Тоҷикобод яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ буда, марказаш шаҳраки Тоҷикобод аст. Ноҳия бо фармони Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон 12-уми августи соли 1949, дар натиҷаи муттаҳидкунии ноҳияҳои Қалъаи Лаби об ва Ҳоити вилояти Ғарм, таъсис ёфтааст. Тоҷикобод дар водии Рашт ҷойгир буда, дар шимолу шарқ бо ноҳияи Лахш, шимолу ғарб бо ноҳияи Рашт, дар ҷануб ва ғарб бо ноҳияи Сангвор ҳамсарҳад аст.

Тибқи маълумот, аҳолии ноҳияи Тоҷикобод 52 112 нафарро ташкил медиҳад. Масоҳати заминҳои ноҳия дар умум 73437 га аст, ки ба як нафар 1,6 га рост меояд. Аз ҷумла заминҳои обӣ 4 202 га мебошанд ва ба як нафар 0,08 га мерасад.

Ҷамъи заминҳои корами ноҳия 3 186 га буда, ба як нафар 0,06 га рост меояд.

Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод дар шаш моҳи соли равон ва эълон гардидани солҳои 2022-2026 ҳамчун “Солҳои рушди саноат”, хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо раиси ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қадриддин Аббос суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Раиси ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қадриддин Аббос дар оғози суҳбат кулли шаҳрвандони шарафманди кишварро бо 26-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола рӯзи 27-уми июн дар мамлакат бо тантана таҷлил карда мешавад, муборакбод гуфта, барояшон саломатию сарбаландӣ, муваффақияту бурдборӣ таманно намуд.

Баъдан номбурда иброз дошт, ки таҳлили натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар шаш моҳи аввали 2023 гувоҳи он аст, ки меҳнаткашони ноҳияи Тоҷикобод дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳаёт татбиқ  намуда, ҷиҳати ба даст овардани нишондиҳандаҳои  назаррас саъю кӯшиш карда истодаанд.

-Дар давраи ҳисоботӣ иҷрои нақшаи чорабиниҳо, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, Стратегияи миллии рушди иҷтитмоӣ-иқтисодии Тоҷикистон, барномаҳои миллӣ ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ доштанд. Ҷиҳати ташкили муваффақонаи фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод, дар асоси санадҳои мақомоти болоӣ, 28 нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ тарҳрезӣ, тасдиқ ва роҳандозӣ намуд. Ҳамчунин, барои самаранокии фаъолияти мақомот  Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия бо дарназардошти муқаррароти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, инчунин барномаҳои қабулгардидаи давлативу соҳавӣ ва барномаҳои иқтисодии шаҳру ноҳияҳо, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафарҳояшон ба минтақаҳои ҷумҳурӣ таҳия ва қабул гардидааст,-иброз дошт раиси ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қ. А.

Иҷрои буҷет

-Бо сарбаландӣ гуфтан мумкин аст, ки нақшаи қисми даромади буҷет бо дар назар доштани андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 103,1 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 4 миллион 523,1 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба нақша 447,9  ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ноҳия 14 миллион 975,7 ҳазор сомонӣ ё ба андозаи 100 фоиз маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ворид карда шудааст. Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 18 миллиону 306,7 ҳазор сомонӣ ё 92,6 фоиз иҷро гардид. Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1-уми июли соли 2023 дар ноҳия 113 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки аз ҷумла шахси ҳуқуқӣ 1 адад, соҳибкори инфиродии бо патент фаъолияткунанда 18 адад, шаҳодатномаи махсус 26 адад, шаҳодатнома 8 адад, хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ 60 адад мебошанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин давра 42 субъекти фаъолияткунанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 зиёд шудааст,-гуфт Фақерзода Қ. А.

Ба иттилои раис, дар шаш моҳи соли равон дар ноҳияи Тоҷикобод аз ҷониби шарикони рушд ва маблағҳои худӣ 32 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ гардид, ки маблағи умумиашон 24 миллиону 587 ҳазор сомониро ташкил додааст. Ҳамчунин, бо қарори Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, аз 30 декабри соли 2020, таҳти №11 “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Тоҷикобод барои солҳои 2021-2025” тасдиқ гардидааст, ки он 196 лоиҳаро дарбар гирифта, арзиши умумии он 138,2 миллион сомониро ташкил медиҳад. Аз 196 лоиҳи банақшагирифта, то охири соли 2022-юм, 57 лоиҳа ба маблағи 34 миллиону 346 ҳазор сомонӣ амалӣ гардида, дар 32 лоиҳа бо маблағи 55 миллиону 964 ҳазор сомонӣ корҳо ба сомон расонида шуда истодаанд. Дар доираи 9 лоиҳаи дигар бошад, корҳои омӯзишӣ ҷараён доранд.

Кишоварзӣ

Маҷмӯи умумии маҳсулоти дохилӣ дар давраи ҳисоботӣ  48 миллиону 236,5 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  2миллиону 102,3 ҳазор сомонӣ (104,5 фоиз) зиёд будааст. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар давраи ҳисоботӣ ба 44 миллиону 562,6  ҳазор сомонӣ расонида шуда,  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (бо нархҳои ҷорӣ)  576,4  ҳазор сомонӣ (101,3 фоиз) афзудааст.

Шуруъ аз ибтидои сол кори кишоварзӣ дар ноҳия кори умумихалқӣ эълон карда шуд. Фаслҳои тирамоҳ ва баҳори соли ҷорӣ дар майдони 1336 га зироатҳои ғалладонагӣ, 369,60 га сабзавот, 87,5 га зироатҳои техникӣ, 2297 га алафҳои бисёрсолаи хӯроки чорво кишт карда шуд, ки баробари 100 фоизи иҷрои дурнамои қабулкарда аст. Баҳори соли ҷорӣ аз ҳисоби заминҳои лалмӣ ва талу теппаҳо 18 гектар боғ бунёд кардем, ки ба 100 фоизи иҷрои нақшаи солона баробар аст. Дар маҷмуъ 1633 гектар боғ (истисно 23,70 га тутзор) мавҷуд аст, ки аз ин 476 гектараш ба сохторҳои кишоварзӣ ва 1157 гектараш ба аҳолӣ рост меояд,-қаноъатмандона иброз намуд раиси ноҳия Фақерзода Қ. А.

Бояд қайд кард, ки ноҳияи Тоҷикобод аз навоҳии таъминкунандаи нони дуввум дар кишвар аст. Аз ин рӯ, МИҲД-и Тоҷикобод, дар доираи супоришҳои Президенти мамлакат, солҳои 2022 ва 2023 барои рушди соҳаи кишоварзӣ, алалхусус зиёд кардани истеҳсоли зироати афзалиятноки ноҳия, яъне картошка аҳамияти махсус равона карда мешавад.

Ба маълумоти раиси ноҳия, соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Тоҷикобод дар майдони 2003,9 гектар кишти картошка гузаронида шудааст, ки иҷрои нақшаро 95,1 фоиз таъмин менамояд. Аз майдонҳои умумии кишти картошка 894,9 гектараш ба сохтори кишоварзӣ рост меояд. Истеҳсоли гӯшт дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 864,1 тонна, шир 6271,8 тонна, тухм 1289,9 ҳазор дона, пашм 95,8 тонна истеҳсол гардидааст.

-Вазъи мелиоративиии заминҳо қонеъкунанда буда, ягон ваҷаб замин аз гардиши кишоварзӣ берун намондааст. Илова бар ин, дар соли 2016, тибқи қарори раиси ноҳия, 30 га замин ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуд,-бо боварӣ қайд намуд раиси н. Тоҷикобод Фақерзода Қ. А.

Саноат ва энергетика

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар 6 моҳи имсол дар ноҳия ба 3 миллиону 973,9 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 525,9 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 162,3 фоиз афзоиш доштааст.

Сохтмон ва меъморӣ

Дар идомаи суҳбат муҳтарам Фақерзода иброз намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба маблағи 6 миллиону 500 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмониву васлгарӣ анҷом дода шудаанд. Ба андешаи раис, чунин миқдор корҳо  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1миллиону 600 ҳазор сомонӣ  зиёд аст. Аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ 490 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ 200 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби маблағҳои шарикони рушд 3 миллиону 10 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорон ва саҳми аҳолӣ 2 миллиону 800 ҳазор сомонӣ корҳо анҷом дода шуда, раванди корҳои сохтмониву васлгарӣ ҷараён доранд.

Маориф ва илм

Илму маориф дар кишвар самти афзалиятнок ҳисобида мешавад. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳ ба ин самт дар мадди назари Пешвои миллат қарор дорад.

Қайд карда шуд, ки дар ноҳияи Тоҷикобод 38 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 20 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 14 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ фаъолият доранд. Дар ин муассисаҳои таълимӣ дар умум 11 ҳазору 286 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 525 нафар омӯзгор таълим медиҳанд, ки аз теъдоди омӯзгорон 90 нафарашон занон ҳастанд. Инчунин, дар ноҳия 1 муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникӣ» ва 1 муассисаи томактабӣ арзи вуҷуд дорад.

Фақерзода иброз дошт, ки дар соли таҳсили сипаришуда тавассути Маркази миллии тестии назди назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз 234 нафар хатмкунандаи синфи 9 ва 11аз қайди гузаштаанд ва ин раванд идома дорад.

Фарҳанг

Фарҳангро ҳастии миллат мегӯянд. Аз ин рӯ, дар ноҳияи Тоҷикобод ба самти мазкур аҳамияти зарурӣ дода мешавад.

-Дар ноҳияи мо 22 муассисаи соҳаи фарҳанг, аз ҷумла 2 хонаи фарҳанг, 2 клуби деҳотии марказонидашуда, 1 китобхонаи бачагона, 1 китобхонаи марказӣ, 15 китобхонаи деҳотӣ ва як осорхонаи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ фаъолият доранд. Дар 15 китобхона 39 711 нусха китоб маҳфуз буда, 26 047 нусхаи он бо забони давлатӣ, 13 511 ададаш бо забони русӣ ва 153 нусха китоб бо забонҳои дигар мебошанд. Тибқи супоришҳои Сарвари давлат, дар 9 ташкилоту муассисаҳо китобхонаҳои идоравӣ ташкил карда шудааст. Аз ҷониби муассисаҳои фарҳангии ноҳия 97 чорабинии оммавии фарҳангӣ ва сиёсӣ гузаронида шуда, дар онҳо 9 860 нафар иштирок  карданд,-гуфт раиси ноҳия.

Тандурустӣ ва кор бо занон

Табибон зиёбахши дилу дидаи миллатанд. Дар соҳаи тандурустии ноҳияи Тоҷикобод дар умум 330 табиб ба фаъолияти касбӣ машғул аст, ки аз ин шумора 11 нафар соҳиби категорияи олӣ ва 180 нафар корманди миёнаи тиб мебошанд. Беморхонаи марказии ноҳия аз 5 шуъбаи бистарикунонӣ, 2 ҳуҷраи ташхисию ёрирасон иборат мебошад. Шумораи умумии занону бонувон дар ноҳия 25 532 нафарро ташкил дода, 20 нафари онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда, аз ҷумла 13 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, 32 нафар вакилони ҷамоатҳо, 11 нафар хизматчии давлатӣ мебошанд ва 318 нафари дигар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд.

Ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

Тибқи маълумот, шумораи ҷавонон дар ноҳияи Тоҷикобод 13 140 нафарро ташкил дода, аз он 6 544 нафарашон духтарон мебошанд. Дар ҳудуди ноҳия 79 майдончаи варзишӣ, 3 толори варзишӣ ва 1варзишгоҳ фаъолият дорад.

Тибқи иттилои Фақерзода, варзишгарони ноҳияи Тоҷикобод дар 3 мусобиқаи минтақавӣ иштирок намуда, сазовори 5 медали тилло, 7 медали нуқра, 5 медали биринҷӣ гардидаанд. Ҳамзамон, дар мусобиқаи варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ аз намуди гӯштини самбо, гӯштини миллӣ ва футбол иштироки фаъолона доштанд.

Сайёҳӣ дар ноҳияи Тоҷикобод аз самтҳоест, ки раиси ноҳия аз он изҳори нигаронӣ намуд.

-Вобаста ба имкониятҳои сайёҳӣ зикр кардан бамаврид аст, ки дар ноҳия 1 осорхона, 2 мавзеи таърихӣ-бостоншиносӣ, 5 мавзеи табиӣ мавҷуд мебошад. Мутаассифона, дар давраи ҳисоботӣ сайёҳони хориҷӣ ба ноҳия ворид нагардидаанд,- гуфт Фақерзода.

Номбурда сабаби таваҷҷуҳ накардани сайёҳони хориҷиро ба ноҳия дар набудани маҷмааҳои замонавии варзишӣ ва ҳавзҳои шиноварӣ, ворид набудани ноҳия ба хатсайрҳои сайёҳӣ ва набудани шуъба ё бахши сайёҳӣ дар Мақомоти иҷроияи ноҳия арзёбӣ намуд.

Меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

-Дар шаш моҳи соли 2023 ба шуъбаи Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ноҳия 874 нафар шаҳрвандони бекор барои дарёфти ҷой корӣ муроҷиат намуданд. Дар ин давра 4 ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ гузаронида шуда, 41 нафар шаҳрвандон бо ҷои кор таъмин гардида, 175 нафар ба бозомӯзӣ аз рӯи ихтисосҳои гуногун фаро гирифта шуданд. Музди миёнаи меҳнати моҳонаи кормандони ноҳия 1505,47 сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2022  173,01 сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш 112,9 фоизро ташкил медиҳад. Қарздории музди меҳнат ба ҳолати 1 июли соли 2023 дар ноҳия мавҷуд нест.  Шумораи умумии муҳоҷирон дар хориҷи кишвар 4025 нафар ба қайд гирифта шудааст, ки 296 нафари онҳоро занон ва 3729 нафарро мардҳо ташкил медиҳанд,-иброз дошт Фақерзода Қ. А.

Суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа

Мувофиқи омори пешниҳодшуда, дар ноҳия 3420 нафақагир зиндагонӣ доранд, ки шумораашон нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 137 нафар зиёд гардида, маблағи талаботи нафақа дар ин давра 5 656 067 сомониро ташкил додааст. Дар ин давра ба ворисони нафақагирони фавтида ба маблағи 30 ҳазору 720 сомонӣ  маблағҳои кӯмакпулӣ пардохт карда шудааст. Инчунин, ба оилаҳои камбизоат ба маблағи 213 792 сомонӣ кӯмаки унвонии иҷтимоӣ расонида шудааст.

Дин, танзими анъана ва ҷашну маросим

Дар ноҳия 1 масҷиди ҷомеи марказӣ, 2 масҷиди ҷомеъ ва 16 масҷиди панҷвақта фаъолият дошта, тибқи талаботи қонунгузорӣ, эҳтиёҷоти эътиқодии шаҳрвандонро қонеъ карда истодаанд.

Муроҷиати шаҳрвандон

Дар шаш моҳи соли 2023 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 991  шаҳрванд, аз ин 844 нафар тариқи хаттӣ ва 147 нафар тариқи шифоҳӣ муроҷиат намудаанд. Аз шумораи умумии муроҷиатҳои воридшуда 11 муроҷиат ба воситаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст. Аз шумораи умумии муроҷиатҳои хаттӣ ба 733 муроҷиат (87 фоиз) ҷавоб гардонида шуда, 111 муроҷиат дар баррасӣ қарор дорад.

Омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ

Дар фарҷоми суҳбат раиси ноҳияи Тоҷикобод қайд намуд, ки мардуми сарбаланду баномуси Тоҷикобод ҷиҳати сарбаландона пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти кишвар ҷидду ҷаҳди беандоза доранд.

-Дар ноҳия бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таъмиру бунёди 101 иншоот ба нақша гирифта шуда, то ба ҳол 22 иншоот ба истифода дода шудааст. Дар 40 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ ҷараён доранд. Дар 39 иншооти боқимонда корҳои ҳуҷҷатгузориву сертификаткунонӣ идома дорад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ҳама кӯшишу имконияташро баҳри он сафарбар менамояд, ки нақшаву уҳдадориҳои қабулкардаро дар давоми соли ҷорӣ таъмин намуда, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар амал татбиқ намояд,-гуфт раиси ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қадриддин Аббос.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь