Ё дастовардҳои беназири соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва ҳунармандӣ

 Таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

Дар тӯли 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати такмил ва рушди низоми қонунгузории соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, рушди ҳунармандӣ ва таълими калонсолон, фароҳам овардани заминаи ҳуқуқию ташкилии як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барномаҳои давлатӣ ва созишномаҳои байнидавлатию ҳукуматӣ таҳия ва қабул гардиданд.

Дар ин муддат зумрае санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самтҳои паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ), рушди роҳнамоии касбӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими касбии калонсолон, барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон, рушди бозори меҳнат ва дигар самтҳои фаъолияти вазорат таҳия ва қабул гардиданд, ки онҳо раванди фаъолиятро аз лиҳози қонунӣ танзим намуда, ба сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсири мусбат расониданд.

Самти муносибатҳои меҳнатӣ

Дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1995 то 1-уми марти соли 2021 дар ҷумҳурӣ музди миёнаи меҳнат аз 0,92 сомонӣ ба 1457,1 сомонӣ баробар шудааст. Дар ин давра 17 маротиба бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маоши вазифавии кормандони буҷетӣ зиёд карда шуд, ки ин омил ба сатҳи зиндагии аҳолии кишвар таъсири мусбати худро гузошт.

Музди миёнаи меҳнат дар солҳои 1995, 2000, 2005, 2010, 2015, 2020 ва ба ҳолати 1-уми марти соли ҷорӣ мутаносибан 0,92 сомонӣ, 15,5 сомонӣ, 83,5 сомонӣ, 354,4 сомонӣ, 878,9 сомонӣ, 1335,5 сомонӣ ва 1457,1 сомониро ташкил намуд.

Музди миёнаи меҳнат ба 1-уми марти соли 2021 нисбат ба соли 2000 дар соҳаҳои маориф аз 11,5 сомонӣ ба 1217,3 сомонӣ, тандурустӣ аз 6,7 сомонӣ ба 982,4 сомонӣ, мудофиа ва суғуртаи иҷтимоӣ аз 23,8 сомонӣ ба 1231,6 сомонӣ, нақлиёт аз 30,9 сомонӣ ба 1607,2 сомонӣ, сохтмон аз 38,9 сомонӣ ба 2387,3 сомонӣ, саноат аз 47,1 сомонӣ ба 1904,9 сомонӣ ва кишоварзӣ аз 7,7 сомонӣ ба 635,3 сомонӣ баробар шуд.

Ба ҳолати 1-уми марти соли 2021 нисбат ба соли 2000-ум музди миёнаи меҳнат дар соҳаҳои маориф 106,0 маротиба, тандурустӣ 146,5 маротиба, мудофиа ва суғуртаи иҷтимоӣ 52,0 маротиба, нақлиёт 52,0 маротиба, сохтмон 61,3 маротиба, саноат 40,4 маротиба ва кишоварзӣ 82,5 маротиба афзоиш ёфт.

Музди миёнаи меҳнат дар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар соли 2000-ум ва 1-уми марти соли 2021 дар ВМКБ аз 12,5 сомонӣ ба 1345,5 сомонӣ, вилояти Хатлон аз 9,8 сомонӣ ба 1115,4 сомонӣ, вилояти Суғд аз 13,4 сомонӣ ба 1323,8 сомонӣ, шаҳри Душанбе аз 31,0 сомонӣ ба 2144,1 сомонӣ ва НТҶ аз 24,2 сомонӣ ба 1214,4 сомонӣ баробар шуд.

Ба ҳолати 1-уми марти соли 2021 нисбат ба соли 2000-ум музди миёнаи меҳнат дар ВМКБ 107,6 маротиба, вилояти Хатлон 114,0 маротиба, вилояти Суғд 99,0 маротиба, шаҳри Душанбе 69,1 маротиба ва НТҶ 50,1 маротиба зиёд гардидааст.

Агар дар соли 1998 андозаи ҳадди ақали музди меҳнат 1 сомониро ташкил дода бошад, айни замон андозаи он ба 400 сомонӣ расид.

Дар ин давра ҷиҳати таъмин намудани мутобиқати манфиатҳои кормандон, корфармоён ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳоқимияти давлатӣ таҷрибаи ҳамкории сеҷониба, инчунин, бо мақсади ба танзим даровардани муносибатҳои меҳнатӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, таҷрибаи ба имзо расонидани Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони кормандон ва корфармоён ва дар асоси он бастани созишномаҳои соҳавӣ, минтақавӣ ва шартномаҳои коллективӣ ба роҳ монда шуд.

Аз соли 1996 то соли 2020 бо мақсади танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани кафолатҳои иҷтимоии шаҳрвандон, таъмини ҳифзи иҷтимоии гуруҳҳои камбизоати аҳолӣ, зиёд намудани даромади кормандон, таъмини бехатарии кор ва ҳифзи меҳнат, аз байн бурдани шуғли ғайрирасмӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони иҷтимоӣ – намояндагони кормандон ва корфармоёни ҷумҳурӣ маъқул дониста шуда, аз ҷониби Тарафҳо ба имзо расонида шуд.

Дар ин замина, низоми шарикии иҷтимоӣ таъсис шуда, аз солҳои 1996 инҷониб ҳангоми таҳия дар бастани Созишномаи генералӣ тарафи кормандонро Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва ҷониби корфармоёнро дар аввал Ширкати миллии соҳибкории хурд ва миёна, Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёна ва аз соли 2003 то имрӯз Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд.

Бо мақсади назорат оид ба иҷрои Созишномаи генералӣ ва ҳалли масъалахои баҳснок, ки ҳангоми иҷрои он ба миён меоянд, инчунин таъмини мутобиқгардонии манфиатҳои давлат ва тарафҳои муносибатҳои меҳнатӣ ва тақвияти шарикии иҷтимоӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми сентябри соли 1996, №419 Комиссияи сетарафа оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Созишномаҳои соҳавии басташудаи байни кумитаи иттифоқи касабаи соҳавӣ ва вазорату идораҳо аз 14 адади солҳои 1993-1996 тайи солҳои 2015-2020 ба 190 адад расид, ки 105-тои он соҳавӣ ва 85-тояш минтақавӣ мебошанд.

Дар натиҷаи татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат ва барномаҳои миёнамуҳлати мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ки таҳти назорати бевоситаи Пешвои муҳтарами миллат амалӣ мегарданд, сатҳи камбизоатии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ аз 83 фоизи солҳои 90-ум то ба 26,3 фоиз дар соли 2019 коҳиш дода шуд.

Дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби давлат вобаста ба танзим ва муқаррар намудани меъёри арзиши сабади истеъмолӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Тавсияномаҳои методӣ оид ба муайян намудани сабади истеъмолӣ барои гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид.

Арзиши сабади истеъмолӣ ба ҳолати 1-уми январи соли 2021 барои аҳолӣ 674,39 сомониро ташкил додааст. Даромади пулии аҳолӣ аз 185,1 млн сомонӣ дар соли 1996 ба 47986,3 млн сомонӣ дар соли 2019 баробар шуд. Даромади ҳар нафари аҳолӣ ба ҳисоби миёна аз 7,25 сомонӣ дар соли 1998 ба 757,2 сомонӣ дар соли 2019 расидааст. Хароҷот ва пасандозҳои аҳолӣ аз 175,1 млн сомонӣ дар соли 1996 ба 48857,2 млн сомонӣ дар соли 2019 баробар шуд. Дар ин давра хароҷоти истеъмолии як узви хонавода дар як моҳ аз 6,23 сомонӣ ба 366,3 сомонӣ баробар гардид.

Рақамҳои болозикр аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бемайлон рушд ёфта, шароити арзандаи зиндагӣ таъмин шуда истодааст.

Бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Дар давоми 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи роҳандозии сиёсати босамари иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2007 дар сохтори Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират” ва соли 2014 дар сохтори Вазорат “Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ” таъсис дода шуд, ки дар татбиқи сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ саҳми муносиб гузошт. Дар ин давра дар миқёси ҷумҳурӣ 16 бино ва иншооти маъмурии соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ сохта ба истифода дода шуд, ки маблағи умумии он 29,3 млн сомониро ташкил медиҳад.

Дар баробари ташаккул ёфтани сохтори мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ низ рушд намуд.

Вобаста ба ин, мақсади ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самтҳои бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ 3 қонун, як стратегия, як консепсия ва зиёда аз 20 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Дар ин давра қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат», «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» қабул гардида, Консепсияи сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2012 ва Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Тоҷикистон то соли 2020 бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсиб расиданд.

Ҳамзамон, бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия», «Қоидаҳои ташкили низоми тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор», «Қоидаҳои ташкил, шартҳои гузаронидан ва номгӯи корҳои ҷамъиятӣ», «Номгӯи корҳои ҷамъиятӣ», «Тартиби бақайдгирии шаҳрвандони бекор», «Қоидаҳои аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ расонидани хизматҳои машваратӣ ва кумаки молиявӣ ба шаҳрвандони бекоре, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ доранд”, «Қоидаҳои муқаррар намудани квота барои ба кор қабул кардани гуруҳҳои алоҳидаи аҳолӣ» ва ҳашт барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расида, ба қисме аз санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда шуд.

Айни ҳол аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 лоиҳаи “Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул барои давраи то соли 2030” таҳия шуда истодааст.

Бо фароҳам омадани заминаҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ имконият ба даст омад, ки рушди нишондиҳандаҳои бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ таъмин карда шавад.

Дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи захираҳои меҳнатӣ аз 2 526,0 ҳазор нафар то ба 5 607,3 ҳазор нафар ё 2,2 маротиба зиёд гардид.

Шумораи аҳолии дар иқтисодиёт фаъол ва аҳолии машғули кор дар ин давра 1,2 маротиба афзоиш ёфта, мутаносибан 2 466,9 ҳазор нафар ва 2 417,0 ҳазор нафарро ташкил дод.

Дар натиҷаи тайи солҳои 2006 – 2020 амалӣ намудани барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси ҷумҳурӣ аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 851,3 ҳазор нафар шаҳрванди бекор ва корҷӯ дар соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд.

Дар ин давра дар мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 2 492,6 ҳазор нафар шаҳрванд ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, ба 1 278,2 ҳазор нафар мақоми бекорӣ дода шуд. Аз теъдоди умумии бекороне, ки расман мақоми бекорӣ гирифта буданд, 851,3 ҳазор нафар ё 66,6 фоизи онҳо бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Ҳамчунин дар ҳамин давра 288,8 ҳазор нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар шуда, 58,7 ҳазор нафар аз қарзҳои имтиёзнок барои машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ бархӯрдор гаштанд.

Ҳамасола ба шаҳрвандони бекор барои машғул шудан ба соҳибкории инфиродӣ аз ҳисоби бозгашти қарзҳои имтиёзнок ба маблағи зиёда аз 10,0 миллион сомонӣ қарзҳои бефоиз таъин ва пардохт карда шуд.

Яке аз дастовардҳои муҳим дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин ташаккул ёфтани заминаи меъёрии ҳуқуқии системаи таҳсилоти касбии калонсолон ба ҳисоб меравад, ки дар минтақа беназир мебошад.

Дар давраи аввали роҳандозии низоми мазкур ҳамагӣ 5 маркази таълими касбии калонсолон таъсис ёфта буд ва то ин давра шумораи марказ ва филиалҳои он дар минтақа ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба 75 адад расонида шуд, ки аз ҷониби онҳо дар саросари ҷумҳурӣ хизматрасонии таълими касбӣ ба аҳолӣ амалӣ карда мешавад.

Дар ин марказҳо то ин давра зиёда аз 260 ҳазор нафар шаҳрванди бекор ва корҷӯён ба таври ройгон ба тайёрии касбӣ ҷалб гардида, зиёда аз 60 фоизи онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд.

Дар давоми 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар 4,8 миллион ҷойи корӣ таъсис дода шуд.

Ҳамин тавр, маҳз дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми муназзами фаъолияти мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ташкил карда шуд, ки он дорои заминаи мустаҳками моддию техникӣ ва неруи кадрӣ буда, барои босамар таъмин намудани сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Муҳоҷирати аҳолӣ

Ҷиҳати танзими равандҳои муҳоҷирати аҳолӣ дар ибтидои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода шуда, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар сатҳи мазкур омода карда шуд.

Дар ин давра, дар маҷмуъ, беш аз 30 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷират”, Консепсияи давлатии сиёсати муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консепсияи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа, Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011-2015, ду барномаи давлатӣ ва як қатор қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Бояд дарҷ намуд, ки дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми муттасили шуғл ва бокортаъмикунӣ фалаҷ гардид, ки он ба вусъати муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа замина гузошт. Дар натиҷаи татбиқи барномаҳои гуногун, ки ба паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ равона шуда буданд, дар соли 2019 раванди муҳоҷирати шаҳрвандони кишвар ба хориҷа нисбат ба соли 2013 дар сатҳи 33,7 фоиз коҳиш ёфт.

Ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва ташкили хизматрасонии давлатӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъсис дода шуд, ки дар он 263 нафар мутахассис кору фаъолият доранд.

Ҳамзамон, дар ин давра ҷиҳати танзими фаъолият дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд ва Бохтар, Муассисаи давлатии “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа” ва филиалҳои он дар минтақаҳо, инчунин Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсия Россия оид ба муҳоҷират таъсис дода шуд.

Ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа дар ин давра 3 созишномаи байниҳукуматӣ бо Федератсияи Россия, 4 созишнома бо Ҷумҳурии Қазоқистон, як созишнома бо Ҷумҳурии Беларус ва ёддоштҳои тафоҳум бо Амороти Муттаҳидаи Араб ва Давлати Қатар ба имзо расонида шуд.

Бо кӯшишу талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир робита бо диаспораи тоҷик ва ҳамватанони бурунмарзӣ ташаккул ёфта, онҳо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳоҷират, дастгирии сиёсати сулҳпарваронаи давлати Тоҷикистон дар хориҷ, тарғиб ва нигоҳдошти арзишҳои миллӣ, фарҳанг, таърих ва забони миллати тоҷик бештар ҷалб карда шуданд.

Бояд зикр намуд, ки бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ бо диаспораҳои тоҷикон, муҳоҷирони меҳнатӣ, соҳибкорон, ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ, ҷалб ва сафарбар намудани онҳо барои таъмини рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар қабул гардид. Илова бар ин, дар дастгоҳи марказии вазорат бо мақсади танзими ин масъала шуъбаи кор бо диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзӣ таъсис дода шуд.

Дар заминаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии куҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ рушд ёфта, он барои ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ, тақсимоти баробари қувваи корӣ ва тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат намуд.

Бо ин мақсад дар ин муддат бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар 11 890 оилаи муҳоҷирони дохилӣ ва 9 060 хоҷагии муҳоҷирони экологӣ ба мавзеъҳои нави зист кӯчонида шуда, бо қитъаи замин барои сохтмони хонаи иқоматӣ, қарзи имтиёзнок ва кумаки яквақтаинаи моддӣ таъмин карда шуданд.

Таҳсилоти ибтидоии касбӣ

Зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар шароити кунунӣ яке аз зинаҳои афзалиятноки таҳсилоти касбӣ дар ҷумҳурӣ буда, барои баланд бардоштани иқтидори захираҳои инсонӣ ва соҳибкасб намудани шаҳрвандон саҳми босазо мегузорад.

Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 62 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо аз рӯи 14 самт ва 97 ихтисос барои иқтисодиёти миллӣ кадрҳои коргарӣ тайёр карда мешаванд.

Дар давоми 30 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Литсейи касбии техникии ноҳияи Ховалинг (соли 1993), Литсейи касбии техникии ноҳияи Сангвор (соли 1995), Литсейи касбии техникии ноҳияи Деваштич (соли 2001), Литсейи касбии техникии ноҳияи Фархор (соли 2001), филиали Литсейи касбии махсуси маъюбон дар ноҳияи Рӯшон (соли 2012) ва Литсейи касбии техникии ноҳияи Данғара (соли 2019) таъсис дода шуд.

Тайи солҳои 2014-2019 қабули хонандагон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ  89 ҳазору 199 нафарро ташкил дода, қабули хонандагон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ нисбат ба соли таҳсили 2014-2015-ум 868 нафар зиёд гардид. Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбиро бошад, дар 7 соли охир 87577 нафар хонанда аз рӯи 97 ихтисос хатм намуданд, ки 22613 нафари онҳо духтарон мебошанд. Дар ин муддат, дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ тавассути курсҳои кӯтоҳмуддат 66298 нафар (21813 духтар) шаҳрвандони кишвар аз рӯи 57 ихтисос ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.

Айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои босифат амалӣ намудани нақшаву барномаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишазхудкунии хонандагон 1722 нафар омӯзгор ва 1004 нафар устои таълими истеҳсолӣ фаъолият доранд.

Дар 7 соли охир барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 94268 адад китоби дарсӣ ба маблағи 848412 сомонӣ харидорӣ гардид, ки 75482 адади он китобҳои дарсии фанҳои умумитаълимӣ буда, 18786 адади он китобҳои дарсии фанҳои тахассусӣ мебошанд.

Дар давоми солҳои 2014-2020 дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 12 озмоишгоҳи фанҳои физика ва химия, 8 сехи қолинбофии дастӣ, 2 сехи алочабофӣ, 10 сехи адрасбофӣ, 4 сехи дӯзандагии замонавӣ, 3 устохонаи сартарош ва ороиши мӯй, 1 сехи заргарӣ, 1 сехи кошинкорӣ, 4 сехи коркарди чӯб, 10 сехи кафшергарӣ, 18 синфхонаи компютерӣ, 12 бунгоҳи тиббӣ, 4 толори маҷлисӣ ва 4 майдончаи варзишӣ ташкил карда шуд.

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси машваратӣ доир ба вазъи соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардидаанд, “Нақшаи миллии фаъолият оид ба ислоҳоти соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015” таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми июни соли 2006, №227 тасдиқ гардид.

Бо мақсади баланд бардоштани иқтидори захираҳои инсонӣ, тайёр намудани кадрҳои коргарӣ тибқи талаботи иқтисоди миллӣ соли 2012 “Барномаи давлатии ислоҳот ва рушди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои солҳои 2012-2020” таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми декабри соли 2019 бармеоянд, бо мақсади дар муддати панҷ соли оянда соҳибкасб гардонидани шаҳрвандони синну соли аз 18-сола боло “Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” таҳия шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми феврали соли 2020, №132 вазорат ҳамчун мақоми ваколатдор дар соҳаи ҳунармандӣ эътироф гардид. Тибқи талаботи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳунармандӣ” ва бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои миллӣ ва рушди соҳаи ҳунармандӣ “Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” таҳия шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми октябри соли 2020, №570 ба тасвиб расид. Дар ин самт, дар заминаи 45 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ва Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон марказҳои ҳунарҳои миллӣ ва муосир ташкил карда шуданд ва фаъолияти онҳо аз оғози соли 2021 шуруъ гардид. Инчунин, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми сентябри соли 2020, №502 “Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва аз 27-уми апрели соли 2021, №153 “Тартиби пешбурди феҳристи ҳунармандӣ” ба тасвиб расиданд, ки рушди соҳаи ҳунармандиро назорат ва мукаммал месозанд.

Татбиқ намудани барномаҳои болозикр имконият медиҳанд, ки соҳаҳои таҳсилоти касбӣ ва ҳунармандӣ рушд ёфта, барои соҳибкасб намудани шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, занону духтарони хонашин, табақаи осебпазири аҳолӣ мусоидат намояд. Вазорат дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати рушди зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон, таҳкими пояи моддию техникии муассисаҳои давлатии таълимии сохтори худ корҳои зиёде ба сомон расонидааст.

Дар давоми солҳои 2014-2021 дар рушди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва марказҳои таълими калонсолон лоиҳаи Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ/GOPA) «Дастгирии ҷараёни ислоҳоти соҳаи таҳсилоти касбӣ дар Тоҷикистон-компоненти таҳсилоти ибтидоии касбӣ», лоиҳаи Бонки Исломии Рушд “Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP)”, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (ПРООН) амалӣ гардида, татбиқи лоиҳаҳои Бонки Осиёии Рушд «Тақвияти таҳсилоти касбӣ – техникӣ ва омӯзиш» ва Иттиҳоди Аврупо “Кумаки техникӣ ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар самти такмили ихтисоси омӯзгорони соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълим” идома дорад. Маблағи умумии лоиҳаҳои болозикр, ки барои рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон хароҷот шудааст, зиёда аз 45 млн доллари ИМА-ро ташкил дод.

Дар доираи ин лоиҳаҳои байналмилалӣ 12 маркази захиравӣ ташкил карда шуда, заминаи моддию техникии 36 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва марказҳои таълими калонсолон бо таҷҳизот, техника ва технологияи замонавии таълимӣ ва китобҳои дарсӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд. Ҳамзамон, омӯзгорону устоҳои таълими истеҳсолӣ аз курси такмили ихтисос гузаронида шуданд ва зиёда аз 25 ҳазор нафар шаҳрвандон, бахусус занону духтарони хонашин, муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта, маъюбон ва табақаҳои дигари осебпазир тавассути курсҳои кӯтоҳмуддат соҳибкасб гардонида шуданд.

Бояд дарҷ намуд, ки соли 2014 бо мақсади фароҳам овардани низоми ягонаи ҷумҳуриявии таълимӣ-методӣ ва гузаронидани мониторинги сифати таълим, расонидани ёрии методӣ, баланд бардоштани сифат ва самаранокии таълиму тарбия, тайёрии касбии мутахассисон тибқи Стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷорӣ намудани комёбиҳои илму техника ва таҷрибаи муосири педагогӣ дар назди вазорат Муассисаи давлатии «Маркази таълимӣ-методӣ ва мониторинги сифати таълим» таъсис дода шуд.

Соли 2016 озмуни «Беҳтарин кабинети методӣ», соли 2017 озмуни «Беҳтарин китобхонаи муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», соли 2018 озмуни «Беҳтарин кабинети тахассусӣ», соли 2019 Олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва соли 2020 озмуни «Беҳтарин кабинети ҳунарҳои мардумӣ» ташкил ва баргузор гардид.

Тайи солҳои 2015-2020 тибқи талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон 52 стандарти таълимӣ таҳия, тасдиқ ва нашр гардида, дар семоҳаи якуми соли 2021-ум 6 номгӯи стандарти таълимӣ таҳия ва барои ташхис пешниҳод карда шуд.

Дар соли 2015-ум 150 номгӯй нақшаи таълимӣ барои касбу ихтисосҳои амалкунандаи таҳсили 1-2-сола ва 114 номгӯй нақшаи таълимӣ барои курсҳои кӯтоҳмуддат ва касбу ҳунарҳои мардумӣ таҳия ва тасдиқ гардид.

Солҳои 2019-2020-ум 459 номгӯи нақшаи таълимии муҳлатҳои таҳсили 1-2-сола аз нав коркард ва тасдиқ гардид.

Дар ин давра нақшаҳои таълимӣ барои курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз рӯи 62 касб таҳия ва ба тасвиб расонида шуда, дар семоҳаи якуми соли 2021 аз рӯи 72 касбу ҳунари мардумӣ ва муосир нақшаҳои таълимии нав таҳия ва тасдиқ гардид.

Тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаҳои таълимии омӯзиши забони русӣ бо муҳлатҳои 1-моҳа дар ҳаҷми 144 соат, 2-моҳа дар ҳаҷми 252 соат ва 3-моҳа дар ҳаҷми 378 соат таҳия ва тасдиқ карда шуда, айни замон мавриди амал қарор доранд.

Дар ҳамкорӣ бо омӯзгорони соҳибтаҷрибаи муассисаҳои таълимии соҳа 73 номгӯи барномаҳои таълимии фанҳои тахассусӣ ва таълими истеҳсолии ихтисосҳои амалкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо муҳлатҳои таҳсили 1-2- сола таҳия ва тасдиқ гардида, 38 номгӯй барномаҳои таълимии курсҳои кӯтоҳмуддат ба табъ расонида шуд.

Дар ин давра 36 номгӯй тавсия ва дастурамал нашр ва дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонида шуда, 31 номгӯи китоби дарсии тахассусӣ тарҷума ва коркард карда шуд. Шумораи умумии китобҳои тахассусии нашршуда 15262 ададро ташкил медиҳад.

Бо мақсади таҳкими нерӯи кадрии соҳа, ташкили курсҳои такмили ихтисос барои кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар асоси Низомномаи «Тартиби аз курси такмили ихтисос гузаштани омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ» амалӣ карда мешавад. Дар маҷмуъ, аз тарафи Муассисаи давлатии “Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” дар 7 соли охир дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ 110 курси такмили ихтисос гузаронида шуда, ба онҳо 2015 нафар шунаванда, аз ҳисоби директорон, муовинони директорон, устоҳои таълими истеҳсолӣ, омӯзгорони фанҳои тахассусӣ, нозири шуъбаҳои кадрҳо, методистон, сарустоҳо ва дигар кормандони муҳандисию омӯзгории литсейҳои касбии техникӣ ҷалб гардиданд.

Солҳои 2019-2020 дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо 996 нафар омӯзгори фанҳои тахассусӣ ва устоҳои таълими истеҳсолии литсейҳои касбии техникӣ ва марказҳои таълими калонсолон дар заминаи марказҳои захиравӣ аз курсҳои такмили ихтисос гузаштанд.

Корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ

Омӯзиши бозори меҳнат, таҳлили вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои меҳнатии ҳар як кишвар бидуни пажуҳишҳои илмию ҷамъиятшиносӣ номумкин аст. Бо ин мақсад дар сохтори вазорат Муассисаи давлатии “Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” амал мекунад, ки аз тарафи олимону ходимони илмии он дар давраи соҳибистиқлолӣ зиёда аз 145 ҳисоботи илмӣ, барномаи методӣ, барнома ва консепсияи рушд, тавсиянома ва тавсияи методӣ оид ба самтҳои мухталифи фаъолияти Вазорат омода карда шуд.

Ҳамзамон аз ҷониби ин муассисаи таҳқиқотӣ дар самтҳои муҳоҷират, бозори меҳнат, шуғли аҳолӣ ва таҳсилоти ибтидоии касбӣ зиёда аз 20 кори илмию тадқиқотӣ ба сомон расонида шуд. Олимони пажуҳишгоҳ дар ин давра 19 монография ва 12 китобро дар мавзуҳои гуногун таҳия намуда, дар панҷ соли охир дар шаҳру ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ оид ба самтҳои фаъолияти вазорат 26 маротиба пурсишҳои сотсиологӣ баргузор карданд.

Дар ин давра аз тарафи пажуҳишгоҳ зиёда аз 30 конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзуҳои самтҳои фаъолияти вазорат доир карда шуд, ки дар кори онҳо олимони соҳа, намояндагони давлатҳои хориҷӣ ширкат намуданд.

Пажуҳишгоҳ узви Шӯрои ҳамоҳангсози корҳои илмӣ-таҳқиқотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, бо Академияи идоракунии давлатӣ ва мунисипиалии шаҳри Москва ва «Пажуҳишгоҳи меҳнат ва суғуртаи иҷтимоӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Федератсияи Россия робитаи илмӣ-таҳқиқотӣ дорад.

Пажуҳишгоҳ соҳиби сомонаи интернетии тахассусӣ ва ношири маҷаллаи илмии «Бозори меҳнат» мебошад, ки ҳар сол он чаҳор шумора интишор дода мешавад.

Аз соли 1992 то соли 2021 олимону ходимони илмии пажуҳишгоҳ дар кори 776 конференсияи илмию семинарҳо, мизҳои мудаввар ва дигар машваратҳо ширкат варзида, дар аксарияти онҳо бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намудаанд. Аз ҷониби олимон ва ходимони илмии пажуҳишгоҳ дар ин муддат беш аз 418 мақолаи илмию амалӣ, 266 тезис омода ва ба нашр расонида шуда, 94 нусха асари илмӣ, монография, маҷалла, кори методӣ, матолиби конференсияҳои илмӣ-амалӣ ва ғайраҳо аз чоп бароварда шуд.

Робитаҳои байналмилалӣ

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон чун сохтори таркибии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ бо роҳнамоӣ ва ҳидоятҳои пайвастаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо сохторҳои дахлдори давлатҳо – аъзои ИДМ ба роҳ монд.

Дар ин давра дар доираи ҳамкориҳои тарафайн зиёда аз 30 санади байналмилалӣ, аз ҷумла, 6 санади байналмилалӣ дар доираи ИДМ, 12 санад бо Федератсияи Россия, 7 санад бо Ҷумҳурии Қазоқистон, 1 санад бо Ҷумҳурии Қирғизистон, 3 санад бо Ҷумҳурии Беларус ва 1 санад бо Ҷумҳурии Озарбойҷон ба имзо расонида шуд.

Вазорат дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо ниҳодҳои дахлдори кишварҳои Туркия, Ҳиндустон, Эрон, Корея, Хитой, Амороти Муттаҳидаи Араб, Полша ва Қатар 13 санади байналмилалиро дар самтҳои марбут ба фаъолияти худ ба имзо расонид. Санадҳои мазкур заминаи мусоиди ҳуқуқиро ҷиҳати ҳамкорӣ бо дигар кишварҳои хориҷа фароҳам овард.

Ҷузъи дигари робитаҳои хориҷии вазорат ҳамкорӣ бо корпуси дипломатии муқимӣ ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ маҳсуб ёфта, дар ин замина дар ҳамкорӣ бо Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат, Созмони Байналмилалии Муҳоҷират, Хазинаи нуфузи СММ,  Хазинаи кӯдакони СММ, Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон, Ассотсиатсияи донишгоҳҳои халқии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи таҳсилоти Аврупоӣ, Агентии Туркия оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушд, Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушд, Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, Иттиҳоди Аврупо, Ташкилоти Ҳайати Шафқат, Филиали Ассотсиатсияи Каритас Олмон ва ғайраҳо лоиҳаҳои муштарак мавриди амал қарор гирифт.

Яке аз шарикони асосии вазорат – ин Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат (ТБМ) мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 ба узвияти он ворид буда, 51 Конвенсия ва 22 Тавсияномаи онро эътироф намудааст.

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми асосии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ муваззафи ҳамкории мустақим бо Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат муқаррар шуда, бо мақсади рушди минбаъдаи ҳамкориҳои судманд Барномаҳои ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ТБМ оид ба Меҳнати арзанда давра ба давра тасдиқ ва дар доираи онҳо як қатор лоиҳаҳои самаранок татбиқ намудааст.

Аз ҷониби вазорат ҳамасола маърӯзаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба риоя ва рафти иҷрои конвенсияҳои ТБМ, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидаанд, таҳия ва унвонии ТБМ ирсол мегардад.

Ҳамкории вазорат бо Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) дар асоси Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СБМ (26-уми ноябри соли 1993) ва Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ (15-уми апрели соли 2008) ба роҳ монда шуд ва дар доираи он як қатор лоиҳаҳои грантию сармоягузорӣ амалӣ гардид.

Дар доираи ҳамкорӣ бо намояндагии Бонки Осиёии Рушд ва Иттиҳоди Аврупо як қатор лоиҳаҳои грантию техникӣ татбиқ гардид, ки дар рушди низоми муосири таҳсилот, такмили ихтисоси омӯзгорони фанҳои тахассусӣ ва устоҳои таълимӣ, таъмир ва барқарорсозии муассисаҳои давлатии таълимии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва марказҳои таълими калонсолон мусоидат намуд.

Рушди технологияи иттилоотӣ

Бояд дарҷ намуд, ки тайи даврони истиқлолият вазорат ва сохторҳои зертобеи он бо шабакаи интернетӣ пайваст ва дорои сомонаҳои худ гардидаанд, ки имрӯз шумораи зиёди шаҳрвандон аз хизматрасонии ин сомонаҳо васеъ истифода мебаранд.

Ҳамчунин, вазорат ва сохторҳои системаи он ҳуҷҷатгузории электронии пардохтҳоро тавассути барномаи электронии «SGD».net» таъмин намуда, ба Барномаи ягонаи автоматикунонидашудаи Феҳристи хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваст мебошад ва пардохти музди меҳнати кормандонро тавассути кортҳои электронии бонкӣ ба роҳ монд.

Корҳои сохтмонӣ

Дар 30 соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 адад иншооти соҳаҳои гуногуни вазорат ба маблағи умумии 48448,08 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд, ки ифтитоҳи 7 иншоот бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Айни замон сохтмони 13 иншооти вазорат ба маблағи 8 млн сомонӣ идома дорад.

Дар маҷмуъ, вазорат ва сохторҳои системаи он бо назардошти дастовардҳо дар давраи 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамоми нерӯи кадрӣ ва тахассусии хешро ҷиҳати татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки минбаъд низ ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гарданд.

Раёсати котиботи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь