Ховалинг яке аз ноҳияҳои зебоманзари вилояти Хатлон ба шумор рафта, 23-юми ноябри соли 1930 ташкил ёфтааст. Соли 1958 дар натиҷаи муҳоҷир намудани аҳолии он ба дигар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, ноҳия барҳам дода ва 26-уми апрели соли 1983 аз нав таъсис дода шуд. Аҳолиаш 54100 нафар. Масоҳаташ 3630,9 километри мураббаъ. Марказаш – шаҳраки Ховалинг.

Ховалинг, ки як гӯшаи шаҳри Мунки бостонӣ аст, дар бисёре аз сарчашмаҳои таърихӣ аз он зикр шудааст. Дар бораи пайдоиш ва маънои калимаи Ховалинг дар сарчашмаҳои таърихӣ ва забоншиносӣ ақидаҳои гуногун мавҷуд аст. Этимологияи ин калима аз шакли “хваралунка”-и забони порсии қадим ва миёна пайдо шудааст, ки маънии хвара-хур, ҳур, яъне рӯшноӣ, офтобӣ ва лунка ё лунг – теппа, замин, диёр, яъне диёри офтобиро дорад. Табиат ва иқлими мусоид ва офтобии ин диёр таҳкимдиҳандаи далелҳои дигар мебошад. Дар ҳудуди ноҳия чанд мавзеи таърихӣ ёфт шудааст, ки аз таърихи қадима доштани Ховалинг гувоҳ аст. Аз ҷумла, бошишгоҳи Кӯлдара. Ин бошишгоҳ ба давраи палеолити поён тааллуқ дошта, умри 950-ҳазорсола дорад ва яке аз куҳантарин мавзеъҳо дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.

Бинобар омори соли 2016 аҳолии ноҳия 54,1 ҳазор нафарро ташкил мекунад. Бар асоси Қонуни тақсимоти кишвар ноҳияи Ховалинг 5 ҷамоат дорад.

Гузориши навбатии хабарнигори МТЖТ аз ин сарзамини хуршедӣ ва гӯшаи биҳиштосои диёр манзури хонандагон мегардад.

Дар оғози мусоҳиба раиси ноҳияи Ховалинг Акрамзода Парвиз Акрам бо садоқатмандӣ ва самимияти хос чунин иброз дошт: “Мардуми ноҳия аз он ифтихор доранд, ки маҳз бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин гӯшаи кишвари азизамон рӯз то рӯз ободу зебо гардида, сатҳи зиндагӣ батадриҷ боло рафта истодааст. Хусусан мавриди истифода қарор додани роҳи автомобилгарди Восеъ -Ховалинг, сохтмони роҳи Кангурт-Балҷувон-Ховалинг, ки ба пешрафти вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳия таъсири хеле калон расонида, ба рушди сайёҳӣ, мусоидат ба бозори истеъмолӣ, аз ҷумла ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва сохтмону ободонӣ шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам меорад, сокинони ноҳияро хело руҳбаланду азмашонро баҳри идомаи бунёдкориҳо қавӣ гардонидааст”.

 

Буҷет

Раиси ноҳия дар идомаи суҳбат бо итминон ва қаноатмандӣ изҳор дошт, ки бо ҳисси ифтихору қаноатмандӣ аз сиёсати дурбинонаи Сарвари давлат, дар раванди амалигардонии сиёсати созандагию бунёдкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар ноҳия корҳои муайян ба иҷро расонида шудааст. Аз ҷумла, фаъолияти андозсупорандагон беҳтар гардида, ба буҷети ноҳия 4964,2 ҳазор сомонӣ маблағҳо ворид ва нақшаи пешбинишуда 105,2 фоиз таъмин гардидааст.

Маблағи қарзи андозҳо ба ҳолати 1-уми апрели соли ҷорӣ 4818,9 ҳазор  сомониро ташкил намуда, ба андозаи 189,4 ҳазор сомонӣ кам карда шудааст.

Ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ 3602,1 ҳазор сомонӣ ворид карда шуда, аз ҷумла фонд аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетӣ 99,6 фоиз таъмин гардидааст.

Қисми хароҷоти буҷети ноҳия 94 фоиз (7960,0 ҳазор сомонӣ) таъмин гардидааст. Ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба рушди соҳибкории истеҳсолӣ аз тарафи бонкҳои ноҳия дар давоми ду моҳи соли ҷорӣ ба соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ҳамагӣ 1931,7 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудааст.

Дар заминаи таъмини иҷрои Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021» маркази ҳунарҳои мардумӣ таъсис дода шуда, аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби озмуну ташкили ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ 285 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Музди миёнаи меҳнат 1156,26 сомониро ташкил намудааст.

 

Саноат

Фаъолияти корхонаҳои саноатии ноҳия, ки дар маҷмуъ 8 ададро ташкил медиҳанд, дар якҷоягӣ бо дӯконҳои дӯзандагӣ, коргоҳҳои мавҷудаи мевахушккунӣ, коркарди хонагии шир имкон додааст, то ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар семоҳаи соли ҷорӣ ба 19698,9 (57,2 фоиз) ҳазор сомонӣ расонида шавад, ки ин нишондод дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 14670,7 ҳазор сомонӣ кам буда, сабабаш  пурра фаъолият накардани кохонаҳои азими ноҳия мебошад.

Ҳаҷми гардиши мол 13231,8 ҳазор сомониро ташкил намуда, хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ ба 7025,0 ҳазор сомонӣ расидааст.

 

Истифодаи нерӯи барқ

Вобаста ба истифодаи самараноку оқилонаи нерӯи барқ, равшаникунонии кӯчаву хиёбонҳои маркази ноҳия, таъмиру азнавсозии хатҳои барқдиҳанда корҳои амалӣ ба иҷро расидаанд. Аксарияти кӯчаҳои марказ ва 8 деҳаи аҳолинишин бо равшанидиҳӣ таъмин гардидаанд.

Ҷамъоварии маблағи истифодаи барқ 76,1 фоиз (3515,0 ҳазор сомонӣ) -ро ташкил медиҳад. Қарзи маблағи истифодаи барқ ба 1-уми апрели соли ҷорӣ 8487,2 ҳазор сомониро ташкил намудааст. Дар семоҳа 91,4 ҳазор сомонӣ маблағҳои қарз пардохт гардида, чорабиниҳо дар ин самт идома доранд.

Дар моҳҳои январ – апрели соли ҷорӣ маблағгузории асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо ба соҳаи сохтмон 5952,5 ҳазор сомониро ташкил намудааст.

 

Кишоварзӣ

Хотиррасон бояд кард, ки тайи чор моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия ба 7543,4 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 357,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Кишти зироатҳои кишоварзӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 6842 гектарро ташкил намудааст.

Барои кишти картошка ва сабзавот қитъаҳои замин ҷудо гардида, рафти корҳо дар сатҳи зарурӣ идома доранд.

Ҳамзамон, дар ин марҳила зиёда аз 27 ҳазор бех ниҳолҳои мевадиҳандаю сояафкан шинонида шуда, дар 137 гектар боғҳои нав бунёд гардидаанд.

Вазъи нигоҳубини чорвои мавҷуда дар назорати доимӣ қарор дошта, дар семоҳаи соли ҷорӣ гӯсолагирӣ 104,8 фоиз, бараю буғзола 100 фоиз ва истеҳсоли гӯшт ба 104,9 расонида шудааст.

 

Маориф ва тандурустӣ

Кору фаъолияти ташкилоту муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ – маориф, тандурустӣ, фарҳанг таҳти назорати доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад.

Ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар ноҳия маркази омӯзиши забонҳо фаъолият дорад. Алҳол дар ду гуруҳ ҷавонон ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ фаро гирифта шудаанд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ҷиҳати ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи соҳа, тағйиротҳо ворид карда шуда, аз оғози сол бинои маъмурӣ ва қисман шуъбаҳои беморхона аз таъмири асосӣ бароварда шудаанд. Шуъбаи дандонпизишкӣ бо бинои алоҳида таъмин гардидааст.

Ҷиҳати амалӣ намудани Нақшаи чорабиниҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба инкишофи намудҳои гуногуни сайёҳӣ дар ноҳия заминаҳои зарурӣ гузошта шудаанд.

 

Муроҷиати шаҳрвандон

Ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳо вобаста ба ҷалби ҷавонону занон ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ дар заминаи талаботи Қоидаҳои амалкунандаи ҷойивазкунӣ (ротатсия) ва озмунҳои ҷойҳои кори холии хизматчиёни маъмурии давлатӣ 12 нафар ҷавонон бо ҷойи кор таъмин гардидаанд, ки аз инҳо 5 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Дар ин давра 588 адад ва аз ин шумора 441 адад муроҷиати хаттӣ ва 146 адад муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон ба қайд гирифта шуда, ба 98,4 фоизи муроҷиатҳо ҷавобҳои қаноатбахш гардонида шудааст.

 

Корҳои фаҳмондадиҳӣ

Бо мақсади ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии қонуншиканиҳо, шомилшавии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, тарғиби унсрҳои фарҳанги бегонапарастӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия гуруҳҳои корӣ таъсис дода шуда, ҷамъомаду вохӯриҳо бо аҳолӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Шумораи ҷиноятсодирнамоии шаҳрвандон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 адад кам гардидааст.

 

Иншооти ҷашнӣ

Дар заминаи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми майи соли 2018, таҳти №АП1059 “Оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” лоиҳаи “Барномаи рушди корҳои ободонию бунёдкориҳои ноҳияи Ховалинг дар давраи солҳои 2018-2021” таҳия гардида, бо қарори Маҷлиси вакилони халқ тасдиқ карда шудааст ва зиёда аз 330 номгӯй сохтмони бинову иншоотро дар бар мегирад. Аз ин ҳисоб:

– сохтмони биноҳои нав ва аз таъмири асосӣ баровардани 8 адад муассисаҳои таълимӣ;

– 3 адад марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ;

– 4 адад коргоҳҳои дӯзандагӣ (бо 40 адад дастгоҳ);

– коргоҳи хиштбарорӣ дар мавзеи Шугнов;

– ду адад кошонаи ҳусн;

– 1 варзишгоҳи хурд;

– 1 қабулгоҳи сайёҳон;

– 6 адад чоҳи амудӣ;

– 2 дорухона;

– 1 ҳаммом;

– сохтмони 15 хонаи истиқоматӣ (аз ҷумла, 1 адад дар деҳаи Чуқурак);

– сохтмони хатҳои бо оби нӯшокӣ таъмин намудани 7 маҳалла ва деҳа дар Дараи Аспон, Сафедшаҳрак, Ҳалқаёр, Дашти Қавақ, Тутак, Канаб, Питовду;

– равшанидиҳии маҳаллаҳои ҷамоати деҳоти марказ пурра ва 12 деҳаи ҳудуди ноҳия;

– сангфарш намудани роҳҳои автомобилгарди 7 деҳаи ҳудуди ноҳия;

– кашидани хати барқ ва шинондани трансформатор дар ду маҳаллаи аҳолинишин;

– ба роҳ мондани корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ;

– бо бинои нав таъмин намудани мактаби мусиқии бачагона, маркази дандонпизишкӣ ва вируси норасоии масунияти одам;

– сохтмони системаи гармидиҳии муассисаи таълимии №1-и ноҳия;

– ташкили маркази ҳунарҳои халқӣ ва омӯзиши забонҳои англисӣ ва русӣ.

Қобили зикр аст, ки айни ҳол шинондан ва парвариши зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳоли гулу буттаҳои ороишӣ ба анҷом расида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Ҳамчунин, дар заминаи амалигардонии нақшаи омодагиҳо ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои сохтмонӣ дар 2 муассисаи таълимӣ (деҳаҳои Лоҳутӣ ва Сафедшаҳрак), 3 маркази саломатӣ дар деҳаҳои Хонақоҳ, Лоҳутӣ ва Чепиво, 4 меҳмонхона, 2 шуъбаи беморхонаи марказӣ, 1 ҳаммом, 1 маҷмааи варзишӣ бо ҳавзҳои шиноварӣ, амфитеатр, майдончаҳои варзишӣ, 1 толори варзишӣ, 1 адад бинои маркази ҷавонон, терминал, боғи фарҳангӣ бо сохтмони пояи Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия, 7 маркази хизматрасонӣ ва савдо, қабулгоҳи меҳмонон дар мавзеи Тагиҷар, сохтмони бинои нави ҷамоат дар ҷамоатҳои деҳоти Лоҳутӣ, Ғаффор Мирзо ва Шугнов, сохтмони пул дар деҳаи Доробӣ, коргоҳи истеҳсоли оби нӯшокӣ дар маҳаллаи Тутак, корҳои ободонӣ, бунёди бинову иншоот дар мавзеи Дараи Мухтор, соҳилбандӣ дар мавзеҳои осебпазире чун мавзеҳои Лоҳутӣ, Токак, роҳи Мазор Ҳазрати Султон, марказҳои хизматрасонию савдо ва дигар иншооти иҷтимоӣ дар аксарияти деҳаҳои аҳолинишин бомаром идома доранд.

Дар ҳамин замина, чанд рӯз пеш ба сохтмони 4 муассисаи таълимӣ дар деҳаҳои Сангрезгӣ, Токак, Қадаҳӣ ва Канаб оғоз бахшида шуда, тариқи шанбегиҳо ва ҳашарҳои умумӣ корҳои тозаю озода намудани кӯчаю хиёбонҳо, маҳаллаҳо ва деҳаҳои аҳолинишин, таъмиру тармими биноҳои маъмурӣ, хонаҳои истиқоматӣ, азнавсозии девору сафилҳои куҳнаю фарсуда гардидаи ду тарафи роҳҳои автомобилгард, тоза ва коркарди агротехникии боғҳои мавҷуда, бунёди боғҳои нав, тавассути истифодаи оқилонаи замин – кишти зироатҳои кишоварзӣ дастаҷаъмона дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудаанд.

Дар фароварди суҳбат раиси ноҳия Акрамзода Парвиз Акрам бо боварӣ ва итминон ба сиёсати созандагиву бунёдкориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуд: “Умедамон сабз аст, ки мардуми ноҳия бо истифода аз тамоми шароиту имкониятҳо камбудию норасоиҳоро пурра бартараф намуда, ҷашну маъракаҳои сиёсии дар пеш истодаро бо дастовардҳои арзанда истиқбол менамоянд”.

Тавре корманди Маркази саломатии ноҳияи Ховалинг Маҳинбонуи Почохон иброз намуд, “гарчанде Ховалинг таърихи ҳазорсолаҳоро доро бошаду бо фарзонафарзандони асил ва қаҳрамонҳояш ифтихордорӣ намояд ҳам, вале тӯли таърихи ин миллату ин ноҳия касе чун Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин сарзамини хуршедӣ хизмати шоиста накардааст. Дар баробари хизматҳои ҷоннисоронаи Президенти мамлакат, ҳамчунин вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милиса Рамазон Раҳимзода Ҳамро ва раиси ноҳияи Ховалинг Акрамзода Парвиз Акрамро ҳам набояд нодида гирифт, ки баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ватанамон заҳматҳо ба харҷ медиҳанд. Корҳои ободоние, ки бо ташаббусу ибтикори Сарвари давлат ҳоло дар Ховалинг вусъат мегиранд, тӯли даҳсолаҳо иҷро нашуда буданд”.

Ба маънии томаш, имрӯзҳо ноҳияи Ховалинг ба майдони долу зарби ободкориҳо табдил ёфта, тамоми роҳу роҳравҳо азнавсозӣ карда мешаванд. Маҷмааи Нишон ва Парчами миллӣ дар назар аст, ки то ҷашни истиқлолият бунёд гарданд. Маҳз зери назари вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода маҷмааи сайёҳии қаҳрамони халқи тоҷик – Восеъ дар деҳаи дараи Мухтор пурра азнавсозӣ хоҳад гардид. Илова бар ин, дар давоми 5 рӯз барқарор намудани 1200 метр роҳ, ки офати табиӣ пурра аз байн бурда буд, маҳз аз ҷониби вазири ВКД ва раиси ноҳия сурат гирифт, ки ин худ ойини ватандориву имондорист.

Ҳамчунин, дар рафти сафар хабарнигори МТЖТ худ низ бевосита шоҳиди ҳол буд, ки мардуми ноҳия – пиру барно баҳри шукуфоии диёри хеш камари ҳиммат баста, бо ҳашари умумӣ роҳраву кӯча, ҷӯйбору девор ва хуллас, кӯю барзани ин мулки аҷдодиро бо тамоми ҳастӣ ободу зебо менамоянд, то ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастовезу армуғони сазоворе ҳозир шаванд. Пайи ин нияти нек бо ҷаҳду талоши рӯзафзун заҳмат мекашанд. Ва албатта, ин заҳмат ва ин такопӯ барабас нахоҳад рафт. Зеро меваи хайрхоҳиву ободкориҳо ширин аст.

 

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь