20-уми августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ бинои Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе ва Нозироти андоз дар ноҳияи Исмоили Сомониро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароити корӣ дар бинои Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе ва Нозироти андоз дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба кормандони соҳа дастуру ҳидоятҳои муфид дода, таъкид намуданд, ки сатҳи хизматрасониро ба андозсупорандагон дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, барои ғанӣ намудани буҷети давлатӣ бо масъулияти баланд ва поквиҷдонона фаъолият намоянд.

Сиёсати андоз ҳамчун яке аз омили муҳими рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, бояд пеш аз ҳама барои рушди устувори иқтисодии кишвар бо роҳи фароҳам овардани фазои муносиби соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, ҳавасмандгардонӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ, пеш аз ҳама соҳибкории истеҳсолӣ, ташкили ҷоӣҳои нави корӣ, таҳкими иқтидори саноативу содиротии кишвар, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ равона шуда, барои зиёд гардидани манбаъҳои нави андозбандӣ ва даромадҳои буҷети давлатӣ мусоидат намояд.

Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав (минбаъд Консепсия) бо мақсади таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо 10-уми майи соли 2019 баён доштанд (аз 20.06.2019), ҷиҳати дар доираи ислоҳоти иқтисодии кишвар идома додани ислоҳоти сиёсати андоз ва расидан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди миллии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, таҳия шудааст.

Аз ин лиҳоз, зарурати роҳандозӣ намудани ислоҳоти қонунгузории андоз бо роҳи дар таҳрири нав таҳия намудани лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ки аз он бармеоянд, ба миён омада, лоиҳаҳои номбурда бояд тарзе омода карда шаванд, ки дар амал татбиқ намудани онҳо барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар, инчунин рушди бахши хусусӣ мусоидат  намояд.

Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе  тибқи  дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарору супоришҳои Раиси шаҳри Душанберо роҳнамои фаъолияти кории худ қарор дода, дар 3-моҳаи якуми соли 2024 ҷиҳати иҷрои нишондиҳандаҳои нақшавии қисми даромади буҷети давлатӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти хизматрасониҳои электронӣ ва низоми андозбандӣ, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ бо андозсупорандагон ва шаҳрвандон, беҳтар намудани маъмурикунонии андозҳо, дарёфти сарчашмаҳои иловагии даромад ва беҳтару хубтар ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тавзеҳотӣ корҳои муайянро анҷом дод.

Иҷрои нақша

Дар давраи ҳисоботии 3-моҳаи якуми соли 2024 иҷроиши нақшаи қисми даромади буҷети шаҳри Душанбе аз рӯи контингенти умумӣ ба андозаи 108,8 фоиз таъмин карда шуда, ба ҷойи 1165,6 млн. сомонии пешбинигардида ба буҷет 1267,8 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки он нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 102,2 млн. сомонӣ ва нисбат ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли 2023 воқеан ҷамъоваригардида 179,6 млн. сомонӣ ё 116,5 фоиз зиёд мебошад.

Хизматрасониҳои мақомоти андоз

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Раёсати андоз ин ба саҳми андозсупорандагон расонидани хизматрасониҳои электронии Кумитаи андоз ба шумор меравад. Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025 пас аз моҳи апрели соли 2023 дар мақомоти андоз ба истифода дода шудани шакли таҷдидшудаи барномаи компютерии Системаи муттаҳидаи иттилоотии идоракунии андоз, ки аз 43 адад хизматрасониҳои электронӣ иборат мебошад, аз ҷониби мақомоти андоз тавассути онҳо аксарияти амалҳо вобаста ба баҳисобгирии иҷрои ӯҳдадориҳои андозӣ (пешбурди ҳисобварақа, тартиб додани санади муқоисавӣ) дар шакли электронӣ таҳия ва пешниҳод намудани эъломияҳои андоз ва дигар хизматрасониҳо барои андозсупорандагон анҷом дода шуда истодааст.

Қобили қайд аст, ки пас аз дар моҳи апрели соли 2023 мавриди амал қарор дода шудани платформаи нави “Мушаххаскунии мобилӣ ва имзои электронии рақамӣ” тавассути он ба андозсупорандагон имкон дода шуд, ки бе ташриф овардан ба “Маркази барномасозии маъмурикунонии андоз” ва ё мақомоти андоз ба модули “Ҳуҷраи шахсии андозсупорада” пайваст шуда, ҳисоботҳо ва эъломияҳои андозро дар шакли электронӣ пешниҳод намоянд.

Ҷиҳати васеъ намудани ҳамкориҳои фосилавӣ бо андозсупорандагон шумораи субъектҳое, ки ҳисоботҳо ва эъломияҳои андозро дар шакли электронӣ пешниҳод менамоянд, давра ба давра зиёд гардида истодааст.

Тибқи маълумотҳо шумораи умумии андозсупорандагони амалкунандае, ки дар семоҳаи аввали соли 2024 дар шаҳри Душанбе фаъолият менамоянд, 16798 адад (шахсони ҳуқуқӣ 8005 адад ва соҳибкорони инфиродӣ 8793 адад)-ро ташкил дода, аз теъдоди андозсупорандагони мазкур ба санаи 01.05.2024 дар маҷмӯъ 16782 адад андозсупорандагон (шахсони ҳуқуқӣ 7989 ва соҳибкорони инфиродӣ 8793 адад) эъломияҳои худро ба нозиротҳои андоз тариқи электронӣ пешниҳод менамоянд, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1711 адад зиёд мебошад.

Тиҷорати электронӣ

Мутобиқи маълумотҳои ҷамъбастӣ ба санаи 01.04.2024 дар шаҳри Душанбе 1642 адад субъектҳои соҳибкорӣ (аз ҷумла, 1271 адад соҳибкорони инфиродӣ ва 371 адад шахсони ҳуқуқӣ) ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд, ки шумораи субъектҳои мазкур нисбат ба аввали 2024 дар маҷмӯъ 142 адад бештар мебошад, ки асосан дар натиҷаи таъсис додани гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони Раёсат амалӣ карда шуд.

Мутобиқи маҳзани маълумотҳо даромади умумии субъектҳои дар соҳаи тиҷорати электронӣ фаъолияткунанда дар 3 моҳи соли 2024 дар маҷмӯъ 132,5 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 36,1 млн. сомонӣ ё 266,1 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин давра ҳаҷми маблағи андозҳои ҳисобшудаи субъектҳои мазкур дар маҷмуъ ба 14,1 млн. сомонӣ баробар гардида, дар давраи ҳисоботӣ ба буҷет ба маблағи 15,5 млн. сомонӣ андозҳо пардохт гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, маблағи андозҳои ҳисобшуда 3,2 млн. сомонӣ  ё 252,2 фоиз бештар мебошад.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ

Анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти андоз ба ҳисоб рафта, бо мақсади ба андозсупорандагон омӯзонидани муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус нисбати қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи Қоидаҳои андозбандии фаъолияти соҳибкорони инфиродии дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолияткунанда” аз 31 марти соли 2022, №151, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.05.2011, №702 “Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ”, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.06.2023, №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ва дигар санадҳои меъёрии дар ин давра қабулгардида, ҳамзамон хизматрасониҳои  электронии Кумитаи андоз, пардохти бақияи қарзи андозҳо ва дигар талаботҳои қонунгузории соҳаи андоз бо андозсупорандагон дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ дар бозорҳо ва ширкатҳои хизматрасонии нақлиётии ҳудуди шаҳри Душанбе 36 адад семинар-машваратҳо бо иштироки зиёда аз 1070 нафар соҳибкорон ва андозсупорандагон гузаронида шуд.

Ҳамзамон, дар баробари гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо соҳибкорон ва шаҳрвандон бо мақсади боз ҳам огоҳии бештар пайдо намудани андозсупорандагон аз муқаррароти қонунгузории андоз, дурустии ҳисобу пардохти андозҳо ва иҷрои ӯҳдадориҳои андозӣ зиёда аз 5,0 ҳазор адад варақаҳо (буклет) омода карда шуда, ба соҳибкорони бозорҳо ва марказҳои калони тиҷоратии шаҳри Душанбе, инчунин дар раванди баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ ва вохӯрӣ бо андозсупорандагон ва шаҳрвандон дастрас карда шуда, дар ин самт корҳои тавзеҳотӣ ва фаҳмондадиҳӣ анҷом дода шуд.

 Пардохти ғайринақдии андозҳо

 Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади амали намудани қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 28 июли соли 2023, №415 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар шаҳри Душанбе» ҷиҳати таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» аз ҷониби мақомоти андоз ҷиҳати пурра фароҳам овардани пардохти андозҳо ва боҷҳо тавассути воситаҳои электронии пардохт бо Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории «Амонатбонк» ва дигар бонкҳову ташкилотҳои қарзӣ созишномаҳо ҷиҳати ба таври ғайринақдӣ қабул намудани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба имзо расонида шуда амалӣ гардида истодааст.

Дар моҳҳои январ – марти соли 2024 тавассути воситаҳои электронии пардохт аз ҷониби андозсупорандагони хурд ва шаҳрвандони шаҳри Душанбе дар маҷмуъ 218,7 ҳазор адад амалиёт (транзаксия) вобаста ба пардохти андозҳо гузаронида шуда, тавассути амалиётҳои мазкур ба буҷет 127,5 млн. сомонӣ маблағи андозҳои пешбинишуда ба тариқи ғайринақдӣ гузаронида шуд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь