«Пешбурди сиёсати оқилона ва устувори молиявӣ дар тамоми давру замон омили асосии суботи давлат мебошад».

Эмомалӣ Раҳмон

Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Раёсати молияи ноҳияи Вахш хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо сардори раёсати мазкур Абдуқоҳҳор Улфатов, суҳбати ихтисосӣ анҷом дод. Мавсуф дар оғози суҳбат зикр намуд, ки дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар самти ташаккули сиёсати молиявӣ, аз ҷумла андозу буҷет заминаҳои муосири қонунгузорӣ фароҳам оварда шуда, садҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидааст, ки татбиқи онҳо фаъолияти мустақилона ва ягонагии низоми миллии молияро таъмин намуд. Ҳамчунин ӯ изҳор дошт, ки Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон,  дар вохӯрӣ бо кормандони мақомоти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  қайд намуда буданд, ки бовар дорам, к беҳтар шудани шароити корӣ барои кормандони соҳаи молия ба пешбурди босамари сиёсати давлат дар самти буҷету андоз ва баланд гардидани натиҷаи фаъолияти кормандони соҳа мусоидат мекунад.

Абдуқоҳҳор Улфатов, илова кард, ки дастуру супоришҳои, Пешвои миллатро мо сармашқи кори худ карда, тамоми донишу малакаи худро баҳри пешрафти давлату миллат ва сарфакоронаву мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷет сарф хоҳем кард. Раёсати молия ноҳия  баҳри иҷроиши саривақтии қисми даромади буҷет ва мақсаднок истифода намудани маблағҳо пайваста талош карда, кӯшиш мекунанд, ки пардохти саривақти музди маоши кормандони ташкилоту идораҳои буҷетии ноҳияро таъмин намоянд, то қарздорӣ ва қафомони музди меҳнат ба миён наояд.  Дар рафти суҳбат номбурда изҳор дошт, ки Раёсати молияи ноҳия дар  якҷо бо сохторҳои дигари иқтисодии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар шаш  моҳи  соли 2023 ҷиҳати таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои қисми даромад ва хароҷоти буҷети ноҳия, маблағгузории саривақтии хароҷоти аввалиндараҷа ва умуман пешбурди сиёсати молияи давлатӣ дар вилоят тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуд.

Фаъолияти пурсамар

Ӯ гуфт, ки ҳамаи ин тадбирҳо буд, ки  қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар шаш моҳи  соли 2023 ба маблағи 26172400 сомонӣ ва нақша дар маҷмӯъ 59307700 сомони  ба нақша гирифта шудааст. Дар ин давра андози буҷети ноҳия ба маблағи 26195810 сомонӣ, яъне 100 % ё ин, ки 23410 сомонӣ зиёд ворид гаштааст. Дар нимсолаи аввали 2023 аз, ҳисоби буҷети Ҷумҳуриявӣ ва вилолятӣ маблағҳои мақсаднок пурра пардохт гардида, ҳамаи маблағҳои равонкакрдашуда барои фонди музди меҳнат мақсаднок партохт карда шудааст. Мавсуф иброз дошт, ки  нақшаи андози буқети маҳаллӣ  ба андозаи 22524000 сомонӣ пешбини шуда буд, ки иҷроиши он ба маблағи 22657555 сомонӣро ташкил дода 101% -и нақша мебошад.Аз ин маълум мегардад, ки дар шаш моҳи  соли 2023 нисбати соли 2022 ба маблағи 3538255  сомонӣ   зиёд  буда 15,6 %-ро ташкил медиҳад.

Дар шаш моҳи  соли 2023 иҷроиши даромадҳои  буҷети маҳаллии ноҳия бо пуррагӣ иҷро гардидааст, ки тибқи  нақшаи пешбинишуда аз ҳафт  намуди сарчашмаҳои  андозҳо шаш намуди андозҳо бо пуррагӣ иҷро  гардид, ки аз 100 %  то 106 %  -ро ташкил медиҳад.

Қисми хароҷоти буҷет

Сардори Раёсати молияи ноҳияи Вахш зикр кард, ки қисми хароҷоти буҷети ноҳия дар нимсолаи аввали  соли 2023 мувофиқи нақша бо баҳисобгирии тағйиротҳои даровардашуда ба андозаи  60241875 сомонӣ пешбини шуда, дар асл бошад 55794865 сомонӣ истифода бурда шудааст, ки ин 92,6 %  нақшаро ташкил медихад.

Маблағҳо самаранок истифода бурда мешаванд

Абдуқоҳҳор Улфатов, ҳамчунин қайд кард, ки ҳамаи кормандони Раёсати молияи ноҳияи Вахш дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллӣ   баҳри таъмини саривақтии музди меҳнати кормнадони соҳаҳои буҷетӣ, сарфакорона истифода бурадни маблағҳои буҷетӣ, пурра омода кардани соҳаҳои хоҷагии халқ аз ҷумла маорифу тандрустӣ ва идораи роҳҳои ноҳия ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024, пардохти саривақтии рухсатпулии омӯзгорон ва дигар самтҳо равона намуда, кӯшиш мекунем, ки қисми дармоаи буҷети ноҳия саривақт иҷро гардад.

Нақшаҳои неки мо

Сардори Раёсати молияи ноҳияи Вахш Абдуқоҳҳор Улфатов, дар фарҷоми суҳбат гуфт, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар солҳои истиқлолият бахши молияи иқтисодиёти миллӣ дар асоси талаботи ислоҳоти бозорӣ ва бо назардошти таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ ташаккул ва инкишоф ёфт. Имрӯз соҳаи молия ба бахши муҳими иқтисодиёти миллӣ табдил ёфта, дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат нақши муҳим мебозад.  Аз ин рӯ мо кормандон  дар оянда низ  фаъолияти худро боз ҳам пурзур намуда ва баҳри давлату миллати худ содиқона хизмат намоем.

Дар ин баробар аҳли кормандони Раёсати молияи ноҳия  барои хуб истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама талошҳои худро равона намуда, ният доранд ин санаи фархундаро бо дастовардҳои хуб истиқбол гиранд.

Раҳмоналӣ Дархуҷаев,

“Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь