Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», ки моҳи декабри соли 2016 бо ҷонибдории наздик ба 200 кишвари дунё қабул гардид, дар шахси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро бори дигар ҳамчун кишвари пешсаф дар ҳалли масоили глобалии ҷаҳон, махсусан об дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷаҳониён қарор дод.
Мавриди зикр аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббуси нави байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба касби ҷойгоҳи шоиста ва мавқеи сиёсии кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ башорат медиҳад, барои тоҷику тоҷикистониён мояи ифтихор ва сарбаландист, зеро мардуми кишварамон таҳти роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳон аз эҳтироми ҷомеаи байналмилалӣ бархӯрдор аст.
Бо назардошти аҳамияти ин ташаббус, ки нақши мустақим дар рифоҳи зиндагӣ ва наҷоти аҳли башар аз хатари беобӣ дорад, дар радифи кишварҳои аъзои СММ шахсиятҳои бонуфузи ҷаҳонӣ низ аз иқдоми Сарвари давлати Тоҷикистон ба ҳайси як амри зарурӣ истиқбол карданд. Пан Ги Мун, собиқ Дабири кулли СММ, дар иртибот ба қабули ин санад изҳор дошт ки: «Қабули Даҳсолаи нав дар роҳи таҳким ва мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об нақши арзишманд гузошта, дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005 – 2015 – ро тақвият мебахшад».
Ҷомеаи ҷаҳониро мебояд дар ҳалли мушкилоти об оқилона рафтор намояд
Бояд тазаккур дод, ки қабули Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 – 2028 – ро СММ ба нигарониҳои башарӣ аз мушкилоти об асоснок менамояд. Дар қатънома омадааст, ки афзоиши аҳолӣ, раванди шаҳрнишинӣ, биёбоншавӣ, хушксолӣ ва тағйири иқлими сайёра дар оянда боиси авҷ гирифтани мушкилоти дастрасӣ ба оби нӯшидании тозаю бехатар шуда метавонанд. Бо назардошти чунин таҳдидҳо таъкид мешавад, ки ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ба ҳалли мушкилоти истифодаи оқилонаи об шурӯъ намуда, дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ вобаста ба ин масъалаи ҳаётан муҳим иқдом намояд. Тибқи маълумоти оморӣ, ҳар сол дар ҷаҳон аз нӯшидани оби ифлос 5 миллион нафар ҳалок мешаванд ва 3 миллиони дигар мубталои бемориҳои мухталиф мегарданд. Алҳол дар ҷаҳон 1,2 миллиард нафар ба оби ошомиданӣ дастрасии дуруст надошта, беш аз 3 миллиард аз оддитарин шароити санитарӣ маҳруманд. Дар ин росто, ташаббуси байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон қарор гирифтааст.
Эълони даҳсолаи «Об барои рушди устувор» аз ҳамоиши Тэгу ибтидо мегирад
Назар ба андешаи коршиносони байналмилалӣ, иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди устувор ва мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об, татбиқи лоиҳаву барномаҳои махсус, таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об нақши муассир мегузорад. Бояд тазаккур дод, ки эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни баргузории Форуми 7-уми ҷаҳонии об моҳи апрели соли 2015 дар шаҳри Тэгуи Кореяи Ҷанубӣ пешниҳод гардид. Пешвои миллати тоҷикон ҳангоми суханронияшон дар конфронси байналмилалии Тэгу, ки дар он беш аз си ҳазор нафар роҳбарону намояндагон, сиёсатмадорону мутахассисон ва донишмандону коршиносони ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, назири СММ, институтҳои молиявӣ ва дигар мақомоту ниҳодҳои манфиатдор иштирок доштанд, вобаста ба раванд ва натиҷаҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 ибрози ақида намуданд. Пешвои миллат саҳми арзишманди ин Даҳсоларо барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба ҳалли масъалаҳои марбут ба об, таҳкими ҳамкорӣ дар самти тақвияти зарфияти созмонҳои бахши об, фароҳам намудани заминаи мусоид дар самти гузариш ба мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об ва дар ин росто мушарраф гардидан ба аҳдофи ҳафтуми Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, таъкид намуданд. Президенти Тоҷикистон иброз намуданд, ки бо вуҷуди дастовардҳо ва гузоштани саҳми муносиб дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба об тазоду таҳдидҳои муосир, аз қабили афзоиши аҳолӣ, тағйирёбии иқлим, офатҳои табиӣ, норасоии об, бемориҳои сироятӣ, муноқишаҳои сиёсӣ ва дигар чолишҳо нагузоштанд, то тамоми ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт» пурра иҷро гарданд.
Сиёсати муввафақи Пешвои миллат дар масъалаи об
Дар ин росто, Сарвари давлати Тоҷикистон барои тавсеаи дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015, неруи тоза бахшидан ба равандҳои ҷаҳонии об, фароҳам овардани платформаи иловагӣ барои мусоидат дар самти иҷрои ҳадафҳои рушди устувор дар бахши об, эълони Даҳсолаи нави байналмилалӣ – «Об барои рушди устувор»-ро пешниҳод намуданд, ки он аз ҷониби ширкаткунандагони Форуми байналмилалӣ дар Корея пазируфта шуд ва Қатънома оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» охири соли 2016 аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ қабул гардид, ки он бозгӯи сиёсати муваффақи Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалист.
Яке аз ҳадафҳои Қатънома тақвияти ҳамгироӣ дар самти татбиқи барномаҳо дар бахши об аст
Ҳадафи асосии ин Қатънома муҳайё сохтани механизм ва платформаи иловагӣ барои мусоидат баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар қисмати об ва дигар аҳдофи марбут ба масълаҳои об дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқагардида, ташкил медиҳад. Қатънома талаб менамояд, ки кишварҳои узви СММ, созмонҳои байнидавлатӣ ва тамоми ҷонибҳои манфиатдор ба рушди устувори захираҳои об таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, тавассути мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об баҳри тавсеаи ҳамкорию иштирок дар ҳама сатҳҳо, ҷалб ва татбиқи барномаҳову лоиҳаҳои соҳаи об талош варзанд. Бо назардошти ин, дар сатҳи ҷаҳонӣ қабул гардидани Қатъномаи мазкур, як платформаи муҳимро барои ҳалли масъалаҳои марбут ба об муҳайё месозад, ки дар татбиқи амалии аҳдофу вазифаҳои марбут ба об ҳадафҳои рушди устувор мусоидат хоҳад кард. Илова ба ин, Қатънома захираҳои молиявӣ, кумакҳои техникии гуногунро муттаҳид гардонида, истифодаи самараноки захираҳои молиявии мавҷударо барои татбиқи ҳадафҳои марбут ба захираҳои об, рушди устувор тавсия менамояд ва барои ҷалби бештари маблағҳои сармоягузорӣ аз сарчашмаҳои гуногун шароит фароҳам меоварад. Мавриди зикр аст, ки сармоя ва маблағгузорӣ дар соҳаи об, хусусан, барои рушди инфрасохтори об, яке аз омилҳои асосии ҳалли масъалаҳои соҳа аст ва интизор меравад, ки қабули Даҳсолаи нав ба ин раванд такони ҷиддӣ бахшад.
То соли 2030 наздик ба 40% аҳолии сайёра ба мушкилоти норасоии об мувоҷеҳ хоҳанд гашт
Бояд тазаккур дод, ки бино ба гузориши коршиносон, ҷаҳони имрӯза ба мушкилоти марбут ба об мувоҷеҳ аст. Алҳол дар ҷаҳон ҳудуди 800 миллион нафар ба оби нӯшокии безарар дастрасӣ надошта, интизор меравад, ки бо назардошти афзоиши тадриҷии аҳолӣ то соли 2030 қариб 40%-и аҳолии ҷаҳон ба мушкилоти норасоии об дучор гарданд. Истифодаи нодурусти об дар соҳаи кишоварзӣ, ки 70 фисади захираҳои обро ташкил медиҳад, ба шӯршавии тақрибан 20%-и заминҳои обёрӣ оварда расонидааст, ки дастёбии бехатарии озуқавориро дар оянда зери шубҳа мегузорад, зеро алҳол наздики 60 фисади захираҳои озуқаи ҷаҳонӣ тавассути обёрии кишоварзӣ тавлид мегарданд. Дигар мушкилоти мубрами соҳаи об дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани ҳамкории байнидавлатӣ оид ба истифодаи обҳои фаромарзист.
Мавриди зикр аст, ки ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзӣ 45 фисади қисмати хушкии дунёро фаро гирифта, дар ҳудуди онҳо зиёда аз 40 фоизи аҳолии кураи замин зиндагӣ мекунанд. Дар ин ҳавзаҳо 145 кишвари дунё ҷойгир буда, бидуни ҳамкорӣ ҳалли масъалаҳои марбут ба об ва дар ин замина таъмини сатҳу сифати муносиби зиндагӣ барои аҳолии онҳо мушкил мегардад.
Тоҷикистон – кишвари саршор аз об
Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон аз лиҳози захираҳои обӣ бой буда, дар қаламрави кишварамон 14 ҳазору 509 пиряхҳо бо масоҳати умумии 11146 километри квадратӣ мавҷуданд, ки пиряхи Федченко, Грум –Гржимайло ва Гармо аз бузургтарини онҳоянд. Теъдоди рудҳои Тоҷикистон ба 947 адад мерасад, ки тӯли онҳо ба 28,5 км баробар аст. 80 фисади оби Амударё ва 1 фоизи оби Сирдарё аз ҳудуди кишварамон ташаккул меёбанд, ки он 55,4 % ҳаҷми умумии ҳавзаи баҳри Аралро ташкил медиҳанд. Тоҷикистон барои истифодаи эҳтиёҷоти худ танҳо 10 % оби баҳри Арал, 15,4 % ҳавзаи Амударё ва 7,8 фоизи оби Сирдарёро истифода менамояд. Инчунин дар ҳудуди кишварамон 1300 кӯл, мавҷуд буда, бузургтарини онҳо Яшилкӯл, Қарокӯл ва Сарез мебошанд. 200 чашмаи оби маъданӣ барои табобати бемориҳои гуногун истифода мегарданд. Ҳамзамон як нуктаро тазаккур бояд дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон баъд аз Чин, Россия, Амрико, Бразилия, Заир, Ҳиндустон ва Канада зинаи ҳаштумро ишғол менамояд, ки ин бори дигар саршор аз об будани сарзамини биҳиштосоямон – Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Эълони даҳсола пайкест аз иқдоми наҷиби Пешвои тоҷикон
Мудирияти беҳтари об, истифодаи самараноки захираҳои об, тавсеаи ҳамкорӣ, тақвияти амалҳои зеҳниву молиявӣ ва техникии мушкилоти марбут ба об ва афзоиши маблағгузорӣ дар ин самт, ки аз ҳадафҳои муҳими Даҳсола ба шумор мераванд, барои ҳалли масъалаҳои мазкур мусоидат намуда, ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин манфиатҳои зиёд хоҳад дид. Коршиносон бар он назаранд, ки ҳадафи пешбининамудаи Даҳсола бозгӯи талаботи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, наздик ба 200 кишвари дунё ҳаммуаллифии Қатънома гаштаанд, ки он бозгӯи саривақтӣ ва муҳим будани иқдоми наҷиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ дар масъалаи об аст.
Захираҳои обӣ – омили руши иқтисодиёти кишвар
Захираҳои обӣ яке аз соҳаҳои муҳими рушду пешрафти иқтисодиёти кишварамон маҳсуб ёфта,солҳои охир бо таъсири омилҳои гуногун- гузариш ба муносибатҳои бозорӣ, афзоиши аҳолӣ, талабот ба захираҳои об, ҳолатҳои фавқулоддаи гидрометеорологӣ ва рушди иқтисод, коҳиш ёфтани захираҳои об зери таъсири тағйирёбии иқлим ва ғайра ин соҳаи муҳим бо мушкилот мувоҷеҳ гардида истодааст. Ҳукумати кишвар барои ҳали ин мушкилот саъй намуда, дар ин раванд чандин стратегия, барнома ва нақшаҳои рушд қабул ва лоиҳаҳои зиёд мавриди амал қарор гирифтаанд. Пешвои миллат қаблан зимни суханронияшон дар ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт»иброз доштанд, танҳо дар солҳои 2005-2015 ба соҳаи оби кишвар зиёда аз 1,7 миллиард доллари амрикоӣ равона гардида, сатҳи обтаъминкунии зиёда аз 1,5 миллион нафар аҳолии мамлакат беҳтар гардонида шудааст.
Ташаббусҳои Пешвои миллат аз эътибори ҷаҳониён бархӯрдор аст
Нуқтаи муҳими дигарро бояд зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусҳои қаблии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон – эълон доштани Соли байналмилалии оби тоза, 2003, Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт», 2005-2015 ва Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013 дар арсаи ҷаҳмақоми хосса ва обрӯю эътибори баланд касб намудааст. Роҳбарону намояндагони кишварҳои дунё, ниҳодҳои СММ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва молиявӣ имрӯзҳо аз ташаббусҳои неку дурандешонаи Сарвари давлати Тоҷикистон нисбат ба масъалаҳои об ҳарф зада, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар барои талошҳои пайваста ҷиҳати пешбурди масъалаҳои об дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд изҳори сипос менамоянд.
Тоҷикистон – узвият дар Панели сатҳи баланд
То ҷое мусаллам аст бо назардошти талошу заҳматҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалинҳо шуда, барои узвият дар Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об, ки соли 2016 бо ташаббуси Муншии кулли СММ ва Президенти Бонки ҷаҳонӣ таъсис шуда буд, даъват гардид. Танҳо 11 нафар сарони Ҳукумат ва кишварҳо аъзои ин Панел буда, дар доираи он тамоми масъалаҳои марбут ба обро дар сатҳи байналмилалӣ мавриди баррасӣ ва пайгирӣ қарор медиҳанд. Узвияти Тоҷикистон дар ин Панел, шаҳодати эҳтиром ва нуфузу эътибори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалист.
Эмомалӣ Раҳмон – барандаи ҷоизаи махсуси СММ
Cоли 2010 бо қарори Кумитаи мукофотҳои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсолаи СММ барои пешсафӣ ва ташаббускорӣ дар соҳаи захираҳои обию энергетикӣ ва дастовардҳои намоён дар татбиқи Рушди Ҳадафҳои Ҳазорсола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷоизаи махсуси СММ сарфароз гардид. Ин дар ҳолест, ки ташаббуси чоруми Пешвои миллат дар мавриди эълон намудани солҳои 2018-2028 оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» ҳамчун дастоварди навин дар сатҳи байналмилалӣ пазируфта шуд. Интизор меравад, ки дар доираи Даҳсола дар СММ ва кишварҳои ҷаҳон, хусусан дар Тоҷикистон, ҳамоишҳои гуногуни сатҳи баланд баргузор мегардад, ки ба ҳалли масъалаҳои об дар сатҳи ҷаҳон мусоидат мекунанд. Чунки дар тамоми олам масъалаи об масъалаи мубратарин буда, дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон норасоии об мушоҳида мегардад.
Бояд як нуктаро махсус қайд кард, ки ин ташаббус на танҳо ба хотири беҳдошти зидагии мардуми Тоҷикистон, балки барои беҳдошти кулли мардуми сайёра, хусусан барои он кишварҳое, ки ба оби тоза мушкилот доранд, нигаронида шудааст. Мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон шахсияти сатҳи ҷаҳонист, зеро бо ташаббусҳои наҷибонаю дурандешона, махсусан вобаста ба масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ дар сатҳи байналмилалӣ аз ҷойгоҳи намоён ва арзишманд бархӯрдоранд.
Марзия САИДЗОДА