Солҳои охир дар натиҷаи сиёсати созандаи давлат ва Ҳукумати кишвар пешрафти босуботи иқтисодиву иҷтимоии ҳама шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияи зебоманзари Данғара, таъмин гардида, муҳимтар аз ҳама, ба ҳадафи ниҳоии худ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум зина ба зина ноил гарида истодаанд. Сокиннону соҳибкорони ватандустӣ ноҳияи Данғра зери сиёсати созандаву ободгаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои ободу зебо гаштани ноҳия камари ҳиммат баста, дар якҷояги бо МИҲД-и ноҳия корҳои созандагиву бунёдкориро вусъат бахшида истода, азм доранд ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишварро бо дастовардҳои назаррас истиқбол бигиранд. Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо раиси ноҳия Саломзода Сиҷоуддин, суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

 Талошҳо баҳри ободист

Мавсуф дар оғози суҳбат гуфт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара дар нуҳ моҳи соли 2024 якҷо бо ташкилоту муассисаҳои ноҳия ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷрои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон корҳои муайянро ба анҷом расонид.

Нақшаи қисми дармади буҷети ноҳия пурра таъмин гашт

Натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии блоки иқтисодии ноҳияи Данғара буд, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ иҷрои нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 100,4 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 228,2 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбати нақша 928 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар маҷмуъ ба ҳолати 1 сентябри соли 2024 дар нозироти андози ноҳия 1980 хоҷагии деҳқонӣ, 207 шаҳодатномаи соҳибкорӣ, 780 шаҳодатнома бо шартҳои махсус, 210 патент ва 694 нафар шахсони ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудаанд. Қисми хароҷоти буҷетӣ ноҳия тибқи нақшаи нуҳ моҳаи соли 2024 154,8 млн сомонӣ муқаррар шудааст, ки нақшаи хароҷоти буҷет 149,5 млн сомонӣ ё 97,0 фоизро ташкил медиҳад. Тибқи таҳлилҳо 79,0 фоиз ё 118 миллион сомонии он ба соҳаи иҷтимоӣ равона гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, ба бахши ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 92,0 фоиз, маориф 96,0 фоиз, нигаҳдории тандурустӣ 99,0 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 99,0 фоиз, хоҷагии манзилию коммуналӣ 99,0 фоиз, фарҳанг 98,0 фоиз ва хоҷагии қишлоқ 75,0 фоиз маблағгузорӣ карда шудаанд.

Амалишавии сармояҳои давлатӣ

Дар ин давра аз ҷониби низоми бонкии ноҳия барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ ва кишоварзӣ беш аз 188,2 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ равона карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Тибқи маълумотҳо дар ноҳия 15 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодааст, ки маблағи азхудшуда 55,5 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми муомилоти мол дар соҳаи савдо 460,9 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 147,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои хизматрасон 121 миллион сомониро ташкил дод, ки аз ин 117 миллион сомонӣ хизматрасонии пулакӣ, ба аҳолӣ расонида шудааст.

Таъмини сокинон бо ҷойи кор ҳадафи мост

Дар давраи ҳисоботӣ шумораи нафақагирон дар ноҳия 14446 нафарро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 665 нафар зиёд мебошад. Талаботи нафақа дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба 56,4 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 11 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки дар нуҳ моҳи соли равон воридоти суратҳисоби захирави ба маблағи 1,1 миллион сомонӣ иҷро гардида, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 333,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Бо мақсади амалишавии “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ин давра 1114 нафар корҷӯён соҳиби касбҳои гуногун гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 43 нафар зиёд мебошад. Инчунин, дар ин давра 13 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод, бо иштироки ташкилоту корхонаҳо гузаронида шудааст, ки аз ин ҳисоб 247 нафар шаҳрвандон бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 нафар зиёд мебошад. Дар баробари ин 127 нафар бо Квота ба ҷойи кор таъмин гардида, аз ин шумора 67 нафар занҳо ташкил медиҳад, ки нисбати нақша 2 нафар ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 нафар зиёд мебошад. Вобаста ба беҳтар намудани вазъи иҷтимоиву иқтисодии сокинони ноҳия аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 3260 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 ҷойи корӣ зиёд гардидааст. Музди миёнаи меҳнат ба 2182 сомонӣ баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 230 сомонӣ зиёд мебошад.

Амалишавии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисоди ноҳия

Дар доираи амалишавии «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисоди ноҳияи Данғара барои солҳои 2021–2025», ки бо қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Данғара аз 28 декабри соли 2020, №46 тасдиқ гардидааст, бо маблағи 2,4 миллиард сомонӣ 225 лоиҳа таҳия карда шудааст ва айни ҳол 87 лоиҳа ба маблағи 1,5 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст. Дар маҷмуъ иҷроиши Барномаи мазкур дар давраи ҳисоботи 64,0 фоизро ташкил намуд.

Амнияти озуқаворӣ дар мадди аввал

Ноҳияи Данғара бо истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавот, полезӣ, ғаладонигӣ ва дигар муҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ ном баровардааст. Деҳқонони ноҳия натанҳо бозори дохилии худ, балки бозорҳои маркази вилоят, пойтахти кишвар ва дигар манотиқи ҷумҳуриро бо меваю сабзавотҳои барвақтии тару тоза, полезиҳо таъмин менамоянд. Кишоварзони ноҳия дар натиҷаи андешидани тадбирҳои самарабахш ва самаранок истифодабурлани замин ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба 2 миллиарду 92,3 миллион сомонӣ расонида шуд, ки афзоиши он нисбат ба нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли гузашта 156,8 млн сомонӣ ё ин, ки 108,0 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҳаҷми умумии маҳсулотҳои кишоварзӣ ба соҳаи растанипарварӣ 1 миллиарду 515,2 млн сомонӣ ва ба соҳаи чорводорӣ 577 млн сомонӣ рост меояд. Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 октябри соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар майдони 38 ҳазору 920 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 150 гектар зиёд мебошад. Аз майдони умумии кишти зироатҳо 26 ҳазору 886 гектар зироатҳои ғалладонагӣ, 1027 гектар картошка, 1617 гектар сабзавот (аз он 414 гектар пиёз ва 100 гектар сабзӣ), 5018 гектар пахта, 1539 гектар полизӣ ва 1473 гектар зироатҳои хӯроки чорво мебошад. Ба ҳолати 1 октябри соли ҷорӣ пахтакорони ноҳия 2870 тонна пахта истеҳсол намудаанд. Ҷамъоварии ҳисли пахта дар ноҳия бо маром идома дорад. Кишоварзони ноҳия дар баробари таъмини бозори истеъмоли ноҳия дар ин давра ба миқдори 714 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷӣ кишвар содирот намудаанд.

Сабзу хурамгардонии ноҳия идома дорад

Бо мақсади ободу зебо гардонидани ноҳия дар мавсими ниҳолшинонӣ ва кабудизорнамоии тирамоҳи соли 2023 ва баҳори соли 2024 ба миқдори 84715 бех ниҳолҳои сояафкану ороиши, 482 ҳазор бех гулу гулбуттаҳо шинонида шудааст, ки 108,0 фоизи нақшаи пешбинигардидаро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти дастрасгардида дар хоҷагии ҷангали ноҳия 559 сар чорвои майдаи шохдор, 93 сар асп ва 89 оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад. Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва конализатсияи ноҳия маблағи ҳаққи хизмати обрасониро 2 млн сомонӣ ҷамъоварии намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 408,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботи Корхонаи истифодабарии оби нӯшокиҳои деҳоти ноҳия маблағи ҳаққи хизматрасонии обро 495,2 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ намудааст, ки 98,0 фоизи иҷрои нақшаи пешбинигардидаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 146,2 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст.

