Шароити ҷаҳонишавӣ аз наслҳои имрӯза тақозо менамояд, ки донишу малакаи хешро дар кадом соҳае, ки набошад, боло бардошта, бо заҳмату талоши софдилона фаъолият намуда, дар рушду пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошем. Бо дарки чунин моҳият Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд: «Вазъияти ҷаҳони имрӯза моро водор мекунад, ки фаъолияти самараноки тамоми сохторҳои давлатиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишварамон равона созем ва барои ҳар як сокини кишвар шароити арзандаи зиндагӣ ва ҳаёти осоиштаро муҳайё кунем. Бори дигар хотиррасон менамоям, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавад».
Қайд намудан ба маврид аст, ки ҳар як Паёми Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли маорифи кишвар робитаи ногусастанӣ дошта, аз таҳлили амиқи соҳаҳо бармеояд, ки анҷоми бомуваффаққонаи тамоми соҳаҳо аз мутахассисони бо лаёқати кордон вобаста мебошад. Бинобар ин, аҳли маориф рисолат ва масъулияти бузургеро дар пайи таълиму тарбияи насли ояндасоз бар дӯш доранд.
Соҳаи маориф дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самти афзалиятнок ба шумор рафта, пайваста ба рушду инкишофи бемайлони ин соҳаи ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Маҳз бо дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар низоми таҳсилоти олии мамлакат навгониҳои назаррас ба амал омада, дар замони соҳибистиқлолии мамлакат як зумра муассисаҳои олии таълимӣ, аз қабили Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ таъсис дода шуд, ки аз иқдомҳои некбинонаи Сарвари давлат мебошад. Ҳамзамон, дар ин муддат бо иштироки бевоситаи Президенти Тоҷикистон бинои нави таълимии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки аз дастовардҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба шумор мераванд. Ҳамзамон ба фаъолият оғоз намудани филиали донишгоҳу донишкадаҳои олии таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат падидаи тозае дар низоми таҳсилоти олии мамлакат ба шумор меравад. Гузашта аз ин, барои ба танзим даровардани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Стандарти давлатии таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари зинаи таҳсилоти олии касбӣ таҳия ва тасдиқ гардиданд. Бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ корҳои зиёде, аз қабили таҷдиди назар кардани мазмуну мундариҷаи таълим, муайян намудани самтҳои афзалиятноки илмӣ, бунёди паркҳои технологӣ, таъсиси корхонаҳои хурди илмиву истеҳсолӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандону устодони муассисаҳои олии таълимӣ, ривоҷу равнақ додани робитаҳои байналмилалӣ дар асоси табодули донишҷӯён, кормандони илмӣ ва омӯзгорон ва ғайра ба анҷом расонида шудааст. Яке аз дастовардҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тайи чанд соли охир гузариш ба низоми кредитии таълим мебошад. Айни замон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ пурра ба низоми кредитии таҳсилот гузаштаанд. Дастоварди муҳими дигар, ин ба фаъолият оғоз кардани Маркази милии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ҳамасола довталабон ба тариқи имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қабул карда мешаванд.
Маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок ва калидӣ эълон гардида, дар натиҷаи таваҷҷуҳу ғамхориҳои рӯзафзуни Ҳукумати мамлакат сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар ҷумҳурӣ зиёд гардида, сифати таълиму тарбия рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, илму маърифат дар миёни ҷомеа рушду инкишоф намуда, дар ташаккули ҳаёти маънавию фарҳангии насли ҷавони кишвар нақши бориз гузоштааст.
Машҳурахон Азимова, номзади илми педагогӣ, мудири кафедраи назария ва методикаи тарбияи томактабии Факултети психология ва таҳсилоти томактабии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров