Парчам яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ, соҳибистиқлолӣ, худшиносӣ, ҳифзу нигаҳдории арзишҳои миллӣ аст. Мардуми тоҷик аз азал парчамдору парчамбардор буданд, ки нишон аз кишвардориву соҳибистиқлолӣ аст.
Парчами нангу номи мо,
Пораи ҷисму ҷони мо.
Нуру зиёи чашму дил,
Парчами Коваёни мо.
«Дирафши Ковиён» – пешдомани чармии Коваи оҳангар дар нӯги найза яке аз аввалин нишонаҳои парчамдории мост. Ин дирафш воқеан, парчами нангу ном дар мубориза бо Заҳҳок, бар зидди зулму торикӣ буду ғолиб омад ва озодӣ, ваҳдату ягонагиро барқарор кард.
Шоҳ Фаридун ва шоҳони пасин ин парчамро гиромӣ медоштанд ва ба он дурру гавҳар мечаспониданд. Аммо ҳаводиси пурпечутоби таърихӣ, ҳамлаҳои аҷнабиён ба Мовароуннаҳру Хуросон замоне моро аз парчаму давлатдорӣ дур кард. Ҳангоми ғорати Кохи Кисро (Тайсафун- нахустин Кохи сапед дар ҷаҳон) тозиён дар баробари дигар дороиҳо “Дирафши Ковиён”-ро низ ба ғорат бурда, сангҳои онро гирифтанду парчамро сӯзонданд.
Хушбахтона, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ тоҷикон дубора соҳиби парчами миллӣ гаштанд. Парчами миллӣ дубора ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо шуд.
Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши се ранг, ранги сурх – озодиву истиқлол, ранги сафед – сулҳу оромӣ, ранги сабз – ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти таммаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкари созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақим ва ормонҳои ватанхоҳиву каҳрамониҳои мардони сарзаминамон башорат медиҳад.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд:
«Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад».
Бо ибтикори Президенти кишвар ба нишони эҳтирому садоқат ба парчами миллиамон ва гиромидошти ин рамзи давлатӣ соли 2009 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчам эълон шуд.
Имрӯз парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муқаддасоти миллӣ ва рамзи давлатӣ дар тамоми чорабиниҳои расмӣ, мусобиқаҳо, маҷлисҳои тантанавӣ, мулоқоту вохӯриҳои сатҳи давлатӣ ва байналмилалӣ баланд бардошта мешавад.
Имрӯз тасвири Парчами давлатӣ дар пули миллӣ, коғазҳои қиматнок, гувоҳномаю шиносномаҳо, ордену медалҳо, нишонҳои сарисинагӣ ва дигар ашёи арзишманд инъикос ёфтаасту хурду бузурги кишвар аз он ифтихор доранд.
Имрӯз қариб дар ҳама шаҳру ноҳия, деҳоту ҷамоатҳо майдонҳои Парчами миллӣ сохта шудаанду парчами серанги мо парафшон аст.
Имрӯз парчами аз ҳама баландтарин (165 метр), ки вориди китоби Рекордҳои Гинес шудааст дар маркази пойтахти азизамон Душанбе парафшон аст. Тӯли матоъи он ба 60 метр ва паҳноияш ба 30 метр баробар мебошад.
Ин ҳама нишонаи он аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон, роҳбарияти кишвар, хурду калони Ватани азизамон парчами миллиро пос медоранд ва омодаанд асрҳои аср барои озодиву ободии миллати тоҷик онро ҳифз кунанд.
Бигзор Парчами миллӣ – рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ҳамчун нишонаи нангу номуси миллат ва таҷассуми муҳаббату садоқати ҳар як фарди Тоҷикистон ба Ватани ободу соҳибихтиёр то абад парафшон бошад.
Ва чуноне ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд:
«Бигзор, парчами пурҷиллло ва нурафшони Истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини Тоҷикистон ин Ватанро афзунтар намояд ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд. Парафшонии Парчами озодиву саодати давлати соҳибистиклоли мо ҷовидон бошад!».
Азизмо АБДУЛЛОЕВА, омӯзгори синфҳои ибтидоии Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе