Пешбурди фаъолияти илмию технологӣ ва фаъолияти инноватсионӣ шарти зарурии рушди равандҳои инноватсионӣ дар ҳар як давлати рушдкарда ва рушдкунанда мебошад. Фаъолияти илмию технологӣ ба тавлид, рушд, густариш ва татбиқи донишҳои илмию техникӣ дар иқтисодиёт, аз ҷумла истеҳсолот вобаста мебошад. Он таҳқиқоти илмӣ ва коркардҳои илмӣ, тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар ин самт ва хизматрасониҳои илмию техникиро фаро мегирад.
Таҳқиқоти илмӣ ва коркардҳои илмӣ фаъолияти эҷодӣ мебошанд ва мақсади онҳо афзун гардонидани ҳаҷми донишҳо оид ба инсон, табиат, ҷамъият, ҷустуҷӯйи роҳҳои татбиқи онҳо мебошад. Таҳқиқоти илмӣ ва коркардҳои илмӣ таҳқиқоти бунёдӣ (фундаменталӣ), таҳқиқоти амалӣ ва коркардҳоро дар бар мегиранд.
Таҳқиқоти илмии бунёдӣ аз таҳқиқоти таҷрибавӣ ё назариявӣ иборат буда, мақсад аз анҷом додани онҳо кашфи алоқаҳои нав байни ҳодисаҳо, донистани қонунияти рушди табиат ва ҷамъият новобаста ба истифодаи мушаххаси онҳо мебошад. Таҳқиқоти бунёдӣ дар самти инноватсия марҳилаи якуми раванди ба вуҷуд овардан ва азхуд кардани техника (технологияҳо)-и нав дар асоси донишҳои нави илмӣ ва қонуниятҳои навошкоргардида ба ҳисоб меравад.
Дар қиёс бо таҳқиқоти илмии бунёдӣ, таҳқиқоти илмии амалӣ ба дарёфти натиҷаҳои амалӣ ва ҳалли масъалаҳои мушаххас равона карда шудааст. Таҳқиқоти илмии амалӣ марҳилаи дуюми раванди ба вуҷуд овардан ва азхуд кардани техникаю технологияҳои нав мебошад.
Коркардҳои илмӣ корҳое мебошанд, ки барои ба вуҷуд овардани маҳсулот, маводу таҷҳизоти нав, татбиқи равандҳои нав, технологияҳо ва хизматрасониҳо ё такмилдиҳии молу маҳсулот ва таҷҳизоти кайҳо истеҳсолшуда ва ё татбиқгардида равона карда шудаанд.
Технология дар маънии одӣ маҷмуи қоидаҳо ва тарзҳои сохтан ва татбиқи техника ва табдил додани моддаҳои табиӣ ба маҳсулоти саноатӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ мебошад. Дар маънии васеъ бошад, он татбиқи донишҳои илмиро барои ҳалли масъалаҳои амалӣ ифода мекунад.
Ҳамин тавр, таҳқиқот ва коркардҳои илмӣ аз корҳои таҷрибавию конструкторӣ, корҳои лоиҳавӣ, корҳои технологӣ, ба вуҷуд овардани намунаҳои таҷрибавӣ ва анҷом додани озмоишҳо иборат аст.
Корҳои таҷрибавию конструкторӣ ба татбиқи натиҷаҳои корҳои илмию таҳқиқотӣ барои сохтан (ё такмил додан)-и намунаҳои техника, мавод ва технологияи нав равона карда шудаанд. Онҳо марҳилаи анҷомёфтаи таҳқиқоти илмӣ, гузариши хос аз шароити озмоишгоҳӣ ва истеҳсолоти таҷрибавӣ ба истеҳсолоти саноатӣ мебошанд. Ба ин корҳо мансубанд:
-коркарди конструксияи муайяни объекти муҳандисӣ ва ё системаи техникӣ (корҳои конструкторӣ);
-коркарди ғояҳо ва гунаҳои объекти нав;
-коркарди равандҳои технологӣ, яъне, тарзҳои муттаҳидкунии равандҳои физикӣ, химиявӣ, технологӣ ва ғайра бо равандҳои меҳнатӣ ҳамчун системаи комил.
Мақсад аз анҷом додани корҳои таҷрибавию конструкторӣ ин сохтан (такмилдиҳӣ)-и намунаҳои маснуоти наве мебошад, ки онҳоро пас аз озмоиши дахлдор ба истеҳсолоти силсилавӣ ва ё бевосита ба истеъмолкунанда супоридан мумкин аст. Дар ин марҳила санҷиши ниҳоии натиҷаҳои таҳқиқоти назариявӣ гузаронида шуда, асноди дахлдори техникӣ таҳия мегардад, намунаҳои маснуоти нав сохтаю озмоиш карда мешаванд.
Мафҳуми «инноватсия» маънии навигарӣ ва навҷорикуниҳоро дар соҳаи техника, технология, ташкили меҳнат ва идора, ки ба истифодаи дастовардҳои илм ва таҷрибаи пешрафта асос ёфтааст, ҳамчунин истифодаи ин навигариҳоро дар соҳаҳо ва самтҳои гуногуни фаъолият дорад. Аз нуқтаи назари иқтисодӣ ба маънии «инноватсия» объекти дар истеҳсолот дар натиҷаи таҳқиқоти илмӣ ё кашфиёти нав татбиқшуда фаҳмида мешавад, ки он аз намунаи мавҷуда сифатан фарқ мекунад. Зимнан ин объект на танҳо дар истеҳсолот татбиқшуда, балки даромадоваранда низ мебошад.
Фаъолияти инноватсионӣ бошад, фаъолияте мебошад, ки ба истифодаи амалии натиҷаи илмӣ, илмӣ-технологӣ ва нерӯи зеҳнӣ бо мақсади ба даст овардани маҳсулоти истеҳсолшавандаи нав ва ё хеле беҳтаргардида, технологияҳои истеҳсоли ин гуна маҳсулот ва қонеъ гардонидани талаботи пардохтқобилии истеъмолкунандагон дар молу хизматрасониҳои баландсифат, такмили хизматрасониҳои иҷтимоӣ равона карда шудааст.Таҳқиқоти илмӣ ва коркардҳои илмӣ ҳамчун манбаи ғояҳои нав дар марҳилаҳои раванди инноватсионӣ амалӣ карда мешаванд.
Натиҷаи асосии ин фаъолият ба вуҷуд овардани донишҳои нави илмӣ ва амалисозии минбаъдаи онҳо дар технологияҳои нав ва ё маҳсулоти нави тавассути ин технологияҳо истеҳсолшуда мебошад. Навъҳои нави технология ва ё маҳсулоти нав навсозӣ ё навгониҳое мебошанд, ки самараи иҷтимоию иқтисодииро танҳо пас аз ёфтани татбиқи амалӣ, яъне дастрас кардан ба истеъмолкунанда ва табдил шудан ба инноватсияҳо таъмин менамоянд. Мисолҳои хоси навгониҳо намунаҳои нави технологияҳо барои истеҳсоли маҳсулот ва ё намунаҳои таҷрибавии маҳсулоти нав барои ба роҳ мондани истеҳсоли минбаъдаи силсилавии онҳо мебошанд. Инноватсия бошад, натиҷаи фаъолияти инноватсионӣ мебошад, ки фаъолияти сегонаи; а) илмию технологӣ (ба вуҷуд овардани донишҳои нави илмӣ ва навсозиҳои технологӣ); б) истеҳсолӣ (ба вуҷуд овардани маҳсулоти нави тайёр ба истеъмол); в) тиҷоратӣ (фӯрухтани маҳсулоти истеҳсолшуда, яъне, то истеъмолкунанда дастрас намудани он)- ро дар бар мегирад. Ҳамбастагии муайян байни фаъолияти инноватсионӣ ва рушди илмию технологӣ мавҷуд аст. Аз як тараф, рушди илмию технологӣ бе рушди фаъолияти инноватсионӣ, ки ҳоло шарти зарурӣ ва қувваи ҳаракатдиҳандаи рушди устувори иқтисодӣ мебошад, имкон надорад. Суръатгирӣ ва натиҷаҳои басифати фаъолияти инноватсиониро суръат ва сатҳи рушди илмию технологӣ муайян мекунад. Аз тарафи дигар, натиҷаҳои рушди илмию технологӣ рушди фаъолияти инноватсиониро, ки ба дастовардҳои илм ва технология такя мекунад, такон мебахшад. Дар ин маврид донишҳои нави илмию технологӣ манбаи ғояҳои инноватсионӣ мебошанд.
Раванди инноватсионӣ раванде мебошад, ки тамоми фаъолияти илмию техникӣ, истеҳсолотӣ, маркетингии истеҳсолкунандагонро фаро гирифта, дар ниҳоят ба қонеъ гардонидани талаботи бозор равона карда мешавад. Ба гуфти дигар ин раванди ба инноватсия табдил додани дониши илмӣ мебошад, ки онро ҳамчун занҷираи пайдарпайи таҳқиқоти илмӣ (бунёдӣ ва амалӣ) – коркардҳои илмӣ – технология – истеҳсолот -маҳсулот (ё хизматрасонӣ) тасвир кардан мумкин аст. Яъне, дар рафти ин ҳодисаҳо инноватсия аз ғоя то маҳсули мушаххас, технологияҳо ва ё хизматрасониҳо мерасад ва зимни истифодаи амалӣ густариш меёбад. Дар умум раванди инноватсионӣ ба даст овардан ва тиҷоратӣ кардани ихтироот, технологияҳои нав, намудҳои маҳсулот ва хизматрасониҳо, ҳалҳои хусусияти истеҳсолӣ, молиявӣ, маъмуридошта ва натиҷаҳои дигари фаъолияти зеҳнӣ мебошад.
Ҳамин тариқ, дар раванди инноватсионӣ ғояҳои илмӣ ба маҳсулоти инноватсионӣ табдил меёбанд. Ин раванд марҳилаҳои зеринро дар бар мегирад:
Марҳилаи якум – анҷом додани таҳқиқоти бунёдӣ; дар ин марҳила донишҳои нави илмӣ ба даст оварда мешаванд.
Марҳилаи дуюм – анҷом додани корҳои илмии таҷрибавӣ аст, ки ба муайян кардани тарзҳои татбиқи натиҷаҳои назариявӣ дар дастгоҳҳои техникӣ равона карда шудаанд; дар ин марҳила консепсияи маҳсулот, технология ё хизматрасонии нав ба вуҷуд оварда мешавад.
Марҳилаи сеюм – анҷом додани коркардҳои илмӣ аст; дар ин марҳила талаботи бозор ба ин гунаи маҳсул омӯхта шуда, корҳои таҷрибавию конструкторӣ анҷом дода мешаванд ва намунаи таҷрибавии маҳсулот ё технологияи нав сохта мешавад.
Дар марҳилаи чаҳорум намунаҳои маҳсулоти нав сохта мешавад.
Дар марҳилаи панҷум маҳсулот ё технология дар шароити бозорӣ бо мақсади муайян кардани сатҳи қонеъгардонии истеъмолкунандагон, сатҳи ҷоизи нархҳо, коркард шудани усулҳои густариши мол, усулҳои ташкил кардани реклама озмоиш карда мешавад.
Дар марҳилаи шашум истеҳсоли тиҷоратии маҳсулот ё технология ба роҳ монда шуда, маҳсулоти инноватсионӣ ба вуҷуд оварда мешавад ва пас аз фурӯхта шудани онҳо истеҳсолкунанда даромад ба даст меорад.
Пирмаҳмад НУРОВ,
ходими пешбари илмии Маркази рушди инноватсиониии илм ва технологияҳои нави АМИТ