Саноат рушд кардааст

Бо дар назардошти он, ки рушди нишондиҳандаҳои дигари иқтисоди аз бисёр ҷиҳат ба тараққиёти соҳаи саноат ва яке аз омили асосии пешбарандаи иқтисоди давлат маҳсуб меравад, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти аҳамияти соҳаи истеҳсоли воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашудаи маҳсулот дар ҳалли масъалаҳои иқтасодиву иҷтимоӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегӣ ва солҳои 2022-2026-ро рушди саноат эълон карданд. Дар давраи ҳисоботӣ корхонаҳои саноатии ноҳия якҷо бо бахши хусусӣ ба маблағи 1 миллиарду 944 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намудаанд, ки ҳаҷми истеҳсолро нисбати ҳамин давраи соли гузашта 35,5 миллион сомонӣ зиёд ва суръати афзоишро бо нархҳои муқоисавӣ 102,0 фоиз таъмин карданд. Тибқи маълумоти омори ба ҳолати 1 октябри соли 2024 аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Каёнуш дузандагӣ” ба миқдори 47100 ва Ширкати комили “Данғара Кавш” 48240 ҳазор либоси мактабӣ ва дар маҷмуъ 95340 дона либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 54660 дона зиёд мебошад. Дар Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” 33 субъекти хоҷагидорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки айни ҳол 11-тои он фаъолият дошта, дар ин давра ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолнамудаи онҳо ба 45,1 миллион сомонӣ баробар буда ва 2 субъекти хоҷагидорӣ зиёд гардидааст.

Роҳҳо ба талабот ҷавогӯанд

Дар давраи ҳисоботи барои нигоҳдории роҳҳои ноҳия аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо маблағи 926 ҳазору 973 сомонӣ, аз ҷумла нигоҳдории роҳҳои автомобилгард 303 ҳазору 201 сомонӣ, таъмири асосӣ 159 ҳазору 107 сомонӣ ва маблағҳои мутамарказ барои иҷрои корҳо 464 ҳазору 665 сомонӣ харҷ гардидааст. Дар 9 моҳи соли ҷорӣ аксарияти роҳҳои мошингарди ноҳия бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва саҳми соҳибкорону аҳоли таъмиру навсози шуда, таъмирдар роҳҳо ҳоло идома дорад. Ҳаҷми боркашонӣ ба 2 миллиону 312 ҳазор тонна расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 202 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Авҷи корҳои сохтмони ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолият

Дар давраи ҳисоботи барои иҷрои корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми 389,5 миллион сомонӣ азхуд карда шудааст. Тибқи таҳлилҳо ба кор андохтани фондҳои асосӣ 386,9 миллион сомонӣ ва корҳои пудрати 177 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта корҳои пудрати 24,7 миллион сомонӣ ва ба кор андохтани фондҳои асосӣ 345,5 миллион сомонӣ зиёд гардидааст. Бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдори раиси ноҳия ва нақшаи чорабиниҳои он таҳия ва тасдиқ гардида, амалӣ шуда истодааст. Дар доираи нақша чорабиниҳои таҳиягардида бунёд ва таъмиру таҷдиди 222 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз миқдори умумии иншоотҳо айни ҳол 91 иншоот ба истифода дода шуда ва дар 131 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ ва лоиҳакашӣ идома доранд.

Маориф дар меҳвари таваҷҷуҳ аст

Рушди соҳаи маориф омили асосии баланд бардоштани сатҳи маънавиёти мардум буда, барои дар руҳияи баланди меҳандӯстию хештаншиносӣ ба камол расонидани фарзандони мардум нақши муассир дорад. Ба соҳаи маорифи ноҳия то ин давра 81,6 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ равона гардидааст, ки 96,0 фоизи нақшаро ташкил дода, нисбати нақшаи тасдиқшуда 3,3 миллион сомонӣ кам мебошад. Дар 89 муассисаҳои таълимии ноҳия 2392 нафар омӯзгорон ба таълиму тарбияи 51157 нафар хонандагон машғул мебошанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2626 хонанда зиёд гардидааст. Дар ин давра озмуни гирандагони Стипендияи раиси ноҳия гузаронида шуд, ки 111 нафар ғолиб гардиданд. Дар ин давра даврҳои якум ва дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” дар ноҳия ҷамъбаст гардида, 111 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд, ки 63 нафари онҳоро хонандагон ва 10 нафарашонро омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия ташкил медиҳад. Дар ҷамъбасти даври вилоятӣ бошад, аз шумораи 111 нафар 27 нафар ғолиб дониста шуда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтаанд, ки 13 нафарашон хонандагон ва 2 нафар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мебошанд. Мувофиқи маълумоти шуъбаи маорифи ноҳия хонандагон муассисахои таълимии ноҳия дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ дар маҷмӯ сазовори 126 ҷойҳо гардидаанд, аз ҷумла 15 медали нуқра ва 111 медали биринҷӣ гаштанд. Тибқи таҳлилҳо муассисаҳои таълимии ноҳия дар вилоят ҷои якум қарор доранд. Ба ҳолати 30 июни соли ҷорӣ 2034 нафар довталабон ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии тибқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷат супориданд, ки 95,0 фоизи нақшаи пешбинигардидаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 54 нафар довталабон зиёд гардидааст. Барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 дар 89 муассисаи таълимӣ дегҳои буғӣ, печҳои аловӣ, печҳои барқи ва шишабандӣ 100,0 фоиз омода мебошанд. Инчунин дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 789 тонна ангишт захира карда шудааст, ки 100,0 фоизи нақшаи пешбинигардидаро ташкил медиҳад.

Солимии ҷомеа боягарии давлат аст

Яке аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат соҳаи тандурустӣ мебошад, ки доимо зери тавҷҷуҳи ҷиддӣ қарор дорад. То ин давра ба соҳаи тандурустӣ 31,6 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳалӣ равона гардидааст, ки 99,0 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, ба беморхонаҳо 12,8 млн сомонӣ, дармонгоҳо 15,3 млн сомонӣ, ҳифзи сиҳатии аҳолӣ 3,1 млн сомонӣ ва ба дигар фаъолияти соҳаи тандурустӣ 306,4 ҳазор сомонӣ равона шудааст. Барои мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 ба соҳаи тандурустии ноҳия аз ҳисоби маблағҳои буҷети ноҳия 107,2 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст, ки бо ин миқдор маблағ ангишт, ҳезум ва дигар маҳсулотҳои ниёзи аввалияро харидорӣ ва захира карда шудааст.

Ниёзмандон дасгири меёбанд

Ҷиҳати татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020, №271 “Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъйин ва пардохти кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ин давра ба Барномаи мазкур 3329 нафар ворид гардида, ба маблағи 2,7 миллион сомонӣ кумаки молиявӣ расонида шудааст. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ба 740 нафар оилаҳои эҳтиёҷманд маълумотномаҳо дода шудааст, ки тибқи он аз ҷониби муаассисаҳои тиббӣ барои табобат ва ё донишгоҳҳо ҷиҳати пардохти маблағи шатномаи таҳсил тариқи ройгон кӯмак расонида шудааст.

Фарҳанг ҳастии миллат аст

МИҲД-и ноҳия ба соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи зиёд равона карда барои рушди ин соҳа аз ҳама имкониятҳо истифода мебарад. Ҳоло дар ноҳия 12 муассисаи кулубӣ, 28 китобхона оммавию бачагона, 2 мактаби мусиқии бачагона, 1 ансамбли тарона ва рақс ва 1 гурӯҳи хизматӣ фаъолият доранд, ки 149 нафар кормандон фаъолият дошта, дар баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ саҳмгузорӣ менамоянд. Ҳамзамон дар нуҳ моҳи соли 2024 кормандони соҳаи фарҳанг чорабиниҳои гунонгуни фарҳангиро таҳия ва пешикаши меҳмонон ва шаҳрвандони ноҳия гардониданд. Дар 28 китобхонаи ноҳия фондӣ китобӣ 198 ҳазору 586 ададро ташкил медиҳад.

Нақшаҳо баҳри пешрафти ноҳия

Маҳз аз баракати сулҳу суботи комил, ваҳдату сарҷамъии миллат ва талошу заҳмати пайгиронаи мардуми ноҳияи Данғара, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳисоботӣ нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳияро афзуда, раванди татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва иҷрои стратегияву барномаҳои давлатӣ дар ноҳия густариши тоза пайдо намуд ва дар ин замина рушди устувори ҳама соҳаҳо таъмин гардид. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара оид ба таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумиҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷрои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва дигар чорабиниҳое, ки бевосита ба таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия нигаронида шудаанд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд ва ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишваро бо дастовардҳои назарас истиқбол мегиранд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь