, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро ҳамчун самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор додаанд. Оид ба натиҷаҳо ва фаъолияти Нозироти андоз дар шаҳри Турсунзода хабарнигори МТЖТ бо сардори ин ниҳод Аваззода Зафар Шодмон суҳбат анҷом дод.

Дар оғози суҳбат сардори нозирот Зафар Аваззода изҳор дошт: «Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади коҳиш додани хароҷотҳои субъектони хоҷагидор ва аз байн бурдани таъсири омилҳои инсонӣ аз соли 2018 оғоз намуда, аз ҷониби Кумитаи андоз шакли нави хизматрасонии электронӣ – Тартиби бо реҷаи электронӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ мавриди истифода қарор дода шудааст. Ҷорӣ намудани тартиби мазкур шароит фароҳам овардааст, ки шаҳрвандон ва андозсупорандагон бо истифода аз “Утоқи шахсии андозсупоранда” ҳуҷҷатҳои заруриро барои бақайдгирии давлатӣ ба барнома дохил карда, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи фаъолияти соҳибкории худро дастрас намоянд».

Сардори нозирот иброз намуд, ки Нозироти андоз дар шаҳри Турсунзода Қарору фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳнамои кори худ қарор дода, баҳри таъмини иҷроиши қисми даромади буҷети шаҳр, пурра ва барзиёд иҷро намудани нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023”, инчунин, барои вусъат бахшидан ба рушди соҳибкории хурду миёна тадбирҳои мушаххас андешида истодааст.

Иҷроиши нақша

 Дар 9 моҳи соли 2023 накшаи қисми даромади буҷет ва дигар пардохтҳои ҳатми пешбинигардида ба андозаи 107 фоиз таъмин гардид.

Нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ дар 9 моҳи соли 2023, дар маҷмуъ ба маблағӣ 167861990 сомонӣ пешбинӣ шуда буд, дар асл иҷроиши он ба маблағӣ 169027169 сомонӣ таъмин гардид, ки ба андозаи 100,7 фоиз ва нисбати нақшаи пешбинишуда ба маблағи 1165179 сомонӣ андозҳо зиёд ба буҷет ворид карда шудааст

 Баҳисобгирӣ

Масъулони баҳисобгирии даромадҳо ва коркарди эъломияҳо айни замон баҳисобгирии маблағҳои ҳисобшуда ва пардохташударо хуб ба роҳ монда, дар самти тартиб додани санади муқоисавӣ ҷиҳати аз байн бурдани изофапулиҳо ва кам кардани бақияи қарзи андозҳо ва шумораи андозсупорандагони қарздор корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд. Сардори нозирот дар охир изҳор дошт, ки кормандони Нозироти андоз дар шаҳри Турсунзода ӯҳдадор ҳастанд, ки минбаъд фаъолияти худро дар сатҳи зарурӣ оид ба корҳои назоратию фаҳмондадиҳӣ дар байни андозсупорандагон пурзӯр намуда, баҳри иҷрои нақшаи андозҳои давраҳои ояндаи соли 2023 саҳми арзандаи худро гузоранд.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тавзеҳотӣ

Дар фароварди суҳбат сардори нозирот қайд намуд, ки давраи ҳисоботӣ тибқи талаботи сархати 20, қисми 1, моддаи 90 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботҳои Стандарти ягонаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон барои гурӯҳи андозсупорандагоне, ки имконияти дастрасӣ ба интернет ё имконият ва малакаи кофии ба тариқи электронӣ пешниҳод намудани ҳисоботҳои андозро надоштанд, аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Нозироти андози шаҳри Турсунзода терминали (утоқи) алоҳида ба истифода дода шудааст. Дар давоми давраи ҳисоботӣ дар маҷмуъ дар 48 семинар – машваратҳо наздик 720 нафар андозсупорандагон иштирок намуда, инчунин дар ҷамоатҳо вохурӣ ва машваратҳо вобаста ба азнавбаҳисобгирии амвол аз молу мулки ғайриманкул, замин ва нақлиёт аз шахсони воқеӣ гузаронида шуд. Мавзуъҳои асосии семинар-машваратҳо аз риояи муқаррароти қонунгузории андоз, пардохти бақияпулиҳои андоз, пардохти андозҳои маҳаллӣ, оиди стандартҳои ягонаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, гузариш ба пешниҳоди эъломияҳо тариқи электронӣ, тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №151 аз санаи 31.03.2022 ва Фармоиши Раиси Кумитаи андоз дар бораи тасдиқи Кодекси одоби касбии кормандони мақомоти андоз иборат мебошад.

Бояд зикр намоям, ки дар воқеъ кормандони Нозироти андоз дар шаҳри Турсунзода масъулиятшинос буда, дар кори худ содиқона хидмат менамоянд ва албатта, баҳри пешрафти соҳа тамоми донишу малакаи худро истифода мебаранд.

 МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь