Ба ҳисоби миёна 3,7 дарсади қарзи андоз дар кишварро қарздорӣ аз андозҳои молу мулк ташкил медиҳад. Дар 12 соли охир, қарзи ин намуди андоз 11,8 млн сомонӣ ё 74% зиёд шуд. Ин дар ҳоле, ки даромад аз ҳисоби ин намуди андоз нисбат ба соли 2010 қариб 723 млн. сомонӣ ё 6 маротиба зиёд гардид. Сабаби афзудани даромад ва қарз аз ин намуди андоз зиёд шудани сохтмон ва воридоти мошинҳо ба кишвар гуфта мешавад. Ҳамчунин, мутахассисон афзоиши меъёри андозҳо ва нишондиҳанда барои ҳисобҳоро сабаби дигари афзоиши қарз медонанд.

Андозҳо аз молу мулк чист ва онро кӣ пардохт мекунад?

Тибқи Кодекси андоз ба андозҳо аз молу мулк, андоз аз объектҳои ғайриманқул, андози замин ва андоз аз воситаҳои нақлиёт дохил мешаванд. Яъне ҳамаи биноҳои истиқоматӣ, маишӣ, оғилу гаражҳо, сохтмонҳо, заминҳо ва ҳамаи мошинҳое, ки дар кишвар ҳаст, дар доираи ин намуди андоз андозбандӣ мешаванд.

Манбаи андозбандӣ аз рӯи масоҳати умумии ишғолнамудаи замин, молу мулк ва барои биноҳои бисёрошёна масоҳати ҳар ошёнаи чунин бино бо назардошти коэффитсиенти минтақавӣ дониста мешаванд.

Манбаи андоз аз воситаҳои нақлиёт иқтидори муҳаррики воситаи нақлиёт аст, ки бо воҳидҳои қувваи асп ё воҳиди истифодаи қувваи барқ ё килограмм-фишори муҳаррики реактивӣ ифода меёбад.

Ҳамин тариқ, онҳое, ки аз молу мулк, қитъаи замин ва воситаи найлиёт андозро пардохт намекунанд, ҳамчун қарздор аз ин намуди андоз ба ҳисоб мераванд. Аксари чунин андозсупорандагон шахсони воқеӣ мебошанд.

Қарз бо маблағ зиёд, вале бо фоиз кам мешавад

Муқоисаи умумии қарзи андозҳо аз молу мулк нишон дод, ки аз соли 2010 то соли 2022 қарзи ин намуди андоз ба таври чашмрас зиёд шудааст.

Масалан, агар соли 2010 қарзи ин намуди андоз 16 млн сомониро ташкил намуда бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2022 ба 27,8 млн сомонӣ расидааст. Яъне давоми 12 соли охир қарзи ин намуди андозҳо 11,8 млн сомонӣ зиёд шудааст.

Дар инфографикаи зерин дида мешавад ки соли 2018 қарздорӣ  аз ин намуди андоз ба нуқтаи баландтарин расид: 39 млн сомонӣ, ки ин назар ба соли 2010-ум 24 млн сомонӣ ё 1,5 маротиба зиёдтар мебошад.

 

Ҳамин тариқ, ҳарчанд ҳиссаи қарздорӣ аз ин намуди андоз бо маблағ боло рафтааст, вале нисбат ба даромад, фоизи қарздорӣ поён меравад.

Масалан, соли 2022 ҳиссаи фоизи қарзи андозҳо молу мулк аз даромади умумӣ 2%-ро ташкил дод, ки ин назар ба 12 соли пеш (2010) 5% кам мебошад.

Дар солҳои 2015 ва 2016 фоизи қарздорӣ боло рафта, аз 4%-и соли 2014 дар соли 2015 ба 6 ва 2016 ба 7% расидааст.

 

Даромад аз молу мулк ҳамоно дар ҳоли афзоиш аст

Дар баробари қарз, дар ин давра даромад аз андозҳои молу мулк низ зиёд мешавад. Давоми 10 соли охир (2012-2022) даромад аз ин намуди андоз 723 млн сомонӣ ё 6 маротиба афзоиш ёфтааст.

Даромад аз ин намуди андозҳо назар ба солҳои пеш дар соли 2017 ба таври чашмрас зиёд шудааст. Яъне агар соли 2016 назар ба соли 2015 даромад 42 млн сомонӣ зиёд шуда бошад, пас соли 2017 назар ба соли 2016-ум 120 млн сомонӣ боло рафтааст.

Маротибаи дуввум, фарқияти ҷиддӣ дар солҳои 2021 ва 2022 ба назар мерасад. Даромад дар соли 2021 назар ба соли 2020 ба маблағи 100 млн сомонӣ ва соли 2022 даромад назар ба соли 2021-ум 174 млн сомонӣ зиёд шудааст, дар ҳоле, ки аз соли 2019 ба 2020 даромад ҳамагӣ 11,4 млн сомонӣ зиёд шуда буд.

 

Зиёд шудани хона ва мошинҳо

Ҳамасола зиёд шудани даромад ва қарзи андозҳо аз молу мулк ба афзоиши объектҳои андозбандӣ вобастагӣ дорад. Яъне афзоиши ҳамарӯзаи сохтмонҳо ва воридоти мошин ба кишвар, ки ҳамчун супорандаи ин намуди андоз ҳастанд, боиси зиёд гардидани даромад ва дар баробари он қарз аз андозҳои молу мулк шудааст.

Хусусан, давоми солҳои 2012-2020 масоҳати фонди манзил аз 84,8 млн метри мураббаъ то ба 104,8 млн метри мураббаъ расидааст. Яъне давоми 8 соли охир дар кишвар 20 млн метри мураббаъ хона зиёд сохта шудааст. Ин албатта метавонад яке аз сабабҳои зиёд гардидани даромад аз андози молу мулк гардида бошад. Зиёд шудани масоҳати фонди манзил ҳамасола бо як маром идома дорад, ки ин албатта таъсири худро дар зиёд шудани даромад ва қарз аз андози молу мулк мерасонад.

 

Дар баробари ин, шумораи автомобилҳо низ дар ҳоли афзоиш аст. Шурӯъ аз соли 2012 то нимсолаи аввали соли 2022 наздики 300 ҳазор автомобил ба кишвар ворид гардидааст.

Дар соли 2013 ба кишвар 66 ҳазору 144 адад автомобил ворид гардидааст, ки ин шумора назар ба соли 2012-ум 14 ҳазору 819  адад, ё ин ки ҳудуди 29% зиёд мебошад. Шурӯъ аз соли 2016 воридоти автомобил зиёд мешавад. Дар ҳамин ҳол, маблағи умумӣ аз ҳисоби воридоти мошинҳо низ дар ҳоли афзоиш аст.

 

Афзоиши нишондиҳанда барои ҳисобҳо

Дар ҳамин ҳол, як коршиноси тоҷик, ки чанд сол дар мақомоти андоз кор кардааст, сабаби афзоиши даромад ва қарз андозҳо аз молу мулкро ба баланд кардани меъёри ин намуди андоз ва ҳамасола зиёд кардани меъёри нишондиҳандаҳо барои ҳисобҳо арзёбӣ кард.

Ҳамсуҳбати мо, ки нахост аз ӯ ном барем гуфт, “масъалаи мазкур чандин маротиба муҳокима шуда буд, ки сол то сол зиёд намудани меъёрҳои мазкур (меъёри андоз ва нишондиҳанда барои ҳисобҳо) метавонад сарбории иловагӣ ва гаронии андозҳоро барои аҳолӣ пеш орад”.

Давоми 10 соли охир ҳарчанд фоизи меъёрҳои объектҳои ғайриманқул ва воситаҳои нақлиёт боло нарафтаанд, вале нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки меъёри онҳо тибқи он ҳисоб карда мешавад, афзоиш ёфтааст.

То соли 2019 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар ду сол як маротиба иваз мешуд. Вале шурӯъ аз соли 2019 ҳамасола меъёри нишондиҳанда барои ҳисобҳо баланд мешавад. Соли 2016 нархи як нишондиҳанда ҳамагӣ 40 сомониро дар бар мегирифт ва дар соли 2023 аллакай як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 68 сомонӣ шудааст. Яъне давоми 8 сол нархи нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар кишвар наздики 70% боло рафтааст.

 

Дар масаъали андози замин ҳолат каме дигаргун мебошад. Ин намуди андоз бо сомонӣ барои ҳар як минтақа ва намудҳои замин (лалмӣ, обӣ, алафзор ва ғ.) нархгузорӣ шудааст. Нархномаи он ҳамасола боло рафтааст.

Мисол соли 2014 як гектар заминӣ обӣ дар минтақаи Суғд 89,86 сомонӣ андоз аз рӯи меъёрҳои муайяншуда месупорид. Дар соли 2023 ин рақам назар ба 9 соли қаблӣ 59,15 сомон боло рафт.

 

“Хатти Лиффера”. Меъёри андоз ба нуқтаи ниҳоӣ расид?

Бо такя ба додаҳо метавон гуфт, ки сабаби дигари зиёд шудани даромади андоз ва ҳамин тариқ, қарзи он афзоиши меъёри нишондиҳанда барои ҳисобҳо аст.

Вале дар иқтисод мафҳуми “Хати каҷи Лаффер” мавҷуд аст, ки тибқи он, боло бурдани меъёри андозҳо ва нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар аввал метавонад даромадҳои андозии буҷаи давлатро зиёд кунад. Вале ин доимӣ нест ва вақте он ба нуқтаи зарурӣ расид, баръакс даромадҳои андозиро кам мекунад.

Бинобар ин, барои кам кардани қарз ва боз ҳам зиёд намудани даромад аз андозҳои молу мулк беҳтар аст, ки объектҳои андозсупоранда зиёд карда шавад, на ин ки нишондиҳандаҳои андозро боло бурд. Дар ҳолати зиёд кардани нишондиҳандаҳои андозӣ, муносибатҳои иқтисодӣ батадриҷ ба “иқтисоди соягӣ” мегузараду даромадҳои буҷаи давлат аз манбаъҳои андозӣ кам мешаванду зиёд не.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь