Мояи ифтихори мост, ки дар ҳаёти сиёсии кишвар боз як воқеаи хотирнишон рӯй дод, ки ин ба таври расмӣ эълон гардидани 24-уми ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Баъди соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон, аввалин санади ҳуқуқие, ки нисбати Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Дар моддаи 3-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рамзҳои давлатӣ чунин зикр шудааст: «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст».

12 майи соли 2007 таҳти № 254 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Қонуни мазкур аз 5 боб ва 13 модда иборат буда, боби 2-юми он ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, ки моддаҳои 5-ум ва 6-умро дар бар мегирад. Дар моддаҳои 5 ва 6-уми қонуни мавриди зикр дар бораи тартиби афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар бораи ҷойгиркунии тасвири парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан рафтааст.

Дар моддаи 5-ум, банди «д»-и қонуни мавриди назар омадааст, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷойҳои истироҳатии шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо ба сифати рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохтан мумкин аст.

Дар вақти афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парчами ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ё дигар шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликияташон, паҳно ва баландии ин парчамҳо набояд аз паҳно ва баландии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон калон бошад. Ҳангоми дар як вақт афрохтани шумораи тоқи парчамҳо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мобайн ва дар мавриди афрохтани шумораи ҷуфти парчамҳо аз марказ дар тарафи чап ҷой дода мешавад.

Дар моддаи 6-уми қонуни мазкур омадааст, ки тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда мешавад:

а) дар ҳавопаймоҳо, чархболҳо ва киштиҳое, ки дар қайди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд;

б) дар асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коғазҳои қиматнок ва лотереяҳои пулию молии давлатӣ;

в) дар нишони сарисинагӣ ва шаҳодатномаи узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

г) дар ҷойҳои истироҳати шаҳрвандон, хиёбонҳо, гулгаштҳо, лавҳаҳои телевизионӣ ва дигар нашрияҳои давлатӣ ҳамчун рамзи давлатӣ.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.

Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷае ҷой дода шудааст, ки паҳлуи амудиаш 0,8 ва паҳлуи уфуқиаш 1,0-и паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой мегиранд.

Тоҷи баландиаш 0,55-и паҳнои рахи сафед, ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2-и бари рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиҳанд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0, 2-и рахи сафед васл мегарданд.

Бар асоси Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 бо Қарори № 892-и Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон он тасдиқ шудааст.

Мояи ифтихори мост, ки дар радифи давлатҳои ҷаҳони муосир имрӯз Парчами Тоҷикистони азизи мо дар пештоқи бинои Созмони Миллали Муттаҳид парафшонӣ мекунад.

Тамоми халқи Тоҷикистонро бо Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳамаи Шумо бахту саодат, саломатӣ ва сарбаландӣ орзумандам.

Меҳроб СӮФИЕВ, донишҷӯи бахши 2-юми ДДФСТ ба номи М.Турсунзода        

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь