Бо мақсади шиносои аз фаъолияти Нозироти андози ноҳияи Дӯстӣ хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо сардори Нозироти мазкур Муҳаммадӣ Исоев, суҳбати ихтисоси анҷом дод.

Мавсуф дар оғози суҳбат гуфт, ки дар пешрафту муваффақиятҳои соҳаи андоз хизматҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври доимӣ эҳсос карда мешавад.

Дар идома ӯ афзуд, ки Нозироти андоз дар ноҳияи Дӯстӣ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон, қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Дӯстӣ, амру фармонҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати андоз дар вилояти Хатлонро роҳнамои кори худ қарор дода, дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти вобаста ба андозбандӣ  ваколатдошта кӯшиш ба харҷ дод, ки вазифаҳои ба зиммааш гузошташударо доир ба иҷро намудани нишондиҳандаҳои Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои соли 2023”,  талаботҳои Кодекси  андози  Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин созад ва барои вусъат бахшидан ба рушди соҳибкории  хурду  миёна, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон тадбирҳои мушаххасро амалӣ намояд.

Иҷроиши барзиёди нақшаи андоз дар шаш моҳ

Сардори Нозироти андози ноҳияи Дӯстӣ Муҳаммадӣ Исоев, қайд кард, ки заҳматҳои шабонарузии кормнадони Нозироти андози ноҳия ва мақомоти маҳаллӣ буд, ки  дар  6-моҳаи аввали  соли 2023 иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи  103,1 % таъмин гардида, ба ҷойи 28194,6 ҳазор сомонӣ  пешбинишуда, ба буҷет 29066,5 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки ин нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 872,0 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад ва нисбат ба маблағҳои ҷамоваригардидаи воқеан дар ҳамин давраи соли гузашта ба буҷет пардохтшуда ба маблағи 4136,5 ҳазор сомонӣ ё баробар ба  16,6 % мебошад.

Иҷроиши нақшаи андозҳо бе назардошти андози иҷтимоӣ  104,3 % таъмин гардида, ба ҷои 23333,2 ҳазор сомонӣ нақшаи пешбинишуда ба буҷет 24327,4 сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшави 994,1 ҳазор сомони зиёд мебошад ва нисбат ба маблағҳои ҷамъоваригардидаи воқеан дар ҳамин давраи соли гузашта ба буҷет пардохтшуда ба маблағи 3976,3 ҳазор сомонӣ ё баробар ба  19,5 % бештар мебошад.

Иҷроиши нақшаи андози иҷтимоӣ ғайрибуҷети 100,1 % таъмин гардида, ба ҷои 4861,4 ҳазор сомонӣ  нақшаи пешбинишуда ба буҷети Агентии суғуртаи иҷтимои ва нафақа 4866,2 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақша 5,2 ҳазор  сомонӣ зиёд мебошад.

Иҷроиши нақшаи андози иҷтимоӣ буҷети 103,0 % таъмин гардида, ба ҷои 6716,3 ҳазор сомонӣ  нақшаи пешбинишуда ба буҷети Агентии суғуртаи иҷтимои ва нафақа 6891,0 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақша 174,7 ҳазор  сомонӣ зиёд мебошад

Дар  6-моҳаи аввали соли 2023 аз 7 намуди андозҳои дар нақша пешбинишуда ҳамаи номгуи андозҳо  таъмин карда шуд.

Бақияи андозҳо кам карда шуд

Масъалаи бақияи қарзи андозҳо яке аз масъалаҳои ташвишовари фаъолияти мақомоти андоз ба ҳисоб рафта, боиси нигаронии роҳбарияти мақомоти андоз гардидааст.  Ба ҳолати   01 июли  соли 2023 бақияи қарзи андозҳо дар нозироти андоз дар маҷмӯъ маблағи 5 миллиону 66 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали соли ҷорӣ  ба маблағи  371,9  ҳазор сомонӣ кам гардидааст.

Бо мақсади кам кардани бақияи қарзи андозҳо ва шумораи андозсупорандагони қарздор дар давраи ҳисоботӣ ба унвонии 163 адад андозсупоранда огоҳиномаи қарздорӣ ба маблағи 471,4 ҳазор сомонӣ ирсол гардида, аз ин ҳисоб 281,4 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид карда шудааст,  ки 59,6  % маблағи огоҳиномаҳоро ташкил медиҳад.

Дар   6-моҳаи аввали соли 2023 нисбати 82 адад андозсупорандагони қарздор 90 адад қарорҳои маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо ба маблағи умумии 2 миллиону 285 ҳазор сомонӣ қабул карда шуда, аз ин ҳисоб ба даромади буҷет маблағи 742,1 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки 32,4 %-и маблағи қарорҳои қабулгардидаро ташкил медиҳад.

Аз шумораи умумии 90 адад қарор, иҷрои 63 адади он пурра таъмин гардидааст, ки 70,0 %-и шумораи умумии қарорҳои мазкурро дар бар мегирад. Қарорҳои беиҷро 27 адад ва маблағи норуёнидаи ин қарорҳо 1543,0  ҳазор сомонӣ ё 67,5  %-ро ташкил медиҳад. Қарорҳои иҷронашуда асосан аз ҳисоби муассисаи «Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия ба маблағи 511,9 ҳазор сомонӣ, Коперативи тиҷоратии Э.Сатторов ба маблағи 982,3 ҳазор сомонӣ, Коперативи тиҷоратии Э.Султонов ба маблағи 123,8 ҳазор сомонӣ, ҶДММ Ориф-88 ба маблағи 46,7 ҳазор сомонӣ ва боқимонда аз ҳисоби соҳибкорҳои инфироди (хоҷагиҳои деҳқони) мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи Нозироти андоз дар  ноҳияи Дӯстӣ барои вайрон намудани қонунгузории соҳаи андоз нисбати 85 ҳуқуқвайронкунанда  147,5 ҳазор сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ гардида, аз ин ҳисоб 69,8 ҳазор сомонӣ ва ё 47,3 % ба даромади буҷет рӯёнида шудааст.

Шафофияти андоз омили рушди иқтисод аст

Дар 6-моҳаи аввали  соли 2023 аз тарафи кормандони нозироти андоз нисбати фаъолияти 39 адад андозсупорандаи шахсони ҳуқуқи  ва  соҳибкорони инфироди назорати комералӣ гузаронида шуда ба маблаги 2276,3 ҳазор  сомонӣ андози иловагӣ  ошкор карда шудааст, ки аз маблаги ошкоршуда 22219 сомонӣ аз ҳисоби ҳақдории андозсупорандагон ва  241415  сомонӣ ба буҷет ворид карда шудааст.

Ба  ҳолати  01.07 .2023  сол  дар ноҳияи Дусти  250 адад соҳибкор  бо патент, 434 адад сохибкорон бо шаходатнома бо шартҳои махсус, 133 адад сохибкорон бо шаходатнома, хочагихои дехкони 2928 адад ва шахсони хукуки 309 адад, ҳамагӣ 4023 адад андозсупорандагони шахсонӣ ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ  фаъолият менамоянд, ки нисбати аввали соли ҷорӣ   33 адад зиёд шудааст аз он. ҷумла  8 адад сохибкорони инфиродӣ  бо шаходатнома фаъолияткунанда ва хочагихои дехкони 28 адад .

Иҷрои нақшаи андоз мароми мост

Нозироти андоз дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Кумитаи андоз ва Раёсати андоз дар вилояти Хатлонро бовар мекунонад, ки минбаъд низ ҷиҳати беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ва сатҳи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, бештар намудани сатҳу сифати корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ, кам намудани бақияи қарзи андозҳо ва роҳ надодан ба ташакулёбии изофапулиҳо, беҳтар намудани сифати корҳои назоратӣ, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва дар ҳамин замина бо мақсади таъмини иҷрои нақшаҳои пешбинишуда тамоми донишу малакаи кормандонро самаранок истифода намуда, чораҳои иловагӣ меандешад.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев,

“Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь