Системаи миллии андоз дар давраи оғози эҳёи давлати Тоҷикистон ҳамчун муҳимтарин нишонаи Истиқлоли давлатӣ ва асоси молиявии мавҷудияти давлат ба миён омадааст. Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав бори андозро барои соҳаҳои истеҳсолии иқтисодиёт осон карда, раванди андозбандиро шаффофтар сохт ва муносибатҳои андозиро дар ҷамъият боз ҳам аниқтар ба танзим даровардааст. Ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасониҳои электронӣ Мақомоти андози кишвар портали хизматрасониҳои электрониро васеъ намуда, шакли таҷдидшудаи барномаи компютерии Низоми муттаҳидаи иттилоотии идоракунии андозро ба истифода дод, ки аз 50 модулҳои алоҳидаи компютерӣ иборат аст. Тавассути модулҳои мазкур айни замон барои андозсупорандагону шаҳрвандон 80 намуди хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ пешниҳод гардида истодааст, ки истифодаи чунин хизматрасониҳо барои содаю мувофиқ намудани иҷрои уҳдадориҳои андозии субъектҳои хоҷагидор ва коҳиш додани таъсири омилҳои инсонӣ мусоидат менамояд.
Нозироти андози шаҳри Ваҳдат фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарору фармоишҳои Ҳукумати ҶТ ва дастурҳои роҳбарияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳи монда, аз соли 2018 бо мақсади коҳиш додани хароҷотҳои субъектҳои хоҷагидор ва аз байн бурдани таъсири омилҳои инсонӣ шакли хизматрасонии электрониро ба роҳ мондааст. Амалӣ сохтани тартиби мазкур шароити мусоид фароҳам овард, ки андозсупорандагон бо истифода аз “Утоқи шахсии андозсупоранда” ҳуҷҷатҳои заруриашонро барои бақайдгирии давлатӣ ба барнома дохил карда, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи фаъолияти соҳибкории худро дастрас намоянд.
Нозироти андози шаҳри Ваҳдат дар се моҳи соли 2024 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмиро бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 104,8 дарсад таъмин намуда, ба ҷои 84 миллиону 180 ҳазор сомонии пешбинигардида, ба буҷети давлатӣ 88 миллиону 195, 7 ҳазор сомонӣ ворид кардааст. Ин ҳолат дар муқоиса ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 4 миллиону 15,7 ҳазор сомонӣ зиёд ва нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 24 миллиону 19,6 ҳазор сомонӣ бештар мебошад.
Нақшаи андозҳо бошад ба андозаи 104,6 фоиз таъмин карда шуда, ба ҷои 70 миллиону 260 ҳазор сомонии пешбинишуда ба буҷети давлатӣ 73 миллиону 457 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст. Ин нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 3 миллиону 197 ҳазор сомонӣ зиёд ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21 миллиону 81,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ бошад, ба андозаи 105,9 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 13 миллиону 920 ҳазор сомонии нақша, ба фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 14 миллиону 738 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиону 937,8 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Семинар- машваратҳо
Тибқи талаботи сархати 20 қисми 1 моддаи 90-и Кодекси андоз ва талаботҳои Стандарти ягонаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, аз тарафи кормандони масъули Нозироти андози шаҳр дар Ваҳдат миёни андозсупорандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шудааст. Ҳамчунин, бо ҷалби зиёди соҳибкорону шахсони масъули муассисаву корхонаҳои шаҳр, дар мавзӯҳои гуногун, аз қабили тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби нави пешниҳоди эъломияи андоз аз фоида ва дигар масоили мубрам семинарҳои омӯзишӣ гузаронида шуданд. Вобаста ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31. 03. 2022 №151, оид ба имтиёзҳои андоз, инчунин пурра ба тариқи электронӣ пешниҳод гардидани ҳисоботҳо ба мақомоти андоз ва дигар масъалаҳо аз ҷониби кормандони нозирот бо аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо баргузор шудааст.
Муроҷиатҳо
Муроҷиатҳое, ки ба Нозироти андози шаҳри Ваҳдат ворид мегарданд, дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ба расмият дароварда шуда, мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Кормандони Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат барои беҳтар сохтани сатҳи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳиро густариш бахшида, ҷиҳати кам намудани бақияи қарзи андозҳо, беҳтар сохтани сифати корҳои назоратӣ донишу малакаи худро истифода менамоянд.
Ҳамчунин, масъулини ин ниҳод барои иҷрои нақшаи солонаи пешбинишудаи андозҳо чораҳои таъхирнопазир андешида, мақсад доранд иҷроиши нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024»-ро пурра таъмин менамоянд.
МТЖТ
Шарҳи ҳол
Алиев Алишер Алиевич, зодаи шаҳри Кӯлоб, соли 2006 Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанберо хатм карда, худи ҳамон сол донишҷӯи факултети Иқтисод ва идораи ДМТ гардидааст. Соли соли 2011 ДМТ хатм кардааст. Номбурда фаъолиятро дар мақомоти андоз аз соли 2017 дар Нозироти андози андозсупорандагони калон дар вилояти Суғд оғоз карда, солҳои 2020-2021 дар нозироти мазкур дар вазифаи муовини сардор-сардори шуъба ифои вазифа намудааст. Соли 2021 дар вазифаи сардори нозироти андоз дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд кор кардааст. Соли 2022 сардори нозироти андоз дар ноҳияи Шаҳринав ва аз 3-юми июли соли 2023 инҷониб ба ҳайси сардори нозироти андози шаҳри Ваҳдат фаъолият карда истодааст.