Напурс, ки Ватан бароят чи мекунад, бипурс, ки барои Ватан чи кор карда метавонӣ.
Ҷон Кеннедӣ
Муъминобод, ноҳияи маъмурии вилояти Хатлон 29-уми декабри соли 1973 ҳамчун ноҳияи Ленинград дар ҳайати вилояти Кӯлоб ташкил шудааст. Аз маркази ноҳия то шаҳри Душанбе 244 км ва то ш. Кӯлоб 42 км аст. Масоҳаташ 880,6 км2. Аҳоли 104 ҳазору 600 нафар, аз ҷумла тоҷикон 97 фоиз, ӯзбекон 2,3 фоиз. Ҷамоатҳо -7 (1 ҷамоати шаҳрак ва 6 ҷамоати деҳот), деҳаҳо – 149. Маркази ноҳия – шаҳраки Чорсӯ. Ҳудуди ноҳияи Мӯъминобод кӯҳсор аст. Онро аз шимол ба ҷануб қаторкӯҳи Ҳазратишоҳ убур мекунад. Иқлим континентӣ: тобистон гарм, зимистонаш мӯътадил. Соҳаи асосии хоҷагии ноҳия – чорводорӣ ва боғдорӣ. Ғалла ва картошкаву сабзавот низ кишт карда мешавад. Майдони умумии заминҳо 92051 га, аз ҷумла заминҳои обӣ 2908 га, аз ҷумла аз майдони умуми 10840 га замини корам ва аз майдони умумии заминҳои корам 1974 га замини обӣ мебошад. Заминҳои кишт аз обанбори «Муъминобод» обёрӣ мешаванд.
Нақшаи андоз 111,9 фоиз таъмин карда шуд
Дар давраи ҷамъбасти сол нақшаи андоз 111,9 фоиз таъмин карда шуда, нисбат ба нақша бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба маблағи 3 миллиону 213 ҳазору 697 сомонӣ зиёд иҷро гардид. То ин давра бақияпулиҳои андоз ва андози иҷтимоӣ 2 миллиону 30 ҳазору 497 сомониро ташкил намуда, нисбати аввали сол ба маблағи 239 ҳазору 940 сомонӣ кам гардидааст. Нақшаи қисми даромади буҷет бо дарназардошти ёрии молиявӣ (субвенсия) 100 фоиз таъмин карда шуд. Ба соҳаҳои буҷетӣ ба маблағи 108 миллиону 196 ҳазору 713 сомонӣ, аз ҷумла соҳаи маориф ба маблағи 65 миллиону 157 ҳазору 777 сомонӣ, соҳаи тандурустӣ 28 миллиону 851 ҳазору 354 сомонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ 1 миллиону 157 ҳазору 725 сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 3 миллиону 222 ҳазору 900 сомонӣ, хоҷагии қишлоқ (идораи бойторӣ) 432 ҳазору 14 сомонӣ маблағгузорӣ карда шудаанд.
Ноҳия баҳри ободи мекӯшад
Корхонаҳои саноатӣ дар якҷоягӣ бо бахши хусусӣ истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 39 миллиону 649 ҳазору 900 сомонӣ расониданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 115,5 фоиз зиёд мебошад. Ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ-«Саноатикунонии босуръати кишвар» дар соли сипаригардида, 4 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ба истифода дода шуданд, аз ҷумла ҶДММ «Баракат» ва «Мурғи Балхобӣ» ба истеҳсоли гӯшти мурғ, ҶДММ «Ясири Сиёвуш» ба истеҳсоли коркарди маҳсулотҳои ширӣ ва хишти сементӣ, «Шеров Барот» ба истеҳсоли хишти сементӣ машғуланд. Дар 12 моҳи соли 2024 шабакаҳои барқи ноҳия ба ташкилоту муассисаҳо ва аҳолӣ ба миқдори 48 миллиону 700 ҳазор кВт соат барқро интиқол намудааст, ки аз ин миқдор 35 миллиону 200 ҳазор кВт соат барқи фоиданок мебошад. Нақшаи ҷамъоварии ҳаққи истифодаи нерӯи барқ 81 фоиз, аз ҷумла ба аҳолӣ 113,4 фоиз рост меояд. Қарздории барқ ба 1-уми январи соли 2025 ба 24 миллиону 916 ҳазору 400 сомонӣ расида, аз ҷумла 22 миллиону 110 ҳазору 320 сомониро қарзи аҳолӣ ташкил менамояд. Қарздории барқ дар ташкилоту муассисаҳо ба 1 миллиону 365,3 ҳазор сомонӣ, дар корхонаҳои хусусӣ 1 миллиону 262 ҳазору 730 сомонӣ ва идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия ба 178 ҳазор сомонӣ рост меояд.
Дар тавозуни муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия 168,2 км роҳҳои автомобилгард мавҷуд аст, ки 26 км роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ, 142,2 км роҳҳои маҳаллӣ мансуб буда, дар муассисаи мазкур айни ҳол 13 адад техникаҳои роҳсозӣ омодаи кор мебошанд. То ин давра 24 километр роҳҳои автомобилгарди Муъминобод-Ғеш-Чилдухтарон таъмири ҷорӣ гардида, 330 бех навниҳолҳои сояафкан, ороишӣ ва мевадиҳанда дар шафати роҳҳои автомобилгарди Муъминобод-Кӯлоб ва Муъминобод-Тутқавул-Хоҷаинур шинонида шуд.
Барои иҷроиши корҳо аз тарафи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 352 ҳазору 530 сомонӣ, аз ҳисоби буҷаи ноҳия 357 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, сарф карда шудааст. Навсозии роҳи автомобилгарди деҳаи Навбаҳор аз ҷониби соҳибкорон Раҷабовҳо ба миқдори 3,4 километр ва аз ҷониби муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия, дар якҷоягӣ бо корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия ба дарозии 320 метр роҳҳои автомобилгарди кӯчаи И. Сомонӣ мумфарш карда шуд. Аз ҷониби соҳибкорон Миралиевҳо як адад пули мошингузар дар сойи Хоҷаҳақиқ ба андозаи 20х8-160 метри мураббаъ ба маблағи 270 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.
Аз ҷониби соҳибкорон дар ноҳия дар маҷмӯъ ба масофаи 86,4 км ба маблағи 2 миллиону 748 ҳазор сомонӣ сангфаршкунӣ ва таъмири роҳҳо ба анҷом расонида шудаанд. Бо саҳми соҳибкорон ва аҳолӣ 3 адад пули мошингард дар деҳаҳои Рӯдакӣ, Ободон ва Тутбоғи Ҷамоати деҳоти Тутиён ба масофаи 24 метри мураббаъ ба маблағи 143 ҳазор сомонӣ таъмир ва сохта ба истифода дода шуд.
Суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа
Дар ноҳия 8260 нафар нафақагирон дар қайд буда, аз ин шумора 5346 нафар нафақагирони меҳнатӣ, 2914 нафарро нафақагирони иҷтимоӣ ташкил менамоянд. Талаботи маблағи нафақапулиҳои моҳона 3 миллиону 789 ҳазору 314 сомонӣ буда, қарздорӣ аз ҳисоби пардохти нафақа мавҷуд нест. Нафақаи миёна дар ноҳия 438 сомонию 13 дирамро ташкил менамояд.
Дар давраи ҳисоботӣ ба бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба миқдори 2500 адад аризаҳои шаҳрвандон, парвандаҳо аз ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия оиди таъмин гардидан ба кӯмаки унвонии иҷтимоӣ тавассути системаи электронии барномаи АСИСТ ворид карда шуд, ки аз ин шумора 2300 адади онҳо ба гирифтани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ таъин гардиданд. Дар ин давра ба суратҳисоби шаҳрвандон тариқи филиали №63 “КВД Амонатгузори”-и Амонатбонк дар ноҳия ба маблағи 2 миллиону 6 ҳазору 532 сомонӣ ворид гардидааст. Ҳамзамон, дар асоси аризаи шаҳрвандон аз ҷониби бахш ба 24 нафар аробачаи маъюбӣ ва ба ниёзмандон 59 адад асо, асобағал, асои то оринҷ, 7 адад дастгоҳи шунавоӣ ва 6 адад телефони соддакардашуда таъмин карда шудааст.
Сармоягузорӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ
Дар ҳамин давра 90 барнома, 16 консепсия, 18 стратегия, 21 шуро, 1 дурнамо ва 6 лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ амалӣ шуда истодааст, ки азхудкунии маблағи умумии лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 15,9 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, марҳила ба марҳила амалӣ шуда истодаанд. Дар соли 2024-ум 33 миллиону 798,1 ҳазор сомонӣ маблағҳо аз худ карда шуда, корҳои сохтмону васлгарӣ дар ҳаҷми 31 милиону 585,5 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шудааст.
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Муъминобод барои солҳои 2021-2025 бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 28 декабри соли 2020, №50 ба тасвиб расида, барои иҷро ба зиммаи Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Муъминобод гузошта шудааст, ки аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 275 миллиону 285 ҳазор сомонӣ дар назар дошта шуда, аз 123 лоиҳа иборат аст, ки то ба имрӯз 27 лоиҳа амалӣ гардида, дар 34 лоиҳа корҳо идома дошта, маблағи аз худ шудаи онҳо 234 миллиону 115 ҳазор сомониро ташкил намуда, дар маҷмӯъ 85 фоизи иҷрои барномаро ташкил медиҳад.
Филиали корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» дар ноҳия дар соли 2024 аз рӯи суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрӣ 5896 шартнома бастааст, ки дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта 86 шартнома зиёд мебошад. Нақшаи суғуртаи ихтиёрӣ бошад 108 фоиз таъмин гардидааст.
Ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ҳамин давра 1336 нафар шаҳрвандони корҷӯ муроҷиат намудаанд. Аз ин шумора 620 нафар занҳо ва ҷавондухтарон буда, 240 нафар ба касбомӯзӣ ҷалб карда шудаанд. 753 нафар шаҳрвандон аз ҷумла 376 нафар занон ба ҷои кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъмин шуда, 4 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ гузаронида, 49 нафар ба кори доимӣ таъин гардиданд.
Бо мақсади муайян намудани вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳамкорӣ бо шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия маълум карда шуд, ки дар ноҳия шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатӣ ба 3884 нафар аз ҷумла 172 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.
Кишоварзӣ
-Дар соли 2024 ҳаҷми умумии маҳсулотҳои кишоварзӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ба 1 миллиарду 309 миллиону 215 ҳазору 200 сомонӣ расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 107 миллиону 515 ҳазору 200 сомонӣ зиёд, ё ин ки 108,9 фоизро ташкил дода, ба соҳаи растанипарварӣ 572 миллиону 535 ҳазору 400 сомонӣ ба соҳаи чорводорӣ 736 миллиону 679 ҳазору 800 сомонӣ ва моҳипарварӣ 45 хазор сомонӣ рост меояд. Соли ҷорӣ кишоварзони ноҳия дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар майдони 15 ҳазору 211 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронидаанд, ки аз он дар майдони 10 ҳазору 919 гектар кишти ғалладонагиҳо, 933 гектар зироатҳои техникӣ, 987 гектар картошка, 713 гектар сабзавот, 193 гектар полезиҳо ва дар майдони 1 ҳазору 458 гектар кишти зироатҳои хӯроки чорворо ташкил медиҳад.
Дар ин давра истеҳсоли ғалла якҷоя бо ҷуворимакка ба 29 ҳазору 317 тонна, картошка 13 ҳазору 543 тонна, сабзавот 18 ҳазору 469 тонна, полезиҳо ба 6 ҳазору 256 тонна расонида шудааст, ки ҳосилнокӣ аз як гектар ғалладонагиҳо 26,8 сентнер, картошка 137,2 сентнер, сабзавот 259 сентнер ва полезиҳо 324 сентнерро ташкил медиҳад.
Соҳаи дигари кишоварзӣ ин соҳаи боғу токпарварӣ ба ҳисоб рафта дар ноҳия тибқи маълумотҳои оморӣ 3064 гектар боғ ва 590 гектар токзор мавҷуд буда, то ин давра 14 ҳазору 152 тонна мева, 4 ҳазору 92 тонна ангур истеҳсол карда шудааст.
Чорводорони ноҳия аз ҳамаи имкониятҳо истифода намуда, дар ин давра саршумори чорвои калони шохдорро ба 42 ҳазору 800 сар, чорвои майдаи шохдор ба 143 ҳазору 550 сар, асп 3 ҳазору 485 сар, саршумори парранда ба 112 ҳазору 724 сар ва занбури асалро ба 7 ҳазору 883 оила расонидаанд. Дар ин давра чорводорон 19 ҳазору 404 тонна гӯшт, 15 ҳазору 953 тонна шир, 3 миллиону 647 ҳазор дона тухм 155,2 тонна асал, гӯшти моҳӣ 1,8 тонна, 1,6 тонна пилла истеҳсол намудаанд. Таҳлилҳо нишон дод, ки саршумори чорвои калони шохдор 485 сар, чорвои майдаи шохдор 218 сар нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд шудааст. – мегӯяд, Амирзода Сайвалӣ, Раиси ноҳияи Муъминобод.
Маориф ва илм
Соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ маҳсуб меёбад, ки пайваста зери таваҷҷӯҳи роҳбарияти Олии кишвар қарор дорад. Айни ҳол дар ноҳия 47 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 8 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 1 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 2 гимназия, 1 мактаб-интернати ятимон ва бепарасторон, 4 муассисаи томактабӣ аз ин 2 адад хусусӣ, Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ, Муассисаи таҳсилоти иловагӣ, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар маҷмӯъ 66 муассисаи таълимӣ ва 56 Марказҳои инкишофи кӯдак дар назди муассисаҳои таълимӣ фаъолият доранд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия дар соли таҳсили 2024-2025 дар се зинаи таҳсилот 22 ҳазору 839 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 326 нафар зиёд мебошанд, ки ба онҳо ба 1 ҳазору 633 нафар омӯзгорон, аз ин шумора 848 нафарашонро занон ташкил медиҳанд, дарс мегӯянд. Дар оғози соли таҳсили 2024-2025 2268 хонанда ба синфи якум ба муассисаҳои таълимии ноҳия ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Шумораи умумии хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар соли 2024 1 ҳазору 217 нафарро ташкил намуда, аз ин шумора 1023 нафар тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори номи донишҷӯ гардиданд. Соли ҷорӣ 35 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ба гирифтани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар ба стипендияи раиси вилояти Хатлон, 22 нафар ба стипендияи раиси ноҳия, 33 нафар ба стипендияи Соҳиб Шуҳратиевич Табаров сазовор гардидаанд.
Айни ҳол дар ноҳия сохтмони як муассисаи томактабӣ, 4 муассисаи таълимӣ ва 16 синфхонаи иловагӣ рафта истодааст ва қисман аз онҳо дар арафаи истифодадиҳӣ қарор доранд. Дар даври чоруми озмунҳои ҷумҳуриявиии «Илм фурӯғи маърифат», 3-нафар, «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 2-нафар ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 2 нафар иштирок намуданд ва ҷойхои ифтихориро сазовор гаштанд. Бо ин мақсад ба ғолибони даври ноҳиявии озмунхои ҷумхуриявӣ ба 94 нафар, ки ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол намуданд аз тарафи мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии ноҳия тибқи Низомномаи озмунҳо ба маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Тандурустӣ ва кор бо занон
Дар ноҳия 3 беморхона, аз ҷумла 1 беморхонаи марказӣ, 2 беморхонаи рақамӣ, 1 Маркази назорати санитарию эпидемиологӣ, 1 Маркази саломатии ноҳиявӣ, 21 Маркази саломатии деҳотӣ, 34 бунгоҳи тиббӣ, 7 Марказҳои соҳавӣ ва 1 шуъбаи дезинфексионӣ фаъолият мекунанд. Айни ҳол дар ноҳия сохтмони 3 бунгоҳи саломатии деҳотӣ идома дошта, дар дутои он корҳои сохтмонӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд. Ба аҳолӣ 92 нафар духтурон, 826 нафар кормандони миёнаи тиб хизмати тиббӣ мерасонанд. Дар соли ҷорӣ дар беморхонаи марказии ноҳия 3244 нафар беморон бистарӣ гардида, аз ин шумора 3092 нафар беморон табобат ёфта, аз беморхона ҷавоб дода шуданд. Ба соли 2024 дар ноҳия 58 нафар гирифтори бемории сил ба қайд гирифта шуда, таҳти назорати доимии духтурон қарор доранд. Аз тарафи кормандони кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия гашти хонаҳо ба роҳ монда шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди пешгирии бемориҳои сироятӣ идома доранд.
Тибқи маълумотҳои оморӣ аҳолии ноҳия 104 ҳазору 600 нафар мебошад, ки аз ин шумора 52 ҳазору 718 нафарашонро занон ташкил медиҳанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1550 нафар зиёд мебошанд. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби бахш аксияҳои «Зан мазҳари покизагист», «Тоҷикона мепӯшем», озмуни ноҳиявии «Бонуи ҳунарманди сол» ва 116 адад рейду санҷишҳо оид ба риояи сару либоси миллӣ инчунин корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули «хона ба хона» ва семинару машваратҳо байни занону бонувон гузаронида шуд.
Фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ
Барои қонеъ гардонидани ниёзи фарҳангӣ-фароғатии шаҳрвандон дар ноҳияи Муъминобод – 42 адад муассисаҳои фарҳангӣ дар хизмати сокинони ноҳия қарор доранд. Дар онҳо 176- нафар кормандон ҷалб гардидаанд, ки аз ин шумора 61- нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Дар соли ҷорӣ аз ҷониби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо клубу китобхонаҳо 1087 чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ бахшида ба ҷашну идҳо, санаҳои муҳими таърихӣ ва зодрӯзи шоирону нависандагон гузаронида шудааст, ки теъдоди иштирокчиёнашон зиёда аз 98 ҳазору 750 нафарро дар бар мегирад. Махзани китобхонаҳои оммавии ноҳия бо фарогирии 93 ҳазору 373 нусха китобҳои гуногун бошад ҳам, китобҳои тозанашр кам ба чашм мерасад.
Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия барои тарбияи сиёсӣ-ватандустӣ, тарбияи ҷисмонӣ, пешгирии омилҳои номатлуб дар байни ҷавонон аз ҳама захираву имкониятҳо самаранок истифода бурда истодаанд. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби бахш дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 360 чорабиниҳои гуногуни варзишӣ баргузор гардида, дар онҳо 16 ҳазору 146 нафар ширкат варзиданд. Маврид ба зикр аст, ки варзишгарони ноҳия дар ин давра дар 14 мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзида, сазовори 72 медал, аз ҷумла 16 медали тилло, 16 медали нуқра ва 40 медали биринҷӣ гардидаанд. Ҳамчунин дар 8 мусобиқаҳои сатҳи минтақавӣ ва вилоятӣ варзишгарони ноҳия иштироки фаъолона намуда, сазовори 82 медал аз ҷумла 34 медали тилло, 31 медали нуқра ва 17 медали биринҷӣ гардидаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 18 медал кам мебошад.
Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Ноҳияи Муъминобод низ яке аз минтақаҳои сайёҳии кишварамон баҳисоб рафта, ҳамасола сайёҳони дохилу хориҷӣ аз мавзеҳои таърихӣ ва ҷойҳои дилфиреби ноҳия дидан мекунанд. Дар соли 2024 як қатор сайёҳҳони дохилию хориҷӣ аз мавзеъҳои нодири ноҳия, махсусан мавзеи Чилдухтарон дидан намуданд, Дар соли сипаригашта ба ноҳия 110 ҳазору 334 нафар сайёҳ ворид гардиданд, ки 2831 нафарашонро сайёҳҳони хориҷӣ ташкил медиҳад.
Бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ
Бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия фаъолияти худро тибқи нақша ва низомномаи бахш ба роҳ монда, як қатор корҳоро ба сомон расонидааст. Дар соли 2024, дар ҳудуди ноҳия 1 ҳазору 676 адад туйҳои домодию арусӣ гузаронида шуд. Дар маҷмӯъ теъдоди маъракаҳои гузаронидашуда 1 ҳазору 717 ададро ташкил дода, маблағи умумии онҳо 5 миллиону 818 ҳазору 600 сомониро дар бар мегирад. Аз тарафи кормандони бахш дар якҷоягӣ бо комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ин давра 262 адад рейду санҷишҳои муштарак гузаронида шуда, 4 адад қонуншиканӣ ошкор гардид. Айни ҳол дар ҳудуди ноҳия 52 адад масҷид, аз ҷумла 3 адад масҷидҳои ҷомеъ ва 49 адад масҷидҳои панҷвақта фаъолият менамоянд.
Ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ
Амирзода С. иброз медорад, омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вусъат додани корҳои ободонию бунёдкорӣ Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иборат аз 200 банд таҳия гардида, барои иҷро ба масъулин ирсол карда шудааст. Дар солҳои 2022-2024 122 адад иншоотҳои сохтмонӣ мавриди истифода қарор дода шуда, ба ҳисоботҳои оморӣ ворид карда шудаанд, 135,5 фоизи Нақшаи солҳои 2022-2024-ро ташкил медиҳад. Мардуми бонангу номуси ноҳия барои сазовор таҷлил намудани 35 солагии Истиқлолити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санаҳои муҳим аз ҳамаи имкониятҳо самаранок истифода намуда, ҳама якҷо содиқона ва софдилона заҳмат кашида, баҳри ободу зебо гардонидани Ватани азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Билоли ШАМС