Шоҳин- ин номро падар дидаю дониста ба ӯ гузошт. Ва эҳсос мекард, ки писараш баландпарвоз мегардад ва номи ӯро солҳои сол зинда медорад…
Устувор ба аҳди дар назди падар карда, ба воя расид Шоҳин ва қомат афрохту сабз гашт нахли умраш аз дуои нек. Аз дуои падаре, ки хеле барвақт ӯро маъракашину маъракабин кард. Новобаста аз синну сол падар ӯро зимни кор ва суҳбат бо шахсиятҳои фарзонаву арзанда бо худ мегирифт. Тарзи чумча доштану хӯрок хӯрданро назди одамони калон барояш ёд дод. Хуллас, Шоҳини хурдакак дар назди мардум рафиқу маслаҳатгари падар буду аз завқ, ақл, фаросат ва меҳрубонияш падар ифтихор мекард.
Дар домони модари нозанин, модари дорои хислатҳои мардона Қурбонгул Солеҳова ва падари номдору нондор Фарҳодов Шодӣ ба камол расид ва дар қатори шарикдарсон роҳ гирифт ба Донишгоҳи миллӣ, ба таҳсил фарогир шуд, дар факултаи “Сиёсат ва бизнес”.
Чун аз хурдӣ бо бузургон нишаставу лаззат аз пайкору суҳбаташон бурда буд, мехост зуд калон шавад, ному нонро осон ба даст биёрад ва дар яке аз суҳбатҳо бо падар ибрози нияти маоши баланд гирифтан низ карду норозигӣ аз маоши паст, вале падар пеши роҳи танбалиро барои Шоҳини камтаҷриба баст. “Қатро дарё мешавад”, -пандаш дод боре, ки то имрӯз панди падар раҳнамову роҳкушояш ҳаст дар зиндагӣ ва фаъолияти босамар.
Шоҳинро тавре, ки дар оғоз ишора намудем, баландӣ ҳамеша ёр аст ва ҳамин номи зебову арзанда соли 2008 ӯро ба самти авиатсия, ба самт ва хизматрасонӣ тавассути роҳҳои ҳавоӣ шомил кард. Пас аз хатми курси шашмоҳа дар омӯзишгоҳи авиатсионии Ҷумҳурии Қазоқистон ба меҳру муҳаббати хоса ба сифати диспетчери ҳаракати ҳавоӣ ба фаъолият пардохт, дар филиали Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия”.
Исботи ҷумлаи “Симои зебо таҷассумгари қалби зебо”-ро дар шахсияти ин ҷавони чашмикордони ватандӯст Шоҳин Шодиев ба пуррагӣ дарёфтем. Ба қавли мардум “Заррае аз ҳусни Юсуфро дар ҷабин дорад”. Зебо рухсору зебогуфтор, ки ҳаст ба дилу дидаҳо маскан дорад ва ба ибораи дигар аҳл, ки ҳаст кор барои ӯ ва кормандони содиқаш саҳл мебошад.
Шоҳин Шодиев аз соли 2010 корро дар филиали номбурда шуруъ карда, дар ин муддат аз пирони кор дар самти технология сабақ аз бар карду ҳамчун як ҷавони меҳнатдӯст бо дасту дили пок иҷрои вазифа кард.
Ва хушбахтона роҳбари корхонаи мазкур Лоиқ Бегиҷонзода чустучолокӣ, забондонӣ, тахассуси баланди касбӣ ва хислатҳои ҳамидаи инсонияшро ба инобат гирифта, роҳбарии филиали корхонаро дар шаҳри Хуҷанд ба зимааш вогузор намуд.
Маврид ба зикр аст, ки филиали корхонаи мазкур дар шаҳри Хуҷанд дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми октябри соли 2008 таҳти №491 дар бораи аз нав ташкилдиҳии Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ташкил ёфт ва мувофиқи оиномаи корхона дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар филиалҳои худро ифтитоҳ намуд. Дар робитаи бо ин якуми марти соли 2009 ин филиал таъсис ёфта, яке аз калонтарин филиалҳои корхона ба ҳисоб меравад. Сохтори ташкили филиалро ҳайати ёрирасон, Хадамоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ, Хадамоти таъмини радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионӣ ва Истгоҳи авиатсионии метеорологии шаҳрвандӣ ташкил медиҳад.
Хадамоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ яке аз сохторҳои таркиби корхона маҳсуб ёфта, парвозҳои бехатар ва мунтазами нақлиёти ҳавоиро дар фазои вилояти Суғд ва дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд таъмин менамояд, ки хадамоти мазкур аз Бахши шаҳрвандии маркази ноҳиявии ёрирасони низоми ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ, Нуқтаи танзими низоми фуруд, Маркази танзими аэродромӣ, Танзимгоҳи ибтидоӣ ва самтдиҳӣ, Брифинг офис иборат мебошад. Танҳо дар соли 2023 хадамот ба зиёда аз 12 700 ҳавопаймо хизмат расонид, зимни фаъолият хадамоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ ҳамкории судмандро бо хадамоти фурудгоҳи Хуҷанд ва танзимгарони шаҳрҳои Тошкант, Намангон ва Душанбе хуб ба роҳ мондааст.
Хадамоти таъмини радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионии филиали корхона аз Уқдаи «Радиолокатсия ва радионавигатсия», Уқдаи «алоқаи барқии авиатсионӣ» ва гурӯҳи хизматрасонии воситаҳои метеорологӣ иборат мебошад. Уқдаи радиолокатсия ва радионавигатсия (РЛ РН) аз объектҳои маркази ТРТ, ДМЕ, ОПРС «Уротеппа» ва стансияҳои дурдасти МЛАТ иборат мебошад. Вазифаи асосии Уқдаи радиолокатсионӣ ва радионавигатсионӣ ин таъмини коршоямӣ ва истифодабарии дурусти воситаҳои радиолокатсионӣ ба монандӣ низоми мулителотератсия, низоми автоматикии «Мастер», низоми бисёрканалаи бақайдгирии автоматикии СМАР-Т ва таҷҳизоти таъмини барқии офтобию дизелӣ мебошад. Ҳамчунин ин уқда барои таъмини коршоямӣ ва истифодабарии воситаҳои радионавигатсионӣ ба монанди радиопеленгаторҳои автоматики АРП-150, радиоминои масофасанҷи ДМЕ-220 ӯҳдададор ва Уқдаи алоқаи барқии авиатсионӣ (АБА) аз объектҳои маркази коммутатсияи алоқа, радиобюро ва маркази мавҷқабулкунӣ иборат мебошад. Вазифаҳои асосии ин уқда – таъмини коршоямӣ ва истифодаи дурусти воситаҳои алоқа ба монанди низоми алоқаи овозии «FREQUENTIS», радиостансияҳои махсуси авиатсионии «I-com», «Rohde & Schwarz», низоми маркази коммутатсияи алоқаи «ЦКС Монитор», ташкил ва хизматрасонии хатҳои алоқаи оптикӣ, телефонӣ, телеграфӣ ва рақамӣ мебошад. Ҳамчунин ба Уқдаи алоқа гурӯҳи хизматрасонии воситаҳои метеорологӣ дохил мешавад, ки барои таъмини коршоямии таҷҳизоти метеорологии хатти парвози «VAISALA», низоми Метеоэксперт, Гисметео, Лиана, АТИС ҷавобгӯ мебошад. Мутахассисон ва коргарони хадамот дар ҳамаи корҳои насб, таъмир, таҷзия ва пайвасти таҷҳизоту воситаҳои техникӣ, оргтехника, таҷҳизоти маишӣ бевосита иштирок менамоянд.
Ногуфта намонад, ки якумин стансияи метеорологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асри XIX дар давраи шоҳигарии Александри II дар соли 1866 ташкил ва дар давраи Шуравӣ тамоми мушоҳидаи метеорологӣ ба зимаи кумитаи гидрометеорология вогузор гашта буд. Вазифаи асосӣ ин мушоҳидаи вазиши шамол, суратнокии вазиш, самти вазиш, ҳарорати ҳаво, боришот, фишори атмосферии ҳаворо ташкил мекарду шабонарузӣ мушоҳидаҳои амиқу дақиқ ба иҷро мерасонд.
Ва ҳамин стансияи метеорологии Хуҷанд, ки то соли 2009 ба сафи кумитаи гидрометеорологии Тоҷикистон дохил мешуд, моҳи майи соли 2009 бо тариқи шартномавӣ бо Агентии гидрометеорологии стансияи Хуҷанд ба ҳайси ФКВД «Тоҷикаэронавигатсия» шаҳри Хуҷанд дохил шуд. Айни замон дар Истгоҳи авиатсионии метеорологии шаҳрвандии Хуҷанд бо ҳадафи боз ҳам баланд бардоштани хизматрасонии системаи АТИС пайваст карда шудааст, ки ҳолати бодуҳавоиро ба эфир медиҳад.
Таъкид ба ёдоварист, ки кормандони истгоҳи мазкур мунтазам такмили ихтисос гузашта, соҳиби диплом ва сертификати тахассусӣ мебошанд.
Шоҳин Шодиев барои ба боварии давлату ҳукумат, хоса ба боварии роҳбарияти корхона ноил гардидан аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода менамояд, баҳри ҷаби ҷавонон ба ин самт, баҳри ташакули тахассус ва забондонии кормандони филиал пайваста чораҷӯӣ менамояд. Ҷавон бошад, ҳам аз иҷрои вазифаи заҳматталаб намеҳаросад, чунки устодони кор аз нахуст рӯзи фаъолият дар бараш ҳастанду баҳри ба дастоварҳо ноил шудан ҳамеша кӯмакаш менамоянд.
Корхона аслан иҷоранишини фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд мебошад ва албатта, ду корхона дар бино фаъолияти густурда бурда наметавонад. Шоҳин аз роҳбари оқил ва рамузфаҳми фурудгоҳи байналмилалӣ дар шаҳри Хуҷанд Қурбони Алимардон қаноатманду сипосгузор аст, вале барои ҳалли ин мушкилот, аниқтараш таъмини филиал ба ҷойи мувофиқ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намуд ва билохира бо дастгирии бевоситаи роҳбари корхона Лоиқ Бегиҷонзода соли 20023 ба бунёди филиали мазкур санги асос гузошта шуду дар ин самт корҳои сохтмонӣ бомаром идома дорад. Ва тибқи шартномаи пешакӣ бояд соли 2026 ба фаъолият шуруъ намояд.
Чун аз дастовар ва нақшаҳои амалинамудаи роҳбари ҷавон дар чанд моҳи охир пурсон шудем, бо ифтихор ва қаноатмандб чунин посух дод: дар солҳои охир дар филиал якчанд таҷҳизотҳои нав аз қабили Стансияи метеорологии аэродромии “AviMet” , тачҳизоти низоми автоматикунонии идораи ҳаракати ҳавоӣ КСА УВД “Мастер-АС” ,мавчпахшкунакҳои Rohder&Schwarz “S5200VT” ва низоми ATIS/D-ATIS “Copperchase” насб ва мавриди истифода қарор гирифтанд, ки ҳар яке дар сифати кор ва пешгирии хатар дар роҳҳои ҳавоӣ нақши назаррас хоҳанд гузошт.
Ва чун бо суоли “чӣ метавонад ба инсон роҳат бахшад” ба ӯ муроҷиат намудем, чунин посух доданд:
-Пеш аз ҳама сояи давлати падару модар, фазои солими хонаводагӣ. Ҳамчунин якдигарфаҳмию дастгирӣ дар фаъолияти ҳаррӯза. Ифтихор менамоям, ки бо роҳбари воқеан ватандӯсту арҷгузор Лоиқ Бегиҷонзода, ва амсоли он Аҳмадзода Зафар, Раҳимҷон Саидзода Даврон Шодмонбекзода барин шахсиятҳои фозилу оқил кор мекунам ва ҳар лаҳза аз китоби ибротомӯзи кору пайкорашон сабак мегирам. Ҳамчунин бо филиалҳои Бохтару Кӯлоб ҳамкории зич дорем ва баҳри густариши кори соҳа ба якдигар кӯмак менамоем.
Дар интиҳои матлаби хеш барору бурдборӣ мехоҳем дар кори Шоҳин Шодиев ва ҷамъи ҳамкоронаш ва иди касбӣ, 100- солагии Авиатсияи граждании Тоҷикистонро барояшон муборакбод менамоям. Дар иҷрои вазифаи душвору заҳматталаб, дар таъмини бехатарии ҳавопаймову ҳавонавард ва мусофир, ки бевосита ба онҳо дахл дорад, сабр, малакка ва адлу меҳрро таманно менамоем.
Муҳаббати Юсуф,
рӯзноманигор