Тавре хонандагони гиромӣ огоҳанд, ҳафтаномаи «Фараж» ду шумора пеш (№30 (556), аз 26-уми июли соли 2017) аз суханҳои ҷолиби дар нишастҳои матбуотӣ садодода иқтибосҳо оварда буд. Тасмим гирифтем дар ин шумора низ чанд «масалгуфтор»-ро, ки лоиқи баҳсу мулоҳиза ҳастанд, ба табъ расонем.
1. Гавҳар ШАРОФЗОДА, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
А. Дар нимсолаи аввал аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба 26 муроҷиати шаҳрвандон оид ба номгузории фарзандонашон хулоса пешниҳод гардид, ки аз он ба ду муроҷиат посухи рад дода шуд. Ду номи радшуда Асмоа ва Облоқул мебошанд. Облоқул шакли шикастаи Аллоҳу Акбар мебошад, ки шакли талаффузи туркиро гирифтааст. Дигар Асмоа буд, ки аз нигоҳи маънӣ ҷамъи исмҳост, ки чандон ба меъёр мувофиқ набуд. Дар мавриди номҳои ғайримуқаррарӣ, аз ҷумла Ардвирасура ба манобеи қадимии суғдию бохтарӣ муроҷиат кунед, дар он Ардивасура номи яке аз фариштаҳост.
Б. Дар ҳар қадам меъёр хато, гуфтор хато, навиштор хато аст, ман мебинам. Дар асоси низомномаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мо назораткунандаи иҷрои ин талабот ҳастем. Шумо ба кумита занг бизанед, санг бизанед, маломат кунед, ки дар фалон гузаргоҳ, дар фалон таблиғгоҳ, шабакаҳо, рӯзномаҳо меъёри забони адабӣ вайрон шуда истодааст, Кумитаи забон куҷоро нигоҳ карда истодааст? Мо дар асоси муроҷиати шумо тавонем равем ва татбиқи назорати қонунро ба роҳ монем!
2. Зариф АЛИЗОДА, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон:
А. Иштирок дар маршировкаҳо ихтиёрӣ ва барои ҷавонону ҷомеа манфиатовар аст. Мо қадамҳои аввалро дар ин самт гузошта истодаем. Муассисаҳое, ки ҷавононро ба маршировка сафарбар мекунанд, бояд донанд, ки кадом кӯдак имконият надораду бемор аст, ё ягон узри дигар дорад ва бояд ҷалб карда нашавад. Бояд ғамхорӣ карда, кӯдаконро бо обу дигар лавозимот таъмин кунанд.
Б. Зӯроварӣ на танҳо нисбати занону кӯдакон, балки нисбати мардон низ ҷой дорад. Ҳолатҳое ҷой доранд, ки мардон даст ба худкушӣ задаанд. Зӯроварии ҳам ҷисмонӣ ва ҳам рӯҳӣ нисбати мардон ҷой дорад. Бештар албатта азоби рӯҳӣ медиҳанд. Мегӯянд, ки ин одам ин хел карду ту карда наметавонӣ! Баъзан мардон имконият надоранд, аммо занҳо талаб мекунанд. Пойро ба андозаи кӯрпа дароз кардан даркор. Бояд тамоми масоили хонаводагӣ бо маслиҳат ҳал шаванд. Дар солҳои охир баҳсҳои оилавӣ махсусан сари молу мулк зиёд шудааст.
3. Раҷабмоҳ ҲАБИБУЛЛОҲЗОДА, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон:
Дар мавриди ҷалби иҷбории ноболиғон ба «маршировка»-ҳо шикояте дарёфт накардаем. Маълумот дар мавриди ҳалокати як хонандаи мактаб дар натиҷаи маршировка дар шаҳри Ваҳдат барои ҷашни Ваҳдати миллиро мо надорем.
Ҳар шахс бояд ҳисси миллӣ дошта бошад ва кӯдакону калонсолон бояд дар ҷашнҳои сатҳи миллӣ иштирок кунанд. Ин ҷо ягон поймолкунии ҳуқуқи кӯдакон дида намешавад.
4. Ҷумъа ДАВЛАТОВ, раиси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Тоҷикистон:
А. Санҷишҳои дар ҳукуматҳои маҳаллии навоҳии Лахш, Айнӣ, Қубодиён, Ёвон, Роштқалъа, шаҳри Панҷакент ва раёсатҳои адлия ва шуғли аҳолии ВМКБ гузаронидашуда муайян кард, ки дар мақомоти иҷроияи ноҳияи Лахш аз соли 2013 то 2016 озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ нагузаронида, кормандон бидуни озмун ба мансабҳо таъин шудаанд. Мудири шӯъбаи кишоварзии ноҳияи Лахш бо таҳсилоти олии нопурраи омӯзгорӣ, мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо ихтисоси меъмор-муҳандис, котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки ноҳия бо ихтисоси технологияи истеҳсолоти полиграфӣ, раиси ҷамоати шаҳраки Ваҳдат бо таҳсилоти олии нопурра, сармуҳосиби ин ҷамоат бо таҳсилоти миёнаи касбӣ таъин шудаанд. Бархе раисони навоҳӣ мансабдоронро бидуни мувофиқа бо мақомоти марказӣ таъин кардаанд. Барои камбудиҳо дар соҳаи хизмати давлатӣ 3 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
Б. Нисбати мансабдорони соҳиби душаҳрвандӣ дар мақомоти давлатӣ фишоре нест. Имконияти интихоб дода шудааст. Нафароне, ки шаҳрвандии давлати дигарро доранд, метавонанд яке аз шаҳрвандиро интихоб кунанд ва ҳангоми интихоби шаҳрвандии Тоҷикистон метавонанд дар хизмати давлатӣ боқӣ монанд. Фикр мекунам, ин масъала ташвишовар нест. Миёни 20 ҳазор хизматчии давлатӣ ҳамагӣ 20 нафар дорои душаҳрвандӣ буданд, ки ин боиси ташвиш нест.
5. Маҳмад РАҲИМЗОДА, роҳбари Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Тоҷикистон:
А. Шахсан набераамро Ашкиноз ном ниҳодам, ки дар Феҳрасти номҳои миллӣ нест. Номро қабул карданд, шаҳодатнома гирифтам. Дар сурати зарурӣ комиссия номи пешниҳодкардаи волидонро баррасӣ мекунад, агар номи зебо бошад, қабул мекунад. Ин ба манфиати мо аст. Ҳатто дар Русия нисбат ба тарзи дурусти номгузорӣ як таваҷҷӯҳи хоса пайдо шудааст.
Б. Дар Кодекси нави ҷиноятӣ дар бисёри ҳолатҳо ҷарима ҷои ҳабсро мегирад. Башардӯстӣ дар қонунҳои кишвар бартарият дорад. Дар Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон арзиши олӣ муайян шудаанд. Дар 25 соли Истиқлолият ҳар 1,5 сол дар Тоҷикистон авф татбиқ мешавад, ин гуманизм аст. Инсонро танҳо бо ҳабс кардан тарбия кардан мумкин нест, аммо куллан бидуни ҳабс ҳам намешавад. Баъзе роҳҳои дигари тарбия вуҷуд дорад. Дар қонунгузорӣ принсипи оқилона пешбинӣ шудааст. Вазифаи мо тарбияи инсон аст, на қатлу ҷазо.
6. Файзиддин ҚАҲҲОРЗОДА, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон:
А. Барои фаъолияти ширкатҳои эронӣ ҳеҷ маҳдудияте вуҷуд надорад. Тоҷикистон баръакс ҳавасманд аст, то соҳибкорони эронӣ дар иқтисодиёти кишвар сармоягузорӣ намоянд. Ширкатҳои эронӣ имрӯз дар иншооти мо хуб фаъолият доранд, вале дақиқан гуфта наметавонам, ки барои чӣ онҳо имрӯз дар Тоҷикистон маблағгузорӣ карда наметавонанд. Агар имрӯз таваҷҷӯҳ карда бошед, теъдоди хеле зиёди ширкатҳо дар Тоҷикистон фаъолият доранд, ки барои фаъолияташон ягон монеае нест. Ба қарибӣ бо соҳибкорони ҶИЭ оид ба таъсиси корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Душанбе чанд вохӯрӣ доштем. Омодагӣ доранд, ки ҳудуди 100 миллион доллар барои таъсиси чунин як корхона дар Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд. Ин масъала ҳоло ҳам дар сатҳи кумита ва ҳам дар сатҳи мақомоти шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дорад.
Б. Мӯҳлати фурӯши корхонаҳои “Сементи тоҷик”, осоишгоҳи Хоҷаобигарм ва корхонаи дӯзандагии “Гулистон” то поёни соли ҷорӣ дароз карда шудааст. Ҳоло вобаста ба ин иншоот корҳои барномарезӣ идома доранд. Корхонаи дӯзандагии “Гулистон” аз “Фононбонк” ва “Амонатбонк” қарздор аст ва айни замон сари ин масъала гуфтушунид идома дорад ва дар назар аст, то охири сол оид ба истифодаи минбаъдаи он ба мувофиқа бирасем. Корхона айни ҳол фаъолият дорад. Дар як қисми бино бо эҳтиёҷмандии корхонаҳои давлатӣ, як қатор корхонаҳои давлатӣ ҷойгир карда шудаанд ва қисмати дигари корхона фаъолияти пурсамар дорад.
7. Шералӣ ГАНҶАЛЗОДА, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон:
А. Маҳз ширкатҳои чиптафурӯшӣ аз тармафароиҳо ва роҳбандии Душанбе-Хуҷанд сӯйистифода карда, нархи чиптаро боло бурданд. Ширкатҳои ҳавоӣ манфиатдор нестанд, ки дар чунин ҳолатҳо нархро боло баранд, чун онҳо аллакай нархи номиналиро пештар муайян кардаанд. Дар чунин рӯзҳо аз нуқтаҳои чиптафурӯшии назди “Сомон Эйр”-у “Тоҷик Эйр” истифода намоед, чун он ҷо сӯйистифода намешавад. Одатан дар рӯзҳои парвоз нархи чиптаи ҳавопаймо боло меравад. Тартиби ҷаҳонӣ аст, ки агар 80 фоиз чиптаҳо фурӯхта шаванд, нархи 20 фоизи дигар қимат мешавад. Супориш додем, ки болоравии якбораи нархи чиптаи ҳавопаймо дар рӯзҳои роҳбандӣ таҳқиқ шавад.
8. Худоёр ХУДОЁРЗОДА, вазири нақлиёти Тоҷикистон:
А. Дар кишвар, бахусус дар шаҳри Душанбе ҳолатҳои дағалии ронандаю пулчинакҳои нақлиёти мусофирбар ҷой дорад. Давоми 8 сол ба ҳайси муовини вазири нақлиёт кор кардам ва рӯзҳои шанбею якшанбе аз хидматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ истифода мебурдам. Рӯзе ба нақлиёти мусофирбар савор шудам, то гардиши микрорайони 33 маро бурд. Он ҷо дар нақлиёт танҳо мондам, ки ба ронанда занг заданд. Баъд ӯ ба ман гуфт, ки фаро ман бояд баргардам. Гуфтам, чӣ хел фароям, бояд маро то охир барӣ. Оқибат маро фуровард, ман номери «Тангем»-ро гирифтам, рӯзи дигар хадамоти давлатии назорат он ронандаро ба утоқи кориям оварданд. Ӯ маро дида, монанди муш меларзид. Гуфт, ман гумон намекардам, ки муовини вазир ҳам ба «Тангем» савор мешавад. Гуфтам, ман ҳамчун муовини вазир не, ҳамчун шаҳрванд савори нақлиёти ҷамъиятӣ шудам. Иҷозатномаи он мардро гирифтанд, хеле гиряю нола кард.
Б. Аз ду ҷониб “Узбакистон ҳаво йуларӣ” ва “Сомон Эйр” иҷозатномаи 2 парвоз дар як ҳафтаро гирифтаанд, аммо ба далели камбуди мусофирон “Узбакистон ҳаво йулларӣ” низ ҳамагӣ ҳафтае як маротиба рӯзҳои сешанбе парвоз анҷом дода истодааст. Созишнома миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба имзо нарасидааст ва парвозҳо дар асоси протокол амалӣ мешаванд. Дар пайи анҷоми тамоми расмиёт “Сомон Эйр” низ парвозҳоро амалӣ хоҳад кард.
9. Абдувосид ЮЛДОШЕВ, ёвари директори Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон:
– Довталабу наздиконашон бояд ҳушёр бошанд, зиракиро аз даст надиҳанд. Дар низоми имтиҳони марказонидашудаи дохилшавӣ, касе қодир нест, ки ба натиҷаи довталабон таъсир расонад. Қаллобӣ дар ҳар давру замон буд, пеши инро ҳеҷ кас гирифта наметавонад. Аммо ин амалҳо ҳеҷ рабте ба Маркази миллии тестӣ надоранд.
10. Илҳомҷон АТОЕВ, муовини аввали раиси Хадамоти алоқа:
– Сардори Хадамоти алоқа тибқи талаботи маъмурӣ рӯзҳои қабул доранд. Агар хоҳед бо ӯ мулоқот кунед, муроҷиат кунед, мо ташкил мекунем. Бег Сабур дар сафари хидматӣ қарор доранд.
11. Мирзо ИСМОИЛЗОДА, раиси ширкати “Барқи тоҷик”:
– Барои нигоҳдории иншооти энергетикӣ ва беҳбуди вазъи молию техникӣ ниёз ба болобарии нархи барқ вуҷуд дорад. Лекин зиёд намудани нархи нерӯи барқ аз тарафи Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар мувофиқа бо ниҳодҳои дигар бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон амалӣ мешавад. Ҳозир ин масъала мавриди баррасӣ қарор дорад. Агар бо қарори ҳукумат нарх зиёд шавад, мо ҳамчун иҷрокунанда ин қарори ҳукуматро амалӣ мекунем.
Таҳияи Шамсулло ФОЗИЛОВ