Нозироти андоз дар шаҳри Кӯлоб ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои дастуру супоришҳояшон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар давраи ҳисоботӣ таъмини рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, ҳамаҷониба таъмин намудани дастгирии давлатии соҳибкорӣ, бахусус дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридоти ва афзунгардонии потенсиали содиротии шаҳр, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро ҳамчун самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор додаанд. Оид ба натиҷаҳо ва фаъолияти Нозироти андоз дар шаҳри Кулоб дар даҳмоҳаи аввали соли 2022 хабарнигори МТЖТ бо сардори ин ниҳод Раҳимзода Назирмад Раҳмон сӯҳбат анҷом дод.
Дар оғози сӯҳбат сардори Нозироти андоз дар шаҳри Кӯлоб изҳор дошт: «Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади коҳиш додани хароҷотҳои субъектони хоҷагидор ва аз байн бурдани таъсири омилҳои инсонӣ аз соли 2018 оғоз намуда, аз ҷониби Кумитаи андоз шакли нави хизматрасонии электронӣ – тартиби бо реҷаи электронӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ мавриди истифода қарор дода шудааст. Ҷорӣ намудани тартиби мазкур шароит фароҳам овардааст, ки шаҳрвандон ва андозсупорандагон бо истифода аз “утоқи шахсии андозсупоранда” ҳуҷҷатҳои заруриро барои бақайдгирии давлатӣ ба барнома дохил карда, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи фаъолияти соҳибкории худро дастрас намоянд».
Раҳимзода Н. иброз намуд, ки Нозироти андоз дар шаҳри Кӯлоб қарору фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳнамоӣ кори худ қарор дода, баҳри таъмини иҷроиши қисми даромади буҷети шаҳрро пурра ва барзиёд иҷро намудани нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022”, инчунин барои вусъат бахшидан ба рушди соҳибкории хурду миёна тадбирҳои мушаххас андешида истодааст.
Мавсуф қайд намуд, ки Нозироти андоз дар шаҳри Кӯлоб дар 10- моҳи соли 2022 аз уҳдаи нақшаи тасдиқшудаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки ҷамъоварии онҳо ба зиммаи нозироти андоз гузошта шуда аст, дар ин давра ба андозаи 117,4% таъмин намуда, ба ҷои 90469,1 ҳазор сомонӣ пешбинишуда ба буҷети маҳаллӣ ба маблағи 106168,3,8 ҳазор сомонӣ ворид намудаанд, ки ин нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 15699,2 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10564,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи андози иҷтимоӣ аз ҳисоби ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ бошад дар ин давра дар ҳаҷми 100,1% таъмин гардида, ба ҷои 25700,0 ҳазор сомонии пешбинишуда ба буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа маблағи 25719,7 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 19,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Маблағи бақияи қарзи андозҳо ва пардохтҳо ба ҳолати 1- январи соли 2022-ум маблағи 16385,4 ҳазор сомониро ташкил медоданд, аз ин
маблағи бақияи қарзи андозҳо ва пардохтҳо ба ҳолати 1- ноябри соли 2022-ум маблағи 14226,9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали сол ба андозаи 2158,4 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.
Хизматрасонӣ ба шахсони ҳуқуқӣ
Номбурда изҳор дошт, ки дар гурӯҳи хизматрасонӣ ба соҳибкорони инфиродии шӯъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони нозироти андоз 4- нафар корманд фаъолият намуда шумораи андозсупорандагон 769 нафар, 189 адад ташкилоти буҷетӣ, 496 адад ташкилотҳои ҷамъиятӣ, 84 адад филиалу намояндаги мебошанд.
Тибқи нақшаи тасдиқгардида ба гурӯҳи мазкур дар даҳ моҳи аввали соли 2022 ҷамъоварии 95500000 сомонӣ андозҳо вобаста карда шуда, дар ин давра маблағи 98300000 сомонӣ ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба нақшаи вобасташуда 102,9% -ро ташкил менамояд.
Иҷроиши нақшаи вобасташуда дар ин давра аз ҷониби Раҳматуллоев Ф. 101,6%, Маҳмадалиев Т. 101,4%, Убайдулоев Ф. 100,3%
Ҳабибулло И. 100,4%, маблағи андозҳои пардохтгардида 100653743 сомонӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24720340 сомонӣ ё ин, ки 132,5% зиёд гардидааст.
Хизматрасонӣ ба соҳибкорони инфиродӣ
Номбурда изҳор дошт, ки дар гурӯҳи хизматрасонӣ ба соҳибкорони инфиродии шӯъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони нозироти андоз 5 нафар корманд фаъолият намуда, шумораи андозсупорандагон 2619 нафар боназардошти хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд. Тибқи нақшаи тасдиқгардида ба гурӯҳи мазкур дар даҳ моҳи аввали 2022 ҷамъоварии 4115000 сомонӣ андозҳо вобаста карда шуда, дар ин давра маблағи 4253450 сомонӣ ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба нақшаи вобасташуда 103,4% -ро ташкил менамояд.
Иҷроиши нақшаи вобасташуда дар ин давра аз ҷониби Шарипов А. 102,8%, Холматов Б. 102,6%, Гадоев М. 102,5% , Раҳматов К. 101,8%, Шоев О. 102,1% ташкил менамояд.
Маблағи ҳисобшудаи соҳибкорони инфиродӣ дар 10 моҳи сипаришуда 3856406 сомонӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1047298 сомонӣ ё ин, ки 137,3% зиёд ворид гардидааст.
Маблағи андозҳои пардохтгардида 3575159 сомонӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 878120 сомонӣ ё ин, ки 132,5% зиёд ворид гардидааст.
Раҳимзода қайд кард ,ки ба ҳолати 01.11.2022 дар қайди нозироти андоз 769 адад шахсони ҳуқуқӣ, 489 нафар соҳибкори инфиродӣ тибқи шаҳодатнома, 2130 нафар соҳибкори инфиродӣ ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғул буда ва 1531 нафар шахсони бо патент фаъолияткунанда. Ҳамаги шахсони ҳуқуқӣ 769 адад аз шумораи умумии шахсони ҳуқуқӣ 189 адад корхонаҳои буҷетӣ 111 адад иттиҳодияи ҷамъияти мебошан. Шумораи секторҳои ғайридавлати 496 адад супорандаи андози арзиши иловашуда 84 адад супорандаи андози ягона 93 адад филиалу намояндаги 78 адад супорандагони андозҳои маҳаллӣ 241 адад.
Бақайдгирӣ
Ҳамчунин, ҳамсӯҳбати мо зикр намуд, ки ба ҳолати 01.11.2022 дар бахши бақайдгирии давалати шахсони ҳуқуқӣ ва сиҳибкорони инфиродӣ 53 адад шахсони ҳуқуқӣ 87 адад хоҷагии деҳқони 71 нафар соҳибкори инфиродӣ шаҳодатнома 294 нафар соҳибкори инфиродӣ тибқи патент ва шаҳодатномаи махсус бақайд гирифта шудааст.
Шумораи электронӣ
Бояд қайд намуд, ки бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон аз 1-уми июни соли 2021 дар нозироти андоз терминали хизматрасонии электронӣ ба андозсупорандагон таъсис дода шуд, ки дар он як нафар ба хизматрасонии андозсупорандагон машғул буда, ҳамзамон аз давраи оғози фаъолияти он ҷиҳати бақайдгирии соҳибкорони инфиродӣ ва гузариш ба шакли электронии пешниҳоди ҳисоботҳо низ дар мувофиқа ба Кумитаи андоз ба роҳ монда шудааст.
Ба нозироти андоз ба ҳолати 01.11.2022 1175 адад андозсупорандагон ба шакли электронӣ пешниҳоди эъломияҳои андоз гузаронида шуданд.
Санади муқоисавӣ
Номбурда иброз дошт, ки аз шумораи умуми 4919 андозсупорандагон бо 4077 адади он санади муқоисави тартиб дода шуд, ки аз ин ҳисоб қарзи андозсупорандагон ба маблағи 2164970 сомонӣ ва изофапулиҳо ба маблағи 1313700 сомонӣ кам шуданд.
Аз шумораи умуми шахсони ҳуқуқи 769 андозсупорандагон бо 762 адади он санади муқоисави тартиб дода шуд, ки аз ин ҳисоб қарзи андозсупорандагон шахсони ҳуқуқӣ ба маблағи 2028400 сомонӣ ва изофапулиҳо ба маблағи 1293000 сомонӣ кам шуданд.
Аз шумораи умуми соҳибкори инфиродӣ тибқи шаҳодатнома 489 андозсупорандагон бо 441 адади он санади муқоисавӣ тартиб дода шуд, ки аз ин ҳисоб қарзи андозсупорандагон соҳибкори инфиродӣ тибқи шаҳодатнома ба маблағи 68070 сомонӣ ва изофапулиҳо ба маблағи 1293 сомонӣ кам шуданд.
Аз шумораи умуми хоҷагиҳои деҳқонӣ 2130 андозсупорандагон бо 1489 адади он санади муқоисавӣ тартиб дода шуд, ки аз ин ҳисоб қарзи андозсупорандагон хоҷагиҳои деҳқонӣ ба маблағи 37000 сомонӣ ва изофапулиҳо ба маблағи 15300 сомонӣ кам шуданд.
Аз шумораи умуми соҳибкори инфиродӣ тибқи патент ва шаҳодатномаи махсус 1531 андозсупорандагон бо 1385 адади он санади муқоисави тартиб дода шуд, ки аз ин ҳисоб қарзи андозсупорандагон соҳибкори инфиродӣ тибқи шаҳодатнома ба маблағи 31500 сомонӣ кам шуданд.
Огоҳинома
Тибқи маълумотҳои аз барномаи компютерии СИА “Идоракунӣ ва мониторинги қарзи андозҳо” дастрасшуда, дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади кам намудани бақияи қарзи андозҳо ва татбиқи минбаъдаи чораҳои маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо, дар асоси талаботҳои моддаи 72 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳимзода иттило дод,ки ба ҳолати 01.11.2022 ба шахсони ҳуқуқи қарздор 351 адад огоҳинома оид ба пардохти бақияи қарзи андозҳо ба маблағи 10562400 сомонӣ ва ба 1890 нафар соҳибкорони инфиродӣ шаҳодатнома, хоҷагиҳои деҳқони ва соҳибкорони бо патент ва шаҳодатномаи махсус ба маблағи 985600 сомонӣ ирсол кардашудаст, ки аз ин ҳисоб ба буҷет дар маҷмӯъ маблағи 5460124 сомонӣ ворид гардидааст.
Раҳимзода Н. қайд намул, ки дар ҳудуди шаҳри Қӯлоб 4 ҷамоти шаҳраку деҳот мавҷуд мебошад, ки нақшаи андозҳо аз молу мулки ғайриманқул ва замини шахсони воқеӣ барои соли сипаришуда 2094388 сомонӣ муқаррар шуда, иҷроиши он 2111962 сомонӣ ё 100,8% – ро ташкил менамояд.
Мутобиқи талаботи моддаи 100 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба даромад аз иҷораи молу мулк» дар соли ҷорӣ 197 нафар шахсони воқеӣ, ки молу мулки ғайриманқули худро тариқи шартномаҳои дутарафа ба иҷора додаанд, ба қайд гирифта шудааст, ки маблағи даромади умумии иҷорапулӣ аз ин ҳисоб дар як сол 6852700 сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин 1027905 сомонӣ андоз аз даромад мебошад.
Семинармашварат
Дар фароварди сӯҳбат Раҳимзода Н. қайд намуд, ки давраи ҳисоботӣ тибқи талаботи сархати 20 қисми 1 моддаи 90 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботҳои стандарти ягонаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон бо иштироки 1536 нафар намояндагони андозсупорандагон 24 семинар – машваратҳо дар мавзӯҳои гуногун доир гардиданд .
Дар 10 моҳи аввали соли 2022 дар маҷмӯъ муроҷиати 1089 адад шаҳрвандон ва муассисаву ташкилотҳо ба нозироти андоз ворид гардида, муроҷиатҳои мазкур дар мӯҳлатҳои муқарраршуда мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ба ҳамаи онҳо дар доираи талаботҳои қонунгузорӣ ҷавобҳои дахлдор гардонида шудааст.
МТЖТ