Нозироти андоз дар ноҳияи Вахш ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои дастуру супоришҳояшон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, тадбирҳои зарӯриро роҳандозӣ намуда, дар давраи ҳисоботӣ таъмини рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, ҳамаҷониба таъмин намудани дастгирии давлатии соҳибкорӣ, бахусус дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридоти ва афзунгардонии потенсиали содиротии ноҳия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро ҳамчун самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор додаанд. Оид ба натиҷаҳо ва фаъолияти Нозироти андоз дар ноҳияи Вахш дар  шаш моҳи 2023 хабарнигори МТЖТ бо сардори ин ниҳод  Ализода Шариф сӯҳбат анҷом дод.

 Андоз рушди давлат ва бақои миллат аст

Дар оғози сӯҳбат сардори Нозироти андоз дар ноҳияи Вахш изҳор дошт: «Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади коҳиш додани хароҷотҳои субъектони хоҷагидор ва аз байн бурдани таъсири омилҳои инсонӣ аз соли 2018 оғоз намуда, аз ҷониби Кумитаи андоз  шакли нави хизматрасонии электронӣ – тартиби бо реҷаи электронӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ мавриди истифода қарор дода шудааст. Ҷорӣ намудани тартиби мазкур шароит фароҳам овардааст, ки шаҳрвандон ва андозсупорандагон бо истифода аз “утоқи шахсии андозсупоранда” ҳуҷҷатҳои заруриро барои бақайдгирии давлатӣ ба барнома дохил карда, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи фаъолияти соҳибкории худро дастрас намоянд».

Ализода Шариф иброз намуд, ки Нозироти андоз дар ноҳияи Вахш дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати андоз дар вилояти Хатлонро роҳнамои кори худ қарор дода, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш кӯшиш карданд, ки вазифаҳои ба зиммаашон гузошташударо доир ба иҷро намудани нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023” талаботҳои Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин созанд ва барои вусъат бахшидан ба рушди соҳибкории хурду миёна, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд.

 Иҷрои барзиёди нақшаи андоз        

Тибқи маълумотҳои барномаи компютерии системаи мутаҳидаи иттилооти идоракуни андозҳо дар ноҳия ба ҳолати 01.07.2023, 7557 адад субъектҳои хоҷагидори фаъолият менамоянд. Аз ин  491 адад шахси ҳуқуқӣ бо назардошти воҳидҳои алоҳида, 192 адад соҳибкори инфироди тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда, шаҳодатнома бо шартҳои махсус 383 адад, 6067 адад хоҷаги деҳқони бетаъсиси шахси ҳуқуқӣ ва 424 адад соҳибкори инфиродӣ тибқи патент фаъолияткунанда фаъолият намуда истодаанд.

Дар нимсолаи  аввали соли 2023 иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи  101% таъмин гардида, ба ҷойи 32 млн 465 ҳазор сомонӣ нақшаи пешбинишуда, ба буҷет 32 млн 764 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки ин нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ ба маблағи 298 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад ва нисбат ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли қаблӣ воқеан ҷамоваригардида 3 млн 802 ҳазор сомони зиёд мебошад ё ин, ки 113% афзоиш ёфтааст.

Иҷроиши нақшаи андозҳо бе назардошти андози иҷтимоӣ ғайрибуҷети дар давраи ҳисоботи ба андозаи 100% таъмин гардида, ба ҷои 26 млн 172 ҳазор сомонӣ  нақшаи пешбинишуда ба буҷет 26 млн 195 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ ба маблағи 23 ҳазор сомони зиёд мебошад ва нисбат ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли қаблӣ воқеан ҷамоваригардида 3 млн 538 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад ё ин, ки 115% афзоиш ёфтааст.

Иҷроиши нақшаи андози иҷтимоӣ ғайрибуҷетӣ  ба андозаи 104% таъмин гардида, ба ҷои 6 млн  293 ҳазор сомонӣ  нақшаи пешбинишуда ба буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 6 млн 568 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақша 275 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад ва нисбат ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли қабли воқеан ҷамоваригардида 68 ҳазор сомони зиёд мебошад ё ин, ки 104% афзоиш ёфтааст.

Иҷроиши нақшаи андози иҷтимоӣ буҷети бошад дар ин давраи ҳисоботи  ба андозаи 116% таъмин гардида, ба ҷои 11 млн 89 ҳазор сомонӣ  нақшаи пешбинишуда ба буҷети Агентии суғуртаи иҷтимои ва нафақа ҷойи 12 млн 823 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақша 1 млн 733 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад ва нисбат ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли қабли воқеан ҷамоваригардида 3 млн 138 ҳазор сомони зиёд мебошад ё ин, ки 132% афзоиш ёфтааст.

Ҷаримаҳои маъмурӣ

Таъмини риояи қонунгузории соҳаи андоз, бахусус ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва пешгирии онҳо, инчунин татбиқи тартиби судии рӯёнидани маблағи андозҳо омили таъсирбахши ҷорӣ намудани тартиботи ҳуқуқӣ буда, аз ҷониби мақомоти андоз ба ин самти фаъолият аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Тибқи қонунгузорӣ мақомоти андоз дар доираи ваколати худ салоҳияти татбиқи ҷаримаҳои маъмуриро дошта, ба ин васила дар самти ҳимояи манфиатҳои буҷети давлат, ҷори намудани интизоми ҳуқуқии андозсупорандагон ва ба низом даровардани фаъолияти мақомоти андоз нақши муассир мебозад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи кормандони Нозироти андоз дар  ноҳияи Вахш барои вайрон намудани қонунгузории соҳаи андоз нисбати 143 ҳуқуқвайронкунанда ба маблағи 203 ҳазор сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ гардида, аз ин ҳисоб 102 ҳазор сомонӣ ва ё 50% ба даромади буҷет рӯёнида шудааст.

Назорати камералӣ

Дар ин давра бо мақсади дарёфти манбаҳои иловагӣ андозҳо ва пешгирии эҳтимолияти вайронкуниҳои қонунгузории андоз дар фаъолияти 101 адад андозсупорандагон назорати камералӣ ҳисоботҳои андоз гузаронида шуда, дар натиҷа ба маблағи 1 млн 181 ҳазор сомони эҳтимолияти кам ҳисоб гардидани андозҳо муайян гардид. Аз тарафи андозсупорандагон оиди маблағҳои эҳтимоли ҳисобшуда ба маблағи 795 ҳазор сомонӣ эъломияҳои иловагӣ андоз пешниҳод гардидааст, ки 67%-и маблағи умумии ҳисоби эҳтимоли андозҳоро ташкил медиҳад. Аз ин ҳисоб ба буҷет ба маблағи 419 ҳазор сомонӣ пардохт карда шуд, ки 52%-и маблағи эъломияҳои пешниҳодшударо ташкил медиҳад. Аз ҳисоби ҳақдори бошад 35 ҳазор сомонӣ пушонида шуд. Тавзеҳот пешниҳод гардид 178075 сомонӣ. Бақияи маблағи андозҳо аз ҳисоби эъломияҳои пешниҳодкардашуда 341 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Инвентаризатсияи (азнавбаҳисобгири) замину амвол ва воситаҳои нақлиёти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ

Тибқи маълумотҳои барномаи компютерии СМИИА ба ҳолати 01.01.2022 дар ҳудуди ноҳияи Вахш 27419 адад супорандаи андозҳо аз молу мулки ғайриманқули шахсони воқеӣ мавҷуд буда, аз ин дар ин давра нисбати 15764 адади он азнавбаҳисобгирӣ гузаронида шудааст, ки 57,5%-и шумораи умумиро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи гузаронидани азнавбаҳисобгирӣ 886 адад нуқтаи беқайд ошкор шудааст, ки майдони молу мулки ғайриманқул аз ин ҳисоб 140087 мм –ро ташкил медиҳад. Аз шумораи андозсупорандагоне, ки дар қайд мебошанд ва дар фаъолияти онҳо фарқиятҳои масоҳати андозбандӣ ошкор гардид 1069 ададро ташкил дода, масоҳати андозбандишаванда бошад 140087 мм-ро ташкил дод. Дар натиҷа андозҳои илова ҳисобшуда 602 ҳазор сомонӣ ва аз ин ҳисоб пардохтшуда 498 ҳазор сомониро ташкил дод.

Иҷораи молу мулк

Ба ҳолати 01.07.2023 шумораи иҷорадиҳандагони молу мулк 168 ададро ташкил дода, аз ҷониби 163 адади он эъломияҳои андоз аз даромад ба Нозироти андоз пешниҳод кардашуда. Яъне 100%-и иҷорадиҳандагони молу мулк ба Нозироти андоз эъломияҳои андози худро пешниҳод намудаанд.  Нисбати 6 адади он ба маблағи 2040 сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ тадбиқ карда шудааст, ки ба ҳисоби миёна сари як протокол 340 сомонӣ рост меояд ва ин маблағ пурра ба буҷет ворид карда шудааст. Масоҳати умумии молу мулки ба иҷорадодашуда 12021 мм-ро ташкил дода, маблағи умумии иҷорапулӣ бошад 1 млн 414 ҳазор  сомонӣро дар бар мегирад.  Маблағи андози даромад аз ҳисоби ипача дар ин давра 212 ҳазор сомонӣро ташкил дода, ба буҷет бошад 269 хазор  сомонӣ ворид карда шудааст.

Аз ҳама имкониятҳо истифода меборем то нақшаи андоз саривақт иҷро шавад

 Ализода Шариф дар анҷоми суҳбат қайд намуд, ки Нозироти андоз дар ноҳияи Вахш барои иҷрои бомуваффақияти вазифа ва нақшаҳо дар пешбинишуда патенсиали хуби кадрӣ дорад ва изҳори боварӣ менамоем, ки ҷиҳати пешравии соҳа аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда самарнок истифода менамоем ва ба боварии роҳбарияти Кумитаи андоз, Раёсати андоз дар вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш сазовор бошем.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь