Ҷиҳати шиносоӣ бо нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Ҷайҳун дар соли 2021, хабарнигори МТЖТ бо раиси ноҳияи мазкур Одиназода Абдулҳафиз Абдусаттор суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.
Дар оғози суҳбат Одиназода Абдулҳафиз изҳор дошт, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати иҷрои Амру Фармонҳо, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, тадбирҳои заруриро амалӣ сохта, дар соли 2021 дар доираи чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва баҳри истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза гирифта, корҳо дар ин самт идома доранд. Инчунин, оиди Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 21 декабри соли 2021 ироа гардида буд, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия нақша-чорабиниҳо тасдиқ ва гуруҳҳои корӣ дар ҳар як ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷиҳати ба мардум расонидани шарҳу эзоҳи Паём таъсис дода шудааст. Бояд тазаккур дод, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” эълон гардид. Инчунин, ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати 6 моҳ нақшаи чорабиниҳоро таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад, корҳо оиди татбиқи Паёми навбатӣ идома доранд.
Ҳамчунин, ҳамсуҳбати мо дар идомаи суҳбат изҳор дошт, ки дар ноҳия 6 ҷамоат, аз ҷумла 1 ҷамоати шаҳрак ва 5 ҷамоати деҳот фаъолият доранд. Риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” дар шаҳраку деҳоти ноҳия аз тарафи дастгоҳи раиси ноҳия таҳти назорати доимӣ қарор дорад. Ҷиҳати расонидани кӯмаки молиявӣ ва иқтисодӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои беҳтар гардидани фаъолият ва амалӣ намудани вазифаҳои онҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд. Оид ба иҷрои ҳамаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, дигар ҳуҷҷатҳои назоратӣ қарорҳои раиси ноҳия ба тасвиб расонида, барои иҷро ба шахсони масъули дастгоҳи раиси ноҳия, воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия расонида шудааст.
Дар ин давра 1401 қарор, аз ҷумла оид ба рафти иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, рушди соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ва дигар ҳуҷҷатҳои назоратӣ ба тасвиб расонида шуда, аз он барои додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 281 адад, барои қабул ва ба истифода додани иншооти сохтмонашон ба анҷомрасида 179 адад, дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) 238 адад, дар бораи гармхонаҳои лимӯпарварӣ 76 адад, дар бораи вобаста намудани замини наздиҳавлигӣ 287 адад, дар бораи ба фонди махсуси ноҳия гузаронидани заминҳо 13 адад, дар бораи ба фонди манзили ноҳия гузаронидани заминҳо 35 адад, дар бораи кӯмаки молиявӣ ба шахсони эҳтиёҷманд 24 ва 268 адади дигар бошад, қарорҳои мухталиф мебошанд.
Маҷмуи умумии маҳсулоти ноҳиявӣ (минтақавӣ) дар соли 2021 ба 2 миллиарду 491,1 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 575,3 миллион сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш бошад, 20,9% -ро ташкил дод. Аз он ҷумла, дар соҳаи кишоварзӣ 1 миллиарду 946 миллион сомонӣ (афзоиш 15,2%), соҳаи саноат 118,0 миллион сомонӣ (афзоиш 16,5%), хизматрасонии пулакӣ 81,3 миллион сомонӣ (афзоиш баробар), гардиши савдо 286,3 миллион сомонӣ (афзоиш 20,3%), фондҳои асосии ба кор андохташуда 10,7 миллион сомонӣ (афзоиш 53,1%) ва даромади буҷети маҳаллӣ 48,8 миллион сомонӣ (афзоиш 16,5%) – ро ташкил медиҳад.
Иҷрои буҷет
Дар рафти суҳбат мавсуф қайд намуд, ки нақшаи қисми даромадҳои буҷети маҳаллии ноҳияи Ҷайҳун бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 108,1% иҷро гардид. Аз 45,1 миллион сомонии нақшавӣ ба буҷет 48,8 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 3,6 миллион сомонӣ зиёд буда, иҷрои сифатноки ҳамаи намуди андозҳо таъмин гардид. Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ ба буҷети ноҳия ба маблағи 30,5 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо карда шуда, 1,4 миллион сомонӣ ҳисоббаробаркуниҳо гузаронида шудааст, ки ин дар маҷмуъ 44,0%-и даромади буҷети маҳаллии ноҳияро дарбар мегирад.
Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 101,0% таъмин шуда, ба ҷойи 71,4 миллион сомонии пешбинишуда 72,1 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Аз ҷумла, маблағгузорӣ ба сохтори ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 98,0%, мудофиа 100,0%, маориф 100,0%, нигоҳдории тандурустӣ 100,0%, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 100,0%, хоҷагии манзилию коммуналӣ 100,0%, фарҳанг 98,0%, хоҷагии қишлоқ 98,0%, соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия 100,0% таъмин карда шудааст. Қарзи корхонаю ташкилотҳо аз ҳисоби андозҳо (бо дарназардошти бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ) 5,9 миллион сомонӣ расида, нисбат ба аввали сол бошад 572 ҳазор сомонӣ коҳиш ёфтааст.
Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ
Бино ба гуфтаи мавсуф, Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ҷайҳун барои солҳои 2021-2025 аз 131 лоиҳа ба маблағи 133,3 млн. сомонӣ таҳия гардида, аз он, дар соҳаи иқтисодӣ 70 лоиҳа ба маблағи 94,4 млн сомонӣ, иҷтимоӣ 28 лоиҳа ба маблағи 26,7 млн сомонӣ ва инфрасохтор 33 лоиҳа ба маблағи 12,1 млн сомонӣ мебошад. Дар соли сипаришуда 17 лоиҳа ба маблағи 6898,0 ҳазор сомонӣ иҷро гардида, 5,2% аз ҳисоби умумии (солҳои 2021-2025) ва 40,3%-и нақшаи соли 2021-и Барномаро ташкил медиҳад. Инчунин, 11 лоиҳаи дигар мавриди амал қарор дорад. Татбиқи ”Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ҷайҳун барои солҳои 2021-2025” идома дорад.
Дар ин давра 1080 нафар соҳибкор, аз он ҷумла 884 нафар бо патент ва 196 нафар бо шаҳодатнома фаъолият менамоянд. Шумораи хоҷагиҳои деҳқонии фаъолияткунанда бошад, 3977 ададро ташкил медиҳад. Тӯли ин муддат 9 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 10,1 миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,6 миллион доллари амрикоӣ зиёд мебошад. Дар ин давра 7 миллиону 630 ҳазор сомонӣ сармояи дохилӣ ҷалб шудааст, ки аз ин ҳисоб маркази хизматрасонӣ 4 адад, нуқтаи таъмири мошинҳо 3 адад, майдончаи варзишӣ 2 адад, китобхона 1 адад, сартарошхона 6 адад, мағозаи молҳои ниёзи мардум 6 адад, синфхонаҳои иловагӣ 14 адад бо 336 ҷойи нишаст дар як баст, коргоҳи дӯзандагӣ 1 адад, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ 1 адад, бунгоҳи тиббӣ 3 адад, коргоҳи мебелбарорӣ 1 адад ва 1 адад равғанбарорӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар баробари ин, боғи фарҳангию фароғатии ноҳия пурра азнавсозӣ гардид.
Дар соли 2021 аз тарафи бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия ба 4558 муштарӣ 92,8 миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Мушкилоти асосӣ ин ҷудо нагардидани маблағҳои қарзӣ бо фоизи паст барои дастгирии соҳибкорон аз тарафи бонкҳо ҷиҳати бунёди корхонаҳои хурди истеҳсолӣ ва барқарорсозии иқтидори пурраи истеҳсолии корхонаҳои фаъолияткунанда мебошад.
Соҳаи саноат
Раиси ноҳияи Ҷайҳун ҳамчунин изҳор дошт, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 118,3 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба дурнамо 14,3 миллион сомонӣ зиёд, нисбати соли гузашта 21,5 миллион сомонӣ зиёд ва нисбати супориши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бошад, 14,6% таъмин карда шуд. Дар ин давра аз 8 корхонаи саноатии ноҳия 3 адад фаъолият накардаанд, ки ин корхонаҳо дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” мавҷуд мебошанд. Аз ҷумла: ҶДММ «Милал Интер Ҷоинт», ҶДММ “Ансор групп” ва ҶДММ “Буроқ-2”.
Ҳамин омилҳо буд, ки дар ноҳия ҳаҷми истихроҷи нафт 8600 тонна (102,0%), истеҳсоли битум 3068 тонна (113,7%), мазут 1572,4 тонна (101,1%), шланги ПВХ 10895,8 ҳазор метри тӯлонӣ, полиэтилен 403,9 тонна (100,0%), нахи пахта 151,4 тонна (54,0 %), чигити пахта 248,9 тонна (53,3), орд 10443,6 тонна (109,9%), нон ва маҳсулоти нонӣ 2038,4 тонна (100,7%), гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ 1140,8 тонна (107,0%), консерваҳо 1288 ҳазор қуттии шартӣ (100,6), маҳсулотҳои макаронӣ 3,3 тонна (109,7%), қаннодӣ 7,0 тонна (101,4%), биринҷ 202,6 тонна (74,5%), маҳсулотҳои пластикӣ 1512,95 метри мураббаъ (102,4%), маҳлул барои беҳдошти шахсӣ (антисептикӣ) 1,6 ҳазор дона, либоси мактабӣ 56316 дона (19,3 маротиба), либоси мактабӣ 1935,4 ҳазор сомонӣ (11,2 маротиба), хишти хом 287,5 ҳазор дона (142,9 %), хишти сементӣ 602,0 ҳазор дона (104,3%), хишти роҳрав 545,6 метри мурабаъ (104,0%) ва истеҳсоли хишти сабук (газоблок) бошад, ба 81,0 метри мукааб ё ин, ки (103,8%) фоиз расонида шуд.
Об – сарчашмаи ҳаёти солим
Номбурда бобати оби тоза ва вазъи он дар ноҳияро хуб арзёбӣ намуда, аз ҷумла, изҳор дошт, ки дар ин давра 3400 нафар аҳолии шаҳраки “Дӯстӣ” бо оби ошомиданӣ таъмин карда шудааст. Пардохти маблағи ҳаққи хизмати обрасонӣ дар ин давра 103,1 фоиз ва бақияи қарз аз ин ҳисоб 164,6 ҳазор сомониро ташкил додааст. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои таъмини беҳтари аҳолии шаҳраки “Дӯстӣ” бо оби нӯшокӣ ҳавзи захираи об бо ғунҷоиши 2000 м /мукааб пурра аз қуму гил ба харҷи 72,8 ҳазор сомонӣ тоза карда шуд, ки дар натиҷа хизмати обрасонӣ дар як рӯз ба аҳолии шаҳрак 3 соат зиёд карда шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ дар КДФ “ХМК”-и ноҳия нақшаи ободонӣ 100 фоиз ва корҳои ободонӣ 181,9 ҳазор сомониро ташкил дода, нақшаи тозагию санитарӣ бошад, 92,9 фоиз таъмин гардид. Барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии коммуналӣ ба аҳолии ноҳия аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ба маблағи 105,0 ҳазор сомонӣ 1адад трактор бо яддакаш харидорӣ карда шудааст, ки айни ҳол ин техника ба аҳолии шаҳрак хизмат расонида истодааст.
Кишоварзӣ
Дар ноҳия 4021 адад заминистифодабаранда фаъолият намуда истодааст, ки аз он хоҷагиҳои деҳқонӣ 3977 адад ва корхонаҳои кишоварзӣ 24 адад мебошад. Дар ноҳия замини корам 18896 га, аз он ҷумла замини корами обӣ 18555 гектар, заминҳои наздиҳавлигӣ 5959 га, аз он обӣ 4333 га ва заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон 1333 га, аз он обӣ 1333 гектарро ташкил медиҳад. Маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ дар давраи ҳисоботӣ 1 миллиарду 946 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 256 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар баробари ин, афзоиши ҳаҷми маҳсулоти соҳаи растанипарварӣ 115,8 фоиз ва чорводорӣ 107,7 фоизро ташкил додааст.
Кишти тирамоҳии барвақтии зироатҳои кишоварзӣ – ғалладонагиҳо 3744 га, сабзавот 2805 га, аз он пиёз 2685 га, картошка 21,0 га ва зироатҳои хӯроки чорво ба 270,0 га таъмин карда шудааст, – гуфт раиси ноҳия ва афзуд, ки дар давраи ҳисоботӣ пахта 16827,1 тонна, сабзавот 264587,6 тонна, полезӣ 78827,0 тонна, дигар маҳсулотҳои растанипарварӣ 53617 тонна, мевагиҳо 14091,5 тонна, ангур 3317 тонна, гӯшт 3698 тонна, шир 223,02 тонна, тухм 2812,9 ҳазор дона истеҳсол шудааст. Дар ин давра саршумори чорвои калон ба 40517 сар, аз он ҷумла модаговҳо 18202 сар, моли майда ба 58000 сар, саршумори асп ба 1575 сар, парранда ба 62730 сар, харгӯш 1200 сар ва оилаи занбури асал ба 1340 оила расонида шуд.
Дар ноҳия масоҳати гармхонаҳои доимоамалкунанда 135,0 гектар буда, дар ин давра 3 адад сардхона бунёд карда шуда, дар маҷмуъ теъдоди он ба 12 адад расонида шуд, ки ғунҷоиши онҳо 1980 тонна мебошад. Дар сардхонаҳо 174 тонна лимӯ ва 361 тонна сабзӣ захира карда шудааст, ки дар вақти зарурӣ пешкаши аҳолӣ карда мешавад.
Хизматрасонии таъмини оби полезӣ
Дар идомаи суҳбат иттилоъ гирифтем, ки аз тарафи Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ бо Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об барои хизмати обрасонии 17400 га зироатҳои кишоварзӣ шартнома баста шудааст. Маблағи бақияи қарзи хизмати обрасонӣ аз тарафи обистифодабарандаҳо бо назардошти қарзҳои солҳои гузашта дар назди Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ ба ҳолати 1 январи 2022-юм 5,9 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали сол 0,8 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст. Бақияи қарзи истифодаи қувваи барқ, дар назди шабакаҳои барқии ноҳия 4,9 млн сомониро ташкил дода, ба аввали сол 312,0 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Маориф ва илм
Дар ноҳия 44 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 муассисаи томактабӣ, 1 маркази таҳсилоти иловагӣ, 1 маркази рушди истеъдодҳо, 1 Литсейи касбии техникӣ, 1 маркази технологияи иттилоотӣ, коммуникатсионӣ ва 1 муассисаи ғайридавлатии «Коллеҷи омӯзгорӣ-муҳандисӣ» фаъолият менамоянд, ки 1720 омӯзгор, аз ин шумора 797 нафар зан ба таълиму тарбияи 35017 нафар хонандагон машғул мебошанд. Аз ин шумора 1035 нафар бо маълумоти олӣ, 423 нафар бо маълумоти миёнаи махсус ва 228 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд.
Айни ҳол теъдоди омӯзгороне, ки нафақа мегиранду фаъолияти омӯзгориро пеш мебаранд, 140 нафар, бо дараҷаи тахассуси олӣ 262 нафар буда, аз онҳо 123 нафарашон занҳо мебошанд. Мутахассисони ҷавоне, ки имсол тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 нафар, аз ҷумла аз донишгоҳҳои олӣ 26 ва аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 5 нафар ба ноҳия барои кор фиристода шуданд, ки ҳамаашон бо кор таъмин карда шудаанд. Дар 2 муассисаи томактабӣ 240 кӯдак дар 19 гурӯҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, дар назди 23 муассисаи таълимии ноҳия 404 нафар кӯдакони синни 5-6-сола ба маркази инкишофи кӯдак фаро гирифта шудаанд. Дар ин давра 14 синфхонаи иловагӣ бо 336 ҷойи нишаст дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ сохта ба истифода дода шуданд.
Тандурустӣ
Номбурда оброз дошт, ки дар соҳаи тандурустӣ 1256 нафар кормандон кор ва фаъолият доранд, ки аз ин шумора 142 духтур, 617 нафар кормандони миёнаи тиб, 271 нафар кормандони хурди тиб ва 226 нафар кормандони техникӣ мебошанд. Дар соҳаи тандурустӣ кормандони дараҷаи олӣ духтурон 36 нафар, дараҷаи якум 19 нафар, дараҷаи дуюм 32 нафар ва 148 нафар кормандони миёнаи тиббӣ бо дараҷаи олӣ, дараҷаи якум 49 нафар ва дараҷаи дуюм 132 нафар фаъолият доранд. Аз 142 духтури ноҳия дар бахши госпиталӣ 61 нафар, муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ 62 нафар, беморхонаи рақамӣ 4 нафар, маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ 4 нафар, беморхонаи касалиҳои сил 2 нафар, дигар марказҳо ва муассисаҳои хусусӣ 8 нафар фаъолият намуда истодаанд.
Беморхонаи марказӣ аз 9 шуъбаи бистарикунонӣ, 1 шуъбаи ёрирасон ва 4 ҳуҷраи ташхисию ёрирасон иборат буда, дар ин давра 8121 бемор бистарӣ карда шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 231 нафар кам мебошад.
Ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус (COVID-19) тамоми чораҳои зарурӣ равона гардида, дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодааст. Бо қарори раиси ноҳия аз 6 апрели соли 2020, №187 ситоди ноҳиявӣ таъсис ва нақшаи чорабиниҳои дахлдор тасдиқ карда шудааст. Дар соли 2021 дар шуъбаи бемориҳои сироятии беморхона 11 нафар бемор бо ташхиси COVID-19 бақайд гирифта шуда, ҳамаи онҳо шифо ёфтаанд.
Дар шуъбаҳои беморхонаи марказии ноҳия 25 ҳуҷра дорои 32 кати бистарӣ ҷудо карда шуда, бо таҷҳизотҳои тиббӣ, маводҳои дорувории зарурӣ, маводҳои безараргардонӣ таъмин карда шуда, барои қабули беморон омода карда шудааст. Барои табобат ва пешгирии бемории сироятии коронавирус дар беморхонаи марказии ноҳия 6 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, 12 адад дастгоҳи оксигенератор, 5 адад кардиомонитор, 63 номгӯй доруворӣ ва 6 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ мавҷуд мебошад.
Варзиш, ҷавонон ва сайёҳӣ
Бино ба маълумоти раиси ноҳияи Ҷайҳун, шумораи ҷавонон дар ноҳия 63520 нафар мебошад, ки 31340 нафарашро занону духтарон ташкил медиҳанд. Дар давраи ҳисоботӣ 110 маротиба мусобиқаҳои варзишии дохилию ноҳиявӣ гузаронида, дар 76 мусобиқаи вилоятӣ, 25 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, 189 мулоқоту вохӯриҳо гузаронида шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ 5 майдончаи варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки қобилияти дар як вақт қабули 350 нафарро доранд.
Барои «Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2017-2021» аз ҳисоби буҷети давлатӣ 27,0 ҳазор сомонӣ ва аз дигар сарчашмаҳо 100,0 ҳазор сомонӣ, барои «Барномаи рушди футбол барои солҳои 2017-2021» 13,8 ҳазор сомонӣ ва аз дигар сарчашмаҳо бошад 15,0 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шудааст.
Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия фаъолияти худро аз рӯи 6 намуди варзиш ба роҳ мондааст, ки дар ин маҳфилҳо зиёда аз 566 кӯдаку наврас (178 нафар духтарон) ба тамрин фаро гирифта шуданд. Ҷавонони ноҳия дар мусобиқаҳои варзишии вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 151 медал, аз ҷумла: 42 медали тилло, 50 медали нуқра ва 59 медали биринҷӣ гардиданд.
Дар ноҳия ду меҳмонхонаи замонавӣ бо 84 ҷойи хоб ва 12 ошхона бо 406 ҷойи нишаст фаъолият доранд. Дар соли гузашта теъдоди сайёҳони дохилӣ 7687 нафар, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1416 нафар зиёд мебошад.
Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ноҳия бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду таъмири 294 иншоот ба нақша гирифта шуда, аз соли 2018 то инҷониб 308 иншоот бунёд гардидааст. Аз ҷумла, 12 бунгоҳи тиббӣ, 7 маркази хизматрасонӣ, 8 дорухона, 9 мағоза, 2 китобхона, 13 майдончаи варзишӣ, 79 синфхонаҳои иловагӣ, 1 таваллудхона, 3 майдончаи бозии кӯдакон, 2 ҳаммоми замонавӣ, 9 сартарошхона, 2 кошонаи ҳусн, 2 коргоҳи истеҳсоли хишти сементӣ, 1 корхонаи мебелбарорӣ мавриди истифода қарор гирифт. Сохтмон ва таъмири 4 пул ба анҷом расида, 104 кӯчаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия чароғон карда шуд. Бояд гуфт, ки майдони Парчам ва Нишони давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад, – зикр кард номбурда ва афзуд, ки ғайр аз нақшаи тасдиқгардидаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкорон ва аҳолии ноҳия 24 пул бо дарозии 138 метр ба маблағи 455,1 ҳазор сомонӣ, асфалтпушкунӣ 1,8 км ба маблағи 840,0 ҳазор сомонӣ, шағалпӯшкунӣ 112,8 км ба маблағи 682,9 ҳазор сомонӣ, таъмири ҷорӣ ба маблағи 425,0 ҳазор сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 2142,1 ҳазор сомонӣ корҳо идома дорад.
-Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия аз дастуру супоришҳо ва роҳандозии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нерӯи тоза гирифта, минбаъд низ тамоми имкониятҳои мавҷударо барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷет, дар ин замина саривақт иҷро намудани уҳдадориҳои иҷтимоӣ ва вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ равона менамояд,- изҳор дошт Абдулҳафиз Одиназода дар анҷоми суҳбат.
МТЖТ