Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо раиси ноҳияи мазкур Холиқзода Рустам Ҳикматулло суҳбат кард ва фишурдаи он пешкаш мегардад.

Дар оғози суҳбат Холиқзода Рустам Ҳикматулло қайд кард, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ заҳматкашу меҳнатқарин ҳастанд ва дар пайравии сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат барои беҳбудиву ободии ноҳия саҳми худро мегузоранд.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2024 фаъолияти худро баҳри иҷрои фармону қарорҳои Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилоят, раиси вилояти Хатлон, қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳия равона намуда, ба як қатор натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Бо шукргузорӣ аз истиқлолият, сулҳу оромӣ ва Ваҳдати миллӣ дар ҳама бахшҳои хоҷагии халқи ноҳия давра ба давра пешравию дигаргуниҳои назаррас ба амал омада истодааст.

Иҷрои буҷет ва сармоягузорӣ

Дар идомаи суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки нақшаи қисми даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоии буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ ба ҷои 67 млн 153,9 ҳазор сомонии пешбинишуда 72 млн 334,6 ҳазор сомонӣ иҷро карда шуд, ки ин баробари 108 фоизи иҷрои нақша буда, нисбат ба нақша ба маблағи 5 млн 180,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Қисми хароҷоти буҷет бо тағийроту иловаҳо 82 млн 377,2 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, ба маблағи 82 млн 118 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки ин нишондод 99,7 фоизро ташкил менамояд.

Айни ҳол дар ноҳия 4536 нафар соҳибкорон ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 430 нафарашон тариқи патент, 1202 нафарашон бо шаҳодатнома ва 2904 нафар сардорони хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият менамоянд.

Дар ноҳия 8 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардида истодааст, ки маблағи умумии азхудшуда дар доираи онҳо 7,4 млн долларро ташкил медиҳад.

Кишоварзӣ

Дар хусуси вазъи кишоварзӣ дар ноҳия номбурда сухан карда, аз ҷумла қайд кард, ки дар нимсолаи якуми соли 2024 дар ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ 866 млн 416 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 76 млн 85 ҳазор сомонӣ зиёд иҷро гардидааст.

Ба ҳолати 1-уми июли соли 2024 дар майдони 23307 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз он ҷумла 5720 гектар ғалладонагиҳо, 696 гектар ҷуворимакка барои дон, 10138 гектар зироатҳои техникӣ, аз ҷумла 9862 гектар пахта, 2442 гектар сабзавот, 615 гектар картошка, 1136 гектар полизиҳо ва 3257,9 гектар зироатҳои хӯроки чорво кишт карда шудааст.

Дар нимсолаи якуми соли 2024 саршумори чорвои калон ба 63253 сар, аз ҷумла модагов 38141 сар, гӯсфанду буз 137488 сар, паранда 144397 сар, асп 1870 сар расонида шудааст.

Истеҳсоли маҳсулоти сабзавот ба 72878 тонна, гӯшт 1492 тонна, шир 13576 тонна, тухм 6 млн 409 ҳазор дона расонида шуд, ки ин нишондодҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 зиёд мебошанд.

Нақшаи содироти маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба берун аз марзи ҷумҳурӣ дар соли 2024 тибқи дурнамо 6800 тонна пешбинӣ шудааст.

Дар нимсолаи якуми соли 2024 аз ноҳия ба берун аз марзи ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 680,3 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст.

Сохтмон ва меъморӣ

-Дар нимсолаи якуми соли 2024 ҳаҷми сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ 17 млн 867,6 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,0 баробар зиёд мебошад. Корҳои сохтмону васлгарӣ ба маблағи 12 млн 208,0 ҳазор сомонӣ иҷро шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 2,2 баробар зиёд мебошад.

Ба маблағи 21 млн 429,7 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шудааст, ки 4,2 баробар зиёд аст.

Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 34966 метри мураббаъ хонаҳои шахсии истиқоматӣ бунёд карда шудаанд,афзуд раиси ноҳия.

Маориф, фарҳанг ва тандурустӣ

Ба гуфтаи раиси ноҳия соҳаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустӣ дар ҳаёти иҷтимоиву мадании мардум нақши калидӣ доранд ва ҳамсуҳбати мо бар ин назар аст, ки бо ҳидояту дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат соҳаҳои болозикр дар ноҳияи диққати аввалиндараҷа дода, баҳри пешрафташон тамоми имконотро истифода бурда истодаем. Чунончи, гуфта шуд, дар ноҳия 71 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 56 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 11 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 4 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 48 ҳазору 412 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 2368 нафар омӯзгорон таълим медиҳанд. Инчунин дар ноҳия 1 Коллеҷи энергетикӣ, 1 Мактаби байналмилалии Президентӣ, 1 гимназияи давлатӣ, 1 мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳия, 1 муассисаи таҳсилоти иловагӣ, 1 Маркази таълимӣ-касбинтихобкунӣ, 1 Маркази дарёфти рушди истеъдодҳо, 1 Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия ва 17 муассисаи томактабӣ, аз он ҷумла ду муассисаи томактабии хусусӣ мавҷуд мебошад.

Муассисаҳои таълимии ноҳия бо 1795 адад компютер, 143 адад ноутбук ва 252 принтер, 48 адад тахтаи электронӣ ва 55 адад проектор таъмин мебошанд.

Дар нимсолаи якуми соли 2024 аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф 61 намуд китоби дарсӣ ба шумораи 126761 нусха ба маблағи 3217542 сомонӣ ворид гардида, дастраси хонандагон карда шудааст.

Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорон, хоҷагидорон дар нимсолаи якуми соли 2024 дар ҳудуди 7 муассисаи таълимӣ биноҳои иловагии таълимӣ ба истифода дода шудаанд.

Дар соҳаи фарҳанги ноҳия 1 осорхонаи таъриху кишваршиносӣ бо шумораи 3580 адад нигораҳои таърихиву фарҳангӣ, Қасри фарҳанги ба номи Ҷалолиддини Балхӣ, 1 Боғи фарҳангу фароғат, 21 клуб, 37 китобхона, ки дар онҳо 168 ҳазору 479 китобу маҷаллаҳо нигоҳ дошта мешаванд, 1 мактаби бачагонаи санъат, 1 ансамбли тарона ва рақс, 1 толори калони консертӣ қарор дорад.

Тибқи супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 59 ташкилоту муассисаҳо китобхонаҳои идоравӣ ташкил карда шудааст.

Дар нимсолаи якуми соли 2024 муассисаҳои фарҳангии ноҳия 302 чорабинии оммавии фарҳангӣ гузаронидаанд, ки дар онҳо 36567 нафар сокинон иштирок намуданд.

Дар сохтори госпиталии ноҳия зиёда аз 788 нафар кормандон кору фаъолият доранд, аз ҷумла 96 нафар табиб, 341 нафар ҳамшираи тиббӣ ва 253 дигар кормандони соҳа ба ҳисоб меравад.

Беморхонаи марказӣ аз 10 шуъбаи бистарикунонӣ, 1 шуъбаи ёрирасон ва 2 ҳуҷраи ташхисию ёрирасон иборат мебошад.

Дар ин давра дар муассисаҳои табобатӣ 5733 нафар бистарӣ шуда, муоинаю табобат гирифтаанд, ки из ин шумора 869 нафарашонро кӯдакон ташкил медиҳанд. Нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм ба шумораи 1154 бемори бистаришуда зиёд мебошад.

Сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиш

Номбурда тазаккур дод, ки тибқи маълумот дар ноҳия шумораи ҷавонон дар ноҳия 72058 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 36129 нафарашро духтарон ташкил медиҳад.

Дар ҳудуди ноҳия 201 майдончаи варзишӣ, 30 толори варзишӣ, 1 маҷмааи варзишӣ, 10 майдончаҳои бозиҳои кӯдакона, 1 варзишгоҳ ва 16 адади дигар иншоотҳои махсуси варзишӣ фаъолият доранд.

Дар ин давра аз тарафи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия 73 мусобиқаҳои сатҳи маҳаллӣ, 144 мулоқоту вохӯриҳо, 315 мулоқотҳои фардӣ гузаронида шудааст.

Варзишгарони ноҳия дар 16 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори 18 адад медали тилло, 14 адад нуқра ва 16 адад медали биринҷӣ ба даст овардаанд.

Аз тарафи бахш 12 ҳамоишҳои тарғиботию ташвиқотӣ таҳти шиорҳои “Ба муҳофизати ватани маҳбубамон омодаем”, “Барои ватани маҳбубамон хизмт мекунем”, “Ба Пешвои худ содиқем”, “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат”, “Мо ҷавонон пайравони Пешвои миллат ”, “Ман ба хизмати ватан-модар омодаам”, “Модар олиҳаи зебоӣ” “Мо ҷавонон амалҳои ифротгароиро маҳкум мекунем” ва дигар чорабиниҳо гузаронида шуд, ки дар онҳо 3700 адад варақаҳои иттилоотии хусусияти маърифатӣ, ватандӯстӣ, ахлоқӣ ва тарбиявидошта байни иштирокчиён тақсим карда шуд.

Вобаста ба имкониятҳои сайёҳӣ зикр кардан бамаврид аст, ки дар ноҳия 1 осорхона, 4 мавзеи таърихӣ-бостоншиносӣ, 1 хона-музей, 1 мақбараи рамзӣ мавҷуд буда, теъдоди сайёҳони хориҷии ба ноҳия воридшуда дар нимсолаи якуми соли 2024-ум 14 нафарро ташкил медиҳанд.

Суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа

Дар идомаи суҳбат мавсуф зикр кард, ки дар раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2024 ҷамъоварии маблағи андози иҷтимоии 1-фоиза ба ҷойи 1 млн 419,2 ҳазор сомонии пешбинишуда, ба маблағи 1 млн 438,2 ҳазор сомонӣ амалӣ карда шуд, ки ин 101,3 фоизи иҷрои нақшаро таъмин намуд.

Шумораи нафақахӯрон дар ноҳия дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 15963 нафар мебошад, ки маблағи пулии якмоҳаи онҳо 5 млн 578,6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар ин давра ба собиқадорони ҷангу меҳнат, оилаҳои камбизоат, маъюбон, шахсони яккаю танҳо, мактаб-интернатҳо ва хонаҳои пиронсолон дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша ба маблағи умумии 3 млн 793 млн. сомонӣ кумакҳои яквақтаинаи моддӣ ва молиявӣ расонида шудааст.

Муроҷиати шаҳрвандон

-Дар нимсолаи якуми соли 2024 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 1483 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ин 1230 нафар тариқи хаттӣ ва 253 нафар тариқи шифоҳӣ муроҷиат намуданд.

Аз шумораи умумии муроҷиатҳои воридшуда 5 воҳид ба воситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва 5 воҳид ба воситаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд,-изҳор дошт номбурда.

Назорат

Ҳамсуҳбати мо лар ҷарайни суҳбат дар мавриди назорати тартиботи ҷамъиятӣ сухан карда, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар нимсолаи якуми соли 2024 дар миқёси ноҳия 106 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 7 ҷинояти вазнин, ба самти дуздӣ 19 ҷиноят, 4 ҷиноят ба самти қаллобӣ, 12 ҷиноят ба самти иқтисодӣ, 3 ҷиноят ба самти дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, 1 ҷиноят дар самти авбошӣ, 60 ҷиноят ба дигар самтҳо рост меояд. Содиршавии ҷиноят нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-ум 25 ҷиноят кам мебошад. Сатҳи кушодашавии ҷиноят 93, 5 фоизро ташкил медиҳад.

Ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли кишвар

Номбурда афзуд, ки тибқи нақша дар ноҳия 340 бинову иншооти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла фарҳанг, тандурустӣ, варзишӣ, саноат ва дигар соҳаҳо пешбинӣ карда шудаанд.

Дар соли 2024 тибқи нақша бунёди 59 бинову иншоот ба нақша гирифта шудааст. Дар ин давра 63 иншоот ба истифода дода шудааст, ки 106,8 фоизи нақшаи солонаро дарбар мегирад. Ба ҳамин тариқ аз 340 адад иншооти пешбинишуда, 226 адади он мавриди истифодабарӣ қарор дода шудаанд, ки ин нишондод 66,5 фоизи нақшаи умумиро ташкил медиҳад.

Дар фароварди суҳбат мавсуф қайд кард, ки пеш аз ҳама талоши мо бар он аст, ки беҳбудии вазъи иҷтимоиву моддии мардум боз ҳам беҳтар гардад.

Ба боварии Пешвои муаззами миллат сазовор, ки гардидем, мекӯшем тамоми донишу малакаи худро баҳри пешрафти ноҳия равона созем, то тавонем барои ободии як гӯшаи кишвар саҳми худро гузорем.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь