Клод Адриан Гелветсий, яке аз мутафаккирони маъруфи аҳди маорифпарварии Аврупо китобе дорад бо унвони диққатбарангези “Дар бораи инсон”. Дар нахустин ҷумлаи муқаддимааш ин файласуф менависад: “Таълифи ин китобро дар ниҳоди ман муҳаббат ба одамон ва ҳақиқат таҳрик дод. Бигзор онҳо худро аз даричаи андешаҳои ин китоб дурусттар бишносанд ва ғояҳои рӯшани маънавиятро дарёбанд… Ва онҳо накӯкору саодатманд хоҳанд шуд”.
Ин маъно, ки асли навиштори мутафаккир муҳаббат ба мардум ва дарки ҳақиқат аст, ба ҳадафи таълифи ин навиштаи ночизи мо ҳам дахл дорад: дар бораи мафҳуми ватан ва арзиши башарӣ будани он, пайванди муқаррарот ё дефинитсияи ин мафҳум бо арзиши давлат ва давлатдорӣ он қадар навиштаанд, ки гӯё сухани ногуфта намондааст. Аммо чун нек ба ғарами адабиёти мавҷуда бингарем, холигоҳҳое дар идроки он аз зовияи адабиёт ва фалсафаи иҷтимоӣ ва дигар улуми инсонгароӣ хоҳем ёфт.
Чаро чунин аст? Яқинан аз он сабаб, ки аввалан, мафҳуми “ватан” ниҳоят серистеъмол аст, аммо бештар аз даричаи адабиёту ҳунар ва хитобаҳову насри иҷтимоӣ.
Рӯйкардҳо барои маърифати он аз нигоҳи фалосифа ва улуми иҷтимоӣ ниҳоят кам ва то андозае пушти пардаи гуфтори умумӣ воқеъ шудаанд. Шояд касе набошад, ки дар бораи ватан, чи аз ҷиҳати огаҳӣ аз иттилооти маълуми фолклорӣ ва асотиру шеъру адабиёт ва чи аз таҷрибаи шахсӣ (фаразан, зиндагӣ дар ғурбат ё муҳоҷират) тасаввуре надошта бошад. Ин тасаввур, дар кадом шакле, ки бошад, хоҳ комилу хоҳ нокомил, бархоста ё полоишшуда аз завқу эҳсоси инсонҳост, ки дар тору пуди ахлоқу маънавияти онҳо реша дорад.
Дар ин хусус ҳам Гелветсий гуфтори муҳим дорад: “Асос ё заминаи хулқу хисоли одамон на дар принсипҳои ҳаётии онҳо, балки дар завқу эҳсоси онҳо нуҳуфтааст”. Маълум аст, ки ҳис ва завқ дар иерархияи фитрати инсонӣ баъди заковату тахайюл ва хотира дар ҷойи чоруму панҷум омадаанд ва ҳар тасаввуреро аз олам ашё маҳз ҳаминҳо шакл медиҳанд. Пас, агар инсоне гуфт, ки “ватан қимати бузург дорад, зеро моро чун модар мепарварад”, яқинан эҳсосу завқаш ба ҳамин дараҷаи эътирофи ватан (хоҳ зодгоҳ бошад ё ватани бузург) комил шудааст. Бар иловаи ин андеша, равоншиносон одамро ҳамчун системаи синергетикӣ таҳқиқ мекунанд, ки дар таркиби ин низом (қобилияту малака ва истеъдоду характер) ҳиссиёти инсонӣ дар ҷойи аввал аст.
Аз ин ҷиҳат, дар тасвири ватан аз ҷониби аҳли қалам (билхоса, шоирон) аз ҳама бештар ва аз ҳама жарфтар эҳсосоти наҷиби дарёфт ва таъкиди муқаддасоти он зикр мешавад, ки комилан табиист. Чун василаи асосии баёни шуаро нақши парвардаи хаёл аст ва дунёи тахайюлашон бепаҳност. Ҳамин аст, ки дар тасаввури Лоиқ ватан аз гоҳвораву пистони модар (Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар…) сар мешаваду дар пиндори шоиронаи Бозор бо панҷ ҳисси зотӣ (Ман ватанро аз қафои пода таҳсис кардаам, Рӯзу шаб бо панҷ ҳисси зотиам ҳис кардаам…).
Дар ифодаҳои шоирона ҷиҳати эҳсоси ватан ҳама ашёи ба чашму гӯш намоёну шунаво – кӯҳу сангу дарёву чашмаву саҳрову дашт, хасу хошоку рама, тулӯъ ва ғуруби офтоб, кулбаи падариву танӯри модарӣ, лолаҳои болои бом рӯйидаву парастуҳои дар гӯшаи девор хонакарда, хуллас, ҳар чизе, ки ба назари шоир менамояд, таҷассуми ватан аст ва ҳамин шохисаҳои тасвир муҳаббати ватанро дар шакли ҷузъ-ҷузъ ба хонанда илқо мекунанд.
Дар умум, дар ашъори ватанияи шоирони мо, ба қавли олим ва шоири тавоно Рустам Ваҳҳобзода “вақте ки мо шеъри тоҷикӣ мегӯем, хонанда табъан ва ба таври табиӣ вижагиҳои тоҷикӣ ва унсурҳои тоҷикиятро ҷӯё мешавад…”. Ҳамин вижагиҳо ва аносири хоси тасвир ҳувияти тоҷикӣ ҳастанд, ки бино ба андешаи мавсуф “аз забони тоҷикӣ, лаҳни тоҷикӣ, фарҳангу адаб ва русуми тоҷикӣ, шабакаи сувари хаёл, эътиқодоту асотир ва ормонҳои миллӣ, мушаххасаҳои ҷамъии ҷаҳонбинӣ ва ниҳоят, эстетикаи миллӣ иборатанд”.
Ашъори ватанияи Муъмин Қаноат, Лоиқ, Бозору Гулрухсор, Алимуҳаммад Муродӣ, Камол Насрулло, Рустам Ваҳҳобзода, Озарахшу Фарзона ва чанде дигар шоирони маъруфи мо саршор аз ин унсурҳои ҳувияти тоҷикӣ ҳастанд ва яке аз сабабҳои дилпазиру дилнишин будани онҳо ҳам таҷассуми зебо ва бамавқеи ҳамин ҳувияти тоҷикист.
Аҷиб аст, ки ҳатто дар баён ва шарҳи мавзуъҳои хориҷӣ низ тароват ва таъсири ҳамин ҳувият (масалан, дар достонҳои устод Қаноат ва ё ашъори ба зиндагии хориҷиён бахшидаи устод Турсунзода) баръало ба чашм ва зеҳни хонанда мерасад.
Дар шакли кулл ифода кардани ватан ва маърифати он низ дар адабиёт хеле маъмул аст, ки рамзу розҳои густардатаре доранд: лейтмотиви ин навъи ашъор хидмат ва ватан, онро чун маъбад ё дайри эътиқодӣ пиндоштан, ҳифзи онро чун қарзи инсонӣ эҳсос намудан, арзиши беқиёс, бетағйир ва ягона донистани ватан ва ба ин монанд маъниҳои дигаре ҳаст, ки ҷамъан онҳоро муқаддасот дар амал нисбат ба ватан баҳо медиҳанд ва ҳатто дар сатҳи қонун таъкид ҳам кардаанд (масалан, моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он сабт шудааст: “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”).
Ин навъи ашъор, ки ватанро аз роҳи имтизоҷи ҳиссу афкори нерӯманди гӯяндагонаш ба зеҳну шуури хонанда манзур мекунанд, ватан ҳамчун маъбад ва ё макони муқаддасе намудор мешавад ва аз ҷузъиёти бадеии тасвир кам бархӯрдор аст.
Фаразан, дар ин шеъри Гулрухсор:
Решапайванди туям ман,
Набзам аз набзат ҷудо нест,
Тоҷикистон, Тоҷикистон…
Номи ту бар лаб бимирам,
Тоҷикистон, Тоҷикистон…
Ё дар ин пораи шеъри Гулназар:
Ҳақиқат дар ватан, дар кори халқ аст
Ва бе халқу ватан ҳаргиз худо нест.
Ба рӯйи тахтасанги гӯр сабт аст:
“Гадо чун дар ватан мирад, амир аст,
Амири беватан хору ҳақир аст”…
…Ватан!
Ту он қадар ҳастӣ мукаррам,
Ки бо ёди ту мирад беватан ҳам!
Ва ин пораи шеъри Рустам Ваҳҳбзода, ки пафоси баланд дорад:
Кист ғамхори ватан – гар на ту бошию на ман?
Чашми бедори ватан – гар на ту бошию на ман?
Кист то бигзарад аз пайкари худ, то бидамад,
Ҷон ба пайкори ватан – гар на ту бошию на ман?
Ё дар ин пораи шеъри Алимуҳаммад Муродӣ, ки маънои тарки ватанро бо тарки ҷон баробар донистааст:
Турна хати шикастае дар осмон навишт,
Байти равон ба дафтари зарди хазон навишт…
Ҳушам ба бонги турнаву гӯшам ба ҳарфи дил,
Гуфтам, ки чист тарки ватан, тарки ҷон навишт…
Дар ҳамин ҷо метавон аз анвои дигари ашъори ватания ном бурд, ки бо ритму зарби хос ва лаҳни буррои хеш фарқ мекунанд, мисли он ки марш ё қадамзаниҳои бомароми лашкарро мемонанд.
Оҳанги хитобии ин навъи шеър таъсири баланди онҳоро ба зеҳни хонанда таъмин мекунад. Оғозгоҳи ин навъи шеър ҳамосаи Фирдавсӣ аст, ки гумонам, ҳамтову ҳампойе дар шеъри баъдӣ надорад:
Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,
Зану кӯдаки хурду пайванди хеш
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем…
Ё дар ин қитъаи шеъри Рустам Ваҳҳобзода:
На сар гуфтам, на по гуфтам, на ҷон гуфтам, на тан гуфтам,
Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам.
Ҳазорон бор “мо” гуфтам, касе ҳамдил нашуд, аммо,
Ҷаҳоне зидди ман шӯрид, агар як бор “ман” гуфтам…
Ин навъи шеър ҳамон зарбу оҳанг ва ритми триумфро мемонад, ки дар Руми қадим маъмул буд: лашкар баъди пирӯзии навбатӣ бо ҳаяҷони басо баланд ва эҳсоси хуррамиву ифтихор аз ғалаба аз хиёбони маркази шаҳр мегузашт…
Хуб, дар адабиёт асосан маърифати ватан аз ҳамин дидгоҳҳои шоирона таҳқиқ шуда, ба зеҳни ҳамагон мерасад ва дар ҳама адабиёти халқҳои дигар ҳам чунин тасвиру тасаввурҳо ҳаст. Аммо ҳам шабоҳату ҳам тафовутҳо ҳам дар бинишу фаҳму дарки ватан ба чашм мерасад.
Масалан, сармаъно ё маънои хоси дарки ватан дар осори Сергей Есенин ҳамоно тасвири манозири табиати рӯҳнавози ватан аст, ки тавассути сабки баёни нарму мулоим ва фасеҳу малеҳ манзур мешавад. Михаил Лермонтов тақрибан шеъре дар васфи ватан надорад, ки бидуни тазоди қишри болову поини ҷомеаи худаш бошад.
Александр Блок дар ашъори марбут ба маърифати ватан бештар аз рамзу самбулҳои омехта бо аносири сеҳромез истифода мекард, дар шеъри Анна Ахматова оҳангҳои фалсафӣ афзалият дошт, дар ашъори Николай Некрасов эҳсоси нафраткунон дӯст доштани ватан ба дидаи фаҳм мерасад, ки хеле аҷиб аст. Барои ӯ эътироз ба адами адолати иҷтимоӣ, “ғазаб” ва “андӯҳ”-и шоир асоси шеъри ватания аст. Муҳаққиқони адабиёти рус байти зерини ӯро ҳамчун манифести афкору эҳсоси ватандӯстонааш эътироф кардаанд (Касе, ки бидуни ғазабу андӯҳ зиндагӣ мекунад, Ӯ ватани худро дӯст намедорад). Дар забони асл он байт чунин аст:
Кто живёт без гнева и печали,
Тот не любит Отчизны своей...
Аҳаммияти шинохти ватан, аз нигоҳи фалсафа ва дигар улуми инсоншиносӣ хеле жарфтар аз фаҳми аҳли қалам ва таҷассуми он дар адабиёту ҳунарҳост. Бад-ин маъно, ки образ ё нақши ватан василаи калидии эътироф ва эътибори ҳар кишвару давлат ҳаст. Ва ҳамчунин дар низоми арзишҳои башарӣ нақши сарҳалқаро дорад, яъне арзиши мутлақ аст ва ҳеч арзиши дигар дар баробари он буда наметавонад.
Аз нигоҳи фалсафаи иҷтимоӣ низоми арзишҳои инсон дидгоҳи асосӣ ё зербинои муносибатҳои ӯ бо олами ашё ва муҳити атроф аст ва мафҳуми ватан дар ибтидои ташаккули ин низоми арзишҳо қарор дорад. Онро ба таври образнок ба таҳкурсие ташбеҳ кардан мумкин аст, ки ҳама арзишҳои дигари бунёдии умумибашарӣ (таваллуд, оила, модар, забони модарӣ, хонаву дари падариву бобоӣ, замин, кишвар, халқ, миллат, расму оину анъанаҳо, ҳофизаи таърихӣ, таърихи гузашта, ифтихороти миллӣ ва ғайра) болои он қарор мегиранд.
Мафҳуми “ватан” ниҳоят сермаъност, ончунон ки дар мисоли адабиёти бадеӣ дидем, ҳам дар устураҳову осори гуфтории мардумӣ ва ҳам дар мутуни сиёсиву иҷтимоӣ (эъломияҳо, матнҳои сиёсии роҳбарияти кишварҳо ба маънии ватандӯстӣ ё патриотизм) мавриди истифодаи густарда дорад.
Аз ин мафҳуми ҷомеъ ибораҳои “ватани хурд”, “ватани таърихӣ” ва “ватани дувум” маъноҳои мустақил пайдо кардаанд. Ҳамин тавр, нақш ё образи ватан дар замони муосир ҳам дорои арзиши башарист, зеро барои ҳар инсон азизу муқаддам аст ва ҳам арзиши сиёсӣ дорад, ки дуввумӣ дар инҳисори давлат қарор мегирад.
Ҳамин тавр, ду тарзи фаҳму идрок – яке аз масири зодгоҳ (оила, деҳа, ҷойҳои ба қалбу руҳи одам наздику ошно) то ватани бузург (халқи дорои фарҳангу маданияти ягона, таърих, эътиқодот, забони муошират, табиати диёр ва ғайра) ва дар контексти сиёсӣ давлат ҳамчун таҷассумгари ватан (қарзи шаҳрвандӣ, ҳуқуқҳои сиёсиву иҷтимоӣ, пешбурди ҳаёти бошуурона – хидмат кардан барои манофеи давлат, ҳимояи марзу буми он) вуҷуд дорад, ки яке дигареро мукаммал мекунанд.
Аммо дар таърихи фарҳанги миллии мо фаҳмиши ватан волотару баландтар аз ин ду тарзи идроки ватан аст, ки дар илм ба он камтар аҳаммият медиҳанд. Аз рӯйи ин пиндор, ватан субстансияи рӯҳист, яъне волотар аз ҳама гуна пиндорҳои материалӣ (обу хоку манзараҳо ва ғайра), ки бо ҷамъи тасаввурҳо марбут ба ахлоқу маънавият, ҳофизаи таърихӣ, расму анъанаҳои асрҳо ташаккулёфта дар шуури мардум маҳбубияти хосса пайдо кардааст.
Яъне ватан сарзамине тасаввур мешавад, ки валинеъмат аст, чун имкони зистан ва рушд кардан медиҳад, обу хокаш муқаддасият дорад, аз рӯйи ин фаҳмиш “гадо будан дар ватан беҳ аз амирӣ дар кишвари бегона аст” (ба ёд биёрем дар фолклор – “хоки ватан аз мулки Сулаймон хуштар…”).
Фаҳму дарки мафҳуми ватан бо гузашти асрҳову замонаҳо дигар шудааст: аввал дар дунёи қадим мақоле буд, ки мегуфтанд: “Дар бораи ватан зиёд ҳикоят кардан мумкин, аммо онро чун вуҷуди зинда тасаввур кардан имкон надорад”, яъне як чизи мавҳум…
Баъдҳо ин тасаввур тағйир ёфт: марзи мафҳуми ватан аз зодгоҳу макони таваллуд то “ватани бузург” расид, яъне сарзамине дорои мардуми яксон аз нигоҳи эътиқоду фарҳангу забон, табиат ва тарзи зист ва андешаву тафаккури ягона. Агар мафҳуми ватанро аз контексти сиёсӣ берун оварем, мемонад ҷойҳое, ки инсон ба онҳо муҳаббати содиқона дорад, мардумеро, ки шадидан дӯст медорад ва бо ин маконҳову ин мардум робитаи маънавию руҳонӣ дорад. Аммо дар сурати интиқоли образи ватан ба контексти сиёсӣ он ба образи давлат, ки ҳам сарзамин ва ҳам мардум ва ҳам тамоми унсурҳои ба инсон вобастаро дар як минтақа муттаҳид мекунад, пайванд дода мешавад.
Ҳамин тавр, бо мурури замонаҳо – рушди афкори иҷтимоӣ, бавуҷудоии давлатҳои миллӣ ва ҳамгироии кишварҳо маърифати ватан ва эътирофу эътибори он ҳаммаънои маърифати давлат шудааст ва дӯст доштани ватан дар пояи дӯст доштани давлат амри воқеъ шуданаш имкон дораду бас. Дар мафкурапардозии сиёсии кулли кишварҳои мутамаддин ҳамин гуна формулаҳо коромад аст: ватан ҳамон давлате ҳаст, ки инсон дар он кору зиндагӣ мекунад ва ватанро дӯст доштан маънои дӯст доштани он кишваре ҳаст, ки инсон шаҳрвандии онро дар ихтиёр дорад.
Боз як тасаввури дигаре аз мафҳуми ватан ҳаст, ки шарҳ доданаш чандон осон нест: ватан болотару волотар аз ҳама пиндорҳои моддӣ ё материалӣ аст ва ин пиндор дар таҷрибаи башарият борҳо тасдиқ шудааст. Аз рӯйи ин пиндор, ватан навъе аз субстансияи руҳию маънавист, ки инсонро новобаста аз чигунагии вазъу ҳолат дар кишвар ва ё давлат ва шакли муносиботи инсон бо воқеияти сиёсиву иҷтимоии давлат мудом дар ҳоли робита ва муҳаббати шадид нигаҳ медорад.
Ин робита ва муҳаббат куллан холисона ва эҳтиромона аст, чизе ё вазъу ҳолате (хоҳ дар арсаи сиёсат бошад, хоҳ дар паҳнаи фарҳанг) монеъи канда шудани ин робитаҳои руҳию маънавӣ намешавад.
Барои фаҳмо шудани ин иддао як-ду мисол овардан лозим аст. Масалан, баъди инқилоб ва ё табаддулоти моҳи октябри соли 1917 дар Русия (чун ду навъи фаҳму дарки ин воқеа миёни олимон вуҷуд дорад, яке инқилоб ва дигаре табаддулот) хеле аз мардуми рус – шуруъ аз давлатмардон то ходимони ҷамъиятию сиёсӣ, сарони лашкар, адибону ҳунармандон ба ҳайси фирориёни сиёсӣ ба кишварҳои хориҷа ҳиҷрат карданд ва ин раванд даҳсолаҳо идома ёфт. Далелҳои таърихии зиёде ҳаст, ки баъди ҳуҷуми Олмони фашистӣ дар соли 1941 ва оғози Ҷанги бузурги ватанӣ он фирориён ба хулосае омаданд, ки маблағ ва абзори ҷангӣ омода карда, ба Артиши Сурх кӯмак кунанд, то ки Русияи модар зери истилои аҷнабиён намонад.
Ҳамин тавр, ба фоҷиаи хунин гирифтор шудани Русия тамоми мухолифону мутанаффирони сохти шуравиро муттаҳид кард. Чунин ақида паҳн ва ҷонибдорони зиёд пайдо кард, ки аввал ғами ватан-модарро бояд хӯрд, ҳамагуна ихтилофоти дигар масъалаи дараҷаи дувум аст.
Мисоли дигар: Соли 1789, дақиқтараш 14-уми июли ҳамон сол бо ишғоли Бастилия Инқилоби бузурги Фаронса оғоз шуд, ки ба сарнагун шудани тартиботи куҳна, монархияи мутлақ ва эъломи нахустин Республикаи Франсия (ҷамъияти озод ва баробарҳуқуқи шаҳрвандон таҳти шиори “Озодӣ, баробарӣ ва бародарӣ”) мусоидат кард.
Ҳамин тавр, баҳори соли 1793 хонаводаҳои подшоҳии аксар кишварҳои Аврупо ба Фаронса қӯшунҳои худро фиристоданд, то ки ин инқилобро дар оғозаш саркӯб намоянд. Дар посух ҷомеаи ин кишвар, яъне Франсия “сафарбарии сартосарӣ” барои дифои ватанро эълон карданд ва 23-юми августи ҳамон сол Конвенти миллии Франсия эъломияеро нашр кард, ки тибқи он “аз ҳамин замон то вақте ки душманон аз хоки давлат бароварда нашаванд, тамоми франсузҳо (новобаста аз ақидаву вазъи иҷтимоӣ) бояд ба ҳифзи давлат омода бошанд: ҷавонон бояд биҷанганд, мардони оиладор ба тайёр кардани силоҳ ва таъмини ғизо барои размоварон вазифадор шаванд, занон дар госпиталҳо ба беморону маҷрӯҳон кӯмак кунанд, пирамардон ба майдонҳо баромада, дар вуҷуди ҷанговарон ҳиссиёти далериву шуҷоат ва нафрат ба душманонро барангезанд”.
Ҳамин даъват натиҷаи хуб дод ва ҳатто боиси тавлиди муҳимтарин санади ҳуқуқи башар – Эъломияи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд дар Фаронса гардид…
Ё боз намунаи кӯчаки дигар: Ҳуқуқшиноси номдори исроилӣ Арон Барак аз мухолифони сарсахти ҳукумати Бинёмин Натанёҳу ба шумор меравад ва қатъиян ба ислоҳоти низоми ҳуқуқ дар ин кишвар, ки бо ибтикори ҳукумати Исроил оғоз шуда буд, муқобил аст. Баъди сар задани ҷанги миёни Исроилу Фаластин ҳукумати Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ба Суди байналмилалии ҷиноӣ (воқеъ дар Гаага) шикоят бурд ва Исроилро дар иқдоми наслкушӣ гунаҳкор кард. Ҳамин тавр, барои дифои кишвар маҳз Баракро ба суд фиристоданд, то ки аз манфиати кишвараш дифоъ кунад. Арон Барак дар дуроҳаи интихоб монд: аз як сӯ мухолифати шадидаш бо ҳукумати кишвараш, аз ҷониби дигар дифои давлаташ дар сатҳи байналмилалӣ. Ва ӯ роҳи дувумро интихоб кард…
Ба маърифати дурусти ватан бидуни маърифати ҳувияти миллӣ расидан ғайриимкон аст. Маҳз ҳувияти миллист, ки амнияти физикии шаҳрвандонро таъмин мекунад, адами он ба таназзули ватан ва бесарусомониҳои беохир (мисли Сурия ё Лубнон) мерасонад.
Дувум, манфиати ҳувияти миллӣ ҳамин аст, ки ба идораи самарабахши кишвар шароит муҳайё месозад, савум, маҳз ҳувияти миллӣ ба рушди иқтисодии давлат мадад мекунад. Чаҳорум, барои аз байн нарафтани расму русум ва анъаноти миллӣ ва унсурҳои муҳимми менталитети мардум дар шароити ҷаҳонгароӣ ҳувияти миллӣ чун сипар хидмат мекунад.
Бо вуҷуди таърифоти зиёди ватан ва тарзу усули шинохти он дар замони ҳозира таърифи қадими он аз ҷониби маорифпарварони маъруфи Фаронса – мутафаккирони машҳур Дидро ва д’Аламбер аст, ки ватанро аз вожаи падар медонистанд, яъне падар бо фарзандон, ҳамон маъниеро, ки мо бо оила, ҷамъият ва давлати озод пайванд медиҳем, давлате, ки мо аъзои он ҳастем ва қонунҳои он озодӣ ва саодати моро таъмин мекунанд.
Дар анҷоми ин мақола ду иқтибос меорам, ки бо ҳамдигар иртиботи қавии маъноӣ доранд. Яке сухани пурҳикмати Байрон, шоири бузурги Англия, ки чунин аст: “Касе, ки ватани худро дӯст намедорад, ҳеч чизи дигарро дӯст дошта наметавонад”.
Ва дигаре каломи Проспер Мериме, нависандаи номвари фаронсавӣ: “Дар дунё ҳама чиз хариду фурӯш мешавад, ба ҷуз муҳаббати халқ”.
Пайванди ҳамин ду андеша мафҳуми ватанро ошкор мекунад: яке дӯст доштани он сарзамине, ки дар он таваллуд шудаӣ ва дигаре агар муҳаббати халқро сазовор бошӣ.
Гумонам, беҳтарин хулосаи ин навиштор ҳамин аст…
Ҳафиз РАҲМОН,
устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
адабиётшинос ва публитсист