Сиёсати андоз ҳамчун яке аз омили муҳими рушди иҷтимоиву иқтисодӣ буда, бояд барои рушди устувори иқтисодии кишвар бо роҳи фароҳам овардани фазои муносиби соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, ҳавасмандгардонӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ, пеш аз ҳама соҳибкории истеҳсолӣ, ташкили ҷоӣҳои нави корӣ, таҳкими иқтидори саноативу содиротии кишвар, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ равона шуда, барои зиёд гардидани манбаъҳои нави андозбандӣ ва даромадҳои буҷети давлатӣ мусоидат намояд.

Аандоз пояи асосии давалат аст

Барои шиноси пайдо кардан аз натиҷаҳо ва фаъолияти Нозироти андози ноҳияи Носири Хусрав дар шаш моҳаи аввали соли ҷорӣ хабарнигори МТЖТ бо роҳбари Нозироти андози ноҳияи мазкур Аҳмадҷон Шарипов суҳбати ихтисоси анҷом дод. Дар оғози сӯҳбат ӯ қайд кард, ки роҳбарият ва кормнадони Нозироти андоз дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати андоз дар вилояти Хатлонро роҳнамои кори худ қарор дода, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав кӯшиш намудаанд, ки вазифаҳои ба зиммаашон гузошташударо доир ба иҷро намудани нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023”, талаботҳои Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин созанд ва барои вусъат бахшидан ба рушди соҳибкории хурду миёна, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд.

Андозсупорандагон

Номбурда ҳамчунин илова кард, ки шумораи андозсупорандагон дар ноҳияи Носири Хусрав ба ҳолати 01.07.2023 дар маҷмуъ 2306 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин 137 адад шахсони ҳуқуқӣ (аз 136 шахси ҳуқуқӣ 25-ададаш Воҳидҳои алохида РСБ мебошад), 37 адад соҳибкорони инфиродии бо шаҳодатнома фаъолияткунанда, 1813 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ бетаъсиси шахси ҳуқуқӣ, 157 адад шаходатнома бо шартҳои махсус ва 162 ададро соҳибкорони инфиродии бо патент фаъолияткунанда дар бар мегиранд.

Нақшаҳо барзиёд иҷро шуданд

Аҳмадҷон Шарипов афзуд, ки дар 6- моҳи соли 2023 иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 106% таъмин гардида, ба ҷойи  8 миллиону 445 ҳазору 986 сомонии пешбинишуда, ба буҷет 8 миллиону 951 ҳазору 819 сомонӣ ворид карда шуд, ки ин нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 505833 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Иҷроиши нақшаи андозҳо бе назардошти андози иҷтимоӣ ғайрибуҷетӣ 104% таъмин гардида, ба ҷои 6768710 сомонӣ нақшаи пешбинишуда ба буҷет 7048479 сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 279769 сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи андози иҷтимоӣ дар маҷмуъ 105,0% ё аз нишондиҳандаҳои нақшавӣ 218 ҳазору 574 сомонӣ зиёд таъмин гардида, дар натиҷа ба ҷои  4 миллиону 663 ҳазору 809 сомонӣ ба буҷет 4 миллиону 882 ҳазору 383 сомонӣ ворид карда шуд. Аз он ҷумла: Иҷроиши нақшаи андози иҷтимоӣ ғайрибуҷетӣ 113% таъмин гардида, ба ҷои 1677276 сомонӣ нақшаи пешбинишуда ба буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 1903340 сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақша 226064 сомонӣ зиёд мебошад.

Иҷроиши нақшаи андози иҷтимоӣ буҷетӣ 99,7% таъмин гардида, ба ҷои 2986533 сомонӣ нақшаи пешбинишуда ба буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 2979043 сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақша -7490 сомонӣ кам мебошад.

Бақипулиҳои  андоз

Масъалаи бақияи қарзи андозҳо яке аз масъалаҳои ташвишовари фаъолияти мақомоти андоз ба ҳисоб рафта, боиси нигаронии роҳбарияти мақомоти андоз гардидааст.

Ба ҳолати 1 июн  соли 2023 бақияи қарзи андозҳо дар нозироти андоз дар маҷмӯъ ба маблағи 1634597 сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали соли ҷорӣ ба маблағи 29846 сомонӣ кам карда шудааст.

Аз ин маблағ, бақияи қарзи андози иҷтимоӣ бошад, 1033792 сомониро ташкил дода, ки 63,2%-и маблағи умумии қарзро ташкил медиҳад, аз он ҷумла, буҷети 16805 сомонӣ ва ғайрибуҷетӣ 1016987 сомониро ташкил медиҳад.

Шумораи андозсупорандагони қарздор бошад, ба ҳолати 1 июн соли ҷорӣ 366 ададро дар бар гирифта, нисбат ба аввали сол ба миқдори 28 адад кам гардидааст.

Ба андосупорандагони қарздор огоҳи дода шуд

Итилоъ дода шуд, ки бо мақсади кам кардани бақияи қарзи андозҳо ва шумораи андозсупорандагони қарздор дар давраи ҳисоботӣ ба унвонии 235 андозсупоранда огоҳиномаи қарздорӣ ба маблағи 948100 сомонӣ ирсол гардида, аз ин ҳисоб 472400 сомонӣ ба буҷет ворид карда шудааст, ки 49.8% маблағи огоҳиномаҳоро ташкил медиҳад.

Дар нимсолаи авали соли 2023 нисбати 51 адад андозсупорандагони қарздор 55 адад қарорҳои маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо ба маблағи умумии 336400 сомонӣ қабул карда шуда, аз ин ҳисоб ба даромади буҷет маблағи 191500 сомонӣ ворид карда шудааст, ки  56.9%-и маблағи қарорҳои қабулгардидаро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии 55 адад қарор, иҷрои 26 адади он пурра таъмин гардидааст, ки 47.2%-и шумораи умумии қарорҳои мазкурро дар бар мегирад. Қарорҳои беиҷро 29 адад ва маблағи норуёнидаи ин қарорҳо 144900 сомонӣ ё 43.1 %-ро ташкил медиҳад.

Қарор дар бораи ситонидани маблағи қарзи андоз аз ҳисоби суратҳисоби бонкии андозсупоранда ё дебиторони он 4 адад қарор бо маблағи 109300 сомонӣ ва иҷроиши он бошад 72300 сомонӣ ё 66.1% мебошад.

Қарор дар бораи ситонидани маблағи қарзи андоз аз ҳисоби пули нақдии андозсупоранда 51-адад қарор бо маблағи 227100 сомонӣ, иҷроиши он 119200 сомонӣ ё 52,4%.

Таъмини риояи қонунгузории соҳаи андоз, бахусус ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, чораҷӯӣ намудан ва пешгирии онҳо, инчунин татбиқи тартиби судии рӯёнидани маблағи андозҳо омили таъсирбахши ҷорӣ намудани тартиботи ҳуқуқи буда, аз ҷониби мақомоти андоз ба ин самти фаъолият аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.

Тибқи қонунгузорӣ мақомоти андоз дар доираи ваколати худ салоҳияти татбиқи ҷаримаҳои маъмуриро дошта, ба ин васила дар самти ҳимояи манфиатҳои буҷети давлат, ҷорӣ намудани интизоми ҳуқуқии андозсупорандагон ва ба низом даровардани фаъолияти мақомоти андоз нақши муассир мебозад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи Нозироти андоз дар ноҳияи Носири Хусрав барои вайрон намудани қонунгузории соҳаи андоз нисбати 59 ҳуқуқвайронкунанда 68468 сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ гардида, аз ин ҳисоб 36690 сомонӣ ва ё 53.5% ба даромади буҷет рӯёнида шудааст.

Тадбирҳои зарурӣ

Ӯ қайд дошт, ки дигар нишондиҳандаи самти фаъолият, ки масъулияти баланди хизматиро аз ҳар як нозири вобасташудаи андоз талаб менамояд ин таъмин намудани пешниҳоди эъломияҳои андоз аз тарафи андозсупорандагон мебошад.

Таҷрибаи ҳаррӯзаи маъмурикунонии андоз ва муносибатҳои андозӣ бо андозсупорандагон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳию тавзеҳотӣ бо андозсупорандагон, аз ҷумла гузаронидани семинар – машваратҳо, вохӯриҳо, таҳияи намоишҳо бояд самти афзалиятноки фаъолияти соҳа боқӣ монда, ба он таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад.

Нозироти андоз дар ноҳияи Носири Хусрав мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлати ноҳияи Носири Хусравро бовар мекунонад, ки минбаъд низ ҷиҳати беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ва сатҳи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, бештар намудани сатҳу сифати корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ, кам намудани бақияи қарзи андозҳо ва роҳ надодан ба ташаккулёбии изофапулиҳо, беҳтар намудани сифати корҳои назоратӣ, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва дар ҳамин замина бо мақсади таъмини иҷрои нақшаҳои пешбинишуда тамоми донишу малакаи кормандонро самаранок истифода намуда, чораҳои иловагӣ меандешад ва дар пешбурди сиёсати андоз ва иҷтимоии давлат саҳми босазои хешро гузоранд.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь