Дар ҳар давру замон бузургони илму адаб, ходимони сиёсиву давлатӣ, мардуми саодатманд баҳри расидан ба сулҳу ваҳдат ва тинҷиву осоиштагӣ ҷаҳду талош намуда, дар ин роҳ тамоми нерӯву тавони хешро сафарбар хоҳанд намуд. Зеро маҳз расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллист, ки барои рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоии кишварҳо ва таъмини рӯзгори осудаҳолонаи мардум замина мегузорад.

Ҳанӯз аз рӯзгори босаодати мардуми шарафманди тоҷик маълум ва равшан аст, ки гузаштагони мо маҳз бо пеша намудани андешаҳои хирадмандона ва ойини дӯстиву рафоқат сулҳу ваҳдатро ҳамчун беҳтарин арзиши миллӣ ҳифзу гиромӣ доштаанд.

Ваҳдати миллие, ки бо ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори суҳл ва ризоияти миллӣ 22 сол муқаддам ба даст омад барҳақ ба корномаҳои беназиру бемисли наҷотбахши миллат ва фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, сиёсатмадори бузурги аср, Пешвои тоҷикони ҷаҳон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад.

Арзиши ваҳдати миллӣ барои мо мардуми шарифи тоҷик ҳамзистӣ, ягонагӣ, сарҷамъиву иттиҳод, дӯстиву рафоқат ва амсоли ин фаҳмида мешавад. Бешубҳа ҳангоми баёни андеша намудан перомуни сулҳу ваҳдати миллӣ пеши назар рӯзҳои яъсу ноумедӣ, бародаркушиву ҷаҳолат, гиряи модари фарзандгумкарда ва ё даҳшатнокии ҳодисаҳои қатли мардуми бегуноҳу олимону нобиғаҳои айём аз дасти хоинону бадхоҳони миллати тоҷик ҷилвагар мегарБоиси хушнудиву саодат аст, ки мардуми шарафманди тоҷик имрўзҳо дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азиз бо роҳбарӣ ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарбаландона баҳри рушди босуботи кишвар ҷаҳду талош намуда истодаанд.

Ваҳдату иттиҳод, ҳамдигарфаҳмӣ, якдиливу муттаҳидӣ сарчашмаи бахту саодат буда, тамоми дастовардҳои мамлакат тавассути фароҳам будани сулҳу ваҳдат ба амал бароварда мешавад.

Аз таърихномаи начандон тӯлонии кишвар маълум аст ҳанӯз дар рӯзҳои аввали ҳамчун орзуву омоли деринаи халқ ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ва соҳиби кишвари мустақили навини миллӣ гардидани мардуми шарифи кишвар, бо баҳонаи хайрхоҳиву ҳамҷаворӣ ва таҳкими муносиботи ҳасанаи бародаронаву некбинона бо маблағгузории бархе аз кишварҳои ба мо дӯсту ҳамзабон ва бо истифода аз мафкураи ғаразолуди бархе аз фарзандони гумроҳ кишвари мо ба алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Дар қалби пиру ҷавон, модарону хоҳарон ва кулли сокинони Ватан эҳсоси яъсу ноумедӣ ва андешаву омоли печидаву торик падид омад. Бо даъват ва истифодаи нерӯву тавони ҷавонони бетаҷрибаву сустиродаи кишвар дар майдоннишиниҳо, ки ба доми хоҷагони хориҷ ва дохил афтида буданд ва ба мураккаб гардидани вазъ дар кишвар боис мегардид раванди ба ҳам овардану сарҷамъии мардум ва аз чанги беназмиву бенизомиҳо раҳонидани давлат масъалаи муҳим ва калидӣ ба ҳисоб мерафт. Зеро авҷ гирифтани алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ, дар кишвари тозаистиқлол ва аз ҳар лиҳоз тозаинкишоф ба раванди иҷборан тарк намудани макони зист ва гуреза шудани як миллион нафар ҳамватанони мо оварда расонид. Дар кишвар аз байн рафтани кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла кафолати зиндагӣ ба ҳаёт ва аз тири фарзандони нохалаф вашиёна ба қатл расидани зиёда аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат, ки дар байни онҳо садҳо нафар арбобони илму ҳунар, нобиғаҳои айём, ходимони сиёсиву ҷамъиятӣ ва пирони хираду ашхоси барӯманд низ буданд кишварро ба буҳрони маънавӣ рӯ ба рӯ гардонида истода буд.

Ваҳшонияти ҷанги шаҳрвандӣ, ки на барои кӯдак ва на барои пиру барно раҳму шафқат заррае ба назар намерасид боиси ятиммонии 55 ҳазор кӯдак гардид. Оила, ки дар ҳама давру замон ба сифати рукни муҳими ҷомеа маҳсуб меёбад он замон арзиши аслии хешро гум карда, бефарзанду бесаробон мондани 25 ҳазор нафар занону модарон яке аз хисороти навбатии руҳиву равонӣ ва маънавии модарон – офаринандагони рӯи замин гардид.

Ҷанги бемаъниву таҳмилӣ, ки оқибат ба харобии миллат ва парокандагии мардум оварда мерасонид, бениҳоят ба рушди босуботи Тоҷикистон зарба ворид намуда, кишвари моро аз роҳи пешрафтҳо ба даҳсолаҳо ақиб кашонид. Дар маҷмӯъ, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти мамлакат беш аз 10 миллиард доллар хисороти молӣ расид.

Дар замони авҷ гирифтани ҷанги шаҳрвандӣ ва ба ду нерӯи ба ҳам муқобил тақсим шудани сокинони кишвар, ки дар маҷмуъ писарро ба муқобили падар ва духтарро ба муқобили модар барангезонида истода буд, нерӯе, раҳнамое ва ё пешвое зарур буд, ки зимоми давлатдории навини миллиро ба даст гирифтаву аз қалби мардум ниҳоли яъсу ноумедиро барканда, дар замирашон дарахти муҳаббату садоқат ва умеду бовариро ба ояндаи неку масъуд ва дурахшони кишвар нишонад.

Боиси хушнудист, ки дар ҷараёни баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, бо эҳсоси гарму самимии ватандӯстона, ҷуръату тавони оянданигарона ва андешаву омоли наҷибу некбинона фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳодурона ба минбари Иҷлосия баромада, дилпуронаву боварибахшона иброз доштанд, ки “Ман ба шумо сулҳ меоварам ва дар ин роҳ лозим шавад ҷони ҷавони хешро дареғ намедорам”. Ин буд, ки дар ҳамин иҷлосия қадамҳои аввалини сулҳу субот байни қувваҳои мухолиф гузошта шуданд ва онҳо дар ҳамин иҷлосия ба мувофиқа расиданд. Пойдевори давлати навини Тоҷикистон гузошта шуда, фарди худогоҳу хештаншинос ва ватандӯсти комил муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Бо кӯшиш ва талошҳои пайгирона, истифодаи хираду тафаккур, андешаи солори ватандӯстонаву инсонмеҳварӣ ва сиёсати хирадмандонаву оқилонаи Сарвари муаззами кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дасту дилу нияти пок ба сарҷамъиву иттиҳод, ба Ватан баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ кӯшишҳо равона гардида, халқи шарифи кишвар дар ин кори хайру сахо ва бунёди ҷомеаи навини миллӣ саҳми шоиставу бориз ва ҳамовозии ҳамешагии хешро баён намуд. Маҳз бо баргузории 8 давраҳои музокироти байни тоҷикон ва зиёда аз 6 мулоқоту гуфтушунидҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти иттиҳоди нерӯҳи оппозитсиони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Москва, Теҳрон, Исломобод, Алма-Ато, Ашқобод, Душанбе, Кобул, Машҳад, Бишкек ва амсоли инҳо ниҳоят 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” ва изҳороти Маскав бо иштироки намояндаи махсуси Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид ба имзо расид. Ин рӯзи фархундаву ҳумоюнӣ дар қалби ҳар фарди худогоҳу хештаншинос ва вориси ниёгон шодиву сурур ва шуълаи сулҳу ваҳдатро барафрӯхта, барои рушди босубот ва таҳияи нақшаҳои дурнигаронаи давлатдории навини миллӣ заминаи мусоид гузошт.

Ҷаҳду талош ва кӯшишу ғайрати баҳодуронаи Пешвои маҳбубу ғамхор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки маҷрои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дубора рӯ ба инкишоф ниҳода, масъалаи таъмини шароити арзандаи кору зиндагӣ ба ҳар як сокини кишвар, истиқлоли сиёсиву давлатӣ, эҳёи расму ойин ва  анъанаҳои фарҳангӣ, таваҷҷуҳ ба рушди сайёҳиву ҳунарҳои милливу анъанаҳои неку писандидаи мардуми шарифи кишвар дар меҳвари сиёсати давлатдории навини миллӣ қарор гирифт. Маҳз вазифаву мақсадҳои мушаххас ва ба ҳайси ҳадафҳои стратегии давлат муқаррар намудани масоили раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ фаъолияти тамоми ниҳодҳои давлативу ҷамъиятиро ба маҷрои муайяну мушаххас равона намуда, бори дигар иродаи давлатсозиву соҳибтамаддунии мардуми моро дар симои Пешвои оқилу ғамхор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои оламиён муаррифӣ намуд. Ташаббусҳои неку наҷиби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамовозии аксари орои кишварҳои олам бори дигар аз овози ҳалкунандаи давлати мо дар ҳалли масоили минтақа ва ҷаҳон хеле калидӣ буда, бори дигар аз соҳибдавлативу соҳибтамаддунии мо дар ақсои олам дарак медиҳад.

Бо соҳибистиқлоливу иродати наҷиби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар инфрасохтори иҷтимоиву марказҳои муосири хизматрасонӣ, муассисаҳои муҷаҳҳази соҳаи маорифу тандурустӣ ва амсоли инҳо таҷдид, бунёд ва азнавсозӣ гардида, бунёд ва шуруи фаъолияти коргоҳҳои хурду бузург баҳри таъмини сокинон бо ҷойҳои кории доимиву мавсимӣ мусоидат намуд.

Бахусус дар шаҳри азизи мо Бӯстон низ бо ҳузури бевоситаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта ба истифода қарор додани мактаби Президентӣ ва хобгоҳ барои хонандагони болаёқат, хобгоҳ барои устодон, иншоотҳои таъиноти гуногун, коргоҳу муассисаҳо ва амсоли инҳо шаҳодати таваҷҷуҳи бемаайлони Роҳбари давлат ба ин гӯшаи диёрамон дар марҳилаи танинандозии ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбад.

Бо боварии комил гуфта метавонем, ки маҳз бо талош ва кӯшиши наҷибу умедбахши Пешвои маҳбубу муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони азиз аз нобудшавӣ ва мардум аз парокандашавӣ раҳоӣ ёфта, роҳи рушди давлатдории навини миллӣ ба сӯи ояндаи дурахшон  муайяну мушаххас гардид.

Чун мову шумо мардуми саодатманди кишвар дар остонаи таҷлили 22 – юмин солгарди ҷашни ҳамдиливу иттиҳод ва осудагиву сарҷамъии мардум, Рӯзи ваҳдати миллӣ қарор дорем, бо боварии комил гуфта метавонам, ки мардуми саодатманди мо, сулҳу ваҳдате, ки бо талош ва кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо баҳои ҷони ҳазорон тан аз фарзандони фарзонаву сарсупурдаи миллат ба даст омадааст ҳифз намуда, баҳри ба насли оянда мерос гузоштани кишвари ободу пешрафта аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳем намуд. Зеро ба ибораи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ваҳдат дар сурате бегазанду абадӣ мемонад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар манфиати милливу давлатиро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузорад, барои иттиҳоду ягонагии ҷомеа талош намояд, ба қадри сарзамини аҷдодии хеш расад ва онро чун модари худ азизу муқаддас шуморад”.

Бо чунин орзуҳои наҷиб ҳузури Рӯзи ваҳдати миллиро ба кулли ҳамватанони азиз таҳният гуфта, барояшон сиҳатмандиву саодати зиндагӣ ва ба Тоҷикистони азизу муқаддас осмони софу ваҳдати ҷовидонӣ таманно дорам.

 

Раъно Ҳошимзода,

Раиси шаҳри Бӯстон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь