Ноҳияи Дарвоз яке аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, дар шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст.

Ин ноҳия 14-уми декабри соли 1930 бо номи ноҳияи Қалъаи Хумб таъсис ёфта, бар асоси қарори № 318 Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, аз 26-уми июни 1991, ба номи бостониаш-Дарвоз баргардонида шудааст.

Маркази маъмурии ноҳия Қалъаи Хумб аст, ки 241 км шимолтар аз шаҳри Хоруғ, дар резишгоҳи рӯди Хумбоб (Хумбов) ба дарёи Панҷ, ҷой дорад.

Дарвоз дар қисмати шимол бо ноҳияи Сангвор, дар ғарб ва ҷанубу ғарб бо ноҳияҳои Ховалинг, Муъминобод ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон, дар шарқ бо ноҳияи Ванҷи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дар ҷануб бо вулусволиҳои Нусай, Шикай, Хоҳон ва Кӯфоби вилояти Бадахшони Афғонистон ҳамсарҳад мебошад.

Масоҳати ноҳияи Дарвоз 2824,5 км² аст ва тибқи омори соли 2020, беш аз 24 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Дарвоз аз 4 ҷамоат- Вишхарв, бо 2 973 тан аҳолӣ (деҳаҳои Вишхарв, Бровг, Ҷорф, Кеврон, Курговад, Пошхарв, Тоғмай, Хурк, Шодак, Убагн, Висхарв), Қалъаи Хумб (аҳолӣ: 8337 нафар, деҳаҳо: Анҷирак, Дашти Луч, Дуробак, Зев, Зинг, Дашти Паткуноб, Рӯзвай, Сангевни Дароз, Хек, Хумбиварӣ, Хушарвак, Ширг, Даштак, Пешун, Умарак), Нулванд бо аҳолии 3577 нафар ва деҳаҳои Сангевн, Жагу, Марғ, Зиғар, Пунишор, Ушхарв, Хостав, Шикев, Ёгед, Ширговад, Яхчисор ва ҷамоати деҳоти Сағирдашт бо бештарин нуфус-8864 тан (деҳоти Сағирдашт, Инкӯҳ, Камчак, Кулумбаи Боло, Лухч, Оҳангарон, Рубот, Садика, Сайдон, Сайёд, Сафедорон, Чухкак, Шохорон, Қалъаи Ҳусайн ва Хур) иборат аст.

Бо мақсади ошноӣ бо фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз дар нуҳ моҳи соли 2022 ва эълон гардидани солҳои 2022-2026 ҳамчун “Солҳои рушди саноат”, хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо раиси ноҳияи Дарвоз, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдураҳмонзода Саидбурҳон Саидраҳмон сӯҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Раиси ноҳияи Дарвоз дар оғози суҳбат шаҳрвандони шарафманди кишварро бо 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омад-омади соли нави мелодии 2023 табрику муборакбод гуфта, барояшон саломатию сарбаландӣ, муваффақияту бурдборӣ таманно намуд.

Иҷрои буҷет

Абдураҳмонзода иброз намуд, ки нақшаи буҷети ноҳия дар соли равон 16 миллиону 172 ҳазору 640 сомонӣ тасдиқ гардида буд ва он аз рӯи даромадҳои худӣ ба андозаи 115,8 фоиз (18 млн. 733 ҳазору 970 сомонӣ) таъмин карда шуд. Сифатнокии қисми даромади буҷети ноҳия аз рӯи ҳамаи намуди андозҳо таъмин карда шуда, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ноҳия маблағи 4 миллиону 525 ҳазор сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо гардид. Қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия ба андозаи  97,0 фоиз иҷро гардида, (нақша 24 млн. 763 ҳазору 991 сомонӣ) маблағи 24 миллиону 27 ҳазору 671 сомонӣ барои хароҷот равона карда шудааст.

Маориф ва илм

Раиси ноҳияи Дарвози ВМКБ Абдураҳмонзода С. маорифро аз самтҳои асосии рушди ҳама соҳоти кишвар арзбӣ карда, гуфт, ки феълан дар ноҳия дар 48 муассисаи таълимӣ бо теъдоди 4175 нафар хонанда, аз ҷумла 2035 нафар  духтарон ва 2140 нафар  писарон ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Дар муассисаҳои таълимӣ 631 омӯзгор, аз ин; 438 нафар бо маълумоти олӣ, 10 нафар олии нопурра,  145 нафар бо маълумоти миёнаи махсус ва 10 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ кори таълиму тарбияро пеш бурда истодаанд.

Шумораи  хатмкунандагон  дар  муассисаҳои таълимии ноҳия 327 нафарро ташкил  дода, тариқи маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷат супорида, дохилшавии хонандагон 93,8 фоизро  ташкил  медиҳад.

-Аз шумораи зикргардида, 255 нафар дар донишгоҳу донишкадаҳо, 22 нафар тибқи квотаи Президентӣ, 11 нафар дар донишгоҳҳои хориҷӣ кишвар ва 11 нафар дар коллеҷҳои кишварамон дохил шуда таҳсил карда истодаанд.  Дар ин давра 10 нафар хонандагон гирандагони стипедияи Президентӣ ва 7 нафар гирандагони стипендияи  раиси ноҳия мебошанд.

Бо мақсади иҷрои саривақтии Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озмуни ҷумҳуриявии “Фӯруғи субҳи доноӣ китоб аст” «Дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва «Дар бораи озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат» қарорҳои дахлдор таҳия ва ба тавсиб расонида шуда, то ба имрӯз як қатор корҳоро ба иҷро расидааст. Инчунин, бо қарори раиси ноҳия озмуни “Беҳтарин донандаи  ашъори Шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат»  дар арафаи 90- солагии зодрӯзи шоир эълон гардида, ҷамъбаст карда шуд,-иброз дошт Абдураҳмонзода С.

Гуфта шуд, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва“Илм – фурӯғи маърифат» 11 нафар хонандгони муассисаҳои таълимии ноҳия сазовори ҷойҳои 1, 2 ва 3-юм гардида, ба  даври ҷумҳуриявӣ  роҳхат ёфтаанд.

-Хотирасон бояд кард, ки дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 ба Ҷамоати деҳоти Сағирдашт хишти аввали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и деҳоти Сағирдашт барои  640 хонанда гузошта  шуда  буд. Соли ҷорӣ сохтмони ин боргоҳи илму маърифат иборат аз ду ошёна ва 10 синфхона аз ҷумла, озмоишгоҳи физика ва химия, утоқи забонҳи хориҷӣ, технологияи информатсионӣ, синфи копютерӣ, китобхона ва утоқҳои корӣ бо тамоми таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳаз мебошад, ба истифода дода мешавад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 517 компютер, 146 адад принтер, 32 синфхонаи  компютерӣ, 30 адад проектор, 16 адад геренатор, 10 адад тахтаи электронӣ мавҷуд буда, ба 7 нафар хонанда 1 адад компютер  рост меояд,-гуфт раиси ноҳия.

Тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

“Дар ҳар давру замон оилаи солим поягузори ҷомеаи солим мегардад. Аз ин рӯ, барои солим нигоҳ доштани ҷомеа ҳар як нафар аз сардори оила сар карда, то роҳбари ноҳия муваззаф мебошад”,-мегӯяд Абдураҳмонзода С.

Тибқи маълумот, дар соҳаи тандурустии ноҳия 347 нафар кору фаъолият дошта, аз ин шумора 39 нафар духтурон, 4 нафар биолог, 177 нафар кормандони миёнаи тиббӣ, 80 корманди хурди тиббӣ ва 47 нафар дигар кормандонро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, 17 нафар бо категорияи олӣ, 8 нафар бо категорияи якум, 5 нафар бо категорияи дуюм ва 177 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд. Дар ноҳия 3 беморхона, 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, 26 муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, 7 маркази саломатӣ, 1 пойгоҳи ёрии таъҷилӣ, 6 марказҳои ҳифзи саломатӣ ва 13 дорухонаи шахсӣ фаъолият доранд. Ҳамчунин, давоми соли ҷорӣ бунгоҳҳои тиббиӣ деҳаҳои Тоғмай, Кеврони ҷамоати деҳоти Вишхарв ва Ширговади ҷамоати деҳоти Нулванд бо дастгирии соҳибкорон ба маблағи 440,0 ҳазор сомонӣ сохта, ба истифода дода шудаанд. Дар баробари ин, лоиҳаи сохтмони таваллудхонаи ҷамаоти деҳоти Сағирдашт барои ҷалби маблағгузорӣ ба сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардида, мавриди корбарӣ қарор  дорад.

Фарҳанг

Ба қавли роҳбар, дар ноҳия 1 қасри фарҳангӣ, 5 хонаи фарҳангӣ, 8 клуб, 23 китобхона ва 1 мактаби мусиқӣ ба аҳолӣ хизмати фарҳангӣ расонида истодаанд.

-Бахши фарҳанги ноҳия тамоми чорабиниҳоро аз ҷумла, ҷашни Сада, 29-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, 25- солагии Ваҳдати миллӣ, 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар сатҳи баланд гузаронида, вобаста ба ин ҷашнвораҳо чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор карда шуданд. Ҷиҳати ҳарчи бештар ҷалб намудани кӯдакону наврасон ва иштироки фаъолонаи онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон- Ватани азизи аст”, “Илм фурӯғи маърифат” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” нақшаи чорабиниҳо таҳия  гардида, мавриди корбарӣ қарор доранд. Дар 24 китобхонаи соҳаи фарҳанг 71 ҳазору 180 нусха китоб ба  маблағи 160 ҳазору  281 сомонӣ маҳфуз буда, аз ин шумора 30 ҳазору 592 нусха китоб бо забони давлатӣ, 46 ҳазору 588 нусха бо забони русӣ мебошанд. Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ин давом 219 нусха китоб ба маблағи 6 ҳазору 71 сомонӣ харидорӣ шуда, ба китобхонаҳои ноҳия дастрас гардиданд,-гуфт Абдураҳмонзода.

Кишоварзӣ

Тибқи маълумотҳои пешниҳодгардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Дарвоз 50,3 (49,1) миллион сомониро ташкил дода дар  соҳаи растанипарварӣ 24,0 млн. сомонӣ ва дар соҳаи чорводорӣ 26,2 миллион сомонӣ баробар  буда, нисбат ба ҳамин давраи соли  гузашта 1,2 млн. сомонӣ зиёдтар буда, афзоиш 102,4 фоизро ташкил додааст. Дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидории ноҳия 10 ҳазору 910 сар чорвои калон, 32 ҳазору 710 сар моли майда, 19 ҳазор сар парранда, 209 сар асп парвариш ёфта, истеҳсоли гӯшт 339 (337) тонна, шир 2000 (1987) тонна, тухм 470 (464) ҳазор дона ва асал бошад, 40,0 (38,0) тонна баробар  гардидааст.

-Дар мавсими кишту кори баҳорӣ 1472 (1470) гектар зироатҳо кишт карда шудааст, ки 100,1 фоизро ташкил дода, 2 гектар  нисбати  соли  гузашта зиёдтар аст. Аз майдони умумии заминҳои киштшуда, 512,5 (510,5) гектар ғалладонагиҳо ва лӯбиёгиҳо, 148,3 (157) гектар картошка, 78,5 (72) гектар сабзавот, 733,2 (712,1) гектар хӯроки чорворо ташкил медиҳад. Дар майдони 2 гектар бошад, боғҳои мевадиҳанда бунёд гардида, 4 гектар боғҳои куҳна барқарор ва дар майдони 60 гектар кишти такрорӣ  гузаронида  шудааст. Аз ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ дар  ин давр 1705 тонна ғалладонагӣ, 1320 тонна картошка, 900 тонна сабзавот, 52 тонна мева 21,8 ҳазор тонна хӯроки чорво захира гардидааст. Соли ҷорӣ аз ҳисоби КВД “Тоҷик Агролизинг” барои дар минбаъда сари вақт анҷом  додани кишти кишоварзӣ ба маблағи 500,0 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла як адад трактори тасмачарх бо тамоми таҷҳизотҳои техникӣ дастрас  гардидааст.

Илова ба ин, мувофиқи ҳисоботҳои филиалҳои бонкҳои дар ноҳия амалкунанда, дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ, ба 77 нафар сокинони ноҳия ба маблағи 1,2 миллион сомонӣ қарз пешниҳод гардидааст,-қайд намуд раиси ноҳия.

Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Ба иттилои Абдураҳмонзода С., бо мақсади афзунгардонии манбаъҳои нави андозбандӣ дар ҳудуди ноҳия 199 адад шахсони ҳуқуқӣ, 151 нафар соҳибкорони инфиродӣ бо шаҳодатнома, 85 нафар соҳибкорон тибқи шаҳодатнома, 471 адад хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ, 54 нафар иҷоракорон ҳамчун манбаи андозбандӣ дар қайд буда, ба буҷет 676 ҳазору 642 сомонӣ маблағ ворид гардидааст.

-Шумораи умумии соҳибкорони хурду миёна 1019 нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21 нафар зиёд гаштааст. Дар ноҳия 6 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар самти лоиҳаҳои сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо ба маблағи 760 ҳазору 94 доллари амрикоӣ, беҳтарсозии хизматрасонии тиббӣ ба маблағи 97 ҳазору 600 доллари амрикоӣ, таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаи хумб қитъаи А ва Ғ ба маблағи 32 миллиону 388 ҳазору 81 доллар, мустаҳкам намудани инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмини устувории зидди офатҳои табиӣ ба маблағи 4 млн 017 ҳазору 42 доллари ИМА, Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси COVID-19 ба маблағи 23 ҳазору 61 доллаР ва дар доираи Лоиҳаи «Электрофикатсияи деҳот” ба маблағи 101 ҳазору 18 доллари ИМА маблағгузорӣ амалӣ гардиданд. Дар маҷмӯъ, лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи умумии 37 млн 389 ҳазору 56 доллар дар амал қарор дошта, маблағҳои зикргардида тибқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ равона шудаанд. Илова ба ин, соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон форуми сармоягузории “Помир инвест” баргузор гардида, барои ҷалби сармояи дохилӣ 4 адад ёддошти тафоҳум ба маблағи 20,5 млн сомонӣ дар самти рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия аз тарафи раиси ноҳия ва соҳибкорони дохилӣ ба имзо расонида шуд. Дар доираи маблағгузории соҳибкорон сохтмони 4 адад иншоот аз ҷумла, 2 корхонаи саноатӣ ва 2 иншооти таъиноти иҷтимоӣ ба анҷом расонида шудааст,-гуфт раиси ноҳия Абдураҳмонзода С.

Бино ба маълумот, Барномаи рушди иҷтимою иқтисодии ноҳияи Дарвоз барои солҳои 2020-2025, бо дарназардошти 106 лоиҳа, бо маблағи  405,3 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки аз ин 37 лоиҳа бо маблағи 25,6 млн сомонӣ, ё ин, ки 6,3 % ба бахши иқтисодӣ, 34 лоиҳа бо маблағи 31,9 млн сомонӣ, ё ин, ки 7,8 % ба бахши иҷтимоӣ, 30 лоиҳа бо маблағи 346,4 млн сомонӣ, ё ин, ки 85,5 % ба бахши инфрасохтор, 2 лоиҳа бо маблағи 1,3 млн сомонӣ, ё ин, ки 0,3 % ба бахши ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ рост меояд.

-Аз 106 лоиҳаи ба нақша гирифташуда, то ба имрӯз 37 лоиҳа пурра ба маблағи 365,3 млн сомонӣ ё ин, ки 90,1 фоиз иҷро гардида, 16 лоиҳа ба маблағи 23,5 млн сомонӣ, ё ин, ки 5,8 фоиз корҳои сохтмонӣ идома дорад. Дар маҷмӯъ барои иҷрои барномаи мазкур дар ҳамаи самтҳо 388,6 млн сомонӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо маблағгузорӣ гардида, дар умум барнома 95,9 фоиз иҷро гардидааст,-гуфт раиси ноҳия Дарвоз.

Саноат ва энергетика

-Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз ҷиҳати саҳмгузорӣ намудан дар саноатикунонии босуръати кишвар дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ва бахши хусусӣ чораҷӯӣ намуда, барои ташкили корхонаҳои саноатӣ ва иқтидорҳои нави саноатӣ дар ин давра барои ҳалу фасл намудани мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи саноат кор бурда истодааст. Дар давраи ҳисоботӣ 12 адад корхона ва коргоҳҳои саноатӣ кору фаъолият намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 38 млн 782 сомониро ташкил медиҳад. Давоми соли ҷорӣ корхонаҳои саноатии ноҳия, аз ҷумла ҶДММ “Кохи бонувон” 521,1 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Карон-мармар” 156,9 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Карон-калсит” 234,4 ҳазор, Парки инноватсонии саноатию технологии ноҳия 677,8 ҳазор, НБО “Ширг”1839,0 ҳазору сомонӣ, ҶДММ “Таком голд” 19474,2 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Шимшо” 14998,3 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Усто Идӣ” 39,2 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Меваҳои Бадахшон” 9,8 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Дарвоз Пластик” 486,9 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Амир-5” 39,0 ҳазор сомонӣ рост омадааст,-иброз намуд Абдураҳмонзода С.

Сохтмон ва меъморӣ

Ба иттилои раиси ноҳия, дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба кор андохтани фондҳои асосӣ, тибқи маълумоти оморӣ, 162 миллиону 286 ҳазору 300 сомониро ташкил дода, 151,1 миллион сомонӣ сармояи хориҷӣ, 8,5 миллион сомонӣ корхонаҳои хусусӣ, 1,5 миллион сомонӣ сохтмони  манзилҳои шахсӣ ва 1074,3 ҳазор сомонӣ ба  ширкати “Помир-энерҷӣ” рост омодааст. Дар ин  давра 2000 метри  мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли  гузашта, 6,9 баробар зиёдтар гардидааст. Корҳои сохтмону васлкунӣ бошад, 98,9 фоизи корҳои банақшагирифташударо ташкил медиҳанд.

Нақлиёт ва алоқа

-Дар ноҳия ду муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгард мавҷуд аст. Дар тавозуни ин муассисаҳо 361,7 километр роҳҳо қарор дошта, 201,3 километр ё 55,6 фоиз роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ, 6,9 километр, ё ин ки 1,9 фоиз роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 153,5 километр ё 42,4 фоиз роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ дошта мебошанд. Соли ҷорӣ дар доираи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ сохтмони 2 пул ба маблағи 28,0 миллион сомонӣ ва сохтмони нақби деҳаи Ширговад ба маблағи 7384,7 ҳазор доллари ИМА, дар масофаи 364 метр, сохта ба истифода дода шуданд. Соли гузашта, роҳи Шкев-Қалъаи Хумб дар доираи сафари кории Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда, қисмати роҳи байналмилалии Қалъаи Хумб-сарҳади Рӯшонро оғози расмӣ  бахшиданд ва корҳои сохтмонӣ дар ин қисмати душворгузар оғоз гардидааст,-иброз дошт Абдураҳмонзода С.

Гуфта шуд, дар муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои ноҳия аз 17 техника ва механизмҳои роҳдории мавҷудбуда, 13 адад барои гузаронидани давраи зимистони солҳои 2022-2023 омода буда, 8 адад дар муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди марказӣ ва 4 адад дар муассисаи нигоҳдории роҳҳои минтақавии деҳоти Сағирдашт рост омадааст.

Кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

Тибқи иттило, дар ноҳия ҷавонон 51,3 фоизи аҳолиро (11 462 нафар) ташкил дода, аз инҳо 5622 нафарашонро ҷавондухтарон ташкил медиҳанд. Ҷавонон дар тамоми чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ ва варзишӣ фаъолона иштирок намуда, барои баланд бардоштани нерӯи зеҳнии онҳо чораҳо андешида мешавад. Дар ин давом бо ҷавонони ноҳия 30 мулоқоту вохӯриҳо ва 32 чорабинии варзишии гуногун доир гардида, барои рушди минбаъдаи ин соҳа аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия корбарӣ гардида, 1 толори варзишӣ ва 1 адад майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода шудааст. Дар ноҳияи Дарвоз 2 варзишгоҳ бо 1200 ҷои нишаст, 1 клуби варзишӣ бо 250 ҷойи нишаст, 29 майдончаи варзишӣ ва 10 толори варзишӣ дар тавозуни муассисаҳои таълимии ноҳия мавҷуд буда, барои варзишгарон ва ҷавонон хизмат расонида истодаанд.

-Соли ҷорӣ бо дастгирии соҳибкорон як адад майдончаи варзишӣ дар деҳаи Ҷорфи ҷамоати деҳоти Вишхарв сохта ба истифода дода шуда, дар  деҳаи Кеврони ҳамин ҷамоат сохтмони майдончаи варзишии замонавӣ бо маблағгузории сармояи хориҷӣ корҳои сохтмонӣ оғоз гардидааст. Тибқи банди 85-и Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2019 то соли 2030 бунёди 14 адад толорҳо ва майдончаи варзишӣ пешбинӣ гардида, бояд бунёд карда шавад. Қобили зикр аст, ки дар маъракаи даъвати баҳорӣ ва тирамоҳӣ ҷавонони ноҳия нақшаи даъвати ҳарбиро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввалинҳо шуда, дар сатҳи  баланд иҷро намуда, барои ҳимояи марзу буми Ватани азизамон омода мебошанд.

Дар ноҳия 13 меҳмонхона, 8 ҳомстей, 1 тарабхона, 2 истироҳатгоҳ, 1 минтақаи шикор, 1 ширкати сайёҳӣ,  мавзеи таърихию фарҳангӣ, 25 мавзеи зиёратӣ, 5 мавзеи сайёҳати экологӣ, 128 нуқтаи умумӣ мавҷуд буда, фаъолият доранд. Дар ноҳия 1 ширкати хизматрасонии сайёҳӣ фаъолият дошта, дар ин давом 2148 сайёҳи хориҷӣ ва 4443 нафар сайёҳони дохилии ба ҳудуди ноҳия воридгардида, аз хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо истифода кардаанд,-гуфт раиси ноҳия.

Кор бо муроҷиатҳои шаҳрвандон

-Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” тамоми  чораҳо андешида мешавад. Дар ин давра ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 886 нафар сокинон шифоҳӣ ва 822 нафар тариқи хаттӣ муроҷиат намудаанд. Аз шумораи  зикргардида, 669 ариза барасӣ гардида, 106 адад рад шуда, 47 адади дигар дар корбарӣ  қарор дорад. Аз шумораи умумии муроҷиатҳои воридшуда 4 аризаи хаттӣ тавассути Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва 5 муроҷиати хаттии сокинони ноҳия тавассути Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, баррасӣ карда шуданд.

Дар маҷмӯъ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия масъалаи аснодиро зери назорати доимӣ қарор дода, кӯшиш  менамояд, ки дар  доираи қонунҳои амалкунанда тамоми муроҷиатҳои сокинонро баррасӣ  намояд,-гуфт Абдураҳмонзода.

Омодагӣ ба ҷашни 35солагии Истиқлоли кишвар

Дар фарҷоми суҳбат Абдураҳмонзода Саидбурҳон қайд намуд, ки барои дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 7 январи соли 2022, №АП-311 “Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро таҳия намудаанд, ки аз 103 банд иборат буда, 117 адад иншоотҳои таъиноти гуногун дарбар мегирад. Тибқи ҳисобу китоб маблағи сохтмони иншоотҳои зикргардида 191060,6 ҳазор сомониро дарбар гирифта, бо ҷалби маблағҳои сармояи хориҷӣ, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша бунёд карда хоҳанд шуд. Дар ин  муддат 38 иншоот ё 32 банди нақшаи чорабиниҳо корҳои сохтмонӣ ба маблағи 68205,8  ҳазор сомонӣ ба  анҷом  расида, дар 12 иншоот ба  маблағи 21469,0 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ идома дошта, дар 59 адад иншоотҳои таъиноти гуногун ҳоло корҳои сохтмонӣ оғоз нагардидааст. Дар тамоми иншоотҳои сохташуда, 25 нафар бо ҷойҳои  кории доимӣ ва зиёда аз 258 нафар сокинони ноҳия ба корҳои мавсимӣ ҷалб гардида, раванди корҳои созанднагию ободкорӣ ба муносибати ин санаи фархунда идома дорад.

-Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, сармашқи кори  худ қарор  дода, минбаъд низ баҳри иҷрои рушди минбаъдаи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва ободию гул-гулшукуфоии Ватани маҳбубамон тамоми чораҳоро меандешад,-иброз намуд раиси ноҳияи Дарвози ВМКБ Абдураҳмонзода С.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь