Бо мақсади бо вазъ ва шароити Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон шинос гардидан, хабарнигори МТЖТ бо ректори муассисаи мазкур Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Дар оғози суҳбат ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ изҳор дошт, ки соли равон барои тоҷикон соли таърихӣ хоҳад буд, зеро 30-солагии Истиқлолияти кишвар дар ин сол таҷлил гардид ва миллати мо аз ин санаи таърихӣ хуш истиқбол намуданд ва ҳамчунин дар сар то сари ҷумҳурӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолият чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ доир гардиданду мегарданд, ки албатта, баҳри худшиносии миллӣ ва ватандӯстии мо мусоидат хоҳад намуд. Ҳамчунин, мавсуф таъкид дошт, ки таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва суханрониҳои Пешвои муаззами миллат дар бораи Истиқлолияти давлатӣ моро барои дӯст доштани Ватан ва тақвияти худшиносии миллӣ водор менамояд ва бояд мо беш аз пеш бо кору пайкори шоиста садоқати худро ба Ватан нишон диҳем ва муташаккилонаву сарбаландона, бо дилу дасти пок ва масъулияти баланд фаъолият намоем. Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ зикр намуд, ки аз ин фурсати муносиб истифода бурда, кулли миллати тоҷикро ба 30-солагии Истиқлолияти кишвар муборакбод мегӯем ва таманнои онро дорем, ки Истиқлолият ҷовидон бимонад! Ва ҳамчунин, бояд қайд намоям, ки ДДМИТ дар 30 соли Истиқлол ба бисёр дастовардҳои назаррас ноил гардид ва албатта, он ҳама дастовардҳо бо шарофати Истиқлоли кишвар ба даст омаданд.

Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ дар идомаи суҳбат қайд намуд, ки Муассисаи таълимии «Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон» дар соли таҳсили 2020-2021 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони соҳаи маориф ва аҳли эҷоди мамлакат, эълон кардани “Солҳои 2020 – 2040 – бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ” ва ислоҳоти барномаву консепсияҳои рушди низоми таълим ва илму техника фаъолияти худро ба роҳ монда, дар самти таълим, фаъолияти илмию инноватсионӣ, робитаҳои байналмилалӣ, корҳои ташкилию тарбиявӣ ва тавсеаи базаи моддию техникӣ корҳои муайянро ба анҷом расонидааст.

Барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳисоботӣ ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, мустаҳкам намудани базаи моддӣ-техникӣ, тавсеаи равобити байналмилалӣ, гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ ва афзун намудани дастовардҳои илмӣ корҳои муайянеро ба анҷом расонида, мавқеи донишгоҳро дар бозори таҳсилоти ватанӣ устувортар гардониданд.

Мавсуф дар идомаи суҳбат зикр намуд, ки таъминоти кадрии раванди таълим аз ҷумлаи масоили марказии такмили сифати таълим ба ҳисоб рафта, айни замон дар донишгоҳ 21 нафар докторони илм, 151 нафар номзади илм, 183 нафар муаллими калон ва ассистентон, дар маҷмуъ 355 нафар устодон ба фаъолияти таълимӣ машғуланд. Миқдори умумии фанҳои тадрисшаванда дар соли таҳсили соли 2020-2021-ум 503 фанро ташкил медиҳад.

Дар ДДМИТ 358 гуруҳи академӣ мавҷуд буда, аз ин шумора 247 гуруҳ шакли таҳсили рӯзона, 111 гуруҳ таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона мебошанд.

Бо мақсади пешбурди фаъолияти таълимӣ ва ташкили раванди таълим дар шароити низоми таҳсилоти кредитӣ дар донишгоҳ барои ҳар як ихтисос маводи таълимии электронии зерин таҳия ва аз қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудааст:

– 37 адад стандартҳои давлатии таълимӣ;

– нақшаи таълимӣ (бакалавр, магистратура, маълумоти дуюм, таҳсилоти фосилавӣ);

– барномаҳои таълимии фанҳо – 503 адад;

– барномаҳои кории фанҳои таълимӣ (силлабусҳо) таҳия шуда, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, мавриди истифода қарор доранд.

Айни замон СТФ дар донишгоҳ бо инфрасохтор ва воситаҳои техникии зарурӣ таъмин ва муҷаҳҳаз буда, бо ин мақсад аудиторияҳои таълимӣ бо технологияи муосири мултимедиявӣ, тахтаҳои электронӣ, видеопроекторҳо ва моноблокҳо таҷҳизонида шудаанд. Дар донишгоҳ 44 адад тахтаҳои электронӣ, 44 видеопроектор, 8 синфхонаи компютерӣ (бо фарогирии 110 компютери фардӣ), се маркази тестӣ (бо фарогирии 256 компютери фардӣ), 8 синфхонаи лингофонӣ (бо фарогирии 128 копютери фардӣ) ва толорҳои муосир ҳамчун унсурҳои асосии СТФ баромад мекунанд. Дар маҷмуъ дар донишгоҳ 1144 компютерҳои муосир мавҷуданд, ки 400 донаи он ба шабакаи ҷаҳонии Интернет пайваст мебошанд. Ҳамчунин, дар ҳама биноҳои таълимӣ дастрасӣ ба низоми Wi-Fi таъмин карда шудааст.

Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломии донишҷӯён, дар соли таҳсили 2020-2021 шартномаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ байни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва 57 вазоратҳо, муассисаҳои бонкӣ, молиявӣ, корхонаву идораҳои давлатӣ ва ташкилотҳои хусусӣ ба имзо расонида шудаанд.

Бояд қайд намуд, ки шумораи умумии донишҷӯёни ба таҷрибаомӯзӣ сафарбаргардида дар маҷмуъ 3139 нафарро ташкил дода, аз ин шумора курсҳои 2-юм 1883 нафар ва курсҳои 3-юм бошад, 1256 нафарро ташкил медиҳанд.

Ташкил ва самаранокии давраи таҷрибаомӯзии таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ дар назорати доимии раёсати донишгоҳ қарор дорад.

Номбурда қайд намуд, ки маврид ба зикр аст, ки баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони ба бозори меҳнат ҷавобгӯ ва иҷрои банди 27-и пайнавишти маҷлиси назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.04.2010 бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломии донишҷӯён, шартномаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ байни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва 137 вазоратҳо, муассисаҳои бонкӣ, молиявӣ, корхонаву идораҳои давлатӣ ва ташкилотҳои хусусӣ ба имзо расонида шудаанд.

Нашри маводҳои илмӣ

Мавсуф дар рафти суҳбат изҳор дошт, ки самти муҳими корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишгоҳ – ин таҳия ва нашри маводҳои илмӣ ва китобҳои дарсӣ мебошад. Нашри китобҳои дарсӣ барои донишҷӯён яке аз вазифаҳои муҳими устодон ба шумор рафта, барои баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён заминаи хубе фароҳам меорад. Аз ин рӯ, Раёсати донишгоҳ пайваста ба нашри маводи илмӣ ва китобҳои дарсӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, имконият фароҳам меорад, ки маводҳои илмии ба талаботҳои стандарти таълимии муосир ҷавобгӯ аз ҷониби устодон ба нашр расанд, бо ташаббуси бевоситаи роҳбарияти донишгоҳ соли ҷорӣ нишондиҳандаҳо дар ин самт нисбат ба солҳои гузашта назаррасанд.

Дар самти иҷрои нақшаи нашр бояд қайд намуд, ки аз ҷониби устодони донишгоҳ 63 мавод, 14 китоби дарсӣ, 20 монография, 25 васоити таълимӣ ва 4 дастури методӣ ба нашр расидааст.

Дар баробари ин, аз ҷониби устодон, унвонҷӯён, доктор PhD аз рӯи ихтисос, магистрантон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар соли 2020-2021 дар маҷмуъ 1067 маводҳои илмӣ-таълимӣ ба нашр расидааст, ки аз онҳо 1006 мақолаву фишурда, аз ҷумла 257 мақола дар маҷаллаҳои аз тарафи КОА-и ҶТ ва ФР эътирофшуда, SCOPUS ва Web of Sciense – 6 мақола, 318 мақолаҳои дар маҷмӯаҳои конференсияҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, 425 фишурда дар маҷмуаҳои конференсияҳои донишгоҳӣ ба нашр расидаанд.

Боиси ифтихор аст, ки китобҳои дарсӣ ва васоити таълимии устодони донишгоҳро дар дигар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар эътироф менамоянд ва дархости харидорӣ мекунанд.

Конференсияҳо

  1. Санаи 8-уми апрели соли 2021 бо ташаббуси кафедраи менеҷмент дар ҳамбастагӣ бо раёсати илм ва инноватсия, шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар мавзӯи «Рушди инноватсионӣ ва рақамикунонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: муаммо ва дурнамо» конференсияи илмӣ-амалии донишгоҳӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
  2. Санаҳои 12-17-уми апрели соли 2021 дар доираи «Ҳафтаи илми тоҷик» конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорон, устодону кормандон, докторантону аспирантон ва магистрҳою донишҷӯён бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» (2019-2021) баргузор гардид.
  3. Санаи 29-уми майи соли 2021 дар пояи кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Масоили мубрами ҳуқуқ ва иқтисод дар шароити ҷаҳонишавӣ» баргузор гардид.

Инчунин, дар ин давра 1 конференсияи байналмилалии ғайринақшавӣ баргузор гардидааст.

  1. Санаи 27-уми марти соли 2021 семинар илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Усулҳои муосири таҳқиқотҳои иқтисодӣ-омории рушди бахшҳои иқтисоди миллӣ» баргузор гардид.
  2. Санаи 29-уми апрели соли 2021 семинари илмӣ-назариявии донишгоҳӣ дар мавзӯи «Истифодаи технологияҳои мултимедӣ ва компютерӣ дар омӯзиши забони русӣ» баргузор гардид.
  3. Санаи 12-уми майи соли 2021 семинари илмӣ-назариявии донишгоҳӣ дар мавзӯи «Тарҷума ва балоғати сухан дар забони англисӣ» баргузор гардид.
  4. Санаи 20-уми майи соли 2021 семинари илмӣ-назариявии донишгоҳӣ дар мавзӯи «Асосҳои назариявӣ-методологии аудити бахши давлатӣ» ва амсоли ин конфренсияву семинарҳо баргузор гардид, ки албатта, баҳри беҳтар гардидани дониши устодон ва донишҷӯён муосидат хоҳад намуд.

Иштирок дар озмунҳо ва олимпиадаҳо

Соли ҷорӣ низ олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти ҷоизаи «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯйи фанҳои дақиқ санаи 12-13-уми марти соли 2021 бахшида ба солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор гардид, ки донишҷӯёни ДДМИТ дар он фаъолона ширкат варзида, соҳиби дастовардҳои назаррас шуданд.

Боиси хурсандист, ки донишҷӯёни ДДМИТ низ дар самти фанҳои ғайритахассусӣ фаъолона иштирок намуда, дар натиҷа аз фанни химия Муҳсин Раҷабов, донишҷӯи курси 2, ихтисоси технологияҳои иттилоотии низомҳои молиявӣ соҳиби ҷойи дуюм ва аз фанни геология Ҷалолиддин Муқимов, донишҷӯи курси 3, ихтисоси молия соҳиби ҷойи сеюм ва соҳиби Дипломи Президенти АМИТ гардиданд.

Бояд зикр намуд, ки 28-29-уми майи соли ҷорӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров олимпиадаи ҷумҳуриявии МТОК аз рӯи 14 фан, аз ҷумла, фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ, забони русӣ, технологияи информатсионӣ, таърихи халқи тоҷик, математика, физика, химия, биология-экология, назарияи иқтисодӣ, фалсафа, сиёсатшиносӣ, географияи иқтисодии Тоҷикистон бо асосҳои демография ва педагогикаи умумӣ таҳти унвони “Дониш талабу бузургӣ омӯз” баргузор гардид. Дар он 13 нафар донишҷӯёни донишгоҳ фаъолона иштирок намуданд.

Бо мақсади тарғибу ташвиқи асарҳои баландмазмуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва инчунин, баланд бардоштани завқи китобхонӣ, таҳкими худшиносӣ, ташаккули афкори солим ва рушди ҷаҳони маънавӣ, миёни устодон ва донишҷӯёни ДДМИТ бахшида ба таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз санаи 12-ум то 14-уми ноябри соли 2020 озмуни дохилидонишгоҳӣ таҳти унвони «Беҳтарин донандаи асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» баргузор гардид. Озмуни мазкур тибқи Низомномаи тасдиқшуда, бо комиссияи ваколатӣ гузаронида шуд. Дар озмуни мазкур 245 нафар донишҷӯён ва устодон иштирок намуданд, ки сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Ба ғолибон диплом, ифтихорнома ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардиданд.

Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Донишҷӯ ва пешрафти илму техника» 30-юми апрели соли 2021 баргузор гардид, ки дар он 2 нафар донишҷӯи ДДМИТ Муҳаммад Алиқулов, донишҷӯи курси 4-уми факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт бо кори озмунии “Таҳияи Web-сомона оид ба фанни системаҳои амалиётӣ, муҳитҳо ва қабатҳо” сазовори ҷойи дуюм ва Ҳумайнӣ Носиров, донишҷӯи курси 2-юми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ бо кори озмунии “Танзими ҳуқуқии шартномаи таъмини барқ тибқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон” сазовори ҷойи дуюм гардида, соҳиби дипломи дараҷаи 2 ва ифтихорнома гардиданд. Ҳамзамон, Холмуҳаммади Шарифзода бо кори озмунии «Муаммоҳои ташкил ва гузаронидани аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ» бо ифтихорнома қадрдонӣ шуд.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ ба техникаву технологияҳо, вусъати ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, дарёфти истеъдодҳои нав аз 21-ум то 26-уми апрел дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардид.

Дар идома донишҷӯёни ба даври донишгоҳии озмун роҳёфта ихтирооту лоиҳаҳои пешниҳоднамудаашонро назди ҳайати ҳакамон муаррифӣ намуданд. Аз ҷониби ҳайати ҳакамон 7 нафар донишҷӯи ғолиб ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифт.

Бо ташаббуси Хадамоти мониторинги молиявии Федератсияи Русия ва Институти шабакавии байналмилалӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, инчунин дастгирии бевоситаи Президенти Федератсияи Русия баргузории Олимпиадаи байналмилалии бехатарии молиявӣ дар соли 2021 ба нақша гирифта шудааст.

Бояд қайд намуд, ки аз санаи 29-уми апрел то 1-уми май даври 1-уми Олимпиадаи байналмилалии донишҷӯёни донишгоҳ аз рӯи самтҳои иқтисодиёт, молия ва қарз, бехатарии иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ, бехатарии иттилоотӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ баргузор гардид. Ғолибони даври 1-уми олимпиада барои иштирок дар даври хотимавии Олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд.

Боиси ифтихор аст, ки дар санаи 16-уми ноябри соли равон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варизиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии мақолаи беҳтарини публисистӣ дар мавзӯи “Ҷавонон ва манфиатҳои миллӣ” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он ассистенти кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионӣ Дустов Сулаймон бо мақолаи “Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эҳёи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ” иштирок намуда, сазовори сипоснома гардид.

Маҳфил-озмуни ҷумҳуриявии “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ баргузор гардид. Азизхуҷа Қутбиддинов, донишҷӯи ДДМИТ дар даври дуюми маҳфил-озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Нақши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ» миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи якум ва Диплом гардид.

Робитаҳои байналмилалӣ

Дар охир номбурда қайд намуд, ки дар сатҳи байналмилалӣ донишгоҳро ҳамчун муассисаи таълимии пешрафтаи Тоҷикистон эътироф намудаанд. Далели он майли шартномаи ҳамкорӣ бастан бо донишгоҳи мо аз ҷониби муассисаҳои таълимии кишварҳои Аврупо мебошад. Дар бораи донишгоҳ дар сомонаҳои хабарӣ ва сомонаҳои донишгоҳҳои хориҷии шарик низ маълумотҳо дода мешаванд.

Бо мақсади таъмини сифати баланди таҳсилот ва фаъолияти корҳои тадқиқотӣ – илмӣ, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар сатҳи байналмилалӣ Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз давраи ташкилшавӣ дар рушди фаъолияти байналмилалӣ диққати махсус зоҳир намуда, бо зиёда аз 120 донишгоҳ ва ташкилотҳои хориҷӣ ва дохилӣ шартномаи ҳамкорӣ бастааст.

Дар 6 моҳи аввали соли 2021 донишгоҳ бо 4 муассисаи олии хориҷи кишвар, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии техникии Приязовски Ҷумҳурии Украина, Донишгоҳи миллии техникии Лутскии Ҷумҳурии Украина, Донишгоҳи давлатии иқтисод ва технологияи Ҷумҳурии Украина ва Донишгоҳи давлатии идораи Федератсияи Русия шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ 6 нафар устодони донишгоҳ дар курси такмили ихтисоси Коллеҷи сарҳадоти Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе аз санаи 24.02.2021 то 24.03.2021 иштирок намуданд.

Дар доираи барномаи Эрасмус+ зиёда аз 20 нафар устодони донишгоҳ аз санаи 25.02.2021 то 23.03.2021 дар онлайн-семинарҳо ҷиҳати татбиқи лоиҳаи ERASMUS+ K2 “DigEco” (“Рақамгузории иқтисодиёт ҳамчун унсури рушди устувори Украина ва Тоҷикистон / DigEco 618270-EPP-1-2020-1-LT-EPPKA2-CBHE-JP”) ва таҳияи барномаҳои нави таълимӣ иштирок намуданд.

Дар доираи созишномаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Нордгемптони Британияи Кабир муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Қодиров Ф. А. дар онлайн-конференсия оид ба рушди соҳибкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Дотсенти кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ Сулаймонзода Шуҳрат Фирдавс дар платформаи илмии соҳибкории “Ҳамгироии минтақавӣ ва баланд бардоштани иқтидор ва рақобатпазирии корхонаҳои микро, хурд ва миёна (МХМ) дар агробизнес ва соддагардонии савдо дар Осиёи Марказӣ – CANDY V ”, ки аз санаи 14.06.2021 то 15.06.2021 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, ширкат намуд.

Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Қодиров Фирӯз Абдулҳафизович дар мизи мудаввар дар мавзӯи “Ҳафт боби азнавсозии Япония”, ки аз ҷониби Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA) дар Тоҷикистон, ки санаи 17.06.2021 баргузор гардид, иштирок намуд.

Барои бастани шартномаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи миллии техникии Лутски Ҷумҳурии Украина ректори донишгоҳи мазкур ва аз Донишгоҳи давлатии иқтисод ва технологияи Ҷумҳурии Украина муовини ректор ба ДДМИТ ташриф оварданд.

Бахтиёр АЛИМОВ,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь