ФАРХОР, ноҳияи маъмуриест дар ҷануби вилояти Хатлон. Номи он бори нахуст дар сарчашмаҳои таърихӣ ва чуғрофии асрҳои 9 – 10 ба гунаҳои «Парғар», «Паргар» ва «Фаргор» вомехӯрад. Вожаи «Парғар» аз ду бахш таркиб ёфтааст: «пар» – бар, паҳлу, парадоман ва «ғар» – кӯҳ, яъне домани кӯҳ. Вожаи «Фаргар» ба маънои кӯҳи нурпош мебошад. Асли вожаи «Фархор»-ро вихори санскритӣ, ба маънои бутхона, бут низ шарҳ додаанд. Маънои «доманкӯҳ» ба вожаи «Фархор» мутобиқат дорад, зеро нахустин деҳаи ин мавзеъ дар канори рости дарёи Сурхоб дар домани кӯҳҳои Тираки авестоӣ воқеъ гаштааст. Дар ин ҷо одамони бостонӣ аз замони неолит ва асри биринҷ (6-4 ҳаз. сол пеш) зиста, шикорчигӣ ва моҳидорӣ мекарданд. Дар нимаи дуюми асри биринҷ (3500 сол пеш) дар ин мавзеъ деҳаҳои кишоварзӣ ва чорводорӣ паӣдо шуданд.
Ноҳияи Фархор 23 ноябри соли 1930 таъсис ёфтааст. Аз ҷануб ва ҷанубу шарқ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсарҳад аст. Масоҳоҳаташ 1183,1 км2 ва аҳолиаш 180 ҳазор нафар мебошад, ки аз ин 90%-ро тоҷикон ташкил медиҳанд. Аз Фархор то поӣтахти ҷумҳурӣ 198 км роҳ аст. Бо ноҳияҳои Данғара, Восеъ, аз шарқ ва ҷануб бо ноҳияи Мир Саӣид Алии Ҳамадонӣ, аз ғарб бо ноҳияҳои Панҷ, Колхозобод ва Вахш ҳамсарҳад мебошад. Фархор дар канори рости дарёи Панҷ ва ҳавзаи поёноби дарёҳои Сурхобу Тоҳирсу ҷоӣгир шудааст. Бахши ғарбии ноҳияро кӯҳҳои пасти Тераклитоғ (баландиаш 1715 м), Қаратоғ (1750м), бахши шарқиашро водии дарёи Сурхоб ва дашти Уртабӯз фаро гирифтааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми 7 моҳи соли 2022 бобати пешбурди тамоми самту соҳаҳои хоҷагии халқ корҳои муаӣянеро ба анҷом расонид.
Иқтисодиёт, соҳибкорӣ, сармоягузорӣ саноат ва энергетика
Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи андоз ва даромадҳои давлатии ноҳия 103,0% иҷро гардида, ба ҷои 25050,9 ҳазор сомонӣ ба буҷаи маҳаллӣ 25808,6 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 757,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Андози иҷтимоии ғаӣрибуҷетӣ ба ҷои 6198,8 ҳазор сомонии пешбинишуда 4531,6 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки ин 73,1%-и нақшаро ташкил медиҳад. Иҷроиши андози иҷтимоии буҷетӣ ба ҷои 11245,0 ҳазор сомонӣ 10445,6 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки баробар ба 92,9% мебошад. Бақияпулиҳои андозҳо ва андози иҷтимоӣ ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ 914,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали сол 1029,7 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Дар ин давра нисбати 128 субъекти андозсупоранда назорати камералӣ гузаронида шуда, ба маблағи 786,5 ҳазор сомонӣ маблағи андоз ошкор ва ба буҷети маҳаллӣ ворид карда шуд. Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ ба санаи 1 августи соли 2022 ба ҷоӣи 57363,9 ҳазор сомонӣ 5711,0 ҳазор сомониро ташкил дод, ки баробари 97,6%-и нақша аст. Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми гардиши савдои чакана дар соҳаҳои савдо 326292,7 ҳазор сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2 баробар зиёд мебошад.
Дар Нозироти андози ноҳия 7372 адад субъекти андозсупоранда ба қаӣд гирифта шуда, аз ин 1225 нафар шахсони ҳуқуқӣ, 4825 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд ва аз ин 1014 субъект бо патент ва 308 субъект бо шаҳодатнома фаъолият доранд. Дар 7 моҳи соли 2022 аз рӯи шартномаҳои иҷоравӣ бо 15 нафар соҳибкорон шартнома баста шуда, ба маблағи 19410 сомонӣ ба буҷет ворид гардидааст. Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия 8 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истода, маблағи истифодашуда 5,6 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар 7 моҳи соли 2022 ба 94553,1 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта баробари 126,0% мебошад. Дар ноҳия 26 адад корхонаҳои саноатӣ фаъолият доранд, ки аз он 4 адад корхонаҳои коркарди пахта, 5 адад коргоҳи хурди нассоҷӣ, 2 адад коргоҳи хурди коркарди шир, 1 адад коргоҳи хурди консервабарорӣ, 1 адад корхонаи хурди қаннодиву истеҳсоли нон, 4 адад корхонаи дӯзандагӣ, 3 адад корхонаи истеҳсоли блоки сементӣ, 1 адад корхонаи истеҳсоли қуму шағал, 2 адад фермаҳои мурғпарварӣ, 3 адад корхонаи оби нӯшокӣ ва обёрӣ мебошанд.
Дар ноҳияи Фархор 1 адад зеристгоҳи 110/35/6кВ ва 2 адад зеристгоҳи 35/10кВ фаъолят доранд, ки ноҳияро бо барқ таъмин мекунанд. Идораи Шабакаҳои барқи ноҳия хизматрасонии 324 адад ТП, КТП-ҳо, 212 адад зеристгоҳҳои хусусӣ, 446,13 км ХИБ-6-10кВ ва 960,45 км ХИБ-0,4кВ-ро ба ҷо оварда, аҳолии ноҳияро бо барқ таъмин мекунад. Дар идораи Шабакаҳои барқи ноҳия 80 мутахассис фаъолият мекунанд, ки 10 нафараш муҳандисон мебошанд.
Кишоварзӣ, сохтмон, меъморӣ ва нақлиёт
Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ давоми 7 моҳи соли 2022 ба 625825,7 ҳазор сомонӣ расидааст, ки 110,6%-ро ташкил медиҳад.
Давоми нимсолаи якум дар маӣдони 28442,6 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 100,8% баробар аст. Кишти ғалладонагиҳо дар майдони 12964 гектар гузаронида шудааст, ки аз он 11133 гектараш гандум, 667 гектар ҷав, 230 гектар шолӣ, 565 гектар лубиёгиҳо ва 369 гектараш ҷуворимакка барои дон мебошад. Зироатҳои техникӣ 10799,5 гектар баробар ба 100,0% кишт шудааст. Ҳамчунин, дар ноҳия дар маӣдони 9650,2 гектар пахта, 615,5 гектар картошка, 831 гектар полезиҳои озуқаворӣ, 1253 гектар зироатҳои хӯроки чорво ва 1979,6 гектар сабзавот кишт шудааст.
Давоми 7 моҳи соли 2022 кишоварзони ноҳия 55404,6 тонна сабзавот истеҳсол намуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 7839,0 тонна зиёд мебошад. 1 августи соли ҷорӣ дурнамои кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ дар ноҳия 9729,2 гектарро дар бар гирифта, баробар ба 99,8%-и дурнамо мебошад. Дар ин давра ҳолати мелиоративии 73 гектар замини аз кишт берунмондаи солҳои пешин беҳтар карда шуда, дар маӣдони 45 гектараш кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуд.
Дар ин давра чорводорони ноҳия 3051,0 тонна гӯшт ва 10128,7 тонна шир истеҳсол намуданд. Дар ноҳия 23,0 тонна гӯшти моҳӣ ва 2862,7 ҳазор донна тухм истеҳсол карда шуд. Ширдӯшӣ аз ҳар як сар модагов 1064 кг ва тухмгирӣ аз ҳар як сар мокиён 117 донагиро ташкил дод, ки нисбати соли гузашта мутаносибан ба 103,6% ва 88,0% баробаранд.
Дар ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 57723 сар чорвои калони шохдор, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1198 сар зиёд, 127667 сар моли маӣда, ки нисбатан 2691 сар зиёд, 2774 сар асп, ки нисбат ба соли гузашта 49 сар зиёд, 2913 оилаи занбури асал, ки нисбат ба соли гузашта 23 оила зиёд, 90710 сар парранда, ки нисбат ба соли гузашта 24755 сар кам ва 1075 сар харгуш, ки нисбат ба соли гузашта 730 сар зиёд мебошанд, мавҷуданд.
Бо тоза намудани 26 км заҳкашу заҳбурҳо ва тоза намудани 47 км шабакаҳои обрасонӣ ҳолати мелиоративии 130 га заминҳо беҳтар гардонида шудааст.
Дар мавсими ниҳолшинонии соли 2022 шинонидани 21 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкан ва ҳамешасабзу ороишӣ ба нақша гирифта шуда, аз ин 21298 бех ниҳолҳои гуногун шинонида шуд, ки иҷроиши он 101,4%-ро ташкил медиҳад. Инчунин, дар ин давра 11 гектар боғот барқарор карда шуданд.
Дар 7 моҳи соли равон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ нишондоди маблағгузории асосии сохтмон ба 31900,6 ҳазор сомонӣ расидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта баробари 49,5% аст. Корҳои сохтмону васлгарӣ бошад, аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 29010,9 ҳазор сомонӣ ба иҷро расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта баробари 50,2% аст. Ҳаҷми корҳои пудратӣ ба воситаи корхонаҳои сохтмонии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ ба 32784,0 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта баробари 74,4% мебошад. Нишондоди ба кор даровардани фондҳои асосӣ бошад, дар 7 моҳи соли 2022 ба 50206,8 ҳазор сомонӣ расонида шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 78,6%-ро ташкил медиҳад.
Дар мувозинаи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия 411,2 км роҳҳо, аз ҷумла 56,4 км роҳҳои баӣналмилалӣ, 39,0 км роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 315,8 км роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ дошта вобаста карда шудааст. Давоми 7 моҳи соли 2022 нақлиётчиёни ноҳия 735,0 ҳазор тонна бор кашонидаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 220,0 ҳазор тонна зиёд (142,7%) аст. Ҳаҷми мусофиркашонӣ ба 3293,5 ҳазор мусофир расонида шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 102,5%-ро ташкил медиҳад.
Меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа
Дар 7 моҳи соли 2022 дар маркази ноҳия 9 маротиба ярмаркаҳои ҷоӣҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, 62 нафар шаҳрвандони бекори ноҳия ба таври квота бо ҷои кор таъмин шуданд. Инчунин, 221 нафар ба курсҳои бозомӯзии касбҳои гуногун фаро гирифта шуданд. Тибқи Барномаи таъсиси ҷоӣҳои нави корӣ ва барқароршуда 1250 нафар ба нақша гирифта шуда, то инҷониб 754 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардидааст, ки аз ин шумора 244 нафарашонро мардон, 541 нафарашонро занон ва 213 нафарашонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Музди миёнаи меҳнат дар давоми соли 2022 ба 868,4 сомонӣ расид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 103,3%-ро ташкил медиҳад. Шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатӣ аз ноҳия дар хориҷи кишвар 8694 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 166 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.
Дар ноҳия 97 нафар шахсони яккаву танҳо ва бепарастор ба қайд гирифта шуда, давоми 6 – моҳи якуми соли ҷорӣ ба онҳо танҳо барои доруворӣ ва хӯрока аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва шахсони саховатманд ба маблағи 26710 сомонӣ кумакҳои молию пулӣ расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2020 сомонӣ зиёд мебошад. Шумораи нафақахӯрон 15117 нафар буда, маблағи якмоҳаи нафақаи онҳо беш аз 5011,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Маориф, тандурустӣ, кор бо занон ва оила
Дар ноҳия 66 адад муассисаи таҳсилоти умумӣ, 4 адад муассисаҳои типпи нав, 2 литсеӣ, 2 гимназия ва 1 адад Парваришгоҳи наздимактабӣ фаъолият намуда, ба 40337 нафар хонандагон 2800 нафар омӯзгорон таълиму тарбия доданд. Ба шӯъбаи маорифи ноҳия давоми соли хониши 2021-2022 216 нафар мутахассисони ҷавон тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда, бо ҷоӣи кор ва соати дарсӣ таъмин карда шуданд. Дар ноҳия 10 адад муассисаҳои томактабӣ бо фарогирии 738 нафар тарбиятгиранда ва 97 адад гурӯҳҳои Маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 2620 нафар амал мекунанд. Дар даври ноҳиявии озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҳамагӣ 1652 нафар иштирок намуда, барои иштирок ба даври вилоятӣ 50 нафар, “Илм – фурӯғи маърифат” ҳамагӣ 581 нафар иштирок намуда, барои иштирок ба даври вилоятӣ 35 нафар ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ҳамагӣ 24 нафар иштирок намуда, барои иштирок ба даври вилоятӣ 16 нафар роҳхат гирифтанд.Теъдоди хонандагони дар олимпиадаҳои фаннии вилоятию ҷумҳуриявӣ ҳамасола зиёд гардида, танҳо дар давраи ҳисоботӣ 615 нафар дар озмунҳои вилоятӣ, ки аз ин 15 нафар ҷоӣи якум, 14 нафар ҷоӣи дуюм, 11 нафар ҷоӣи сеюмро ишғол намуданд. Ба ғаӣр аз ин, 4 нафар хонандаи фаъоли ноҳия ба даври ниҳоии олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ роҳ ёфта, 1 нафар сазовори ҷоӣи дуюм ва 3 нафар сазовори ҷоӣи сеюм гардиданд.
Ба мардуми ноҳия 73 адад муассисаҳои тиббӣ хизмат мерасонанд. Шумораи умумии кормандони соҳа 1716 нафарро ташкил медиҳанд. Шумораи духтурон 198 нафар буда, бо корбарии онҳо давоми нимсолаи якуми соли 2022, 4452 нафар беморон табобат ёфта, 2237 таваллуд ба қаӣд гирифта шудааст. Дар ин давра 58 нафар кормандон ба курсҳои бозомӯзӣ равон карда шуданд. Маркази байниноҳиявии барқароркунии саломатии «Насими Фархор» дорои 60 кат буда, ба аҳолии ноҳияҳои Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Восеъ хизмати тиббӣ мерасонад. Давоми 6 моҳаи аввали соли 2022 620 нафар шаҳрвандон барои табобат гирифтан муроҷиат намудаанд, ки аз ин шумора 416 нафар аз ноҳияи Фархор ва 204 нафар аз дигар ноҳияҳо мебошанд. Маблағи хизмати пулакии муассиса аз ҳисоби шӯъбаҳои кӯдакона ва калонсолон дар се моҳаи аввали соли 2022 44902 сомониро ташкил медиҳад.
Аз шумораи умумии аҳолӣ 87712 нафарашро занон ташкил медиҳанд, ки ин ба 49%-и шумораи умумӣ баробар аст. Занони қобили меҳнат 55489 нафар, дар соҳаи маориф фаъолияткунанда 1474 нафар, дар соҳаи тандурустӣ 961 нафар, соҳаи фарҳанг 85 нафар ва дар соҳаи соҳибкорӣ 103 нафар мебошанд ва ҳамчунин 379 нафар занон ба ҳаӣси роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 587 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият мекунанд. Аз тарафи кормандони шӯъбаи кор бо занон ва оила давоми нимсолаи якуми соли 2022 тибқи нақшаи тасдиқшуда вохӯриҳои гуруҳҳои корӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони сохторҳои дахлдор оиди пешгирии амалҳои номатлуб дар баӣни аҳолӣ 20 адад реӣдҳо ва 70 адад суҳбату вохӯриҳо бо занону ҷавонон вобаста ба масоили мубрами рӯз, бахусус пешгирии ақидаҳои ифротӣ, дур нашудан аз фарҳанги миллӣ, пешгири намудани никоҳи хешу таборӣ, пешгирӣ аз бемории сироятии “COVID-19” ва ҷудошавии оилаҳо бо усули “хона ба хона” дар 820 оила корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Фарҳанг, кор бо ҷавонон, варзиш ва саӣёҳӣ
Аӣни замон 43 адад муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла 2 адад хонаи фарҳанг, 15 адад муассисаҳои клубӣ, 1 мактаби санъати бачагона, 21 адад китобхонаҳо, 1 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ, 1 боғи фарҳангӣ-истироҳатӣ ва 1 гурӯҳи хизматрасонӣ дар хизмати аҳолӣ қарор дошта, дар онҳо 176 нафар кормандон фаъолият менамоянд. Давоми нимсолаи якуми соли 2022 фарҳангчиён беш аз 1019 адад чорабиниҳои оммавӣ-сиёсӣ ва фарҳангӣ ташкил ва роҳандозӣ намудаанд. Фонди китобии китобхонаи марказӣ 35391 нусха, китобхонаи бачагона 2663 нусха ва китобхонаҳои деҳот 84130 нусха буда, дар маҷмӯъ 122184 нусхаро ташкил медиҳанд.
Шумораи ҷавонони 14 то 30 сола 59042 нафар буда, аз инҳо 28712 нафарашон занҳо мебошанд. Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар давраи ҳисоботӣ дар баӣни наврасону ҷавонон 253 адад вохӯрию сӯҳбатҳо ва хонишҳои сиёсӣ баӣни ҷавонони маҳал, 143 адад чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ, 7 адад семинарҳои омӯзишӣ, 6 адад мизи мудаввар, 66 адад машқҳои пагоҳирӯзӣ ва теренкур дар умум 475 адад чорабиниҳои гуногунро бо фарогирии 26890 нафар наврасону ҷавонон гузаронидааст. Давоми соли 2022 варзишгарони ноҳия 115 адад медалҳо аз мусобиқаҳои минтақавӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва баӣналмилалӣ ба даст овардаанд, ки аз ин шумора 53 адад тилло, 28 адад нуқра, 34 адад биринҷӣ мебошанд. Шумораи иншоотҳои варзишӣ 248 ададро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияи Фархор сомонаи расмии мақомот амал мекунад, ки маълумотҳо вобаста ба имкониятҳои сайёҳии ноҳия низ дар он ҷоӣ карда мешавад. Инчунин, масъалаҳои марбут ба ин соҳа дар саҳифаҳои иҷтимоӣ ба монанди “фейсбук” низ аз тарафи мутахассиси соҳа ворид мегарданд. Дар аксарияти меҳмонхонаҳо ва дигар марказҳои хизматрасонӣ барои сайёҳон ҷиҳати истифодабарӣ аз Интернет таҷҳизоти беноқили “Роутер” насб карда шуда, барои истифода дастрас мебошад. Ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои сайёҳони дохилию хориҷӣ дар маркази ноҳия айни замон чойхонаву тарабхона, меҳмонхона, мағозаҳо ва дигар инфросохторҳои маишии замонавӣ фаъолият мекунанд.
Барои расонидани хизмати алоқаи мобилӣ дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 25 адад нуқтаҳои фиристонандаи мавҷҳои алоқаи мобилӣ ба таври доимӣ фаъолият менамоянд ва ҳамарӯза ба аҳолӣ ва меҳмонону сайёҳон хизмат мерасонанд. Дар ноҳия мавзеъҳои таърихӣ ва саӣёҳии «Золи Зар», «Шӯртеппа», «Афғоншаҳид», «Чилтанбобо», «Санги Кулула», «Шаҳртеппа» ва «Шоҳи Аҳтам» дар ҳолати хуб қарор дошта, барои қабули сайёҳон омода мебошанд.
Дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, омодагиҳо ба ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатӣ
Бо мақсади амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 11 адад комиссияҳои доимӣ ва 70 адад комиссияҳои ҷамъиятӣ дар ноҳия фаъолият доранд. Дар ноҳия 95 адад масҷидҳо, аз ҷумла, 1 масҷиди ҷомеи марказӣ, 10 масҷидҳои ҷомеъ ва 84 адад масҷидҳои панҷвақта мавҷуд мебошанд. Мувофиқи ҳисоботҳо давоми 7 моҳаи соли 2022 1362 адад маъракаҳо ба қаӣд гирифта шудаанд. Дар баргузории маъракаҳои ба қайд гирифташуда 5076900 сомонӣ маблағ сарф гардид, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар маърака 400 сомонӣ рост меояд. Дар давраи ҳисоботӣ 1269 адад тӯйи домодию арӯсӣ ва ба қайд гирифта шудааст.
Бо мақсади ба иҷро расонидани қарори раиси вилояти Хатлон аз 11 феврали соли 2022, №50 “Дар бораи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022, №311 “Оид ба омадагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки вобаста ба ин қарори Раиси ноҳияи Фархор аз 1 марти соли 2022, №77 ба тасдиқ расонида шудааст, тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия то соли 2026 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ноҳия сохтмону азнавсозии 400 адад бинову иншоотҳо ба нақша гирифта шудааст, аз он ҷумла дар соли 2022 сохтмону азнавсозии 80 адади он рост меояд. Аз 400 адад иншооти банақшагирифташуда, 24 ададаш иншоотҳои саноатӣ мебошанд. Аз шумораи умумии иншоотҳои саноатӣ 6 адад дар соли 2022 сохта ба истифода дода мешаванд. Дар давоми соли ҷорӣ 3 адад корхонаҳои саноатӣ (корхонаи дӯзандагии “Али Тиҷорат”, коргоҳи дӯзандагӣ ва коргоҳи истеҳсоли дару тирезаҳои плостикӣ) сохта ва мавриди истифодабарӣ қарор дода шудаанд.
Билоли Шамс, МТЖТ, ноҳияи Фархор