Сиёсати андоз ҳамчун яке аз омили муҳими рушди иҷтимоиву иқтисодӣ буда, бояд барои рушди устувори иқтисодии кишвар бо роҳи фароҳам овардани фазои муносиби соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, ҳавасмандгардонӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ, пеш аз ҳама соҳибкории истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, таҳкими иқтидори саноативу содиротии кишвар, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ равона шуда, барои зиёд гардидани манбаъҳои нави андозбандӣ ва даромадҳои буҷети давлатӣ мусоидат намояд.

Барои шиносои пайдо кардан аз натиҷаҳо ва фаъолияти Нозироти андози шаҳри Панҷакент дар ҳафт моҳаи аввали соли ҷорӣ хабарнигори МТЖТ бо роҳбари Нозироти андози шаҳри мазкур Аҳмадзода Азиз суҳбати ихтисосӣ анҷом дод. Дар оғози сӯҳбат ӯ қайд кард, ки роҳбарият ва кормнадони Нозироти андоз дар шаҳри Панҷакент дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати андоз дар вилояти Суғдро роҳнамои кори худ қарор дода, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент кӯшиш намудаанд, ки вазифаҳои ба зиммаашон гузошташударо доир ба иҷро намудани нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023”, талаботҳои Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин созанд ва барои вусъат бахшидан ба рушди соҳибкории хурду миёна, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд.

Иҷрои буҷет

Мавсуф ҳамчунин, тазаккур дод, ки Нозироти андоз дар шаҳри Панҷакент дар 7 моҳи соли 2023 нақшаи қисми даромади будҷети давлатиро бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи  102,2 фоиз иҷро намуда, ба ҷои 545135583 сомонӣ ба буҷет, дар асл 557109399 сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 11973815 сомонӣ зиёд ворид карда шудааст. Нақшаи андозҳо қисми даромади буҷети шаҳр бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар 7 моҳи соли 202З ба андозаи  103,2 фоиз  иҷро гардида, ба ҷои 494128583 сомонӣ ба буҷет дар асл 508892516 сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбини шуда, 14763932 сомонӣ зиёд ворид шудааст.

Нақшаи андози иҷтимоӣ дар  7 моҳи соли ҷорӣ ба андозаи  98,4 фоиз иҷро гардида, ба ҷои 72094000 сомонӣ ба буҷет дар 70907102 сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбини шуда 1186898 сомонӣ кам ворид карда шудааст.

Қарзситонӣ

Дар идомаи суҳбат номбурда зикр кард, ки бақияи қарзи андозҳои андозсупорандагон ба санаи 01.08.2023 ба маблағи 5248885 сомонӣ ташкил медод, ки нисбати 01.01 .2023 ба маблағи 1087055 сомонӣ кам карда шудааст, бақияи қарз ба 01.01.2023 6335940 сомониро ташкил медод. Шумораи андозсупорандагони қарздор ба  санаи 01.08.2023, 877 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба 01.01.2023, 194 адад кам карда шудааст. Шумораи хоҷагиҳо (аҳолӣ) дар шаҳр 4З422 ададро ташкил намуда, шумораи иҷорадиҳандагон бошад 565 нафарро ташкил медиҳад.

Андозсупорандагон

Номбурда афзуд, ки шумораи андозсупорандагони дар қайди Нозироти андоз дар шаҳри Панҷакент ба санаи 01.08.2023, 9001 нафарро ташкил медиҳад, ки ин ҳам бошад 890 нафар шахсони ҳуқуқӣ, 780 нафар соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда, 1293 нафар соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда, 1725 соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус ва 4323 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамчун андозсупоранда ба қайд гирифта шудааст. Дар 7-моҳа соли ҷорӣ ҳисоботи 424 адад андозсупоранда иловагӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.

Назорат

-Аз ҷониби Нозироти андоз дар 7 моҳи соли ҷорӣ дар натиҷаи гузаронидани корҳои назоратӣ ва фаҳмондадиҳӣ нисбати андозсупорандагон, ки ба қонуншикании соҳаи андоз роҳ додаанд, 247 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 477654 сомонӣ тартиб дода шуда, аз ин ҳисоб ба маблағи 347547 сомонӣ ба буҷет рӯёнида шуд. Ба ҳолати 01.07.202З дар нуқтаҳои савдо, хизматрасонӣ ва корхонаҳои ҳудуди шаҳри Панҷакент 427 адад дастгоҳи назорати хазинавӣ насб карда шудааст, ки аз ин 160 адад ба шахсони ҳуқуқӣ ва 267 адад ба соҳибкорони инфироди таалуқ дорад. Дар давраи ҷамъбастӣ барои вайрон намудани қойдаҳои истифодабарӣ ДНХ-и дорои хотираи фискали нисбати 36 нафар андозсупорандагон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда, ба маблағи умумии 182720 сомонӣ ҷарима банди карда шудаанд. Дар ин давра аз тарафи кормандони Нозироти андоз дар шаҳри Панҷакент нисбати 68 нафар андозсупоранда ба маблағи 39957885 сомонӣ назорати камералӣ анҷом дода шуда, аз ин ҳисоб ба буҷет ба маблағи 2057402 сомонӣ ворид карда шуд. Инчунин, аз ҷониби Нозироти андоз дар давраи ҳисоботӣ ба 892 адад андозсупорандагони қарздор огоҳинома ба маблағи 3805,7 сомонӣ фиристода шуда, аз ин ҳисоб ба маблағи 2292,1 сомонӣ рӯёнида шуд. Бояд қайд кард, ки нисбати 263 нафар андозсупоранда 305 адад қарор ба маблағи 3З70,4 сомонӣ бароварда шуда, аз ин ҳисоб ба буҷет ба маблағи 2570,З сомонӣ ворид карда шуд. Бояд қайд кард, ки аз 7 намуди андозҳо танҳо 2 намуди он ба маблағи умумии З7З62975 сомонӣ ба буҷет ворид нагардид, ки ин ҳам бошад андозҳо барои захираҳои табиӣ, андози иҷтимоӣ ба буҷет ворид нагардид,қайд кард номбурда.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ

Мавсуф изҳор дошт, ки аз тарафи Нозироти андоз дар 7-моҳаи соли ҷорӣ 26 маротиба корҳои фаҳмондадиҳӣ, яъне семинар машваратҳо оид ба ҳисоб ва пардохти андозҳо бо ҷамоатҳову бозорҳо, марказҳои калони хизматрасонӣ ва ғайра гузаронида шуд. Ба ғайр аз ин, соҳа ба соҳа бо гурӯҳи андозсупорандагон оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №586 аз 22.06.202З дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар якҷоягӣ бо бонкҳо ҷаласаҳо гузаронида шуда, корҳо дар ин самт идома дорад.

Нигора САИДБЕКОВ,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь