Ноҳияи Варзоб моҳи октябри соли 1934 таъсис ёфта, то соли 1959 арзи вуҷуд дошта, аз соли 1959 то соли 1991 ба ҳайати собиқ ноҳияи Ленин (ҳоло ноҳияи Рӯдакӣ) ҳамроҳ карда шуда, соли 1991 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ноҳияи мустақил аз ҳайати ноҳияи Рӯдакӣ ҷудо карда шуд.

Таърихи пурраи ноҳия то ҳол ба таври густурда тадқиқ нашудааст. Дар ҳудуди ноҳия ёдгориҳои таърихӣ – зиёратгоҳҳои Хоҷасангхок ва Хоҷа Оби Гарм мавҷуд мебошанд. Ноҳияи Варзоб дар минтақаи марказии кишварамон ҷойгир буда, релефаш куҳӣ ва аз сатҳи баҳр дар баландии аз 1029 метр то 3000 метр воқеъ гашта, бо ноҳияҳои Айнӣ, Ҳисор, Рӯдакӣ, Ваҳдат ва шаҳри Душанбе ҳамсарҳад мебошад. Ноҳия номи худро аз номи дарёи Варзоб гирифтааст. Дараи Варзоб дар байни қаторкуҳҳои Ҳисор воқеъ гардидааст ва паҳнои он аз 100 метр то 700 метр мерасад. Иқлимаш муътадил аст. Аз дараи Варзоб роҳи мошингарди байналмилалии Душанбе-Хуҷанд мегузарад. Дараи Варзоб тавассути нақби «Истиқлол» қисмати ҷануби ҷумҳуриро бо қисмати шимолии он пайванд месозад. Маркази ноҳияи Варзоб мавзеи Зоғар буда, дар баландии 1060 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Масофа аз маркази ноҳия то пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе тавассути роҳи Хуҷанд-Душанбе 25,5 км мебошад. Ноҳия 0,001% ҳудуди умумии ҷумҳуриро ишғол менамояд. Масоҳати умумии ноҳия 164 километри мураббаъро ташкил медиҳад. Қисми зиёди масоҳати ноҳияро (96%) куҳҳо ташкил дода, заминҳои кишоварзӣ 163133 га, заминҳои корам 3528 га, чарогоҳҳо 67811 га, заминҳои ғайрикишоварзӣ 91794 гектарро ташкил медиҳад. Ҳамагӣ дар ноҳия 260 гектар замини обӣ мавҷуд аст.

Иқлими ноҳия муътадил мебошад. Хунукии ҳаво дар фасли зимистон то ба 31 градус селсия расида, ғафсии барф ба 1-2,5 метр мерасад. Миқдори солонаи боришот ба ҳисоби миёна 96-99 милиметрро ташкил медиҳад.

Олами набототи ноҳия бағоят ғанӣ аст. Дар минтақаи куҳӣ растаниҳои мавсимӣ ва буттаҳои гуногун месабзанд. Дар ноҳия дарахтони себ, зардолу, гелос, чормағз, олуболу, олуча ва дарахтони сояфкан мерӯянд. Мувофиқи маълумоти омории соли 2019, дар ноҳияи Варзоб 82 ҳазору 272 тан умр ба сар мебурдаанд. Бар асоси тақсимоти маъмурӣ ноҳияи Варзоб 2 шаҳрак – Варзоб, Такоб ва 6 ҷамоат – Айнӣ, Варзобқалъа, Деҳмалик, Зидеҳ, Лучоб, Чорбоғ дорад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб фаъолияти кории худро дар асоси дастуру супоришҳо ва вазифаҳои пешгузоштаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми январи соли 2019 ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми январи соли 2019, №39 «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019», инчунин Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2018 ба роҳ монда, ҷиҳати амалӣ гаштани онҳо баҳри беҳдошти рушди соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ва баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии мардум тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Роҳбарии ноҳияи Варзобро шахси фарҳангиву кордон Шерализода Муҳаммадулло Умар бар дӯш доранд.

 

Омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми майи соли 2018, №АП-1059 оид ба таҳия ва амалӣ кардани Нақшаи корҳои ободонию  бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб  Салимзода Шерхон Одина – директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари гуруҳи корӣ ва муовини якуми директори Агентӣ Самад Зафар муовини роҳбари гуруҳи корӣ таъин карда шудаанд.

Ҳайати гуруҳи корӣ оид ба таҳия ва амалӣ кардани Нақшаи корҳои  ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб Нақшаи корҳои ободонию бунёдкориро таҳия намудаанд, ки  бунёди зиёда аз 276 иншооти ҷашнӣ ҷой дода шудааст. Ҳамзамон дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия зергуруҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд.

Бо дастгириҳои сармояи мустақим, соҳибкорони бонангу номуси Ватан то имрӯз 56 адад иншооти ҷашнӣ дар самти аҳамияти иҷтимоию иқтисодидошта ва саноатӣ сохта ба истифода дода шудаанд, ки дар семоҳаи сеюм баистифодадиҳии як қатор иншооти ҷашнӣ пешбинӣ шудааст.

 

«Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Бо мақсади ба роҳ мондани мониторинги доимии баргузории чорабиниҳо бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» муаррифии имкониятҳои сайёҳии ноҳия дар давоми шаш моҳи соли 2019-ум 15 маротиба сабти намоишҳо тавассути шабакаҳои телевизионӣ ба роҳ монда шуда, дар баробари ин 65 маротиба мулоқоту вохӯрӣ ва чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ вобаста ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гузаронида шудааст.

Мувофиқи маълумотҳои оморӣ, дар шаш моҳи соли соли ҷорӣ 61 ҳазору 320 нафар сайёҳони дохилӣ ва 1014 нафар сайёҳони хориҷӣ ба минтақаҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои таърихии ноҳия ташриф овардаанд. Танҳо аз ҳисоби хизматрасонӣ ба буҷетӣ маҳаллӣ 1 млн 224 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардидааст.

Ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ шароити ҷуғрофию табиӣ, ёдгориҳои таърихӣ ва мавқеи ҷойгиршавии ноҳияи Варзоб басо мусоид мебошад.

Инчунин, дар ноҳия чашмаҳои гарму шифобахши Хоҷа Сангхок (61,40 С) (дар мавзеи Хоҷа Сангхоки ҷамоати деҳоти Зидеҳ) ва манбаи оби шифобахши минералӣ (ҳарораташ то 980 С) (дар деҳаи Хоҷа Обигарми ҷамоати деҳоти Варзобқалъа) мавҷуданд, ки якҷоя бо табиати дилпазиру мафтункунанда ва боду ҳавои мусоид ҷиҳати рушди бахши саёҳату табобат ва сайри куҳсору алпинизм камназир мебошад. Чашмаи оби Хоҷа-Сангхок дар баландии зиёда аз 3000 метр воқеъ гардидааст. Таркиби оби он аз моддаҳои минералӣ бой мебошад. Дар таркиби он магний, калий, калтсий, натрий, оҳан ва дигар моддаҳо мавҷуданд, ки барои муолиҷаи меъда, ҷигар, бемории қанд истифода мешаванд.

Осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм дар баландии 1860-1900 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Дар қаламрави осоишгоҳи мазкур ду дарёчаи хурд – оби Мазор ва оби Қаландар бо ҳамдигар пайваст мешаванд. Қаламраве, ки аз он ҷо оби гарми маъданӣ-радиоактивӣ мебарояд, 4,5 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он зиёда аз 20 чашма ҷорӣ мешавад. Аз чашмаҳои обашон нисбатан ҳарорати баланд дошта бӯғи гарм хориҷ мешавад. Ин бӯғи радиоактивӣ буда, дар таркибаш бо қатори дигар унсурҳои кимиёвӣ радон дорад.

Дар ҳудуди ноҳияи Варзоб дар мавзеъҳои болоии Сиёма, Зиддӣ ва Хоҷасангхок захираҳои зиёди барфу пиряхмонанд (61,8 километри мураббаъ) мавҷуд мебошанд ва тақрибан дар баландии аз 2400 то 4000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгиранд.

 

Иҷроиши нақшаи даромади буҷет

Ба ҳолати 1-уми июли соли ҷорӣ иҷрои нақшаи даромади буҷети ноҳияи Варзоб дар шашмоҳи соли 2019-ум 104,7 фоизро ташкил намуда, ба буҷети ноҳия 15 млн 878 ҳазору 044 сомонӣ ворид гардида, нисбати нақшаи пешбинигардида (15 млн 158 ҳазору 354 сомонӣ) 719 ҳазору 690 сомонӣ зиёд мебошад, ки ин нишондиҳандаи хуб ба шумор меравад.

Иҷроиши нақшаи даромади буҷети маҳаллии ноҳияи Варзоб дар шаш моҳи соли молиявии 2019 аз рӯи 9 намуди сарчашмаҳои дохилӣ 102 фоизро ташкил карда, ба буҷети маҳаллӣ 12 млн 560 ҳазору 850 сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки нисбати нақшаи пешбинигардида (12 млн 356 ҳазор сомонӣ) 204 ҳазору 850 сомонӣ зиёд ва нисбати иҷроиши шашмоҳаи соли гузашта (9 млн 936 ҳазору 029 сомонӣ) 2 млн 624 ҳазору 821сомонӣ зиёд мебошад.

Бидуни даромадҳои дохилӣ ба буҷети ноҳия, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағҳои мақсаднок дар нимсолаи якуми соли 2019 ба маблағи 6 миллиону 200 ҳазору 460 сомонӣ ворид гардидааст, ки он 34,6 фоизи қисми хароҷоти аслӣ ва 38,4 фоизи қисми хароҷоти фонди музди меҳнатро ташкил медиҳад.

 

Соҳаи саноат

Дар нимсолаи якуми соли 2019 дар ноҳия ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ маблағи 22 млн 527 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки бо истифодаи индекси нарх суръати афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 67,6 фоиз зиёд гаштааст ва дар гуруҳи истихроҷи маъдан 9 миллиону 732 ҳазор сомонӣ ё худ 2 миллиону 937 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Гуруҳи истеҳсол ва тақсимоти нерӯи барқ, газ, об 5 миллиону 446 ҳазор сомонӣ ё худ 2 миллиону 569 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, ки мутаносибан ба ҳамин давраи гузариши соли 2018-ум 12 млн 866 ҳазору 360 сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард дар нимсолаи якуми соли 2019-ум 7 миллиону 348 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи гузаштаи соли 2018-ум 3 миллиону 587 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, ки дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумии саноатӣ 32,6 фоизашро саноати коркард ташкил медиҳад.

Аз 14 корхонаи саноатии ҳисоботдиҳанда дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ 14 корхона ё 100 фоиз нисбат ба моҳҳои январ-июни соли гузашта сатҳи истеҳсолотро баланд бардоштаанд. Хизматрасонӣ ба маблағи 19 млн 241 ҳазору 400 сомонӣ ё 8,4 % зиёд шудааст.

 

Соҳаи сохтмон

Ҳаҷми корҳои сохтмону васлкунӣ ва фондҳои асосӣ низ афзуда, аз ҳисоби сохтмончиёни ноҳия дар ин давра ба маблағи 16 млн 545 ҳазору 400 сомонӣ корҳои сохтмонӣ иҷро шудаанд.

Дар давоми шашмоҳаи соли 2019 аз тарафи бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ барои сохтмонҳои гуногун 36 адад супоришҳои меъморию банақшагирӣ ва 35 адад иҷозати сохтмон дар асоси Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст.

Дар ин давра аз тарафи соҳибкорон ва шаҳрвандон 32 адад биноҳои  замонавии таъиноташон гуногун дар масоҳати умумии 5918,4 метри мураббаъ бо арзиши 3 миллиону 637 ҳазор сомонӣ сохта, бо қарорҳои раиси ноҳияи Варзоб ба истифода супорида шудааст (манзили истиқоматӣ – 24 адад, минтақаи истироҳатӣ – 8 адад).

Дар давоми шаш моҳи соли равон аз тарафи Корхонаи фаръии КВД «Лоиҳакаш»-и ноҳия бо 179 нафар фармоишгарон шартномаҳои тарафайн баста шуда, бо маблағи 139 ҳазору 164,20 сомонӣ корҳои лоиҳакашӣ ба анҷом расонида шудааст.

 

Соҳаи кишоварзӣ

Ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 25 миллиону 528 ҳазор сомонӣ буда, нисбат ба ҳамин давраи гузариши соли 2018 маблағи 772 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Аз ҷумла растанипарварӣ 5 млн 890 ҳазор, нисбати ҳамин давраи гузариш 180 ҳазор сомонӣ зиёд, чорвопарварӣ 19 миллиону 638 ҳазор сомонӣ, нисбат ба ҳамин давраи гузариш 592 ҳазор сомонӣ зиёд ё ин ки 3,1 фоиз зиёд мебошад.

Дар нимсолаи якуми соли 2019 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 31,40 га боғи нав бунёд шудааст, ки аз он 24,5 га боғҳои мевадиҳанда, 2,5 га боғҳои интенсивӣ ва 4 га барқароркунии боғҳои куҳна мебошад, ки ҷамъ 31 гектарро ташкил медиҳад.

Истеҳсоли маҳсулот дар хоҷагиҳо ва аҳолӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ, аз ҷумла сабзавот – 31 тонна, 5274 тонна зироати хӯроки чорво, мевагиҳо – 78 тонна, гӯшт – 402 тонна, шир – 3476,7 тонна, тухм – 457,3 ҳазор дона, пашм – 15 тонна истеҳсол карда шудааст.

Саршумори чорво дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия чунин мебошад: ҳайвони калон – 33 ҳазору 856 сар ва ҳайвони майда – 148 ҳазору 267 сар, аз он аспҳо – 379 сар, қутос – 19 сар, шумораи паранда – 23 ҳазору 292, занбӯри асал – 5 ҳазору 180 оила мебошад.

Дар сурати азхудкунӣ ва обёрии 350 гектар заминҳои мавзеи Сайёди ноҳияи Қубодиён, ки ба ноҳияи Варзоб вобаста карда шудааст ва заминҳои ҳудуди ҷамоатҳои Зидеҳ дар ноҳияи Варзоб имконияти зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли картошка то 12%, ғалла то 18%, асал то 31%, сабзавот то 15% ва хӯроки чорво то 27% муяссар мегардад.

 

Дарёи Варзоб ва соҳаи энергетика

Дарёи Варзоб аз баландиҳои куҳи Анзоб оғоз ёфта, дараи Варзобро бурида мегузарад. Дарёи Варзоб аз якҷояшавии дарёҳои Зиддӣ ва Майхура, инчунин шохобҳои Сиёма, Харангон, Такоб ба вуҷуд меояд ва дарозияш аз саргаҳи дарёи Зиддӣ 96 км, аз Андароб 71 км буда, масоҳати ҳавзааш 1740 километри мураббаъ мебошад, ки онҳо заминаи хубе барои рушди минбаъдаи соҳаи гидроэнергетика мебошанд.

Дарёи Варзоб дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо дарёи Лучоб ҳамроҳ шуда, номи дарёи Душанберо мегирад ва дар интиҳо ба дарёи Кофарниҳон мерезад.

Дарёҳои мавҷудаи ноҳияи Варзоб барои бунёди силсилаи НБО-ҳои хурду миёна хеле қулай мебошанд. Айни замон дар ноҳия 16 адад НБО-ҳои хурди обӣ, бо иқтидори умумии 2426 кВт/с бунёд гаштаанд.

Айни ҳол дар ноҳия НБО-ҳои хурди «Такоб» бо иқтидори 1500 кВт/с, «Ҳазора 1» (250 кВт/с), «Ҳазора 2» (250 кВт/с), «Панҷхок-1» (30 кВт/с), «Панҷхок-2» (35 кВт/с), «Куктеппа» (16 кВт/с), «Намозгоҳ» (75 кВт/с), «Роғ-1» (15 кВт/с), «Роғ-2» (15 кВт/с), «Вармоник» (15 кВт/с), «Харангони боло» (60 кВт/с), «Шехак» (5 кВт/с), «Ғажнӣ» (5 кВт/с),«Ҳушёрӣ» (15 кВт/с),«Новакандоз» (40 кВт/с) ва «Сафедорак» (100 кВт/с) бо иқтидори умумии 2426 кВт/с бунёд гаштаанд.

Дар панҷ соли оянда дар доираи Барномаи мазкур бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ сохтмони якчанд адад НБО-ҳои хурди дигар (аз ҷумла НБО-ҳои хурди «Бувак» бо иқтидори 10 кВт/с, «Такоб» бо иқтидори 35 кВт/с, «Сиёма» бо иқтидори 70 кВт/с, «Харангон» бо иқтидори 55 кВт/с) пешбинӣ мегардад.

Дар маҷмуъ Шабакаҳои барқии ноҳияи Варзоб ба 10 ҳазору 138 муштариён хизмат мерасонад, ки аз ҷумла 9 679 нафар муштариёни маишӣ, 15 адад корхонаҳои саноатию ба он баробаркардашуда, 100 адад корхонаву муассисаи буҷетӣ, 7 адад соҳаи кишоварзӣ, 337 адад сохторҳои тиҷоратӣ мебошанд.

Шабакаҳои барқии ноҳия аз 4 минтақа иборат мебошад – минтақаи Варзоб, минтақаи Чорбоғ, минтақаи Зиддеҳ ва минтақаи Варзоб ГЭС.

 

Хоҷагии ҷангали ноҳия

Барои таъмини ниҳол дар хоҷагӣ дар майдони 0,5 га қитъаи ниҳолпарварӣ вуҷуд дорад, ки айни ҳол ба миқдори 27 ҳазор бех ниҳолҳои аз 1 то 3-солаи сӯзанбарг, ороишӣ, сояафкан ва мевадиҳанда парвариш карда мешаванд.

Дар ин давра дар қитъаҳои ниҳолпарварӣ зиёда аз 100 кг кишти тухмии чормағз, бодом ва сӯзанбанрг гузаронида шудааст. Инчунин аз ҳисоби кучаки ниҳол ба миқдори 3575 бех гузаронида, 2200 адад қаламчаҳои анор, ангур, гул, лигустра гузаронида шудааст.

Барои зиёд намудани номгӯи ниҳол ду соли охир аз ҳисоби тухми каштан, дуб, акатсия ва дроки испанӣ парвариш ба роҳ монда шудааст.

Дар давраи ниҳолшинонии соли ҷорӣ дар мавзеҳои алоҳидаи заводи сементбарорӣ, Дарбандак, Оби Фанфароқ, талу теппаҳои канори шоҳроҳ, инчунин шоҳроҳи тарафи Такоб ниҳолҳои сӯзанбарг, сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда, ҷамъ ба миқдори 6028 бех ниҳол шинонда шудааст.

Инчунин аз ҳисоби тухми бодом, шулаш ва олучаи саҳроӣ барои барқароршавии ҷангалзорҳо дар масоҳати 7 га ба миқдори 30 кг кишт гузаронида шудааст.

 

Бахши соҳибкорӣ

Айни замон дар ноҳия 1 ҳазору 212 нафар соҳибкорони бо шаҳодатнома ва патент фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудаанд, ки ин рақам дар ҳамин давраи соли 2018-ум 1 ҳазору 152 нафарро ташкил медод, ки давоми шаш моҳ 60 соҳибкор зиёд шудааст.

Аз тарафи соҳибкорон ба буҷети ноҳия дар ин давра 751 ҳазору 085 сомонӣ ворид гардидааст, ки ин 149 %-и нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ро ташкил  медиҳад, ки он ба маблағи 501 ҳазору 244 сомонӣ баробар буд, ки давоми 6 моҳи соли 2019 маблағи 249 841 сомонӣ зиёд мебошад.

 

Соҳаи маориф

Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои калидӣ ба ҳисоб рафта, ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву меҳнатдӯстӣ, садоқат ба Ватан, эҳтиром ба рукнҳои давлатдорӣ, касбомӯзӣ ва мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.

Дар ноҳия 64 муассисаи таълимӣ, дар назди муассисаи таълимии №55 бошад, интернати наздимактабӣ барои хонандагони ятим ва нимятим амал менамоянд.

Аз 64 муассисаи таълимӣ 1 ададаш гимназия, 51 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 адад муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва 9 адад муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ мебошанд.

Дар ҳама муассисаҳои таълимӣ таҳсил бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст.

Соли таҳсили 2018-2019 дар таълимгоҳҳои ноҳия 17 ҳазору 128 нафар хонандагон, аз ҷумла 8377 нафар духтарон ба таълим фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли хониши гузашта 666 нафар зиёд мебошад.

Ба таълими хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия 1 ҳазору 351 нафар омӯзгорон (аз ҷумла 732 нафар занон) машғул мебошанд.

Баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоишу қарорҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати иҷрои Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012-2016 дар ҷумҳурӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми октябри соли 2011 таҳти № 457 тасдиқ шудааст, дар назди 15 муассисаҳои таълимии ноҳия Маркази инкишофи кӯдак фаъолият менамояд, ки 232 нафар кӯдакон дар 15 гуруҳ ба тарбия фаро гирифта шудаанд.

Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми июли соли 2015, №428 «Дар бораи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 -2020» ҳамасола ба ноҳия 20 ҷой ҷудо карда мешавад. Даври якум ва дуюми озмун ҷамъбаст гардида, 73 нафар барои иштирок дар даври ниҳоӣ роҳ ёфтаанд. Суҳбати даври ҷумҳуриявӣ санаи 11-уми июни соли 2019 дар бинои Муассисаи таҳсилоти иловагии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Комиссияи таъсисдодаи Вазорат баргузор гардидааст, ки 20 нафар довталабон сазовори номи донишҷӯ гардидаанд.

Дар соли таҳсили ҷорӣ шумораи хатмкунандагони синфи 11-ум 1 ҳазору 075 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо то ба имрӯз 931(соли хониши 2017-2018-ум 521) нафари хатмкунандагон аз қайди Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштаанд.

Бо мақсади боз ҳам фароҳам овардани шароти хуби хониш, сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41 бо маблағгузории 3 миллион сомонӣ аз ҷониби мақомоти иҷроия барои 480 ҷойи нишаст дар ду баст оғоз гардида, баистифодадиҳии иншооти мазкур дар соли 2019 пешбинӣ шудааст.

 

Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳия ба 273 (соли 2018-ум 268) нафар нафақа таъин намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 нафар зиёд мебошад.

Шумораи умумии нафақахӯрон ба 01.07.2019 сол 6 ҳазору 252 (нисбати ҳамин давраи гузариши соли 2018-ум 6 ҳазору 063) нафарро ташкил дода, ҳаҷми миёнаи нафақа 321,70 сомонӣ, аз он ҷумла 188 нафар маъюбон аз Маркази тавонбахшӣ барои кӯдакон ва наврасони «Чорбоғ» ҳаҷми миёнаи нафақа 34,27 сомониро ташкил медиҳад.

Тибқи банди 6-и Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.11.2003 сол №1173 барои таъмини пардохти ҷубронпулӣ ва пӯшонидани хароҷоти қувваи барқ, гази табиӣ мувофиқи талабот дар шаш моҳи соли 2019 ба 6 (нисбати ҳамин давраи гузариши соли 2018-ум 6) нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ 540 (нисбати ҳамин давраи гузариши соли 2018-ум 540) сомониро ташкил медиҳад.

Дар ин давра 8 нафар шаҳрвандони эҳтиёҷманди ноҳия, ки маъюб мебошанд, бо аробачаи маъюбии бо тарзи дастӣ ҳаракаткунанда таъмин гаштаанд, 9 нафар бо асо ва асобоғал таъмин карда шудаанд, 1 нафар бо асбоби шунавоӣ таъмин шудааст. Инчунин ба 6 нафақахӯрон барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби вазъи саломатиашон барои гирифтани маблағи роҳхат ба Вазорати молия дархост пешниҳод карда шудааст.

Шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия дар шашмоҳаи соли 2019 ба 390 нафар мақоми шахси бекор додааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018-ум 95 нафар зиёд мебошад, ки аз онҳо 204 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии бақайдгирифташудагон 385 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Дар ин давра ба 51 нафар бекорон кӯмакпулӣ таъин карда шудааст, ки 3 нафар шахсони аз муассисаҳои ҷиноӣ озодшуда мебошанд ва 48 нафар аз артиши миллӣ рухсатшудаанд. Дар ин давра ба 27 (нисбати ҳамин давраи гузариши соли 2018-ум 25) нафар бекорони дар қайд буда маблағи 8550 сомонӣ кӯмакпулӣ оид ба бекорӣ пардохт карда шудааст.

Аз аввали сол шуъбаи агентӣ 212 нафарро ба кори доимӣ сафарбар намуд, ки 108 нафарашон занон мебошанд.

Дар шаш моҳи соли 2018 мувофиқи нақшаи пешниҳодгашта 170 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд, ки 164 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Дар ҳудуди ноҳия 262 адад ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва хоҷагиҳои деҳқонии фермерӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 184 адади онҳо корхонаҳои доимоамалкунанда мебошанд.

Ба ҳолати 1-уми июли соли 2019 қарздории музди меҳнат ба қайд гирифта нашудааст.

 

Соҳаи тандурустӣ

Дар шаш моҳи соли равон баҳри таъмини сиҳатии аҳолии ноҳия, татбиқи «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолӣ барои солҳои 2010-2020», таъмиру сохтмони муассисаҳои тиббӣ, харидории таҷҳизот, лавозимоти тиббӣ ва доруворӣ мунтазам тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодаанд.

Дар ноҳия 38 муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла 3 беморхона,1 маркази назорати санитарӣ-эпидемиологӣ, 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, 9 марказҳои саломатии деҳотӣ, 24 бунгоҳҳои саломатӣ ба сокинони ноҳия хизмати тиббӣ расонида истодаанд.

Ҳамаи муассисаҳо аз буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ карда мешаванд.

Сохтори госпиталии ноҳия ба 507 нафар (соли 2018-ум 491 нафар) бистаришудагони ноҳия хизмати тиббӣ расонидааст, ки 2491 (дар соли 2018-ум 2361) катрӯзро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла, шаҳрвандони ноҳия 495 нафар (309 нафар). Ҷамъи умумии маблағҳои воридшуда 44 ҳазору 761 сомониро ташкил медиҳад, ки 102,9% буда, дар сметаи махсусгардонидашуда ҷой дода шуда, мақсаднок истифода бурда шуда истодаанд.

Дар баробари ин, бинои беморхонаи марказӣ дар ҷамоати деҳоти Варзоб- Қалъа бо маблағи 5 млн 842 ҳазор сомонӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар нимсолаи якуми соли 2019 сохта ба истифода супорида шуда, илова бар ин, бинои бунгоҳи саломатӣ дар деҳаи Сайёд, ҷамоати деҳоти Лучоб иборат аз ду утоқи корӣ, таъмин бо таҷҳизоти тиббӣ, бинои бунгоҳи саломатӣ дар деҳаи Алахчин ва деҳаи Ҷангалак, ҷамоати деҳоти Чорбоғ иборат аз ду ҳуҷраи корӣ, таъмин бо таҷҳизоти корӣ сохта ба истифода супорида шудааст, ки фароҳам овардани чунин шароит имкон медиҳад барои хизматрасонии босифат ба аҳли ҷамоатчигии ноҳия.

 

Бахши ҷавонон ва варзиш

Амалишавии сиёсати давлатии ҷавонон дар меҳвари фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дошта, дар ин самт як қатор тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардидаанд.

Дар умум, дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби бахш дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон 71 чорабинӣ бо фарогирии 11 ҳазору 375 нафар, рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш 93 чорабиниҳои оммавию варзишӣ, фестивалҳо бо фарогирии 16 ҳазору 188 нафар, самти ободкорию созандагӣ 10 аксия, 36 шанбегиҳо бо фарогирии 4541 нафар, дар маҷмуъ 164 чорабинӣ бо фарогирии 28 ҳазору 110 нафар гузаронида шудаанд.

Бахшида ба Рӯзи модарон ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” санаи 21-уми феврал дар қасри фарҳанги ноҳия даври аввали Фестивали ҷумҳуриявии “Суруди Модар-Алла” баргузор шудааст, ки дар ин озмун 28 нафар ҷавонон ва ҷавондухтарон иштирок намудаанд.

Санаи 26-уми июн дар минтақаи истироҳатии Гулобод ва санаи 27-уми феврали соли ҷорӣ дар Кохи фарҳанги ноҳия даври аввали Озмуни “Ҷавондухтари ҳунарманд” баргузор шудааст, ки дар ин озмун 23 нафар ҷавондухтарони ноҳия иштирок намудаанд.

Мақсад аз баргузор намудани ин чорабиниҳо ҷалб намудани ҷавондухтарон ба ҳунарҳои мардумӣ ва корҳои созандагию ободкорӣ, бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, ҳамзамон арҷ гузоштан ба фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.

Дар шаш моҳи соли 2019 варзишгарони ноҳия аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ 107 медал ба даст овардаанд, ки аз он 41 медали тилло, 41 медали нуқра ва 25 медали биринҷӣ мебошад. Аз мусобиқаҳои ноҳиявӣ бошад, 125 медал, ки аз он 47 медали тилло, 38 медали нуқра, 38 медали биринҷӣ мебошад.

 

Бахши фарҳанг

Фарҳангиёни ноҳия дар шашмоҳаи аввали соли 2019 дар тамоми чорабиниҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, барои дар сатҳи баланди бадеӣ баргузор намудани чорабиниҳо саъю кӯшиш намуда истодаанд.

Дар ин давра фонди китоб 69 ҳазору 544 ададро ташкил медиҳад, ки 30 ҳазору 096 адади он ба забони тоҷикӣ, 39 ҳазору 448 адад ба забони русӣ мебошад. Омаду рафт – 100 000, диҳиши китоб – 120 000, хонандагон – 12 000, чорабиниҳо – 105, даврзании фонд – 1,1.

 

Дастгирии занон

Бо мақсади тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд, пешбарии фаъолзанону ҷавондухтарон ба корҳои давлатдорӣ ва мансабҳои роҳбарӣ, инчунин татбиқи «Стратегияи фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чораҳои зарурӣ андешида шуда, мавриди амал қарор дода шудааст. Дар соҳаи хизмати давлатӣ дар ноҳия аз 107 нафар 18 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Дар соҳаи маориф 732 нафар, аз онҳо 74 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарӣ, дар соҳаи тиб 225 нафар, аз онҳо 24 нафар ба ҳайси роҳбар, дар соҳаи фарҳанг аз шумораи 39 нафар занон 17 нафар вазифаи роҳбариро ба дӯш доранд. Дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 7 нафар, аз ин шумора 4 нафарашон дар вазифаи роҳбарикунанда фаъолият намуда истодаанд. Дар соҳаи низоми бонкӣ 10 нафар, аз ин шумора 2 нафарашон вазифаи роҳбарикунандаро ба дӯш доранд. 123 нафар занон роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд. Шумораи занони сарвар дар ноҳия 226 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 30 нафар зиёд мебошад. Шумораи умумии занони роҳбарикунанда дар ноҳия 236 нафарро ташкил медиҳанд.

 

Захираҳои дигари табиӣ ва имкониятҳои истеҳсолӣ

Ноҳия аз канданиҳои фоиданоки табиии ангишт (бо захираи 45 миллион тонна), сангҳои нодиру қиматбаҳо, аз ҷумла квартс, тахтасангҳои мармар (дар мавзеи Зидеҳ, ҷамоати деҳоти Зидеҳ), волфрам ва тилло (дар мавзеи Майхӯраи ҷамоати деҳоти Зидеҳ), конҳои калони маъдании барои истеҳсоли семент зарурӣ (дар мавзеҳои Харангон ва Даҳанаи ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ) бой мебошад. Бояд қайд намуд, ки аз оҳаксанги он бо ҳамроҳкунӣ бо гилхоки Варзоб дар комбинати сементбарории шаҳри Душанбе барои истеҳсоли сементи навъи 400 истифода мебаранд. Коркарди самараноки онҳо то ба ҳол пурра ба роҳ монда нашудааст ва коркарди пурраи захираҳои конҳои мавҷудаи ноҳияи Варзоб метавонад ба рушди минбаъдаи иқтисодиёти он таъсири мусбат расонад.

 

Ба ҷои охирсухан

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия айни замон тамоми нерӯ ва ғайратро ба он равона кардааст, ки аҳли меҳнати ноҳияи Варзоб бо масъулияти баланд кор кунанд, самаранокии меҳнатро баланд намуда, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашну маросимҳои муҳимро бо дастовардҳои беназир дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гиранд. Бо ин мақсад то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамбастагӣ бо соҳибкорону меҳандӯстон ва ҳамватанони бурунмарзӣ бунёди 276 иншооти гуногунро ба нақша гирифта, азм доранд дараи Варзобро ба як гулистони зебову афсонавӣ табдил дода, номи неки онро боз ҳам шуҳратёр гардонанд.

Аз рӯи суханони раиси ноҳияи Варзоб Шерализода Муҳаммадулло Умар, «маҳз таваҷҷуҳи Пешвои миллат ва дастгириҳои он кас сабаб гардид, ки соли 1999 ноҳия чун минтақаи сайёҳию истироҳатӣ эълон гардида, имрӯз дар ҳудудҳои он 923 нуқтаҳои истироҳатӣ ва 6 осоишгоҳ фаъолият доранд, ки аз ҷумла 75-тояш истироҳатгоҳҳои оммавианд. Имрӯз номи Варзоб тавассути маҷмуаи комплекси лижаронии «Сафеддара», истироҳатгоҳи «Кохи Малика», «Гулобод», «Гули майда», «Мардон», «Панҷшер», «Чорбоғ», «Ёвар», «Чорбед», «Варзоб-палас» ва дигарон бо хизматрасониҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва беҳтар аз он дар сартосари ҷаҳон паҳн гаштааст. Маҳз дастгириҳои доимии Пешвои миллат буд, ки аллакай дар ним соли аввали соли 2019-ум 61 ҳазору 320 нафар сайёҳони дохилӣ ва 1014 нафар сайёҳони хориҷӣ аз Варзоб дидан намудаанд».

 

Саиди Ҳайдар, МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь